ПОЯНДА БОД, ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚАЗОҚИСТОН!

0
25

Қабл аз ҳама сиёсати оқилонаву дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо бо ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ муносибати дӯстона дорем. Аз ҷумла Қазоқистон, ки яке аз давлатхои бузурги ҷаҳон низ ҳаст.

Равобити дӯстона ҳамеша ба манфиати халқҳост ва дар рушди зиндагии неки онҳо мусоидат менамояд.

Таърихи муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон аз 7 январи соли 1993 оғоз мегардад.

Нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон моҳи январи соли 1993 сурат гирифтааст.

То ба имрӯз ҳашт ташрифи расмӣ (1993, 1995, 2000, 2006, 2008, 2015, 2018 ва соли 2021) дар сатҳи роҳбарони ин давлатҳо анҷом ёфтааст.

19-20 майи соли 2021 бо даъвати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Касым – Жомарт Токаев сурат гирифта буд.

Ин сафари Роҳбари давлати Қазоқистон дар таҳкими муносибот таъсири амиқ гузошта, гардиши молу маҳсулот дар соли 2021 дар ҳаҷми зиёди аз 600 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.

Дар самти муносиботи фарҳангиву иҷтимоӣ ин ду кишвар хеле фаъол мебошанд. Баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қазоқистон ва рӯзҳои фарҳангии Қазоқистон дар Тоҷикистон дӯстиву рафоқати ин халқҳоро қавӣ гардонидааст.

Тоҷикистону Қазоқистон ҳамчун давлатҳои як минтақа ҳамсоягии нек доранд ва шарикони стратегӣ мебошанд. Умумиятҳои фарҳангу анъанаҳо ин ду кишварро бо ҳам наздик гардонидааст.

Аз рӯи маълумотҳо алҳол дар Қазоқистон зиёда аз 50 ҳазор нафар тоҷикон зиндагӣ доранд.

Тоҷикистону Қазоқистон мавқеи бо ҳам наздикро дар бисёр самтҳо соҳибанд. Ин ду кишвар дар ҳамоҳангии мавқеъҳо аъзои созмонҳои бонуфузи СММ, ОБСЕ, ИДМ, СПАД, СҲШ и СВМДА ва ғайра мебошанд.

Дар миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон садҳо шартномаҳои ҳамкории байнидавлатӣ ба имзо расидаанд, ки фарогири даҳҳо самт мебошанд.

ЧАНД МАЪЛУМОТ ОИД БА ҚАЗОҚИСТОН:

Ҳудуди Қазоқистон 2 724 902 км² ташкил медиҳад.

Аҳолии он ҳудуди 20 миллион нафар.

Қазоқистон аз 17 вилоят, 188 ноҳия, 89 шаҳр ва зиёда аз 6200 деҳаву қасаба иборат аст.

Бо ҳаҷми масоҳат Қазоқистон дар ҷаҳон дар ҷойи нӯҳум ва дар Осиеи Марказӣ дар ҷои аввал қарор дорад.

Қазоқистон низ чун дигар кишварҳои Осиёӣ Иди Наврӯзро бо тантана ҷашн мегирад.

Дар Қазоқистон 130 халқияту миллатҳо зиндагӣ мекунанд.

Аввалин парвози инсон ба Кайҳон аз пойгоҳи кайҳонии “Байканур”-и Қазоқистон сурат гирифтааст.

Аз ҷиҳати захираҳои нафту газ ин кишвар натанҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон мавқеи муҳим дорад.

Бо захираҳои нафт дар ҷойи 7 ва бо захираи газ дар ҷойи 6 дар ҷаҳон қарор дорад. Бо дороии уран ҷойи дуюмро мегирад.

Қазоқистон ҳамчун давлати дорои силоҳи ядроӣ ихтиёран аз истифодаи майдони озмоиши ин гуна силоҳ даст кашидааст.

Ҳудуди Қазоқистон дар қитъаҳои Аврупову Осиё қарор дорад.

Остона ҳамчун шаҳри навбунёд ҷавонтарин пойтахт дар ҷаҳон мебошад.