ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВАСИЛАЕ ДАР РОҲИ БУНЁДИ ДАВЛАТИ НАВИНИ ТОҶИКОН

0
43

Тибқи нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16-уми ноябр ва 32-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмию фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани муқаддимавии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, вакили Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯсоева Рафиқа ва устоди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ Имомов Ҳ. суханронӣ намуданд.

Зимнан таъкид шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми ноябр аз соли 2016 инҷониб Рӯзи Президент эълон гашта, ҳамчун ид ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. 16 –уми ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Шурои Олӣ интихоб гардид ва минбаъд ҳамчун Президент ба фаъолият шуруъ кард.

Таҷлили ин рӯзро метавон иди баланд бардории ҳисси миллӣ, хештаншиносӣ, фараҳу шодкомӣ ва саодату шарафмандии ҳар як фарди ватандӯсти миллати тоҷик унвон кард. Имрӯз моро зарур аст, ки дар атрофи Президенти худ ҷамъ оем, эҳтиром ба корномаи беназири Пешвои миллат дошта бошем ва дар муқобили ҳар як ҷараёну таҳдидҳои ҷаҳони муосир сина сипар созем.

Дар идомаи ҳамоиш гуфта шуд, ки дар сарнавишти халқи тоҷик соли 1992 чун замони пурфоҷиа ёд мешавад. Зеро дар он давра Тоҷикистонро ҷанги ҳамватанӣ фаро гирифта буд ва ҳамватан бо ҳамватан, ҳаммиллат бо ҳаммиллат ба ҷанг баромад. Хушбахтона, Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ҷанг хотима бахшид. Халқи тоҷик аз он рӯзи саиду фархунда ва фирӯзу нусратбахш то имрӯз таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комёбиҳои беназирро ба даст овард. Бояд зикр намуд, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ аз он ҷиҳат воқеаи таърихист, ки вай ба беҳокимиятии давлату ҷомеаи мо дар он рӯзҳои пурфоҷиа хотима бахшид ва ба саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин дохил гардид.

Таъкид шуд, ки ҳамасола санаи 16-уми ноябр якбора ду руйдоди муҳими тақдирсоз – яке Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаре баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ҷашн гирифта мешавад, ки ин ду ҷашн бо ҳам тавъам буда, барои бунёди давлатдории миллӣ ва халқи Тоҷикистон аҳамияти баръало бузург дорад, зеро Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз баъд аз баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва Раиси Шуро интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккулу инкишоф ёфта, ба дастовардҳои нодир дар ҳамаи самтҳо ноил гардид.

Аз санаи 16-уми ноябри соли 2016 инҷониб мардуми шарафманди тоҷик ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба мансаби олии давлатӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан, Президент ва миллат рӯзи Президенти маҳбуби худро бошукӯҳ ҷашн мегиранд. Воқеан ҳам, кору пайкори ибратбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат шоистаи офаринҳо ва намунаи ибрат аст.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам зимни суханронӣ иброз дошт, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои назаррас ба вуҷуд омаданд. Ӯ афзуд, ки барои таъмини сулҳ ва барқарор намудани инфрасохтори давлат Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои халқи тоҷик нақши тақдирсоз бозидааст. Бо ҳисси сарфарозиву ифтихор метавон гуфт, ки пас аз баргузории ин Иҷлосияи муҳимми таърихӣ халқи тоҷик бо ҳамдигар муттаҳид ва дар сарзамини тоҷикон сулҳу ваҳдат, тинҷиву амонӣ ҳукмфармо гардид. Дастовардҳои бузурги Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешрафту шукуфоӣ, ваҳдату ягонагӣ ва обрӯву нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, созандагиву бунёдкорӣ ин ҳама самараи заҳмату талошҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Мӯсоева Рафиқа зимни суханронӣ иброз дошт, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксуламале алайҳи зӯроварии дохилӣ ва фитнаи хориҷӣ буда, вокунише дар муқобили андешаҳои таҳмилии аз кишварҳои хориҷӣ ба мо боргардида маҳсуб меёфт ва аз ҳама асосӣ сароғози марҳилаи нави ихтиёрдории қудрат дар таҳия ва роҳандозӣ шудани низоми сиёсии новобаста ва мустақил дар ҳудуди кишварамон арзёбӣ мешуд. Бинобар ин, аз хориҷи мамлакат бар мо ҷангро таҳмил намуданд, ки даҳсолаҳо давлати миллии тоҷиконро аз рушди ҳамаҷониба боздошт ва хисороти азиме ба бор овард, аммо бо ибтикор ва кӯшишҳои Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои рафъи муноқишаҳо ва бозоварии фирориён аз марзи кишварҳои ҳамсоя татбиқ гардида, якпорчагии давлат ва масъалаи ҳастиву нестии миллати тоҷик бо натиҷаи мусбат ҳал гардид. Аз ин хотир, нақши Иҷлосияи мазкур дар сарнавишти давлату миллати тоҷик аҳамияти таърихӣ дошта, дар дирӯзу имрӯзи мамлакатамон армуғони ҳасткунанда маҳсуб мешавад.

Устоди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ Имомов Ҳ. дар робита ба самтҳои гуногуни Иҷлосияи тақдирсоз суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳои рушди давлатдории миллии тоҷикон бузург мебошад. Бо назардошти заҳматҳои беқиёс ва босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик Президенти худро – Ифтихори худ медонад ва шукурзор аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол акнун нисбати дирӯзу солҳои пеш ободу озоду зебо ва дар амну осоиш мебошад.

Дар охир барномаи фарҳангӣ-фароғатии ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ пешкаши тамошобинон гардид.