Имрӯз дар донишгоҳи миллӣ бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмию назариявӣ дар мавзуи «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – таҷассумгари ҳувияти миллӣ» баргузор гардид.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Ректори донишгоҳ профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо сухани ифтитоҳӣ дар бораи Парчам – ҳамчун муқаддасоти миллӣ маълумот ироа намуда, нақш ва мақоми Парчамро ҳамчун рамзи иттиҳоду ҳамбастагии миллӣ дар такя ба рангҳои он шарҳ дод. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки се ранги Парчами давлатӣ ифодагари мазмуну муҳтавои бузург аст ва бо ин ҳама Парчам дар сархати муқаддасоти миллӣ қарор мегирад. Ранги сафед дар миён ифодагари иффат аст ва сабзу сурх низ фарогири ҳикмати бузурганд.
– Аз забони Роҳбари давлат борҳо шунидаем, ки ҳар як фард ватандӯстона дар диду андешаи худ мантиқу ҳадафи ҳар як рангҳоро тавзеҳ дода метавонад. Бӯсидаи парчам аз ҷониби Пешвои миллат ин қадами аввал ба иттиҳоду ваҳдату сулҳ буд, – қайд намуд дар идома ректори донишгоҳ.
Дар идома ректори донишгоҳ чанде аз суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи Парчами давлатӣ зикр намуданд,. Чанде аз онҳоро пеш меорем, ки беҳтарин тавзеҳ дар бораи Парчами давлатӣ мебошанд:
1. Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад.
2. Парчами давлатӣ дар раванди бунёди давлатдории навин нишонаи возеҳи соҳибдавлатии миллат, мояи ифтихори шаҳрвандон ва омили муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии мардум ба хотири ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва илҳомбахши ҳар як фарди ҷомеа барои заҳмати содиқона ба хотири фардои ободу осуда мебошад.
3. Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нирӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад.
4. Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад.
5. Эҳсоси муҳаббат ба Парчам ҳамон вақт умумимилливу мардумӣ, мегардад, ки агар бидуни расмиёт ё ҷашнҳои умумидавлатӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат эҳтироми онро ба ҷо оварад.
6. Парчами миллӣ ифодагари истиқлол, нангу номус, ватандӯстию ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёди мост.
7. Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
8. Ҷашни Рӯзи парчам – эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд. Яъне ин эҳтиром ба рӯҳи равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост.
Дар суханронии муовини Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам, ҷанбаҳои таърихиву муосири Парчами давлатӣ шарҳ ёфта, рисолати ба маротиб бузурги он дар замони истиқлол таъкид гардид.
Қироати шеър дар бораи Парчам аз ҷониби номзади илмҳои филологӣ дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ Ализода Абдурашид аз паҳлӯҳои зиёд дар бораи Парчами давлатӣ ҳикоят мекард.
Дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шарофуддинов Суҳроб Саломович дар маърӯзаи худ таҳти унвони “Парчами давлатӣ – рамзи давлатдорӣ ва ифтихори миллӣ” рисолати бузурги парчамро аз равзанаҳои илмӣ шарҳ дод.
Дотсенти кафедраи равандҳои сиёсии факултети фалсафаи ДМТ Раҷабов Имомиддин Ширинович дар мавзӯи “Парчами миллӣ-таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ” ҷанбаҳои сиёсии Парчами давлатиро дар замони соҳибистиқлолӣ ва рисолати эҳёгарии мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар ҳошияи маърӯзаҳо ҳамчунин устодони шинохта Мирзо Солеҳов ва Шаҳбоз Кабиров дар бораи Парчами давлатӣ ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар парчамдории миллӣ андешаҳои худро иброз доштанд.
Ҳамоиши мазкур бо ҷанбаҳои фарогиру маҷмӯӣ мазмуну мундариҷаи баланди ватандӯстиро соҳиб буд. Ин мазмунро дар чунин мисраи шоир – “…футаи миёнам тоҷикист” дарёфтан мумкин аст, ки дар ҳамоиш таъкид гардид.
Ҳошимзода Бахтиёр Ҳошим
доктори илми филология, дотсент,
декани факултаи журналистика.

















