▪️ Санаи 24 уми декабри соли 2025 дар дар Шаҳраки донишҷуёни ДМТ бо намояндагони Академияи тадқиқоти Малайи Донишгоҳи Малай вохӯрӣ баргузор гардид.
▪️ Дар аввал ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, қайд карданд, ки аз сатҳу муҳтавои кунунии муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Малайзия дар партави сиёсати Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша истиқболи нек мегирем.
▪️Профессор Эмомалӣ Насриддинзода дар бораи ҳама паҳлӯҳои фаъолияти донишгоҳ ба таври мухтасар маълумот дод. Таъкид гардид, ки ҳамкории кишварҳои мо боз ҳам дар сатҳи нисбатан беҳтар қорор гирифта, донишгоҳ дар баробари фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар тамоми зинаҳои таҳсилот, инчунин ба масъалаҳои табодули академии омузгорон ва донишҷӯён тавҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
▪️Донишгоҳ омода аст, ки бо Академияи тадқиқотии Майлай ва дигар Донишгоҳҳои ин кишвар Созишномаи ҳамкориро ба роҳ монад.
▪️▪️▪️
Профессор, доктори улум Сабзали Мусо Хон ректори Академияи тадқиқоти малайи Донишгоҳи Малайзия чунин таъкид намуданд:
▪️Бисёр хурсанд аз зиёрати шумо ҳастем ва ҳам аз пазироӣ қаноатмандем.
Барои мо аллакай маълум гашт, ки ДМТ яке аз беҳтарин донишгоҳҳои Тоҷикистон аст.
▪️Чун таърихи кишвари шуморо омӯхтам, таваҷҷӯҳи ман нисбат ба илму фарҳангу тамаддуни тоҷикон хеле зиёд гардид. Ин таваҷҷӯҳ сабаби иртиботи мо хоҳад гашт.
▪️ Бешубҳа, нақши халқи тоҷик дар тамаддуни минтақа хеле бузург аст ва мо инро эътироф менамоем.
▪️Як ҳамоиши аввалини мо дар доираи донишгоҳҳо бисёр дарҳоро хоҳад кушод.
Донишгоҳи мо дар ду самт – улуми умумиинсонии иҷтимоӣ ва фанниву техникиву тиббӣ ихтисос дода шудааст.
▪️Бисёр шахсиятҳо, аз ҷумла, Сарвазири давлатамон хатмкардаи донишгохи мост.Донишгоҳи мо дар раддабандиҳои байналмилалӣ дар ҷойи 58 қарор дошта, рейтинги он дар байни ҳама кишварҳои исломӣ дар ҷойи аввал аст.
▪️Заминаҳои ҳамкорӣ васеъ мебошанд.
Мо имкони ҳамкориҳои зичро дорем.
Табодули устоду донишҷӯен дар аксар риштаҳо имконпазир аст.Омӯзиши забони Малайзияро метавонем, ки роҳандозӣ кунем.
__________
Баъд аз анҷоми вохӯрӣ намояндагони Академияи тадқиқоти Малайи Донишгоҳи Малай аз Осорхонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан намуданд.
Ҳошимзода Бахтиёр Ҳошим
доктори илми филология, дотсент,
декани факултаи журналистика.










