НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАТМИИ ҲАРБӢ ДАР ҶУМҲУРӢ 100 ФОИЗ ИҶРО ГАРДИД

0
3

Рӯзи 16-уми ноябри соли 2024, дар санаи таҷлил аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат пеш аз мӯҳлат ва дар сатҳи зарурӣ сад фоиз иҷро гардид.

Тибқи оморҳои мавҷуда дар даъвати тирамоҳии имсола шумораи шаҳрвандони ихтиёрӣ нисбат ба солҳои пешин ниҳоят зиёд буда, бештари довталабони хизмати ҳарбиро ҷавонписарони дорои маълумоти олӣ, фарзандони шахсони мансабдор ва хатмкардагони Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиа, ки асосан мутахассисони касбу соҳаҳои гуногунро барои Қувваҳои Мусаллаҳ омода менамояд, ташкил медиҳанд.

Ин нуқта қобили таваҷҷуҳ аст, ки агарчӣ нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ пеш аз муҳлат 100 фоиз иҷро гардида бошад ҳам, лек бо мақсади баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон фаъолияти мақомоти масъули вобастаи ин чорабинии муҳими сиёсӣ ё худ комиссияҳои даъватӣ то охири моҳи ноябри соли равон идома меёбад.

Тайи солҳои охир дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат пеш аз мӯҳлат иҷро гардидани нақшаи даъват ба чанд омил рабт дорад. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату деҳшӯроҳо дар доираи тақвияти ҳамкории зич ҷиҳати ташкилу ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳии масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват бо мардум, баланд гардидани масъулияти ҷавонписарон нисбат ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», дарки амиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”, дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумати мамлакат нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, бунёду фароҳам овардани беҳтарин шароитҳои хизмативу майишӣ барои ҳайати шахсӣ, заминаҳои хуби моддиву таълимӣ дар ҷузъу том, фаъолияти хубу назарраси комиссияҳои даъватӣ ва аз ҳама асос, ин пойдории фазои сулҳу суботи Тоҷикистони маҳбуб арзёбӣ мешавад, ки хушбахтона шаҳрвандони мамлакат имкон доранд, ки дар муҳити орому осоишта ва дар Ватани азизи худ хизмати пуршарафи Модар-Ватанро адо намоянд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА, сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник