МУБОРАК БОШАД! ОИННОМАИ ДМТ ТАСДИҚ ГАРДИД!

0
39

       Дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон”   Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми ноябри соли 2025, №634  тасдиқ гардид.

       Дар ин бора ректори Донишгоҳ профессор Эмомалӣ Насриддинзода дар ҷаласа бо иштироки сардорони  раёсатҳо, мудирони шуъбаҳо, директорони парки технологӣ,  ИИТ,  Конфутсий, литсей, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва муовинони декан оид ба илм хабар дода, ҳозиринро табрик намуданд.

       Бояд гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон”  ва оинномаи он ин пеш аз ҳама тавваҷӯҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба донишгоҳи миллӣ мебошад.

Акнун аз ин баъд муассиси донишгоҳ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

       Дар ҷаласа мудири бахши ҳуқуқи Донишгоҳ Бурҳоналӣ Шерзода оинномаи мазкурро шарҳу эзоҳ дода, онро як қадами ҷиддии дигар дар баланд гаштани нуфузу эътибори Донишгоҳ номид.

       Ҳамчун мутахассиси соҳа Б.Шерзода доир ба чандин  паҳлӯҳои Оиннома маълумоти тавзеҳдиҳанда  ироа намуд:

       – Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми ноябри соли 2025, №634 Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

       – Оинномаи нави Донишгоҳ ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунгузории амалкунандаи мамлакат ва стратегияву барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм қабул гардида, мувофиқ ба талаботи замони муосир ва стандартҳои байналмилалӣ аст.

       – Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва Стандарти давлатӣ оид ба докторантура аз рӯйи ихтисос дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми сентябри соли 2025, №495 тасдиқ гардидаанд.

       – Дар Оиннома диққати асосӣ ба омодасозии мутахассисони баландихтисос, фароҳам овардани муҳити мусоид барои раванди таълим ва анҷом додани таҳқиқоти илмӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот, анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотии арзишманд, ба истеҳсолот наздик ва тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ равона карда шудааст.

      – Банди 31 Оинномаи Донишгоҳ инкишоф додани худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва қобилияти кору зиндагии донишҷӯён дар шароити ҷаҳонишавиро ҳамчун яке аз вазифаҳои асосии Донишгоҳ муайян намудааст.

       – Принсипи асосии фаъолияти илмию таҳқиқотии Донишгоҳ ҳамоҳангсозии он бо ҷараёни таълим, инчунин илмҳои соҳавӣ ва академӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии таҳқиқот вобаста ба самтҳои афзалиятноки илм, нигоҳдорӣ ва рушди мактабҳои илмӣ дар Донишгоҳ, татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар истеҳсолот, рушди тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ мебошад.

       – Дар сохтори Донишгоҳ низ тағйироти муайян ворид шудааст. Аз ҷумла, факултети стоматологӣ ба сохтори Донишгоҳ ворид гардидааст.

_____________

       Ректори Донишгоҳ профессор Насриддинзода Эмомалӣ дар бораи Озмуни “Шоҳнома”-хонӣ ва муҳимияти ҳадафҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди роҳандозии ин озмун андешаҳояшро иброз намуд. Гуфта шуд, ки озмуни мазкур ва тақдими “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ба ҳар як хонадон ин парвариши эҳсоси ватандӯстӣ дар вуҷуди ҳар як ҳамватани мо мебошад.

Амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар олами маънавӣ вазифаи ҷонии ҳар як устоди донишгоҳ номида шуд. Ба ҳамаи садоратҳои факултетҳо ва масъулони раёсатҳо дастур дода шуд, ки дар муваффақона гузаронидани озмуни мазкур масъулият зоҳир намоянд.

Ректори Донишгоҳ дар бораи масъалаҳои муҳимми дигар – илм, таълим ва тарбия фикру андешаҳояшро иброз намуда, масъулинро барои ичрои босифати корҳо даъват намуд.

Аз ҷониби муовини ректор оид ба илм, профессор С.Сафармамадзода доир ба масъалаҳои фарогири илму таҳқиқ (мақолаҳои илмӣ, сатҳу сифати диссертатсияҳо, шуроҳои дифоъ,  ҳамкории илму истеҳсолот) гузориши мухтасар пешниҳод гардид.

____________

Дар ҷамъбаст ректори Донишгоҳ профессор Эмомалӣ Насриддинзода ҳамагонро ба  тамаддуниву фарҳангӣ гардонидани кору заҳмат даъват намуд. Тарбияи дурусти ҷавонон ва аз роҳҳои нодурусту ғайриахлоқӣ гардонидани онҳо кафолати бунёди ҷомеаи солим арзёбӣ гардид.

Ҳошимзода Бахтиёр Ҳошим

доктори илми филология, дотсент,

 декани факултаи журналистика.