Бознашр аз нашрияи “Ҷумҳурият”
Истиқлолият – ин ба роҳи худ ва бо ихтиёри худ ба сӯйи ҳадафҳои муайян қадам ниҳодан мебошад, ки инак зиёда аз сӣ сол боз халқи тоҷик дар ин ҷода собитқадамона пеш меравад. Бештар аз се даҳсола мешавад, истиқлолият афкору андешаи миллии моро тақвият мебахшад ва бо шарофати ин неъмат муҳимтарин рукнҳои давлатдории мо торафт қавӣ мегарданд.
НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР ПОЙДОРИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Дар ҳаёти аҳли башар маҳз шахсиятҳо дар пойдориву дастрасӣ ба истиқлолият ва роҳи таҳаввулу пешрафти давлати худ ҳамчун пешвоҳо нақши меҳварӣ доранд. Ин гуна шахсият дар даврони соҳибистиқлолии халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф гардидааст. Дар саҳифаҳои заррини китоби даврони соҳибистиқлолӣ, аллакай, сабт аст, ки Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи манфиатҳои иҷтимоиро муайян карда тавонист ва ин омил сарҷамъиву ваҳдатро ба вуҷуд овард. Бале! Истиқлолият барои халқи тоҷик нисбатан осон ба даст омад, вале онро нотавонбинони миллати куҳанбунёди тоҷик дар миёни оташ партофтанд. Наҷоти халқи тоҷик аз домани ҷангу хунрезӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом пазируфт, ин наҷоти истиқлолияти мо ва ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷик буд. Дар ҷустуҷӯи хушбахтиву саодати халқ будан, Эмомалӣ Раҳмонро дар фаъолияти роҳбарӣ ва таҳкими истиқлолият муваффақ гардондааст.
ИТТИҲОДУ ВАҲДАТ
Танҳо ваҳдату иттиҳод мавҷудияту бақои истиқлолиятро таъмин карда, заминаи аввалини ҳама муборизаҳову талошҳои миллати мо барои ояндасозиҳост. Ҳазор сол нотавонбинон ва империясозон бо шиори тафриқаандозиҳо дар сарзамини аҷдодии мо имкони ба ҳам омадани халқи тоҷикро намедоданд.
Қотеона бояд гуфт, ки ин омил ҳазор сол муҷиби истиқлол надоштани аҷдоди мо гардида буд. Бузургтарин хизмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин аст, ки ваҳдату иттиҳоди халқи тоҷикро ба вуҷуд овардаву барқарор кард. Бузургии дигари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он аст, ки бо сифати бахшидану сулҳдӯстияшон миллатро аз нав эҳё кардаву дар замиру ботинҳо муҳаббату шафқатро ҷо карда тавонистанд. Бо ақли солим бояд нигарист, ки агар ҳамдигарро набахшидан, хуни ҳамдигарро рехтан ва қасду кинаву ниқор нест намегардид, имрӯз давлати мо вуҷуд намедошт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу ваҳдатсозӣ роҳи худро пеш гирифта, алорағми ҳама гумонҳои бадхоҳон бо ин роҳи нек халқи худро бурда тавонистанд. Ин роҳ иттиҳод ва истиқлоли миллат гардида, Тоҷикистонро хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон сохт. Ҳамин аст, ки имрӯз иттиҳоду ягонагиву ваҳдати мо – обрӯву мақому манзалати мо дар ҷаҳон гардидааст.
ЭҲЁИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ
Фарҳанг, адабиёт, санъат ганҷинаҳову хазинаҳое мебошанд, ки дар онҳо симо, ботин ва ҷавҳари миллии мо нуҳуфтааст. Ин сарватҳоро мо аз азал соҳиб будем ва бинобар тазйиқу фишорҳо имкони маҳдуди муаррифии халқи моро доштанд. Ба шарофати истиқлол минбарҳои муаррифии ин ганҷинаҳо ба тамоми маънӣ аз нав эҳё гаштанд ва бо домани пурбори худ ба ҷои асли худ баргаштанд. Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо солгардҳо таҷлил шуданд. Ин таҷлилҳо аз се омили маҷмуӣ иборатанд: 1. Боло бурдани сатҳи худшиносии миллӣ, ки дар заминаи ноадолатиҳои таърихӣ асолатамонро барои мо бегона сохта буданд. 2. Барои ҷаҳониён муаррифӣ кардани гузаштаи пурғановати мо, ки дар саргаҳи рушди маънавияту маданияти башарӣ қарор доштем. 3. Ин таҷлилҳои бошукӯҳ дар сатҳи дохилу хориҷ муҳри қатъӣ гузоштан дар тасдиқи мавҷудияти гузаштаву бақои ояндаи халқи тоҷик мебошанд.
ТАҲКИМИ ХУДШИНОСӢ
Неруи мо дар ботини мо, ваҳдати мо, фарҳанги мо, шинохти асолати мо, худшиносиҳои рӯзафзун ва эҳёи анъанаҳои ҳазорсолаи мост. Хурдтарин ҷузъиёте, ки марбут ба худшиносист, ин шиносномаи миллати тоҷик аст. Қонунияти таърихист, ки ҳеҷ халқияту миллате бидуни худшиносӣ қадаме ба пеш гузошта наметавонад. Тарғиби худшиносии миллӣ – ин маънои эътирофи дар хуни мо вуҷуд доштани ғурури миллист. Табиист, ки худшиносӣ дар заминаи муҳаббату садоқату самимият ба Ватан рушд меёбад ва дар таҳкими давлати миллӣ мусоидат мекунад. Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари даҳҳо тадбирҳову тасмимҳо (муаррифии фарзандони фарзонаи миллат, эҳёи суннату ҳунарҳои мардумӣ, зинда гардондани анъанаҳои ниёгон, шинохти дину эътиқоду ақида ва ғ.) тақдими “Тоҷикон” ва “Шоҳнома” ҳикмату мароми хоси худро дорад. Яъне, дарс ва мактаби худшиносӣ ҷараёни давомдор дар роҳи шинохти асолати миллист, ки бояд холигаҳи ҳазор сол вуҷуддоштаро пур намояд.
НАНГ ВА МАСЪУЛИЯТ
Остонаи истиқлоли давлатии мо тирагиҳои зиёд дошт. Бо таъсири омилҳои дохиливу берунӣ, моро гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ сохтанд. Чун ба меҳвари ин ҳама ҳадафу мақсадҳои аз ҷониби неруҳои маълум тарҳрезигардида менигарем, возеҳ аст, ки асоси ҳадафи онҳо аз миён бурдани истиқлолияти мо буд. Тоҷикистон дар бунбаст қарор дошт. Амнияти озуқаворӣ, тамомияти арзӣ, бунбасти коммуникатсионӣ ва даҳҳо муаммоҳои дигар ба вуҷуд омада буданд, ки рафъ накардани онҳо пояҳои истиқлолияти моро заиф менамуданд. Мушаххас гардидани нақшаҳову ҳадафҳои стратегӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муваффақона амалӣ намудани онҳо ин нидои бузурге аз истиқлолият доштани мост. Ин ҳама садои нангу номус аст, ки мо дар алоҳидагӣ қудрат дорем. Халқи тоҷик бо роҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз уҳдаи рафъи ҳама мушкилот баромада тавонист. Озодиву истиқлолият барои халқи мо ин масъулият ва мустақилона ба дӯш гирифтани рисолатҳои бузург аст. Агар ин масъулият ва нанг намебуд, мо имрӯз истиқлолиятро пойдор нигоҳ дошта наметавонистем. Ҳамеша дар фикри пешрафту таҳаввулот қарор доштан ва дар ҳифзи марзу буми он омода будан, ин масъулият аст. Ин масъулият, қабл аз ҳама, муҳаббату садоқат ба Ватан аст. Ин масъулият бунёд кардан ва созандагиҳост.
НАЗАРИ НЕКИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ
Ҳудуди 200 давлати ҷаҳон Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро эътироф кардааст ва Тоҷикистон бо пеш гирифтани сиёсати дарҳои боз мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Тоҷикистон бо пешниҳоди панҷ ташаббуси худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври густурда шинохтаву эътироф гардидааст ва ба таври амиқ ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳое ҷалб карда тавонист, ки аҳамияти глобалӣ доранд. Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдому ташаббусҳои бузург дар минтақаву ҷаҳон хеле бузург аст ва таваҷҷуҳи оламиёнро ба масъалаҳое ҷалб кардаанд, ки аз ҳама ҷиҳат мубраманд. Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли СММ боҷуръатона дар масъалаҳои ҷангу мухолифатҳои бемаънӣ, терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар мушкилоту муаммоҳо садо баланд менамояд, ки ин ифтихори миллии мост. Тоҷикистон ҳамчун кишвари амну рӯ ба инкишоф ба маркази баргузории бузургтарин саммитҳову чорабиниҳо табдил ёфтааст. Ташрифи ҳазорон сайёҳ ба диёри мо маънии овозаи Тоҷикистони мустақилро ба ақсои олам бурдан дорад. Даҳҳо роҳбарони кишварҳои пешрафтаву абарқудрат ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ бевосита аз Тоҷикистони соҳибистиқлол дидан намудаанд, ки ин гувоҳи файзу баракати Истиқлол аст.
Бахтиёри ҚУТБИДДИН, докториилмҳои филология, деканифакултети журналистикаи ДМТ