МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ МАОРИФ ВА БАРРАСИИ ОН ДАР ПАЖУҲИШИ «ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД»-И ПРОФЕССОР С. ЯТИМОВ

0
453

Меҳроб Ҷумъаев, дотсенти кафедраи

услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ

Меҳроб Ҷумъаев

Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» воқеан ҳуҷҷати муҳим ва барномаи амал барои тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, зеро дар ин ҳуҷҷат на танҳо фаъолияти тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ дар давоми як сол мариди таҳлилу баррасии амиқ қарор мегиранд, балки ба рушду тараққиёти соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷумҳурӣ, пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, камбудиу норасоиҳои соҳаҳои алоҳида муайян ва барои бартараф намудани онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор дода мешавад, аз пешрафти соҳаҳои мухталиф хулосаҳои амиқ бароварда шуда, вазифаҳо барои соли оянда муайян мегарданд. Муҳиммияти ин ҳуҷҷат боз дар он зоҳир мегардад, ки ҳамасола вобаста ба нуктаҳои муҳимтарини Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми корхонаву муассисаҳо нақшаи чорабиниҳои мушаххас тартиб дода мешавад. Чунин нақшаи чорабиниҳо як навъ барномаи амал барои соли минбаъда ба ҳисоб мераванд ва барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта замина фароҳам меорад.

Нуктаҳои асосии Паёми Роҳбари давлат ҳамасола дар ВАО аз тарафи коршиносону таҳлилгарони соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор дода мешавад, дар ин бора дар маҳалҳо бо мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат мегирад. Аз ҷумла мақолаи профессор С. Ятимов таҳти унвони «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) аз муҳимтарин нигоштаҳо доир ба Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 23 декабри соли 2022 ироа гардида буд, ба ҳисоб меравад. Фарқи ин мақола аз дигар нигоштаҳое, ки ба Паёми Пешвои миллат бахшида шудаанд, дар он аст, ки он асари комили таҳқиқотӣ буда, дорои заминаи қавии илмӣ мебошад. Шояд аз ҳамин сабаб аст, ки на дар матбуоти даврӣ, балки дар № 1 (31)-и маҷаллаи академии илмию оммавии «Илм ва ҷомеа» аз соли 2023 интишор гардидааст. Аз рӯ метавон гуфт, ки мақолаи мазкур на барои тамоми қишрҳои ҷомеа, балки барои доираи нисбатан маҳдуд – кормандони соҳаи илм ва мутахассисону коршиносони соҳаҳои мухталифи ҷомеа пешбинӣ гардидааст. Забони мақола низ илмӣ буда, муаллиф барои тақвияти фикр ва асоснок намудани далелҳои овардааш на танҳо ба Паёми имсолаи Сардори давлат, балки ба сарчашмаҳои зиёди илмӣ ва фалсафию таърихӣ такя кардааст.

Мақолаи «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» аз муқаддима, ҳафт қисм ва хулоса иборат мебошад. Қисмҳои мақола ба ҳамдигар иртиботи қавӣ доранд ва дар маҷмуъ як пажуҳиши мукаммали илмиро ташкил медиҳанд. Дар пажуҳиш масъалагузориҳо дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» сурат гирифта, фикру андешаҳои муаллиф бо факту далелҳои муътамад асоснок карда шудааст. Дар умум онро пажуҳиши мукаммалу густурдаи илмӣ номидан мумкин аст.

Қабл аз баррасии қисмҳои пажуҳиш мехостем, бо чанд сухан дар бораи унвон ё сарлавҳаи он изҳори назар намоем. Мисраи аввали байти машҳури Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад»-ро ҳамчун сарлавҳа интихоб намудани муаллиф бесабаб нест. Аввалан, ин мисраи шоир бо забони содаву равони тоҷикӣ баён гардида, дар таркибаш калимаи бегона вуҷуд надорад. Маънои он ба ҳама – ҳам ба хурду калон, ҳам ба хосу ом фаҳмо мебошад. Сониян, дар ин мисраи шоир як ҷаҳон маънӣ ниҳон аст, яъне шоир тавонистааст, дар сухани кӯтоҳи ҳикматнок маънии зиёдро ғунҷонад. Солисан, ҳарчанд дар ифодаи матлаби илмӣ истифодаи суханҳои пуробурангу шоирона ҷоиз нест, он матлаби пажуҳиш ва мақсаду маромеро, ки муаллиф дар назди худ гузоштааст, ба хубӣ ифода намудааст. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки муаллиф барои пажуҳиши хеш сарлавҳаи ниҳоят мувофиқ интихоб кардааст, ки инро метавон муваффақияти калон дар барарсии мавзуъ ва ҳалли масъалаҳои пешниҳодшуда номид. Ба ибораи дигар, муҳаққиқ тавонмандии миллати хешро дар доноиву босаводӣ меҳисобад, ки ин як навъ баёнгари ҳадафи олии давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мебошад.

Дар муқаддимаи пужуҳиш Паёми сарвари давлат дар таърихи навини давлатдорӣ ҳуҷҷати муҳим арзёбӣ мегардад, ки дар он на танҳо аз фаъолияти ҳукумат дар давоми як сол натиҷагирӣ карда мешавад, балки тасмимҳои муҳимми сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва тарҳу нақшаҳои муҳимми мақомоти олии ҳокимият ироа мегардад. Баҳои воқеӣ додан ба фаъолияти ҳакумат «нуқтаи такягоҳӣ»-и ҳуҷҷат дониста мешавад [ниг.: 3, с. 5]. Бо вуҷуди ин баррасии вазъи соҳаи маориф ва маърифатнокии аҳолӣ аз нуктаҳои муҳимми Паём дониста мешавад, зеро бидуни рушди ин соҳа таъмини пешрафти давлат ва тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ғайриимкон мебошад. Гузаштагони мо донишро чароғи ақлу хирад, илму маърифатро равшанкунандаи роҳи ҳаёти инсон меҳисобиданд, ки дуруст аст. Боиси хурсандист, ки дар замони истиқлолият соҳаи маориф аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст ва барои рушду пешрафти ин соҳа аз тамоми имконоти мавҷуда истифода бурда мешавад. Дигар хел ҳам буда наметавонад, зеро дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрду омезиши фарҳангу тамаддунҳо ягона воситаи бақои давлату миллат мактабу маориф мебошад. Ҷавҳару моҳияти пажуҳиши «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» низ дар ҳамин аст.

Қисми аввали пажуҳиш бо унвони «Эҳёи манзалати хирад» мебошад. Дар ин қисм дар бораи таваҷҷуҳи хосаи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму маориф сухан меравад. Замони роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон на танҳо замони эҳёи мактабу маориф балки замони шукуфоии он ҳисобида шудааст. Муаллиф таъмини амният ва сиёсати иҷтимоии давлатро бо ҳалли масъалаҳои мактабу маориф тавъам меҳисобад. Барои исботи ақидаи худ аз Паёми Сардори давлат далел меорад. Аз ҷумла дар давоми панҷ соли охир ба рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ равона намудани 36 миллиард доллар маблағ, 44 дарсади ҳаҷми умумии буҷети давлатиро ташкил додани ҳиссаи маблағгузории соҳаи иҷтимоӣ, бунёди 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда дар давоми панҷ сол, аз ҷумла бунёди 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда дар соли сипаришудаи 2022 далели бебаҳси сиёсати маорифпарваронаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ дониста мешаванд [ниг.: 1]. Зина ба зина бунёд гардидани инфрасохтори соҳаи маориф дар замони истиқлолият аз далелҳои бебаҳси рушди соҳа мебошад, ки ба назари ҳамагон аён аст ва ҳоҷат ба баёни он нест. Нақши Сардори давлат дар таърихи навини Тоҷикистон бо сиёсати маорифпарваронаи эшон тавъам ҳисобида мешавад, зеро пешрафти ояндаи давлат «дар сатҳ, сифат ва самараи фаъолияти соҳаи маориф» мебошад [ниг.: 3, с. 8]. Дар баробари ин «нақши илм, дониш, мактаб, маориф, касбият ва тахассусмандӣ», ки дар ҳар як суханронӣ, аз ҷумла дар Паёми Сардори давлат таъкид карда мешаваду аз мавзуъҳои ҳамешагии муҳокимарониҳои эшон мебошад, дар ҳаёти имрӯза ва ояндаи миллат муҳим арзёбӣ мегардад [ниг.: 3, с. 9].

Қисми дуюми пажуҳиш «Ҷаҳонбинӣ, тақдир ва таърих» унвон дошта, дар он роҷеъ ба «бузургтарин фоҷеаҳое, ки дар тули асрҳо ба сари миллати тоҷик омадаанд», таъсири ин фоҷеаҳо ба ҳиссиёт, афкори миллат, ба вартаи фарҳангву ҷаҳонбинии сиёсӣ афтодани миллати тоҷик ва оқибатҳои он сухан меравад. Аз лиҳози илмӣ дарк намудани ин масъала ва ба воситаи маърифатнокӣ чораандешӣ кардани он зарур дониста мешавад. Нуктаи муҳимме, ки дар пажуҳиш зикр мегардад ва аз он изҳори таассуф низ карда мешавад, вуҷуд доштани ҳолати ғуломӣ дар афкору ақидаи миллат мебошад. Муаллифи пажуҳиш ин ҳолатро натиҷаи мавҷуд набудани ҳокимияти сиёсӣ дар давоми ҳазор сол ҳисобида, бар он андеша аст, ки «миллатҳое, ки аз пуштибонии ҳокимияти сиёсӣ бархӯрдоранд, ба хотири субот ва давомнокии ҳокимият», ҳамчунин барои ҳимояи манфиатҳои худ чунин идеяҳороба вуҷуд оварда, онро ба дигарон талқин мекарданд [ниг.: 3, с. 10]. Пайравӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги бегона натиҷаи ҳамин ақидаи ғуломӣ арзёбӣ гардидааст. Аз он изҳори нигаронӣ карда мешавад, ки чунин ҳолат ҷомеаро тадриҷан ба «мушкилоти ислоҳнопазир» рӯ ба рӯ мекунад [ниг.: 3, с. 11].

Ба андешаи мо аз чунин афкору ақидаи ғуломӣ раҳо бахшидани миллат вазифаи асосӣ ва аввалиндараҷаи мақомоти ҳокимият мебошад, зеро миллате, ки пойбанди ақидаҳои бегона мебошад, бо вуҷуди саъю кӯшишҳои зиёду пайвастаи ҳукумат ҳам ҳеҷ гоҳ тараққӣ намекунад, ба пешрафти назаррас ноил намешавад, зеро маҳз ақидаи ғуломӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳанги бегона ба пешрафту тараққиёт монеъ мегардад. Шояд як сабаби асосии дар солҳои аввали истиқлолият аланга задани оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ низ дар ҳамин ақидаи ғуломӣ ва зери таъсири фарҳанги бегонаву ақидаҳои ифротӣ мондани миллат, аз ҷумла ҷавонон буд. Муҳаққиқ ин нуктаро бо таассуф зикр карда, онро камбудии бузурги давлуту давлатдорони он замон меҳисобад, ки дуруст мебошад [ниг.: 3, с. 11]. Албатта, нодида гирифтан ҳам нашояд, ки дар охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ифтихору ғурур ва ҳисси миллӣ дар байни ҷавонони бедордил ба вуҷуд омада буд, ки шояд тадриҷан боиси аз байн рафтани ақидаи ғуломӣ ва рӯ овардан ба фарҳанги миллӣ мегашт, вале ҷанги шаҳрвандие, ки аз боиси ҷаҳолати муллоҳои мутаасибу ифротгаро ҷомеаи моро фаро гирифт, инро аз байн бурд. Ба андешаи мо, бартараф кардани чунин ҳолат, яъне аз байни бурдани ақидаи ғуломӣ ва раҳо кардани миллат аз пойбандӣ ба фарҳанги бегона аз бисёр ҷиҳат ба мактабу маориф ва пеш аз ҳама ба муаллим вобаста аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки «муаллим метавонад миллатеро кордон созад» [2].

Дар қисми сеюми пажуҳиш – «Давлати миллӣ ва мактаби миллӣ» таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба фаъолият, сифату самараи мактаб ва ҷанбаи бунёдиву таърихӣ доштани он таъкид карда шудааст. Муаллифи пажуҳиш барои исботи ин ақидаи худ аз суханони олимони бузург, махсусан аз суханони яке аз асосгузорони фалсафаи объективӣ Аристотел (Арасту) далелҳои зиёд меорад ва собит менамояд, барои ҳифзи сохти давлатдорӣ нақши мактаб ниҳоят бузург мебошад. Бунёди давлатдорӣ ва ҳифзу нигаҳдории сохти он «берун аз масъулияти мактаб шиори хушку холӣ» арзёбӣ мегардад [ниг.: 3, с. 12]. Дуруст таъкид карда мешавад, ки давлат набояд ба падидаҳои хатарзо, ки имкони дар оянда ноором кардани ҷомеа ва таҳдид ба сохти конститутсиониро доранд бетараф бошад. Чунин бетарафӣ оқибати фоҷеабор дошта метавонад [ниг.: 3, с. 14].

Қисми чоруми пажуҳиши илмӣ «Шароити воқеии фаъолият» унвон гирифтааст. Дар он Паёми Сарвари давлат сарчашмаи муҳимми маълумот барои ҷомеа арзёбӣ мегардад, ки аз он дар бораи соҳаҳои мухталифи давлатдорӣ иттилои воқеӣ пайдо кардан мумкин аст. Чунин маълумот на танҳо фаъолияти ҳукуматро ба мардум муаррифӣ менамояд, балки «барои сарфаҳм рафтан ба моҳияти масъалаҳои ҳаётан муҳим» мусоидат мекунад [ниг.: 3, с. 14-15]. Дар ин қисм асоси илмӣ доштани матни Паёми Президенти мамлакат ва дар доираи талаботи илмӣ омода гардидани он таъкид карда шудааст. Аз ҷумла бо истифода аз методи илмии муқоисавию таърихӣ асоснок карда шудани нуктаҳои асосии Паёми Роҳбари давлат баёнгари заминаи қавии илмӣ доштани он арзёбӣ мегардад. Чунин нуктаи муҳими бо истифодаи методи муқоисавию таърихӣ баёнгардида он аст, ки дар 31 соли истиқлолият дар ҷумҳурӣ 3430 муассисаи таълимӣ барои қарб 1,5 миллион хонанда сохта ба истифода дода шудааст. Ҳол он ки дар 70 соли қабл аз истиқлолият дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд [ниг.: 1]. Албатта, 31 соли истиқлолият гуфтан дар Паёми то андозае рамзӣ мебошад, зеро аз 31 соли замони истиқлолият қариб 10 соли он барои истиқрори сулҳу субот дар ҷумҳурӣ сипарӣ гардидаасту раванди бунёдкориҳо дар мамлакат асосан баъди солҳои 2000-ум вусъат ёфтааст ва шубҳае нест, ки аз 3430 адад муассисаи таълимии дар ин давра бунёдгардида шояд беш аз 90 дар сади он ба 20 соли охир рост меояд [ниг.: 3, с. 15]. Як нукта муҳим арзёбӣ мегардад, ки Роҳбари давлат ҳеҷ гоҳ аз чунин дастовардҳо қонеъ нестанд ва натиҷаҳои ноилшударо барои пешрафти соҳаи маориф ва расидан ба ҳадафҳои умумимиллӣ ҳанӯз нокифоя меҳисобанд [ниг.: 3, с. 15].

Қисми панҷуми таҳқиқи илмӣ зери унвони «Инсон – маҳсули ҷамъият ва муносибатҳои ҷамъиятӣ» дарҷ гардидааст. Муносибатҳои ҷамъиятӣ боиси ташаккули ҳамаҷонибаи инсон дониста мешаванд, яъне маҳз муносибатҳои ҷамъиятӣ ба дарки олами атроф мусидат менамоянд. Нуктаи муҳими ин қисм дар он мебошад, ки маҳз надоштани донишҳои бунёдӣ ва дур мондан аз ҷаҳонбинии маорифпарварона боиси ба гурӯҳҳои таррористии байналмилалӣ ҳамроҳ шудани як идда ҷавонон гардидааст, ки онҳо давлату миллатро бадном кардаанд [ниг.: с. 3, 16-17]. Ин нукта ҳамон зарбулмасали машҳури «Дониш чароғи ақл аст»-ро ба хотири кас меорад, яъне шахси донишманд пеш аз анҷом додани ягон кор паҳлуҳои мухталифи онро андеша менамояд, аммо шахси нодон бештар таваккал мекунад. Ба даст овардани дониш омили хушбахтии инсон ҳисобида мешавад. Ба андешаи муаллиф, халқҳои пешқадами олам имрӯз на ба афсонаву тасаввуроти ғайриодӣ, балки «ба донишу хирад» такя мекунанд [ниг.: 3, с. 18]. Ба ибораи дигар, такя кардан ба донишу хирад боиси пешрафту ташаккули инсон ҳисобида мешаванд. Шахси донишманд ба манфиати ҷомеа кор накунад ҳам, ҷомеа ҳеҷ гоҳ аз ӯ зарар намебинад [ниг.: 3, с. 18].

Мактаб ҳамчун муҳимтарин «ҳалқа дар занҷири ташаккули ҷаҳонбинии давлатдории миллӣ», нақши мактаб дар пайдоиш ва ташаккули шуури иҷтимоӣ, камолоти маънавии инсон ва омода намудани наврасону ҷавонон ба шинохти олам аз ҷумлаи масъалаҳои мавриди баррасӣ дар қисми шашуми пажуҳиш мебошанд. Ин қисм «Ҳолат, муносибат, вазъият» номгузорӣ шудааст. Сол то сол зиёд гардидани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳолате дониста мешавад, ки ба назар гирифтани воқеиятро тақозо менамояд. Муҳаққиқ барои тақвияти ин андешаи худ аз Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ иқтибоси возеҳ меорад. Аз ин иқтибос ба хубӣ аён аст, ки дар давоми 31 сол шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ қариб 1 миллион зиёд гардидааст, яъне агар соли 1991 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда буд, имрӯз шумораи хонандагони ин муассисаҳо 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад [ниг.: 1]. Дигар масъалае, ки муҳаққиқ ба он таваҷҷуҳ зоҳир намудааст сифати кори мактаб, дониши хонандагон, таносуби маърифатнокии хонандагон вобаста ба синну сол, шуроити фаъолияти омӯзгорону таҳсили хонандагон мебошад. Дар ин замина камбудии барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии мактабӣ, ки ба ташаккули ҷаҳонбинии хонандагон монеъ мегарданд, баён мегардад. Дар бораи ифодакунандаи манфиатҳои миллӣ будани китобҳои дарсӣ, аз нигоҳи назариявиу методологӣ, далелнокии таърихӣ, муносибати системавию сохторӣ, функсионалӣ, муқоисавию таърихӣ ва мантиқӣ, инчунин дар заминаи ҷаҳонбинии пешқадам, руҳияи созанда ва бо методу усулҳои санҷидашуда офаридани чунин китобҳои дарсӣ масъалагузорӣ карда мешавад [ниг.: 3, с. 18-24]. Барои ин ба эътибор гирифтани таҷрибаи беш аз садсолаи навиштани китобҳои дарсӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Муҳаққиқ дуруст қайд менамояд, ки ба манфиатҳои умумимиллӣ мутобиқ кунондани манфиатҳои шахсӣ заминаи ба вуҷуд омадани эҳсоси бузурги ҳамраъйии ватанпарварона мебошад [ниг.: 3, с. 24].

Ниҳоят дар қисми охирини пужуҳиш, ки «Манфиати миллӣ ва маорифи динӣ» номгузорӣ шудааст, масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи фарҳанг, роҳҳои баланд бардоштани сатҳу сифати маънавиёт ва ҷаҳонбинии миллӣ, ошкору бартараф намудани таҳдидҳое, ки ба амнияти миллӣ хатар доранд, мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Истиқлолияти миллӣ мафҳуми муқаддас ҳисобида мешавад. Ба андешаи муаллиф тамоми шаклҳои шуури ҷамъиятӣ дар давлати мустақил вуҷуд дошта метавонанд. Маҳз дар чунин давлат барои риояи тамоми рукнҳои тоату ибодати динӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад, аммо ҳеҷ гоҳ набояд роҳ дод, ки дин ба василаи ғасби ҳокимият табдил ёбад. Фикрронии амиқ ва нерӯи арзёбии инсон – неку бадро фарқ кардани ӯ ба илму дониш вобаста дониста мешавад [ниг.: 3, с. 24-27].

 Дар охир муаллиф аз баррасии масъалаҳои мавриди назари хеш ба таври илмӣ натиҷагирӣ менамояд. Аз ҷумла Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати таърихӣ ва ҳидояткунанда ба рушди соҳаҳои ҳаётан муҳим эътироф карда шудааст. Нақши мактабу маориф дар ташаккули маърифати шахсият дар ин ҳуҷҷат назаррас арзёбӣ мегардад. Муаллиф татбиқи консепсияи ҷаҳонбинии миллӣ ва худшиносиро аз вазифаҳои муҳимми аҳли ҷомеа, аз ҷумла ходимони дин меҳисобад ва аз он изҳори қаноатмандӣ менамоянд, ки донишу маърифат асоси пойдории давлати навини тоҷикон эълон гардидааст [ниг.: 3, с. 28-30].

Дар умум метавон гуфт, ки дар пажуҳиши профессор С. Ятимов «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» ҷавҳари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз нигоҳи илмӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Муҳаққиқ ба он нуктаҳои Паём, ки ба соҳаи маориф дахл доранд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудааст, зеро соҳаи маориф самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебошад ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба он вобаста аст.

АДАБИЁТ

1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». 23.12.2022. 12:30, шаҳри Душанбе // http://www.president.tj/node/29823. – вақти ба даст овардан: 23.04.2023.

2. Ҳиравӣ, Моил. Муаллим / Моили Ҳиравӣ // Омӯзгор, 2022. – № 39 (12367). – 29 сентябр.

3. Ятимов, С. Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад (андешаҳо перомуни Паёми пешвои миллат) / С. Ятимов // Илм ва ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ. – Душанбе, 2023. – № 1 (31). – С. 5-30.