ШАҲРИ БАХТУ САОДАТ
(бознашр аз ҳафтаномаи “Омӯзгор”, №16, 17.04.2025)
Бо файзу баракати соҳибистиқлолии мамлакат, сиёсати созандагии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарии оқилонаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти ватани мо ба радифи зеботарин шаҳрҳои олам дохил гардидааст. Дар ҳақиқат имрӯзҳо пойтахти Тоҷикистон – Душанбе бо латофату назокату зебоиҳои худ ба тамоми маънӣ диданӣ мебошад. Махсусан, қабои нави ин пойтахти нозанин дар чанд соли охир мавриди зикр мебошад, ки ин тамоюл дар пояи заҳмату талошҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба вуҷуд омадааст.
СИМОИ МИЛЛИИ ПОЙТАХТ
Имрӯзҳо симои милливу тоҷиконаи шаҳри Душанбе диққати ҳар як сайёҳу меҳмони хориҷиро ҷалб карда метавонад. Биноҳои маъмуриву давлатӣ, марказҳои фарҳангиву таърихӣ, гулгаштҳову хиёбонҳо, кӯчаву роҳравҳо ва умуман ҳар як падидаи тозаи пойтахт дар чанд соли охир дар баробари ҳамоҳангӣ ва ҳамқадами замон будан рӯҳияву табиату унсурҳои миллӣ низ доранд. Тоҷикон дар гузашта дар ҷаҳон аввалин шаҳрсозон буданд ва имрӯз санъати миллии меъмории халқи тоҷик дар ҳамаи иншооти бунёдшаванда ба назар гирифта мешаванд. Аз як нуқта истода гумбазҳои зебову мунаққаши миллиро дар чандин гӯшаҳои шаҳр дидан мумкин аст, ки ифодакунандаи ормонҳои миллии чандҳазорсолаи халқи тоҷик мебошанд. Осорхонаву ёдгориҳои зиёди таърихӣ дар марказ ва гӯшаву канорҳои зиёди пойтахт бо ҳастии худ бо садҳо забон аз асолати бузурги тоҷикон ҳикоят менамоянд.
ШАҲРИ БУНЁДКОРИҲОВУ СОЗАНДАГИҲО
Ягон пешрафту дастовард бидуни роҳбару роҳнамо ба даст намеояд ва муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар давоми чанд соли роҳбарияшон Душанберо ба шаҳри бунёдкориҳову созандагиҳо табдил дода тавонистанд. Бунёдкориҳову ободиҳои пойтахт намуна беҳтарин барои пешрафти дигар шаҳрҳои Тоҷикистон аст. Биноҳои осмонбӯси пойтахт ин пеш аз ҳама қомати баланду зебои пойтахти тоҷикон дар рӯи ҷаҳон гардидааст. Баландтарин парчам дар пойтахт ҷилва дошта, бузургии халқи тоҷикро нишон медиҳад. Бинои нави Парлумон ва ҲҶТ, ки чанде пештар ифтитоҳ ёфтаанд ин шаҳоматест, ки онро тоҷикон давоми ҳазорсолаҳо надида буданд. Имрӯз ҳатто шумурдани биноҳои зебову мунаққаши пойтахт мушкил гардидааст, ки бо шукуҳу шумори худ дар масири таърихи шаҳрдории тоҷикона беназир мебошанд. Ифтихори ҳар яки мост, ки Душанбе дар баробари бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳон қарор гирифта, бо бунёдкориҳои босуръату рӯзафзун ҳаваси ҳазорон сайёҳонро аз дигар бузургшаҳрҳои олам ба вуҷуд оварда метавонад.
БО ЗАВҚИ БАЛАНДИ ЗЕБОПАРАСТӢ
Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ завқи баланди зебопарастӣ доранд ва ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Аввалин гувоҳи андешаи мазкур Душанбеи гулпӯш мебошад. Чун Душанбеи имрӯзаро бо гузашта қиёс менамоем, тафовут аз замин то ба осмон аст. Душанбеи имрӯза дар тарбияи завқи эстетикии ҳар як фард нақши баланду густурда дорад. Шакли зебои биноҳои истиқомативу маъмурӣ, хиёбонҳову гулбоғҳои мунаққаш, ҳаракати нақлиёти мусофирбари наву замонавӣ дар кучаҳои шаҳр, марказҳои диққатрабои хизматрасониҳои маишиву фарҳангӣ ва ғайра ҳар бинандаро мафтун гардонида метавонанд. Чорабиниҳои зиёд дар самти пуртаровату зебо гардидани пойтахт ин як дарсест, ки ҷаҳони маънавии сокинону пойтахту меҳмонони онро бой мегардонад. Ин ҳама даъватест барои зиндагиву ороставу пероста, ки хоси инсони шоиставу бофазл аст.
ПОЙТАХТИ ХУДШИНОСИҲО
Душанбе бо ҳама бузургиҳову шаҳомати худ рамзи худшиносиҳои миллӣ ба шумор меравад. Ҳар як зуҳуроту падидаи ин зебошаҳр ва танҳо як нигоҳ ба ободиҳову манзараҳои пойтахт барои ҳар як хурду бузурги кишвар дарси хештаншиносиро омӯхта метавонад. Кучаву хиёбонҳо ва ҳатто ноҳияҳои он номи фарзандони фарзонаи миллатро (Рӯдакӣ, Сино, Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Куруши Кабир ва ғ.) доранд, ки аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дурбинона унвонгузорӣ гардидаанд. Ин пеш аз ҳама маънавияту маърифати баланди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки қадру ҷойгоҳи шоистаи фарзандони миллати куҳанбунёди тоҷикро медонанд. Ҳамчунин, қатъи назар аз ҷавонии худ Душанбеи мо дар замони Истиқлолияти давлатӣ таҷассумгари ҳуввияту худшиносии миллии тамоми тоҷикони ҷаҳон гардидааст.
ҚАДАМҶОИ БУЗУРГОН
Душанбе қадамҷои маъруфтарин фарзандони фарзонаи миллат миллат мебошад, ки онҳо замоне дар пешрафту шукуфоии сарзамини мо ҳисса гузоштаанд. Барҳақ, Душанбе бузургтарин шахсиятҳороро дар оғуши худ парваридаву камол бахшидааст ва ин фарзандон дар муаррифиву пешрафти пойтахт замоне ҳисса гузоштаанд. Бузургии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо тасмими он кас махзанҳои бузурги илму маърифату таълим номи онҳоро (С. Айнӣ, М.Турсунзода, С. Улуғзода, М.Осимӣ ва ғ.) гирифтаанд. Имрӯз бо номи онҳо чандин марказҳои дигари фарҳангиву илмӣ амал мекунанд, ки гувоҳи гиромӣ доштани ёди онҳо мебошад. Имрӯз пайкараву нимпайкараи онҳо аз рӯзҳои гузаштаи миллати тоҷик ҳикоят карда, дар тарбияву камоли маънавии шаҳрвандон нақш мегузоранд.
НУФУЗУ МАҚОМИ ҶАҲОНӢ
Пойтахти Тоҷикистон торафт ба марказ ва меҳвари баргузории бузургтарин ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ табдил меёбад. Ин ҷиҳат ба ду масъала сахт алоқаманд аст:
1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун роҳбару шахсияти сулҳпарвару ваҳдатсоз эътироф менамояд. Эмомалӣ Раҳмон ҷангу ихтилофи даҳшатноки шаҳрвандиро барҳам дода, миллатро сарҷамъ намуд. Сулҳро барқарор ва ваҳдати миллиро пойдор намуд. Ин аст, ки имрӯз ҳар як давлати ҷаҳон бо эътимоду боварӣ ба Душанбе, ҳамчун ба як шаҳри сулҳу осоиштагӣ менигарад. Душанбе имрӯз пойтахти яке аз амнтарин кишварҳои ҷаҳон дониста мешавад ва он ба мизбон ва ба маркази баргузории бузургтарин чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
2. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ тавонистанд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи башариро ба мубрамтарин масъалаҳои глобалӣ ҷалб намоянд. Проблемаҳои оби тоза ва пиряхҳо имрӯз ба бузургтарин хатар барои ҳаёти инсоният табдил ёфта истодааст. Дар пояи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаи обу пиряхҳо имрӯз аз дабири куллии СММ оғоз намуда, то садҳо нафар масъулони созмону ташкилотҳои байналмилалӣ дар доираи ҳамоишҳову нишастҳои зиёд ба Душанбе меоянд.
МАДАНИЯТИ ШАҲРДОРӢ
Басо гуворост, ки маданияти шаҳрдории шаҳрвандон дар чанд соли охир ба куллӣ тағйир ёфт. Ҳусну зебоии шаҳр фаҳмишу дарки шаҳрвандонро дигар намуд. Хиёбонҳои шаҳр тозаву озода мебошанд ва сокину меҳмони пойтахт ба қадри ҳама ин зебоиҳо мерасанд. Дар роҳу роҳравҳо партову ифлосиҳоро қариб, ки намебинед, ки ин далели муносибати оқилонаи шаҳрвандон мебошад. Қоидаҳои нонавишта дар пояи маърифат онҳоро водор менамояд, ки дар тозагиву зебоиҳо бетафовут набошанд ва ҳатто ҳисса гузоранд. Албатта, ниҳодҳои дахлдор ҷузъиёти зиёдеро назорат кунанд ҳам, вале масъулияту инсоф беҳтарин нозир аст, ки онро пеш аз ҳама сокинони пойтахт дарк намудаанд. Доду фарёд, садои баланди гӯшхарош, ноҷуриҳо аз даҳлези хонаҳои баландошёна, офтобпараст хоидану онро ба ҳар тарф партофтан, шишаҳои обу нушокии холишударо сари роҳ ҳаво додан ва амсоли ин шукр қариб, ки чун солҳои шӯравӣ ба назар намерасанд. Яъне ҳар як сокини пойтахт дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва майдону гулгашту хиёбонҳо сайр намуда, дар тозаву ободон нигоҳ доштани ин ҳама худро масъул медонад, ки инро маданияту маърифати шаҳрдорӣ мегӯянд.
ДУШАНБЕ – РАМЗИ ВАҲДАТ
Душанбе аз ҳама лиҳоз маркази таҷаммӯъ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Дар даҳсолаи аввали соҳибистиқлолӣ пайкараи Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Душанбе яке аз аввалин рамзҳои ваҳдату худшиносиву миллӣ гардид. Агар бо талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даҳсолаи душвори солҳои навадум пайкараи Исмоили Сомонӣ чун нахустин намуна дар маркази шаҳр қад афрохта бошад, пас имрӯз Рамзи истиқлолият дар Майдони Истиқлолияти шаҳри Душанбе рамзи иттиҳоду ягонагии тамоми тоҷикони рӯи дунё гардидааст. Бо шарофати сиёсати инсондӯстонаву сулҳпараваронаи Пешвои муаззами миллат пойтахти ватанамон ба маркази дӯстиву рафоқат табдил ёфтааст. Барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ ба он боис шуд, ки дарди маҳалбозиву нифоқу кина аз дилу дидаҳо гум гардад ва онро имрӯз дар симои ҳар як сокину меҳмони Душанбе бараъло хондан мумкин аст.
ШАҲРИ ИЛМУ МАЪРИФАТПойтахти давлатамон шаҳри Душанбе аз аввалин рӯзҳои таъсисёбӣ маркази илму фарҳангу маърифат ба шумор меравад. Дар пешрафту таҳаввули илму маърифати миллӣ нақши зиёди пойтахти кишварамон ҳеҷ гоҳ қатъи назар шуда наметавонад. Даврони Истиқлолият ба ин раванд суръати даҳчанд бахшида тавонистааст. Имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳудуди 30 муассисаи таҳсилоти олӣ амал менамояд, ки дар қиёс бо замони шӯравӣ хеле зиёд мебошад.
Феълан беш аз 200 макотиби таҳсилоти миёнаи умумиву гимназияҳову литсейҳо амал менамоянд, ки гувоҳи маркази бузурги илму маърифатомӯзӣ будани пойтахт аст. Фаъолият доштани Академияи миллии илмҳо ва даҳҳо марказҳои пажуҳишиву таҳқиқотӣ бо руҳия миллӣ дар пойтахти кишвар нуфузу эътибори Душанберо баланд гардонидаанд. Душанбе ошёни парвози наврасону ҷавонони болаёқатест, ки ба қуллаҳои баланди орзуву уммедҳо боли парвоз кушодаанд.Барҳақ, Душанбе пойтахти миллати соҳибтахтест, ки ормоҳои ҳазосоларо дар худ таҷассум кардааст.
Бахтиёри Қутбиддин, д.и.ф., деканифакултети журналистикаи ДМТ