КОНСТИТУТСИЯ – ПОЯИ УСТУВОРИ ИСТИҚЛОЛ

0
33

Конститутсияи кишвар барои бунёди давлатдории навини Тоҷикистон аҳаммияти таърихию ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дорад ва он кишвари моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон дошта, барои таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат, рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва муҳайё намудани фазои мусоид барои рушди озодонаи ҳар фард заминаи боэътимоди ҳуқуқиро ба вуҷуд овард.

Ҳамасола мардуми шарифи кишвар санаи 6 ноябрро ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Зеро Конститутсия бахтномаи миллат ва яке аз пояҳои мустаҳками Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мояи ифтихор ва сарфарозӣ, ифодакунандаи манфиат ва ормону иродаи мардуми шарафманди тоҷик дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Муқаддимаи он масъулияти баланди халқи тоҷикро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда баҳри бундёди ҷомеаи адолатпарвар, эътирофи баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми халқияту миллатҳо ифода менамояд. Конститутсия ҳамчун Сарқонуни ҳар як давлат, санади муқаддас ва муҳимтарини сиёсиву ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Он на танҳо пояи ҳуқуқии давлатдорӣ, балки рамзи Истиқлолият, ваҳдат ва озодии миллат мебошад. Барои миллати тоҷик, ки пас аз ҳазорсолаҳo нобарориҳои таърихӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ роҳи истиқлолиятро интихоб намуд, қабул гардидани Конститутсияи миллӣ қадами сарнавиштсоз буд.

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ, Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон кард, аммо Истиқлолият танҳо бо сухан ба даст намеояд, он ниёз ба асоси ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дорад, ки давлатро қонунӣ ва устувор гардонад. Ин асос ҳамон Конститутсия мебошад, ки меъмори асосии давлатдорӣ, ва кафили ҳуқуқу озодиҳои мардум аст. Бо ҳамин мақсад, пас аз давраи душвори ҷанги шаҳрвандӣ, дар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид. Моҳи ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ин ҳуҷҷати тақдирсоз қабул шуд.

Конститутсия истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистонро ба таври қонунӣ мустаҳкам намуд. Бо қабули он давлат дорои низоми мустақили ҳокимият гардид.

Конститутсия сохтори се ҳокимият, қонунгузор (Маҷлиси Олӣ), иҷрогар (Ҳукумат) ва судиро муайян карда, низоми идоракунии демократӣ ва масъулиятнокро таъмин менамояд.

Конститутсия кафили ягонагии ҳудудӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Он манфиатҳои тамоми шаҳрвандонро дар зери як парчам муттаҳид месозад ва роҳи ҳамзистии осоиштаро нишон медиҳад.

Дар давоми беш аз се даҳсола Конститутсия дар баробари амалкард ин санади сарнавиштсоз ба Тоҷикистон имконият дод, ки давлатдории худро таҳким бахшад, ҷомеаи шаҳрвандиро рушд диҳад ва дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи арзанда пайдо намояд.

Конститутсияи Тоҷикистон на танҳо як ҳуҷҷати ҳуқуқӣ аст, балки санади фарҳангӣ ва миллиест, ки арзишҳои деринаи тоҷикон адолат, инсондӯстӣ ва сулҳпарвариро дар худ таҷассум медиҳад. Имрӯз, ҳифз ва арҷгузорӣ ба Конститутсия маънои эҳтиром ба Истиқлолият, Ваҳдат ва давлати миллӣ дорад.

Хулоса, Конститутсия сарчашмаи асосии устувории давлат ва рамзи Истиқлолият аст. Он роҳи равшани пешрафти ҷомеаро нишон дода, адолат, озодӣ ва баробариро таъмин мекунад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ин санади муқаддасро донанд, эҳтиром кунанд ва риояи онро вазифаи шаҳрвандии худ донанд.

Самадзода Мавзуна Тағой, н.и.ф, дотсенти кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи ДМТ