… Пиряхҳо бойгонии Замин мебошанд, ки дар такя ба онҳо таърихи сайёра омӯхта мешавад…. Пиряхҳо 75 фоизи обҳои ширини сайёраро ташкил медиҳанд.
… Пиряхҳо 10 фоизи ҳудуди заминро пӯшонидаанд.
… Дар давраи яхбандии охирин 32 фоизи ҳудуди Замин яхпӯш будааст.
… Бузургтарин пиряхи ҷаҳон Ламберт (100 х 400 км) ном дорад, ки дар ҳудуди Антарктида ҷойгир аст.
… Пиряхҳо захираи об дар шакли ғайримоеъ мебошанд.
… Пирях аз қабатҳои пайи ҳами барф ба вуҷуд меояд ва изи ҳамонрӯзаи барфро бо чангу доғу ҳатто ҳаво сабт менамояд.
… Замин замоне давраи яхбандии азимро аз сар гузаронидааст, ки ин яхбандӣ релефи заминро ба вуҷуд овардааст.
… Глятсиология илм дар бораи пиряхҳо мебошад.
… Қариб аксари пиряхҳои ҷаҳон феълан дар ҳаракату обшавӣ қарор доранд.
… Аввалин таҳқиқотҳои илмӣ дар бораи пиряхҳо дар Арктика ва Антарктида дар оғози асри 20 сурат гирифтааст.
… Ба андозаи 1390 метр пармакунонии яхи Греландия дар соли 1966, таърихи 100 000 солаи иқлими кураи Заминро муайян кардаст.
… Пиряхҳои Арктика давраи яхбандии 20 ҳазор сол пешро дар худ нигоҳ доштаанд.
… Таркиби пиряхҳои Арктика гувоҳи онанд, ки як замоне қисматҳои бузури Амрикои шимолӣ, Аврупо ва Осиё дар зери ях қарор доштаанд.
… Табиат дар раванди босуръати обшавии пиряхҳо вокуниш ва муносибати ҷидди худро нишон медиҳад.
… Дар қабатҳои пиряхҳои ҷаҳон (мисол: Канада) баъзе вирусҳо аз давраҳои гуногун вуҷуд доранд, ки барои илм номаълуманд.
… Дар таркиби баъзе пиряхҳо ҳайвоноте дар шакли яхбаста (пиряхҳои Таймир) пайдо гардидаанд, ки таърихи 18 ҳазор солро дарбар мегиранд.
… Ҳаво низ дар таркиби пиряхҳо дар шакли ҳубобчаҳо вуҷуд доранд, ки чи гунагии онро дар давоми даҳҳо ҳазор соли гузашта нишон медиҳанд.
… Ба куллӣ об шудани пиряхҳои сайёра хавфноктарин таҳдид барои ҳаёти инсон мебошад.
… Пиряхҳо низ чун моҳӣ дар обу хушкӣ дар андозаҳои гуногун шино мекунанд…. Аз асри 14 то асри 19 ҷаҳон давраи яхбандии хурдро аз сар гузаронидааст ва дар ҳамин давра бинобар ҳарорати паст пиряхҳо дар минтақаҳои гуногун ҳаракат кардаанд. … Пиряхҳои Ҳимолой ҳамасола 8 миллирад тонна кам мешаванд, ки таҳдиди ҷиддиест…. Пиряхҳои сафед имкони бештар дар таркиби худ нигоҳ доштани ҳаворо доранд…. Феълан ҳар сония 24 ҳазор тонна яхи обшуда ба уқёнуси ҷаҳонӣ мерезад…. Суръати обшавии пиряхҳо дар солҳои охир 65 фоиз афзудааст…. Обшавии пиряхҳо натанҳо иқлимро тағйир медиҳанд, балки равандҳои биологӣ, санитарӣ, ҷуғрофӣ ва иқтисодиро тағйирпазир мегардонад…. Теъдоди пиряхҳои ҷаҳон аз 200 то 400 ҳазор гуфта мешаванд…. 2/3 пиряхҳо дар қаторкӯҳи Ҳиндукуши Ҳимолой то охир аср аз байн мераванд.________________
… Соли 2025 – Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо ин пешниҳоди Тоҷикистон мебошад.
… 5 қатънома аз ҷониби СММ дар самти обу пиряхҳо қабул шудааст.
… 30 фоизи пиряхҳои Тоҷикистон дар садсолаи охир аз байн рафтааст.
… Пешниҳоди Тоҷикистон муколамаи ҷаҳониро ба вуҷуд овардааст.
… 60 дар сади пиряхҳои минтақа дар Тоҷикистон қарор доранд.
… Пиряхи Хирсон ва проблемаҳои он таваҷҷуҳи аксар олимони ҷаҳонро ҷалб кардааст.
… Пиряхҳо аз қабатҳо ва ҷинсҳои муайян иборат мешаванд.
… Пиряхҳои фурӯраванда дар ҳудуҳои куҳӣ бештар мебошанд.
… Холати чандирии пиряхҳо ва таппиши онҳо хосияти физикии онҳост.
… Пиряхҳои доимоҳаракаткунанда бештар дар заминаи гармшавии иқлим пайдо мешаванд.
Мисол 1 метр дар як шабонарӯз ҳаракат доштани пиряхи Федченко .
… Ҳаракати пиряхҳо дар Тоҷикистон актуалӣ мебошад.
… 14 ҳазор пиряхҳо дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.
… 6-8 фоизи масоҳати ҷумҳуриро пиряхҳо дарбар мегиранд.(таҳия аз интернет)