СУБҲИ ВАҲДАТ МЕДАМАД

0
7

(лавҳа)

Субҳҳангом. Домани осмон бешитобу ба тадриҷ сафед шуда меояд. Дастаи нур атрофро рушанӣ ато мекунад. Муҳит аз ин эҳдои табиат ба худ ҳусну таровати зебо мегирад. Растаи гулу гулбуттаҳо ва долу дарахтони қади роҳ гарче саҳаргоҳ бошад ҳам, фазоро хушрангу бӯ гардонида ба кас ҳаловат мебахшад. Хониши мурғони хушхону андалебони хушилҳони шохсорон олами пур аз савту мусиқӣ ва навою оҳангро пешорӯи кас ҷилвагар месозанд.

Зери садою мусиқии табиии баргу гули сабзаю рустаи гардишгоҳҳою роҳравҳои атроф бо рақсу бозӣ ва печу тобхуриҳои ҷаззобу дилтасхиркунандаашон ба дидаҳо нуру ба дилҳо сурур мебахшанд. Ашхоси саҳархез аз файзу баракати ба таҳрик оварандаи ин навои дилошӯбу мутантани “симфонияи саҳаргоҳӣ”-и табиат ба ваҷд омада, таҳти зеру бам ва рафту ҳавои он ду ба дуву се ба се чуқур-чуқур нафаскашон ва суҳбату ҳазлу шӯхикунон лаби дарёи Душанбе мераванд. Бо дарёи шӯху тезҷараён суҳбат ороставу розу ниёз мегӯянд.

Муҳит солиму барои сайругашт басо мувофиқ. Тамошои ҳаракати дарёи пуртуғён ва арросу шарроси шаршараву дамдамаҳои ҷо-ҷо бунёд сохтаи он воқеан ҳам ба асаби кас оромишу ба ҷисму ҷонаш осоиш мебахшад.

Истиқболи гарму ҷӯшон ва тамошои лаҳзаҳои аз соҳили ин дарёи мусаффою муҷалло аҷаб як олами зебою дурахшонро пеши назар ба ҷилва меоварад. Аз тамошои ин манзараи зебову дилоро кас хаста намешавад, мехоҳад ки бори дигар ин эъҷозу шоҳкориҳои табиатро бубинад ва баҳрабардориҳо намояд.

Ба чунин минвол бо як шукуҳу шаҳомати зебо бо таровати тару тоза ва дилангезу гуворо падид меояд сапедадами кишвари шукуфову дилорои мо – Тоҷикистони сабздоману гулбасари мо ва тамоми манотиқи он. Ин ҳадяро барои мардуми сарбаланди мо сулҳу саодат ва ваҳдату якпорчагӣ, созандагиву бунёдкорӣ дастрас гардонидааст.

33 сол муқаддам дар ҳамин шабу рӯзҳо самои мусаффои кишвари моро чангу дуд ва абри ваҳими деву дадҳои аҳриманӣ фаро гирифта, тухмаи навмидию кинаву адоват ва ҷангу ҷидол кошта мардуми осоиштаро ба гирдоби бало кашиданӣ буданд. Бо ин мақсад душманони миллат алакай оташи ҷангро аланга дода буданд. Мардуми босабру таҳаммулпазири мо, ки роҳнамояш хиради азалисту нерӯяш нерӯи аҳуромаздоӣ илоҷи ягонаи раҳоишро дар ба ҳам омадану ба вуҷуд овардани ваҳдати комил дида, пеш аз ҳама решаҳои ҳамгироӣ, муттаҳидию муттафиқиро қавӣ гардонида барои аз парокандагию порашавӣ эмин доштани давлату сарҷамъии миллат кӯшиш ба харҷ доданд. Роҳҳои беҳбуд бахшидан ба вазъиятро ҷустуҷӯ намуданд, гиреҳкушоӣ карданд, дар атрофи нерӯи сулҳу саодатофар муттаҳҳид шуданд. Дар Хуҷандшаҳри бостону анъанадор Иҷлосияи даъват намуданд, ба ҳам омадан ва роҳҳои боздошти ҷанги фалокатбарро тарҳрезиву нақшакашӣ карданд. Ҷавони далеру бебок, ҷасуру матиниродаро бо номи Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор оварданд.

Ӯ бо дастаи нави сари кор омада фаъолиятро бо ибораи “ман ба шумо сулҳ меоварам”, “то охирин гурезаи иҷбориро ба Ватан боз мегардонам” оғоз кард. Аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурд, баҳри беҳсозии вазъ ва аз хавфу хатари ҷанг раҳонидани давлату миллат бо кӯшишу ғайрат ва ҷаҳду ҷадал хобу хӯрро фаромӯш кард. Боз доштани пеши роҳи ҷанг ва хуни ноҳақрезиҳо бо осонӣ даст намедод. Сарвари ҷавон аз душвориҳо наҳаросида, ҷон рӯи каф дошта, роҳҳои мусолиматомези ҳалро ҷуставу боз меёфт. Илоҷи воқеа дар он дида шуд, ки танҳо дар натиҷаи бо ҳам омадан, мутаҳҳид шудан, аз як гиребон сар баровардан, манфиати давлату миллат, музаффариятҳои соҳибистиқлолиро ҳимоя кардан ва ба вуҷуд овардани ваҳдати комили миллӣ даст медиҳаду бас.

Ҳамин тавр, роҳи сулҳ ҷуставу ёфт. Роҳи он басо душвор буд, аммо дурбинию истеъдоди Пешвои миллат мардумро ба соҳили мурод овард. 27 июни соли 1997 санади сарнавиштсоз – “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон” ба тасвиб расид. Ин санади ваҳдатсоз ба китоби таъриху сарнавишти миллати сулҳофари тоҷик саҳифаи наву тозаеро сабту боз намуд.

Дар саргаҳи бунёди ваҳдаткадаи муҳташаму муназзам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад, ки меъморию нақшофарии онро бар ӯҳда доштанд.

Инак, 28 сол аст, ки ин санаи мубораку фархунда ва санади муҳиму созандаи ваҳдатофар дар саросари кишвар таҷдиду арҷгузорӣ карда мешавад.

Саъдулло Ҳайдаров, дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистика