НАҚШИ ҶАҲОНБИНӢ ВА ТАФАККУРИ ҶАВОНОНИ ЭҶОДКОР ДАР ФАЗОИ ИТТИЛООТӢ Имомзода М.С. Қутбиддинов А. Ҳ. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

0
49

Фазои иттилоотӣ дар шароити кунунӣ як ҷузъи таҳрикбахши раванди ҷаҳонишавӣ ба шумор меравад. Фазои иттилоотӣ дар қиёс бо панҷоҳ сол қабл ҷомеаро бештар зери таъсир қарор ҳам додаву онро тобеъ ҳам сохтааст. Пештар низ тобеияти ҷомеа дар муносибат ба фазои иттилоотӣ вуҷуд дошт, ки аз тобеияти имрӯза ба куллӣ фарқ дорад. Тафсири саҳеҳи андешаи боло он аст, ки шакли тобеияти пешина иҷборӣ буд ва ҷомеаи собиқи шӯравӣ (сензураи ВАО) мисоли он аст. Бузургтарин силоҳи идеологӣ дар замони гузашта, матбуот ба шумор мерафт, ки фазои иттилоотиро зери назорат қарор ҳам медод. Аз ҷумла, матбуот василаи тавонои ташвиқию тарғибӣ буд, ки дар равани воқеоти сиёсии ҷомеа таъсири амиқ мегузошт. Як назари иҷмолӣ ба таърихи матбуоти кишвар нишон медиҳад, ки дар ҳар як давра ин шакли васоити ахбор чӣ вазифаҳоеро ба анҷом расонидааст. Ин тамоюл аз назари муҳаққиқон саҳеҳ аст, ки  «…агар матбуоти даврии солҳои 1991-1992 талошҳои дастрасӣ ба ҳокимият, бархўрди манфиатҳои шахсӣ ва маҳаллӣ афзалият дошт, дар матбуоти солҳои 1993-1997, бо таъсири муборизаҳои дохилӣ, нашрияҳо аз рўи ҳадаф ба ду тип ҷудо шуданд, ки яке абарои ваҳдатоварӣ талош мекарду дигаре барои ҷудоихоҳӣ кушиш менамуд»[6, с. 22]. Оғози асри нав васоити электронии ахборро дар сангарҳо фаъолтар гардонид, ки интернет дар саргаҳи он қарор дорад. Ҷаҳонишавии муосир қонунияту талаботи зиёдеро ба вуҷуд овард. Тобеъсозии имрӯза дар шакли сабқату рақобат сурат гирифта, бо сабаби интихоби васеъ аудитория ба он воситаи ахборе такя мекунад, ки агар таваҷҷуҳро бештар ҷалб карда тавонад. Феълан мафҳуми ҷаҳонишавӣ низ аз ҷониби муҳаққиқону коршиносон чандон ҳамаҷониба омӯхтаву таҳқиқ нагаштааст ва дар шинохти он теъдоди зиёди сиёсатшиносону фарҳангшиносон, файласуфону адибон, публитсистону коршиносон ва сиёсатмадорону ҷомеашиносон ҳар кадом аз зовияҳои гуногун сухан мегӯянд.

Дар шинохти зоҳирӣ ҷаҳонишавӣ ин раванди мураккабу босуръат буда, ҷараён ва низоми бузурги ягона ба ҳисоб меравад, ки ҷомеаҳои хурду бузургро зери як сақф нигоҳ доштан мехоҳад. Ҷаҳонишавиро бештар дар ду самти бузурги ба ҳам тавъам дидан мумкин аст, ки онро иқтисодиёту сиёсат ташкил медиҳанд. Хавфи ниҳоят шадиди ҷаҳонишавӣ он аст, ки ҷомеаҳо дар бархӯрдҳои пайваставу доимӣ қарор доранд. Дар робита ба ин профессори сиёсатшинос Г. Зокиров дар оғози солҳои 2000 чунин андешаро баён карда буд: “Таҷрибаи инкишофи олам нишон медиҳад, ки муқобили таълимот ва ғояҳои инкишоф монеаҳо ва зиддиятҳои мухталиф пайдо мешаванд. Дар муқобили ғояҳои глобалистӣ низ чунин ҳолатҳо рух додаанд” [2, с. 5-11]. Ин фарзия имрӯз бараъло мушоҳида мешавад ва ҳатто шиддати ошкор ёфтани бархӯрдҳо қатъи назар нестанд. Ин тасодумро ҷанг номидан душвор аст, аммо бадтар аз ҷангҳои воқеӣ буда, ҷомеаҳои бозмондаву ғофилро бехабар ба нестӣ мерасонад. Ҷаҳонишавӣ дар домани худ фарҳангу тамаддунҳоро хеле ноаёну осон нест мегардонад, ки он албатта боиси нобудиву фанои халқу миллатҳои зиёд мешавад.

Табиист, ки дар ин равандҳо журналистика ҳамчун соҳаи пештоз таъсири аввалияву бузург дорад. Кучактарин хабар аз як гӯшаи дури сайёра имрӯз ба он қодир аст, ки равандҳои иқтисодиву иҷтимоиро хеле оҷилӣ дигар намояд. Журналисти имрӯза барои дар баробари пешрафти замона қадам ниҳодан талош дорад, ки дар сабқати нашри ахбору матлабҳои гуногун ба таври худ пешсаф бошад. Дар мавриди як навъ ҳамқадам гардидани эҷодкорони замони муосир нуқтаи дигари муҳим он аст, ки бидуни маънавиёту маърифат наметавон дар пешрафти ҳаёти маънавӣ комёбу муваффақ гардид. Ҷои инкор нест, ки имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ёвагӯиҳову андешаву афкори хиёбонӣ кам нест. Вобаста ба ин чанд даҳсола қабл нависандаву публитсисти шинохта Ф. Муҳаммадиев гӯё барои имрӯз андеша матраҳ намудааст: «…гапи одиёнаи умумиро бисёру беохир гуфтан мумкин аст. Мо бояд чизе бигўем, ки бар ҳадар наравад, фаромўш нашавад, тафаккур ё эҳсосоти хонандаро ақаллан аз ягон ҷиҳат таккон диҳад, ё бой кунад»[5, с. 307]. Имрӯз Аврупо дар пешорӯи буҳрони бузург қарор дорад ва мебинем, ки дар асоси бархӯрдҳои иттилоотӣ (таҳримҳо, таҳдидҳо, ҳушдорҳо ва ғ.) набзи иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳон дигар гашта истодааст. Шакли пешниҳоди матолиб, таҳлилу ташхисҳо ва мавқеъҳои мухталифи журналистон набзи ҳаёти иҷтимоиро идора карда истодаанд. Дар ин самт ду нуқтаи муҳимро бояд ба инобат гирифт. Якум, интернет ҳамчун василаи иртиботӣ рисолати воқифсозии оҷилиро дар қиёс бо тамоми шаклҳои васоити ахбор бештар соҳиб гардид. Дуюм, олами афкору ҷаҳонбинӣ ва маҳорати шакли пешниҳоди матлаб то ҳадде дуюмдараҷа гардида, ҷойи онро бештар маҳорату ҳунари техникӣ гирифт. Ҳамин аст, ки насли калонсоли журналистони мо имрӯз дар муқоиса бо журналистони ҷавон ба маротиб аз нигоҳи ҷаҳонбиниву маънавиёт бартарӣ дошта бошанд ҳам, вале балад набудан ба корҳои техникӣ дар соҳаи ВАО онҳоро дар баъзе сабқатҳо заиф сохтааст. Онҳо нағз менависанд, андешаи созандаву хуб доранд, ҳунари адибиро соҳиб гардидаанд, аммо дар ҳамқадам гардидан ба таҳаввулоти техникӣ имконияти пурра надоранд.

Насли калонсоли эҷодкорро наметавон танҳо бо ин омил мазаммат кард, аммо нигаронкунанда он аст, ки насли имрӯзаи журналистони ҷавон дар оянда бо кадом доираи тафаккуру ҷаҳонбинӣ ба кадом нуқтаи камолот мерасанд. Хуб аст, ки ҷавони имрӯза дар кори журналистӣ қариб ҳама чизро бо худ дорад. Яъне, танҳо бо як телефони ҳамроҳи худ сабт менамояд, навор мебардорад, ҳуруфчинӣ (ба ҷойи блокноту қалами пешина) менамояд ва ҳамзамон дар вақти дилхоҳ онро аз ҷое ба ҷое интиқол медиҳад. Ҳатто имкон дорад, ки масъалаи нашри маводди худро низ (бештар ҳамчун блогер дар шабакахои иҷтимоӣ) оҷилан ҳал намояд. Дар гузашта ин ҷиҳат барои насли калонсоли журналистони имрӯза танҳо ҳавасу орзуи тасаввурнашаванда буд. Ба таври мисол дар солҳои ҳаштодум, ки он давраи шукуфоии журналистикаи тоҷик низ буд, вазифаи телефони ҳамроҳи имрӯзаро, ки дар як киса ҷойгир мешавад, ин дастгоҳу воситаҳо анҷом медоданд: камераи 8-12 киллограм вазндошта; диктофонҳои (репортёр) классикии бузургҳаҷм; фотоаппарати 1-1,5 килограмма; мошини чопии калонҳаҷм ва ба ҷойи почтаи электронии имрӯза ба воситаи лифофа назди почтаҳо рафтан.

Таҳаввулоти техникии босуръат маънии онро надорад, ки маънавиёту фарҳанги зиёиёну эҷодкорон дуюмдараҷа мебошад. Фарҳангу маънавиёт ҳамчун арзишҳои бузурги ҳаёти инсоният пойбарҷо мемонад. Ҷойи инкор нест, ки маънавиёту фарҳангу ҷаҳонбинии ҷавонони имрӯза дар қиёс бо даҳсолаҳо қабл заиф мебошад. Иллати асосӣ он аст, ки ҷаҳонбинии ҷавонони имрӯза бештар дар пояи донишҳову бардоштҳои интернетӣ ташаккул меёбад. Махсусан, онҳое, ки имрӯз дар курсии донишҷӯӣ ва омӯхтани касби журналистӣ машғул мебошанд, то андозае аз мутолиаи доимиву пайваста дур мондаанд. Мутолиа барои ҷавони эҷодкори тоҷик ногузир аст. Миллати тоҷик аз азал китобдору китобхон буд ва қадру ҷойгоҳи онро то имрӯз хуб медонад. Китоб барои аҳли башар дар давоми асрҳо мушовиру роҳнамои беминнату оромест, ки ҳеҷ гоҳ ҳарфу мавқеи худро дигар намесозад ва ин ҳақиқатро миллати соҳибтамаддуни мо бештар аз дигарон медонад. Мафкураи ҷавон (махсусан, ҷавоне, ки каму беш ҳунари навиштан дорад) ҳамеша олами осебпазир мебошад ва танҳо мутолиаи адабиёти гуногун сабаб мешавад, ки сангари устуворе дар муқобили ҷараёнҳои манфӣ ба вуҷуд ояд. Ҷавони эҷодкори тоҷик танҳо аз “Шоҳнома” қаҳрамониву ватандӯстиро меомӯзаду тарғибгари қаҳрамониҳо мешавад. Меҳнат, сабру таҳаммул ва обутоб ёфтанро аз мутолиаи “Дохунда”-ву “Одина” омӯхта метавонаду онро дар намунаи олӣ мавриди тарғибу ташвиқ қарор медиҳад. Google барои донистани таърихи мо чизе дода наметавонад, агар ҳар як ҷавони эҷодкори журналист “Тоҷикон”-и Б. Ғафуровро нахонда бошад. Ба умқи худшиносии миллӣ фурӯ рафтан танҳо ба воситаи мутолиаи ин асар имкон дорад ва бо ҳамон бардошт журналист метавонад, ки аз манфиатҳои миллӣ ҳимоят намояд. Журналисти ҷавони имрӯза таҳаммулгарову соҳибфаросат буда метавонад, агар аз ганҷинаҳои адабиёти классикиямон (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Хайём ва дигарон) бархӯрдор бошад ва танҳо бо ин васила дар роҳи тарбияи маънавии ҷомеа нақш мегузорад. Дар миёни худи қаламкашон ақидае ҳаст, ки агар ҳар эҷодкори соҳа ҳадди ақал сад китоби бадеиро мутолиа карда бошад, ифодаи нутқи шифоҳиву китобӣ барояш хеле осон аст. Аз ёд кардани шеъру абёти зиёд низ барои навқалам роҳҳои муфиди баёни андешаро муҳайё месозад. Ин ҳам маънии онро надорад, ки навқалам дар такя ба маънидуздӣ саҳифаҳоро пур созад. Ба ӯ танҳо донишу ҷаҳонбиниҳо ба таври номаълум дарҳои нав ба навро мекушоянд ва заминаву имконҳоро пеш меоранд.

Васоити иртиботии имрӯза ва хазинаҳои интернетӣ барои хонанда як бунбаст ба шумор меравад (табъу завқи коҳида) ва танҳо китоб аст, ки озодии комилро дар ботини хонандааш таъмин карда метавонад. Китоб ба даст гирифтани ҷавон маънои онро дорад, ки дур аз ҳамон завқи коҳида (тамошои филм ва “сайру гашт” дар интернет) барои худ роҳи орзуву умедро мекушояд. Зеро, ҳар як ҷумлаи китоб қатъият дошта, эътимоднокии маъноми онро рад кардан душвор аст. Танҳо дар ҳамин сурат журналист қобилияту ҳунари “…дидан, шунидан, дарк кардан ва то аудитория расонидани ҳодиса”[8, с. 9] -ро соҳиб гардида метавонад. Дуруст аст, ки ҷомеаи имрӯза дар алоқамандӣ ба заҳмати журналистон бинобар “ташнагии иттилоотӣ” пойбанди саволҳои “чӣ? кай? дар куҷо?” мебошад. Нуқтаи дигар бояд фаромӯш нагардад, ки “журналистикаи ахбор” ва “журналистикаи афкор” дар сабқату рақобати доимӣ қарор доранд ва ҳеҷ гоҳ яке ҷои дигарро ба пуррагӣ гирифта наметавонад. Дар журналистика жанрҳое ҳастанд, ки дар пояи фикри наву устувор ҷомеаро муътақид месозанд. Имрӯз ба истилоҳ “жанрҳои ҷанговар”-е ҳастанд, ки симои аслии ғосибону иғвоангезонро барои ҷомеа муаррифӣ менамоянд. Поя ва меҳвари устувори баъзе матолибро фикр ташкил медиҳад, ки неруи таҳрикдиҳандаи назаррас доранд. Факт муҳим бошад ҳам, муҳимтар аз он фикр мебошад, ки дар асоси он ташхиси амиқи муаммо ҳосил мешавад. Аз ин ҷиҳат журналисти соҳибфикр ҳамеша барои ҷомеа роҳнамо маҳсуб мегардад ва фикр барои ӯ силоҳи қатъист. Чунончи, «… дар памфлет мавқеи асосиро фикр ишғол мекунад ва факт ҳамчун масолеҳи пуркунандаи фикри иброзшуда истифода мешавад».

Олами интернетӣ маълумоти зиёдеро ҳам доро бошад, аммо аз ҷониби дигар паҳлуҳои манфии зиёдеро соҳиб аст. Интернет дунёест, ки нозир надорад ва ҷавонро ба ҳар гуна олами андешаҳо гирифтор месозад. Дар маҷмуъ, ин сабаб аст, ки ҷавон шабгард мешавад, ба муҳоҷират меравад, клубҳо меравад ва ё ба таҳсилу кори манфию мусбате машғул мешавад. Ҷавонро дар ин ҷодаҳо пурра муҷрим донистан аз рӯйи адолат ҳам намебошад. Зеро ӯро ҳамон неруи вуҷуд орому қарор намегузорад ва ҷурм танҳо он аст, ки агар ин неру дар роҳи манфӣ сарф гардаду ҷомеа нисбати он бетафовут бошад.

Дар ин ҳангом ӯ ба таълиму роҳнамоӣ ниёз дорад. Дар ҷавонӣ омӯзишу таълим ин идрок дар замони пирист, ки он манфиати танҳо он пир нест. Манзур он аст, ки ҷойи ҳамон насли калонсоли журналистони имрӯзаро дар оянда чӣ гуна соҳибқаламон соҳиб мешаванд. Нигаронкунанда он аст, ки оянда онҳо барои ҷавонон аз кадом минбар чӣ бояд гӯянду чӣ гуфта метавонанд.

Журналист қатъи назар аз фаъолият дар ҳамагуна расона шахсиятест, ки бояд барои ҷомеа сухани созанда гӯяд. Махсусан дар шароити имрӯзаи мураккаби ҷаҳонишавӣ, ки ҷомеа ба чунин сухан бештар ниёз дорад. Имрӯз каломи як нафар низ баъзан аҳаммият пайдо карда метавонад. Танҳо муҳим он аст, ки сухани ӯ аз кадом равзана бо кадом арзише ба омма ироа мегардад. Барои журналисти ҷавон низ зарур аст, ки роҳу усули мақбули сухан гуфтанро дарк намояд. Омода кардани як рӯзноманигори касбӣ гузашти солҳоро талаб менамояд. Дар факултаҳову шуъбаҳои журналистӣ қаламкаши ҷавон аввалин донишҳои назариявиро дар бораи касби худ ҳосил менамояд. Мутолиаву ҷустуҷӯҳо то майдони истеҳсолот рафтани ӯ аввалин ҷаҳонбиниҳои то андозае маҳдуду кучаки ӯ мебошанд. Манзур он аст, ки дар роҳи омода кардани як журналист ва ташаккули фикрии ӯ майдони амалия низ нақш дорад. Ҳеҷ гоҳ як журналисти ҷавон баробари як журналисту қаламкаши собиқадор сухан гуфта наметавонад. Дар аввалин солҳои фаъолият дар даргоҳи матбуоту телевизион журналисти ҷавон худро дар дунёи дигар мебинад. Мутобиқ мешавад ва мувофиқ ба нишондоди муассис фаъолияти худро ба роҳ мегузорад. Муҳаққиқон дар самти тақвияти ҷаҳонбиниву соҳибфикр гардидани журналистони ҷавон паҳлуи дигарро низ ногузир медонанд: “…дар баланд гаштани маҳорати адабии донишҷуёну журналистони ҷавон публитсистони варзида нақши бузург доранд. Онҳо замоне дониш ва мушоҳидаҳои худро дар таҷрибаҳои амалӣ барои донишҷӯён дареғ намедоштанд”. Пурра қаноатмандкунанда набошад ҳам, вале имрӯз дар омода кардани журналистон устодони ботаҷрибаву унвондор саҳм мегузоранд ва кӯшиш менамоянд, ки ҷавононро аз нақши сухани созандаи журналист дар раванди ҷаҳонишавӣ огоҳ намоянд. Таъбири «Хун хӯрдани фикр­ҳову ранг гирифтани сухан…» табиату заҳмати навиштану чи гуна аз минбаре калом гуфтанро бо мантиқу мазмуни уфуқдор хеле хуб ифода менамояд. Сухансозиву аз минбаре онро мақбул гуфта тавонистан низ ҳунар мебошад ва он роҳу василаи такмил ёфтани худро дорад: “Офариниши сухан бар чаҳор чиз устувор аст:

 – Ҳадаф.

– Маводди лозима (модда).

 – Тарҳ.

– Шахсияти созанда (муаллиф) [9, с. 45].

Тавре ки ишора гардид, қабатҳову ҷузъиёти аслии фазои иттилоотиро боз ҳам маънавиёту фарҳанг ташкил медиҳад. Минбаре, ки дар ин фазост қудрати тарбият намудани ҷомеаро соҳиб аст. Он нафаре, ки соҳиби ин минбар аст, гули худрӯ нест. Манзур он аст, ки на ҳар нафар ҳуқуқу ихтиёр ва имкони аз ин минбар сухан гуфтанро дорад ва лозиму ҳатмист, ки ӯ бояд дар корхонаи эҷодӣ меҳнату заҳмати пайваста дошта бошад: “Суханвар бояд маълумоти бисёре ҳосил кунад ва фаровон мутолиа намояд, табъи худро варзида ва пухта созад”[9, с. 46]. Аз рӯйи таълими бузургон дар бистсолагӣ дар инсон хоҳиш, дар сисолагӣ ақл ва дар чилсолагӣ фаросату ҳукм салтанат меронанд. Ин қонуният барои ҷавони эҷодкор махсус мебошад. Ва агар ин се овон босамар ва бомақсад аст, мутмаин бояд буд, ки пирии эҷодкории мо ба ҷавонӣ ҳасад нахоҳад бурд.

Имрӯз минбарҳо зиёд гардиданд ва ҳар нафари соҳибқалам аз ин минбарҳо (матбуот, радио, телевизион ва шабакаи иҷтимоӣ) ҳар лаҳза сухан гуфта метавонад. Дар номгӯи вазифаҳову уҳдадориҳои журналистӣ тарбия, ё ин, ки вазифаи маънавию ахлоқӣ муқаддам дониста мешавад. Ногузир аст, ки ҳар як муддаии касби журналистӣ қоидаҳо ва этикаи журналистиро сарфи назар насозад. Журналист қабл аз ҳама бояд аудиторияи худро эҳтиром намояд: “Сухангӯи бадтинат ва зиштгуфтор, ки каломаш зебо нест, дилҳоро меранҷонад, хотирҳоро мушавваш месозад ва агар ҳарфи ҳақ ҳам ба забон ронад, дархӯри ҷомеа нест” [9, с. 46].

Мункир наметавон гашт, ки дар баробари ахбори имрӯза маводди таҳлиливу бадеӣ дар тарбия ва равони аҳли ҷомеа нақши устувору бузург дорад. Бояд ба назар гирифт, ки аудитория танҳо ташнаи ахбор нест ва ҳатман ниёз ба матолибе дорад, ки дар он фикр ва андешаи солиму ҷолиб ғолиб аст. Ин ҷиҳат дар матбуоти идеологии замони шӯравӣ хеле равшан ба назар мерасид. Ҳаққоният, санад, фактология ва умуман, воқеияти фарогири матолиб ба сифати таҳқиқи сарчашмаи ҳақиқати замон пазируфта мешуд. Муҳаққиқ И.Усмонов нақши таъсир ба мафкура ва дар оянда ба моли таърих табдил ёфтнаи соҳаро чунин арзёбӣ кардааст :« «…ҳамон матлабе ба сифати публитсистика шинохта мешавад, ки таъсири амиқи иҷтимоӣ дорад… ва  агар публитисистика имрўз василаи таъсир ба иштирокчиёни воқеа бошад, фардо таърихи воқеа аст»[7, с. 4]. Махсусан публитсистикаи ин давр дар тафаккури ҷомеа муҳаббат, эътиқоду эътимод ва эҳсоси ватандӯстиро ба таври оҷилу комил ба миён оварда метавонист: «Вазифаи асосии публитсистикаи шўравӣ дар давраи пеш аз ҷанг дар инъикоси ҳаёти мардуми шўравӣ, бузургиву қаҳрамонии он, бедор кардани эҳсоси ватандўстӣ ва бовариву эътиқод ба ҳаёти беҳтар буд»[4, с. 35]. Чунин мазмуне аз андешаҳои боло ҳосил мешавад, ки публитсистикаву журналистикаи гузашта уфуқҳои назоратшаванда дошт. Бо назардошти паҳлуҳо бояд ба инобат гирифт, ки «аҳдофи умумии журналистика, публитсистика ва адабиёт, ки тарбияи инсон аст»[6, с. 11.

Тарбияи инсон дар фаҳмиши умумӣ дар навбати аввал дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷомеа ба шумор меравад, ки боз ҳам дар робита ба фазои иттилоотӣ ҷанбаи амиқи идеологӣ дорад. Ба таври мисол дар даврони шӯравӣ сиёсати давру замон чунин равандро ба вуҷуд оварда буд. Матбуоти миллии мо дар оѓоз рисолати «… ба дасти хонанда додани чароѓе…»[10, с. 88] -ро дошт ва он низ бинобар сензураву маҳдудиятҳои маълуми баёни афкори озод «…ёфтани роҳи оянда ба воситаи ин чароѓ ба худи хонанда ҳавола карда мешуд»[10, с. 89]. Албатта, дар андешаҳои боло мавҷудияти сензураҳову маҳдудиятҳову фишорҳо ишора карда мешаванд, ки манзур маҳдуд кардани манфиатҳои миллист. Имрўз алакай дақиқ гардидааст, ки худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ дар солҳои сиюм дар шаклу қолаби фиребо вуҷуд дошт. Сиёсати империяи барқароршавандаи шўравӣ дар баробари паҳлуҳои мусбат аз ҷузъиёти манфӣ низ иборат буд. Дуруст аст, ки ба хати арабиасос на ҳама дастрасӣ доштанд, аммо тавассути ин хат фарҳанги ҳазорсолаи халқи тоҷик нигоҳ дошта мешуд. Мусбат ё манфӣ будани ин зуҳуротро баҳо додан мушкил аст, ки  «..соли 1933 истифодаи ҳуруфи арабӣ ба таври расмӣ қатъ гардид»[3, с. 14]. Тағйири алифбо мардумро аз гузаштаи фарҳангии худ дур кард. Дар аввал ҳуруфи лотинӣ ба роҳ андохта шуд ва ин раванд низ дер давом накард. Бояд ба таври оҷил барои татбиқи идеологияи ҳизбии Маскав алифбои содаву осон пайдо мегардид. Халқи тоҷик дар ин табадуллот натавонист, ки гузаштаи фарҳангии худро пойдор нигаҳ дорад.  «…дар охири солҳои сиюм тайёрии гузаштан ба алифбои крилиасос (русиасос) оѓоз гардид».[3, с. 14] Матбуоти идеологӣ дар ин табадуллотҳо ҳисса мегузошт ва «…дар солҳои сиюм ҳам китоб буду ҳам дафтар ва ҳам алифбои тоҷик»[1, с. 6], ки албатта ин хизмати матбуот инкор карда намешавад. Инқилоби фарҳангӣ шиор гардида буд ва он бояд ногузир ѓалаба менамуд. Адибони мо сарфи назар аз мавқеи иҷтимоиву сиёсии худ иштирокчиёни фаъоли инқилоби фарҳангиву маданӣ буданд: «Отряди адибони тоҷики насли комсомол ба монанди М.Турсунзода, М.Миршакар, С.Улуѓзода, Ҷ.Икромӣ, Р.Ҷалил, А.Деҳотӣ ва дигарон дар ѓалабаи инқилоби фарҳангӣ саҳм мегузоштанд»[4, с. 61].

Чанд андешаи боло марбут ба гузаштаи мост, ки доираву чаҳорчӯбаи матбуотро дарбар мегирад. Имрӯз бошад дар ихтиёри аудитория навъҳои зиёди васоити ахбори омма қарор дорад ва шабакаҳои иҷтимоӣ навъи аз ҳама беш густурдатари он ба шумор меравад. Чун аз муборизаву рисолати адибону маорифпарварони мо дар садсолаи гузашта таъкид гардид, чунин муборизаву рисолат барои имрӯз низ истисно нест. Аз ин ҷиҳат, агар имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба сифати ҷузъе аз фазои иттилоотӣ ба ҳисоб равад ҳам, бо назардошти қисме аз муштариёни завқманд наметавон онро бо ёвагӯиҳо пур сохт. Фазои хабарӣ ҳамеша дар пайи таҳаввул аст ва журналистони ҷавон то қадри имкон бояд бо касбияти баланд роҳ ба сӯйи оянда пеш гиранд. Бояд дар раванди омодашавии ҷавонони навқаламу навқадам дар овони омӯзиши касб чанд нуқтаро ба назар гирифт:

– тақвияти донишу ҷаҳонбиниҳо дар заминаи мутолиаи

адабиёти бадеии ватаниву хориҷӣ;

– омӯзиши қоидаҳои техникии дастгоҳҳои сабту навор ва пахшу интиқоли он;

– мутолиаи ҳатмии ҳамагуна воситаи ахбор ҳадди ақал дар

андозаи интихоб;

– ҳисси баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ доштан

дар омодасозии маводди таҳлилӣ;

– дар робитаи пайваста қарор доштан бо намояндагони

васоити ахбор ва ширкат дар суҳбату мулоқот бо

публитсистону адибони собиқадор;

– дар доираи фаросату қобилият дарк намудани хосият ва

талаботи фазои иттилоотӣ;

– иштироки пайваста дар маҳфилҳои ихтисосӣ ва инфиродии

устодони соҳа.

АДАБИЁТ:

  1. Азимов А. Матбуот ва маҳви бесаводӣ (1928-1940). – Душанбе, 2013. – 83 с.
  2. Зокиров Г. Назаре ба консепсияҳои низоми нави ҷаҳон // Журналистикаи тоҷик ва масъалаҳои низоми нави ҷаҳон. – Душанбе, 2004. – С.5-11.
  3. Из истории культурного строительство в Таджикистане (сборник документов и материалов). ­­­­– Душанбе: Ирфон, 1966. ­– 672 с.
  4. Муллоев, Ш. Жанрово–тематическое своеобразие таджикской публицистики времен Великой Отечественной Войны (1941–1945). – Душанбе, 2015. – 302 с.
  5. Муҳаммадиев, Ф. Асарҳои мунтахаб: Иборат аз 2 ҷилд./ Ф.  Муҳаммадиев. – Душанбе: Ирфон. Ҷ. 1. – Очеркҳо, ҳикояҳо, қиссаҳо. – 1978. – 555 с.
  6. Муродов, М. Истиқлолият ва рушди матбуоти даврӣ / М. Муродов. – Душанбе: Аржанг, 2017. – 320 с.
  7. Усмонова, Н. Андешаҳо перомуни баъзе масъалаҳои публитсистикаи имрўз – Душанбе, 2018. – 72 с.
  8. Фихтелиус Э. Даҳ қоидаи журналистика. -Душанбе, 2010. – 136 с.
  9. Хоҷаев Қ. Суханварӣ. – Душанбе, 2013. – 256 с.
  10. Шарифзода Қ. «Бухорои шариф»: назаре пас аз 100 сол. – Душанбе: Ирфон, 2012. – 100 с.

НАҚШИ ҶАҲОНБИНӢ ВА

ТАФАККУРИ ҶАВОНОНИ ЭҶОДКОР ДАР ФАЗОИ ИТТИЛООТӢ

Дар ин мақола вобаста ба он ки фазои иттилоотӣ дар шароити кунунӣ як ҷузъи таҳрикбахши раванди ҷаҳонишавӣ ба шумор меравад  дар бораи махсусиятҳои фазои иттилоотӣ, раванди ҷаҳонишавӣ, ҷаҳонбинии эҷодкори ҷавон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ сухан меравад. Ҷаҳонишавии муосир барои  майдони муборизаҳо талаботҳои нав ба навро пеш гузошта, сабқату рақобатро барои таъсир ба олами мафкураи омма торафт шадидтар гардонидааст. Аз ҷониби муаллифон он нуқта бештар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, ки бо назардошти манфиатҳои миллӣ бояд тарбияи ҷавонони эҷодкор аз равзанаву пойдевори наву мутобиқ ба талаботи рӯз сурат гирад. Аз ҷумла, таъкид карда мешавад, ки журналист қатъи назар аз фаъолият дар ҳамагуна расона шахсиятест, ки бояд барои ҷомеа сухани созанда дошта бошад, ки дар шароити имрӯзаи мураккаби ҷаҳонишавӣ ҷомеа ба чунин сухан бештар ниёз дорад. Дар факултаҳову шуъбаҳои журналистӣ қаламкаши ҷавон аввалин донишҳои назариявиро дар бораи касби худ ҳосил намуда, дар роҳи омода кардани як журналист ва ташаккули фикрии ӯ майдони амалия низ нақш зиёдтар дорад. Таъкид карда мешавад, ки маънавиёту фарҳангу ҷаҳонбинии ҷавонони имрӯза дар қиёс бо даҳсолаҳо қабл заиф мебошад. Сабаб он аст, ки ҷаҳонбинии ҷавонони имрӯза бештар дар пояи донишҳову бардоштҳои интернетӣ ташаккул ёфта, ҷаҳонбиниву донишҳои васеъ базавӣ маҳдудтаранд. Оғози асри нав васоити электронии ахборро дар сангарҳо фаъолтар гардонид, ки интернет дар саргаҳи он қарор дорад.Ҷаҳонишавии муосир қонунияту талаботи зиёдеро ба вуҷуд овард. Тобеъсозии имрӯза дар шакли сабқату рақобат сурат гирифта, бо сабаби интихоби васеъ аудитория ба он воситаи ахборе такя мекунад, ки агар таваҷҷуҳро бештар ҷалб карда тавонад. Дар чунин вазъ журналистони оянда бояд пеш аз ҳама бояд аз гузаштаву асолати худ воқиф бошанд. Барои тақвияти ин андеша аз гузаштаҳои даврони шӯравӣ мисол оварда мешавад, ки дар роҳи инқилобҳои маданӣ насли адибони ҷавон қатъи назар аз маҳдудияту сензураҳо бо завқу рағбати зиёд талош мекарданд. Мақола чунин хулоса карда мешавад, ки тақвияту такомули донишу ҷаҳонбиниҳо дар заминаи мутолиаи адабиёти бадеии ватаниву хориҷӣ, омӯзиши қоидаҳои техникии дастгоҳҳои сабту навор, огаҳ будан аз мазмуну муҳтавои васоити ахбор, робитаи пайваста бо журналистони касбиву собиқадор ва иштироки пайваста дар маҳфилҳои ихтисосиву  инфиродии устодони соҳа ногузир мебошад.

Калидвожаҳо: Фазои иттилоотӣ, ҷаҳонишавӣ, шабакаи иҷтимоӣ, мафкура, аудитория, публитсистика, китоб, матбуот, адиб, такомул, таҷриба, касбият, рақобат, муҳтаво, васоити ахбори омма.

МИРОВАЯ РОЛЬ И МЫШЛЕНИЕ МОЛОДЫХ ТВОРЧЕСТВ В ИНФОРМАЦИОННОМ ПРОСТРАНСТВЕ

В данной статье рассматривается об особенностях информационного пространства, процессе глобализации, мировоззрении молодого творца, защите национальных интересов, в связи с тем, что информационное пространство в современных условиях как стимулирующая часть процес глобализации. Современная глобализация выдвинула новые требования на поле борьбы и обострила конкуренцию за влияние на мировое общественное мнение. Авторы обсудили положение о том, что с учетом национальных интересов воспитание творческой молодежи должно осуществляться с новой точки зрения и в соответствии с потребностями дня. В частности, подчеркивается, что журналист, вне зависимости от его деятельности в любых средствах массовой информации, является человеком, который должен иметь конструктивную речь для общества, которое в современных сложных условиях глобализации общество в большей степени нуждается в такой речи. На факультетах и ​​отделениях журналистики молодой писатель получает первые теоретические знания о своей профессии, и большую роль в подготовке журналиста и формировании его мысли играет сфера практики. Подчеркивается, что духовность, культура и мировоззрение современной молодежи слабы по сравнению с тем, что было десятилетия назад. Причина в том, что мировоззрение современной молодежи в большей степени формируется на основе интернет-знаний и представлений, а мировоззрение и широкомасштабные знания более ограничены. Начало нового века сделало электронные СМИ более активными в окопах, с Интернетом в авангарде. Современная глобализация создала множество законностей и требований. Сегодняшняя субординация происходит в форме конкуренции, и из-за большого выбора аудитория делает ставку на то средство массовой информации, которое может привлечь наибольшее внимание. В такой ситуации будущие журналисты должны прежде всего знать о своем прошлом и происхождении. В утверждение этой мысли приводится пример из прошлого советской эпохи, когда поколение молодых писателей, невзирая на ограничения и цензуру, с большим энтузиазмом шло по пути культурных революций. В статье делается вывод о том, что укрепление и совершенствование знаний и кругозора на основе чтения отечественной и зарубежной литературы, изучения технических правил записывающих устройств, знакомства с содержанием средств массовой информации, неизбежно постоянного общения с профессиональными и опытными журналистами, постоянного участие в профильных и индивидуальных занятиях мастеров своего дела.

THE ROLE OF WORLDVIEW AND THINKING OF CREATIVE YOUTH IN THE INFORMATION SPACE

In this article, due to the fact that the information space in the current conditions is a provocative component of the globalization process, it is said about the features of the information space, the globalization process, the worldview of the young creator and the protection of national interests. Modern globalization has put forward new demands for the field of struggle and has intensified the competition to influence the world of public opinion. The authors have discussed the point that, considering the national interests, the education of creative youth should be carried out from a new perspective and in accordance with the needs of the day. In the faculties and departments of journalism, a young writer acquires the first theoretical knowledge about his profession, and the field of practice plays a greater role in the preparation of a journalist and the formation of his thoughts. It is emphasized that the spirituality, culture, and outlook of modern youth is weak compared to decades ago. The reason is that the worldview of today’s youth is mostly formed based on Internet knowledge and concepts, and the worldview and broad-based knowledge are more limited. The beginning of the new century has made the electronic news media more active in the trenches, with the Internet at the forefront. Modern globalization has created many legalities and requirements. Today’s subordination takes place in the form of competition, and due to the wide choice, the audience relies on the news medium that can attract the most attention. In such a situation, journalists should first be aware of their past and origins. To strengthen this idea, an example is given from the past of the Soviet era, when a generation of young writers, regardless of restrictions and censors, worked with great enthusiasm on the path of cultural revolutions. The article concludes that the strengthening and improvement of knowledge and outlook on the basis of reading domestic and foreign literature, studying the technical rules of recording devices, being aware of the content of the mass media, constant communication with professional and veteran journalists, and constant participation in specialized and individual classes of specialists(teachers) of the field are inevitable.

Keywords: Information space, globalization, social network, ideology, audience, journalism, book, press, literature, development, experience, professionalism, competition, content, mass media.

Ключевые слова: Информационное пространство, глобализация, социальная сеть, идеология, аудитория, журналистика, книга, пресса, литература, развитие, опыт, профессионализм, конкуренция, контент, СМИ.

Маълумот дар бораи муаллиф: Қутбиддинов Абдулмумин Ҳошимович – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илми филология, дотсент, декани факултаи журналистика. Суроѓа: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, х. Рўдакӣ, 17. E-mail: adab-75@mail.ru. Тамос: +992 935326022.

Сведения об авторе: Кутбиддинов Абдулмумин Хошимович– Таджикский национальный университет, доктор филологических наук, доцент, декан факультета журналистики. Адрес: 734025, Республика Таджикистан, г. Душанбе, пр. Рудаки, 17. E-mail: adab-75@mail.ru. Тел.: +992 935326022.

Information about the author: Qutbiddinov Abdulmumin Hoshimovich – Tajik national University, Doctor of Philology, Associate Professor, Dean of the Faculty of Journalism. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Rudaki Ave 17. E-mail: adab-75@mail.ru. Phone: +992 935326022.