ПЕШВОИ ВАҲДАТ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ!

0
14

(чорабинии идона бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)

Имрӯз, 14 июни соли 2025, дар Факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ декани факултет , мудирони кафедраҳо, устодон ва донишҷӯёни факултет фаъолона иштирок намуда, баромадҳо намуданд.

Дар оғози чорабинӣ декани факултет Ҳошимзода Б.Ҳ., суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлол ташаккули Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ба омилҳои дохилии ҷомеа, махсусан ба фарҳанги қадимаи сулҳофар ва хирадгароёнаи миллати тоҷик вобастагии амиқ дорад. Вай зикр намуд, ки дарки дурусти аҳамияти ваҳдати миллӣ, шинохти моҳият ва нақши стратегии он дар сарнавишти миллат ва давлати миллӣ аз хусусиятҳои хоси кишвари мо мебошад.

Дар шукӯҳи таърихи навини давлатдории тоҷикон Ваҳдати миллӣ марҳилаи муҳими сиёсӣ, рӯҳи эҳёгарии пояи адолат ва нидои умеду ормонҳои миллати сарбаланди тоҷик аст. Таҷрибаи Тоҷикистон дар сохтани сулҳ ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ таърихи зиндаи эҳё шудани миллат пас аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ ба шумор меравад ва намунаи нодирест дар таърихи башарият.

Сипас мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ Гулов С.Н дар баромади худ изҳор доштанд, ки пеш аз ҳама бояд шукрона кард шахсиятеро, ки барои таъмини соҳибистиқлолию Ваҳдати миллӣ талошҳои беназир анҷом додааст. Ин абармард Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки рисолати бузурги давлатдориро ба дӯш доранд. Вай зикр намуд, ки Пешвои муаззами миллат дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо вуҷуди мушкилот ва мураккабиҳои он даврон, ба унвони омили асосии бартарафсозии мушкилот таъмини ваҳдати миллиро муайн намудаанд. Пешвои миллат борҳо таъкид менамоянд, ки «Таҳкими дастовардҳои истиқлолият, пояҳои давлатдории миллӣ, пуштибонии амнияту суботи сиёсӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, тақвияти иқтидори иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди рӯзафзуни Ватан маҳз аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вобаста аст». Гулов С.Н ҳамчунин қайд намуд, ки мисоли сулҳи тоҷикон ва ҳалли масъалаҳои сиёсиву низомӣ, ҳамчунин баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан, таҷрибаи нодире дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Миллати тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Сарвари оқилу хирадмандеро пайдо кардааст, ки бо такя ба хиради азалии мардум Ваҳдати миллиро таъмин намуд.

Дар ин чорабинӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, иштирокчиён аз суханрониҳои пурмазмун ва баромадҳои эҷодии донишҷӯён баҳравар гардиданд. Дар ҷамъомади мазкур мудири кафедраи матбуот Н.Усмонова,  мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ С.Қаландаров, муъовини декан оид ба таълим А.Сангов ва донишҷӯи фаъол С.Зокирова оид ба қимату моҳияти ваҳдати миллӣ андешаҳои судмандро иброз намуданд.

Чорабинӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои давлату миллат баргузор шуда, бори дигар зарурати ҳифзи ваҳдату якпорчагии кишварро собит  намуд.

Поянда бод Ваҳдати миллӣ – сарчашмаи ҳастии миллат!