Профессор Баҳриддин Камолиддинов аз зумраи он муҳаққиқони сермаҳсуле мебошанд, ки дар ҳама қисматҳои илми забоншиносӣ нуқтаи назари пурарзиш баён намуда, дар рушди илми забоншиносии тоҷик, хусусан, услубшиносӣ, саҳми беназир гузоштаанд. Муҳаққиқ бештар ба масъалаи муродифоти воҳидҳои забон, ки домони имконоти фикрро густурда менамоянд, таваҷҷуҳ карда, дар як силсила мақолот ва осори илмии ба забони адабӣ ва забони ВАО бахшидаашон, онҳоро баррасӣ намудаанд. Хусусан, ҷанбаҳои мухталифи фразеологияи тоҷик (махсусан, фразеологияи осори бадеӣ), аз ҷумла меъёри истеъмоли воҳидҳои фразеологӣ, ғалатҳо дар истифодаи онҳо, нақши калимасозии фразеологизмҳо, имконоти услубии онҳо, ҳодисаи эҷоз дар воҳидҳои устувори забон ва амсоли ин дар осори илмии муҳаққиқ инъикос ёфтаанд.

Б. Камолиддинов ҳанӯз ҳангоми таҳқиқи забон ва услуби Ҳаким Карим дар қатори хусусиятҳои лексикиву грамматикии ҳикояҳои нависанда ба мавқеи воҳидҳои фразеологии онҳо таваҷҷуҳ намуда, мушоҳида кардаанд, ки ин ганҷинаи забони умумихалқӣ дар адабиёти бадеӣ ба ҷилва омада, бо ҷилоҳои хосаи маъноӣ паҳлуи моддиву маънавии ҳаёти инсонро хеле саҳеҳу муъҷаз инъикос мекунад. Ҳамчунин, интихоб ва истифодаи саҳеҳи онҳо равияи фардии нависандагонро ба вуҷуд меоварад. Забоншинос дар монографияи илмиашон – «Забон ва услуби Ҳаким Карим» (1967) ибораҳои фразеологиро вобаста ба хусусиятҳои характерноки онҳо дар осори адиби ҷавон баррасӣ менамоянд. Маълум мешавад, ки Ҳаким Карим ба ҷустуҷӯй ва гирд овардани ибораву ифодаҳои дилчаспи халқӣ миён баста, беҳтарини онҳоро ба забони асарҳои худ барои таъсирбахш баён кардани матлаб ворид кардааст. Аз таҳлилҳои муҳаққиқ бармеояд, ки нависанда воҳидҳои фразеологиро ба мақсади ҷозибанок тасвир намудани як лавҳаи рӯзгор, бой гардонидани сухани персонаж, барчаста ифода намудани хусусиятҳои миллӣ, муносибатҳои иҷтимоии одамон, тасвири портрети қаҳрамонҳо ба кор бурдааст. Б. Камолиддинов услуби фардии нависандаро дар истеъмоли воҳидҳои фразеологӣ муайян намуда, мавридҳои имконпазири корбасти ин воҳидҳои устувори забонро ба олимони ҷавон нишон додаанд.
Таҳқиқи масъалаҳои фразеологияи тоҷик дар асарҳои минбаъдаи профессор Б. Камолиддинов низ идома ёфтанд. Дар китоби «Услубшиносӣ» (1973) забоншинос мавридҳои дигари корбасти воҳидҳои фразеологиро аз нигоҳи услубӣ таҳқиқ менамоянд. Муродифшавии ибораи рехта бо ибораи озоди ҳамшаклаш, истифодаи ибораи рехта ва ибораи озод бо як ҷузъи муштарак (яроқ супоридан – ҷон супоридан), кор фармудани ду ибораи рехтаи як ҷузъашон муштарак (дил кандан – ҷон кандан), кушода додани маънои фразеологизм, ворид намудани калима ба таркиби воҳиди фразеологӣ, иваз кардани як ҷузъи ибораи рехта бо калимаи аз ҷиҳати маъно наздик, шарҳи онҳо бо мақсади муайян аз қабили мавридҳои корбасти воҳидҳои фразеологӣ мебошанд, ки муҳаққиқ мӯшикофона онҳоро ошкор намудаанд. Ҳамзамон таъкид мегардад, ки тағйир додану иваз кардани ҷузъҳои таркибии фразеологизмҳо ҳадду ҳудуди муайян доранд. «Аз тарафи дигар, дар шаклҳои гуногун кор фармудани ибораҳо на ба ҳама муяссар мегардад, зеро барои тағйир додани сохт ё таркиби ибораҳои фразеологӣ, пеш аз ҳама, боигарии забони тоҷикӣ, нозукиҳои маъноии калимаҳо ва мавриди кор фармудани онро донистан лозим аст» (38).

Дар «Ҳусни баён» (1989) муҳаққиқ дар бахши «Имконоти услубии воҳидҳои фразеологӣ ва ифодаҳои маҷозӣ» (90-105) тамоми зебоиву нафосат ва ҷаззобияти фразеологизмҳои забони тоҷикиро дар асари бадеӣ нишон дода, вазифаҳои асосии услубии онҳоро қайд менамоянд. Дар таълифоти забоншинос ду вазифаи услубии воҳидҳои фразеологӣ қайд мегардад: 1. Воҳидҳои фразеологӣ бо калимаю таркибҳо муродиф мешаванд (ҳадя – барги сабз); 2. Воҳидҳои фразеологӣ байни ҳамдигар муносибати ҳаммаъноӣ пайдо намуда, силсилаи муродифҳоро ташкил медиҳанд (тир аз камон ҷаст – мурғи матлаб аз дом раст). Азбаски воҳидҳои фразеологӣ ҳам сарвати забони умумихалқӣ ба ҳисоб меравад, он ба ҳама аъзоёни ҷамъият баробар хизмат мекунад. Бинобар ин дар байни мардум вариантҳои муфассал ва мухтасар пайдо менамояд. Ҳамчунин, воҳидҳои фразеологӣ дар услубҳои бадеию публисистӣ вазифаҳои дигари услубиро ҳам адо мекунанд, ки ин ҷанба ба мақсади нигоранда вобаста аст. Нависандагону шоирон ва журналистон барои дақиқ ифода кардани матлаби хеш таркиби луғавӣ ва сохтори грамматикии фразеологизмҳоро тағйир медиҳанд. Ин амал ҳамон вақт беосеб анҷом меёбад, ки, агар аҳли қалам захираи бойи луғавию фразеологӣ дошта бошанд ва тобишҳои нозуки маъноии калимаву таъбирҳоро хуб дарк намояд, зеро тағйири калимаҳои таркиби фразеологизмҳо на ҳамеша натиҷаи мусбат медиҳад ва боиси ғалатҳо дар кор фармудани онҳо ва гаронфаҳмӣ дар маънии онҳо мегардад.
Профессор Баҳриддин Камолиддинов на танҳо муҳаққиқи забони осори гузаштагон ва муосирон, балки яке аз таҳқиқгарони сермаҳсули забони ВАО низ мебошанд. Дар ду асари ба масъалаҳои мубрами забон ва услуби ВАО бахшидаи забоншинос – «Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» (2001; 2015) ва «Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот» (2003; 2015) масъалаҳои фразеологияи тоҷик, ки дар асарҳои қаблӣ инъикос гардиданд, давоми мантиқии худро ёфтанд.
«Сухан аз баҳри дигарон гӯянд» маҷмуаи нодирест, ки дар он паҳлуҳои гуногуни забони матбуоти даврии тоҷик баррасӣ гардидааст. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар марҳилаи муосир барандаи асосии забони адабии муосири тоҷикӣ забони ВАО ба ҳисоб меравад ва тамоми тағйироте, ки дар ҷомеа ба вуҷуд меояд, дар он инъикос мегардад. Дар инъикоси тамоми ҳодисаву воқеаҳо журналистон аз воҳидҳои забон самаранок истифода мекунанд, аммо баъзан онҳоро насанҷида кор мефармоянд, ки дар натиҷа дар истеъмоли ин унсурҳо ғалатҳо роҳ меёбанд. Тарафи ногувори ин масъала он аст, ки як ғалати дар ВАО роҳёфта зуд характери оммавӣ пайдо мекунад ва реша медавонад. Дар ниҳояти кор ислоҳ кардани он мушкил ва баъзан номумкин мегардад. Маҳз ҳамин ҷиҳат профессор Б. Камолиддиновро ба ташвиш овард ва ҳамчун забоншиноси асил рисолати хешро дар он диданд, ки ин камбудиҳоро нишон диҳанд, нодурустии онҳоро бо далелҳои илмии раднопазир исбот намоянд ва роҳҳои пешгирии ин камбудиҳоро пешниҳод кунанд.
Дар қатори дигар воҳидҳои забон муҳаққиқ бо як нозукадоӣ доир ба истеъмоли ибораҳои рехта ва ғалатҳои он сухан меронанд. Ҳақ ба ҷониби муҳаққиқ аст, ки воҳидҳои фразеологӣ сохтори мураккаб доранд ва сарфи назар аз миқдори ҷузъҳои таркибӣ ба як маънои яклухт далолат мекунанд. Бинобар ин онҳоро ҳар гоҳе ки эҳтиёҷ афтад, беғалат кор фармудан имконнопазир мегардад. Ҳатто як ғалати ҷузъӣ низ боиси аз байн рафтани ибораҳои рехта ҳамчун воҳиди таркибии системаи забон мегардад. Ғалатҳои маъмуле, ки дар истифодаи воҳидҳои фразеологӣ мушоҳида мешавад, омехташавии ҷузъҳои ду ибораи рехта ва ҳосил шудани ибораи «гибрид» (контаминатсия), иваз гардидани яке аз калимаҳои таркиби ибораи рехта бо вожаи дигар, афтидани яке аз ҷузъҳои ибора, бемавқеъ истифода шудани онҳо мебошад. Ҳамчунин, зери таъсири тарҷума низ як миқдор ибораҳои сунъӣ ба забони мо роҳ ёфтанд, ки боиси нигаронӣ аст. Сабаби ба миён омадани ин ҳолат таъҷилияти маводи ВАО ва савияи пасти забондонии баъзе аз рӯзноманигорон мебошад. Дар ҷараёни тарҷумаи матни асари бадеӣ ё публисистӣ бо усули таҳтуллафзӣ баргардонидани воҳидҳои фразеологӣ ҷоиз нест, зеро қисми зиёди онҳо ба маънои маҷозӣ далолат мекунанд ва калима ба калима баргардонидани онҳо натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Ҳақ ба ҷониби муҳаққиқ аст, ки, агар аҳли қалами мо захираи фразеологии забони худро хуб донанд, воҳиди фразеологии матни аслро бо масолеҳи тайёри забони модарии худ беосеб иваз кардан имконпазир аст, агар маънои он ба матн созгор ояд.
Дар асари дигари муҳаққиқ «Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот» низ як бахш ба меъёри истеъмоли воҳидҳои фразеологӣ бахшида шудааст. Профессор Б. Камолиддинов панҷ мавриди риоя нагардидани меъёри корбурди фразеологизмҳоро дар забони ВАО, хоса матбуот, бо мисолҳо нишон дода, тарзи меъёрии истифодаи онҳоро дар такя ба сарчашмаҳои муътамад пешниҳод менамоянд.
На танҳо дар асарҳо, балки дар як қатор мақолаҳои ҷудогона низ забоншинос ба паҳлуҳои мухталифи фразеология таваҷҷуҳ менамояд. Дар маҷмуаи «Сухандонон сухан санҷида гӯянд» (2005) силсилаи мақолаҳои муҳаққиқ – «Нозукадоии устод Айнӣ», «Маънои феъли «нигоҳ кардан» дар «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ», «Нуқсонҳо дар истеъмоли воҳидҳои фразеологӣ» ба табъ расиданд, ки ба мавриди истифодаи воҳидҳои фразеологӣ дар асарҳои С. Айнӣ ва баъзе нуқсони корбасти ибораҳои рехта бахшида шудаанд.
Дар мақолаи «Нозукадоии устод Айнӣ» масъалаи интихоб ва истифодаи воҳидҳои забон, махсусан калима ва ибораҳои рехта, аз ҷониби нависанда баррасӣ мегардад. Забоншинос дар асоси маводи бойи насри бадеии нависанда исбот менамоянд, ки, аз як тараф, силсилаи муродифоти луғавӣ бе муродифоти фразеологӣ нотамом мемонад. Аз тарафи дигар, имконияти як маъниро чанд тариқа баён намудан ва фикрро дақиқ ифода кардан ба вуҷуд меояд. Маҳз аз ҳамин гуна имконият гузаштагони мо ва дар пайравии эшон устоди каломи бадеъ – Айнии хушбаён истифода кардаанд.
Дар мақолаи дигари муҳаққиқ «Маънои феъли «нигоҳ кардан» дар «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ» низ мавқеи воҳидҳои фразеологӣ дар мавриди образнок ифода намудани маъно, хусусан тарзи нигоҳ, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Масъалаи дигаре, ки профессор Б. Камолиддинов дар мақолаашон – «Як қонуни инкишофи забон ва забони матбуот» аввалин шуда ба он таваҷҷуҳ кардаанд, кӯтоҳбаёнӣ ё эҷоз – ҳамчун як омили инкишофи дохилии забон мебошад. Эҷоз ё универбатсия принсипи сарфаи нерӯ мебошад, ки истифодаи осон ва қулайи воҳидҳои забонро дар назар дорад. Ин қонун дар ҳама сатҳҳои забон, аз ҷумла фразеология низ, амал мекунад. Аз таркиби воҳиди фразеологӣ як ҷузъ фурӯгузор мешавад, ба мисли: азоб кашидан – бори азоб кашидан, маслиҳат пухт – оши маслиҳат пухт, ба фикр фурӯ рафтан – ба дарёи фикр фурӯ рафтан, ба мурод расидан – ба соҳили мурод расидан ва ғ. Дар осори адибони гузаштаву муосири мо дар баробари шаклҳои мухтасар шакли пурраи ибораҳои рехта ба кор рафтаанд, ки муҳаққиқ ба ин нукта ишора кардааст.
Масъалаи дигари бо фразеологизмҳо алоқаманд, ки дар ҳамаи таълифоти ба ин қисмати забон бахшидаи муҳаққиқ ба назар мерасад, сохта шудани калимаҳои мураккаб дар заминаи воҳидҳои фразеологии мавҷуда мебошад. Ба ин масъала забоншиносони дигар ҳам ишора кардаанд, аммо ҷиҳати фарқкунандаи таълифоти забоншинос дар он аст, ки ин гуна вожаҳои нав танҳо дар заминаи шакли солими воҳиди фразеологӣ сохта мешавад. Ҳақ ба ҷониби ӯст. Муқоиса кунед: сари баланд – сарбаланд, гардани баланд (?) – гарданбаланд (?). Ин гуна воҳидҳои луғавӣ низ домони ифодаи фикрро васеъ гардонида, дар таъсирбахш баён кардани матлаб хизмат мекунанд.
Профессор Баҳриддин Камолиддинов дар таълифоташон воҳидҳои фразеологиро аз нигоҳи сохтор ба гуногунсохт низ ҷудо мекунад, ҳарчанд дар забоншиносии тоҷик чунин нуқтаи назар вуҷуд дорад, ки муродифоти фразеологӣ бояд аз нигоҳи сохтор мутобиқат намоянд, аммо маводи амалии забони тоҷикӣ тақозо мекунад, ки муродифоти фразеологӣ на танҳо ба ҳамсохт, балки ба гуногунсохт низ тасниф карда шавад.
Ҳамин тариқ, осори пурарзиши забоншиноси варзидаи тоҷик, профессор Б. Камолиддинов, ки арзиши баланди илмиву назарӣ дорад, дар рушду нумуи илми забоншиносӣ ва услубшиносии тоҷик, тарбияи муҳаққиқони ҷавон, журналистон ва қаламкашон солиёни тулонӣ самаранок хизмат хоҳад кард.
