ТДУ: 07(575.3) ОМИЛҲОИ МУОСИРИ ОМЎЗИШИ ТАҲАВВУЛОТИ ФАЗОИ ИТТИЛООТИИ ТОҶИКИСТОН Қутбиддинов А. Ҳ. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

0
48

Интернет – журналистика дар кишвари мо дар доираву сатҳи муайян дар пайи рушду таҳаввул қарор гирифта, ҳамзамон ба таҳқиқу пажўҳиши хос ниёз дорад. Маҳз таҳқиқу пажўҳишҳои васеъ як омили дар оянда рушду тавсиа ёфтани чунин соҳаи ба истилоҳ ҷавон низ ба шумор меравад. Дар ин маврид ба нашр расидани монографияи илмии номзадҳои илми филология Илҳомҷон Ҳамидиён ва Фирдавси Низом бо номи “Журналистикаи интернетӣ дар Тоҷикистон: ташаккул, мушкилот ва дурнамо (Душанбе, 2022. – 268 с.)” яке аз аввалин қадамҳо дар шинохти чунин навъи журналистика дар кишвари мо ба шумор меравад. Ҳарчанд дар бораи интернетжурналистика баҳсҳои зиёд вуҷуд дошта бошад ҳам, аммо ногузир аст, ки бояд ба минбари омма табдил ёфтани интернетро эътироф намоем. Интернет тавонист дар марҳилаи нави таҳаввулоти ҳаёти иҷтимоӣ таҷзияи соҳаҳои гумманитариро (олами афкор) ба миён орад ва онро ба андешаи муҳаққиқи рус И. Зубков аз ҷараёноти бузурги фарҳангиву маънавӣ дур донистан чандон саҳеҳ нест. Махсусан робитаи амиқи он бо ҳамагуна шаклҳои васоити ахбори оммавӣ дар алоқамандӣ ба рушду инкишофи раванди ҷаҳонишавӣ амри маъмулӣ низ ба шумор рафта метавонад: “Интернет дар якҷоягӣ бо ВАО ҳамчун ядро пешрафти тамаддунро нишон дода, ба сифати феномени фарҳанг баромад мекунад. Фарҳанги интернетӣ (Интернет-культура) замоне пайдо шуд, ки дар шабака шаклҳои нави фарҳанг ва таҳвили онҳо ба ҳаёти мо арзи ҳастӣ намуд”. [2, с. 39] Албатта, андешаи боло дар он сурат қатъӣ буда метавонад, ки агар дар атрофи он асосҳои амиқи илмӣ вуҷуд дошта бошад. Дар ҳолате ки ҳанўз дар Тоҷикистон таълифоту таҳқиқоти комиле дар ин самт анҷом наёфтааст, пажўҳиши мазкур заминаву пойдевори аслие ба шумор меравад, ки дар асоси он даҳҳо шохаҳои омўзиши масъала мушаххас гардида метавонад. Ин андешаро монографияи анҷомёфта бо фарогирии чор боб ва бист фасл ба вуҷуд оварда метавонад, ки ҳар кадом бахши муҳимеро дар таркиби худ нигоҳ доштаанд.

Вобаста ба ҳадафу мароми пешгузошта муаллифон дар муқаддима аз “ҷараёнҳои навпайдои муносибатҳои иттилоотӣ” [10, с.7] ишора кардаанд, ки манзур ҳамон интернет мебошад. Аз он шубҳа карда мешавад, ки дар атрофи “расонаҳои онлайнӣ ва муҳтавои онҳо ҳамчун асари журналистӣ” ҳанўз хулосаи амиқи илмӣ ҳосил нашудааст. Гуфта мешавад, ки технологияҳои замонавӣ ба принсипҳои журналистика тағйирот ворид намуда, бо табиати дигар мувофиқ гардидаанд. Дар боби аввал, ки “Заминаҳои пайдоиш ва ташаккули журналистикаи интернетӣ дар Тоҷикистон” унвонгузорӣ гардидааст, масъалаҳои журналистикаи интернетӣ ҳамчун падидаи нав, фаъол гаштани хадамоти интернетиву зуҳури журналистикаи онлайнӣ дар муҳити иттилоотӣ ва интернет ҳамчун манбаи нави итилооту иртибот дар майдони рақобатҳо баррасӣ гардидаанд. Аз мазмуни ин боб бармеояд, ки муаллифон ҳанўз нақши коммуникативии журнализми интернетиро ҳамчун анъанаи қадимии журналистикаи классикӣ мункир нестанд. Яъне зоҳир тағйир пазируфта бошад ҳам, вазифаи асл (коммуникативият) пойбарҷост ва ҳамин ҷиҳат аст, ки то ҳанўз дар бораи журналистикаи интернетӣ ҳукми қотеъи илмӣ шакл нагирифтааст. Дар ин боб дар бораи “ҷомеаи иттилоотӣ” баҳс оростан саҳеҳ аст ва аз соли 1960 таъкид гардидани пойдевори он (назарияи Ю.Хайяши аз донишгоҳи технологии Токио) фарзияҳои илмииро асоснок гардонида метавонад. Бо заминаҳои таърихӣ таъкид намудани масъала бозгўи он аст, ки ҳамоҳангии иртиботӣ дар шароити имрўза афзалияти аслӣ дар таъминоти техникиву молиявӣ шинохта мешавад.

Дар ин маврид андешаҳои муҳаққиқ Т. Тараканова низ асоснок буда метавонад: “Унсури муҳимми ҷараёнҳои иттилоотӣ-мухобиротӣ дар замони муосир ва дар фазои сиёсӣ ба қисми техникӣ вобаста гардидааст. Ин ҷараёнҳо ба сифати муносибатҳои ғайриодии иттилоотӣ ва ташкилӣ миёни одамон баромад мекунанд, ки самаранокии он ба суръати интиқоли маълумот, доираи муштариён, шиддатнокии ҷараёни иттилоотӣ ва омилҳои дигари пайдоиши василаҳои иртиботӣ алоқаманданд” [8]

Дар ҳақиқат мафҳуми асри иттилоотӣ, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ бархурдҳои азимро ба вуҷуд овардааст, ҳеҷ гоҳ берун аз шохаҳои журналистикаи махсуси иттилоотӣ намебошад. Ин фарзияро чанд даҳсола боз мафҳуми “тори анкабут” (паутина) дар таркиби худ хуб нигоҳ доштааст ва дуруст аст, ки соҳибияти бештар ба он як андоза ба раванди “ҳар ки соҳибиттилоот аст, соҳиби ҳокимият аст” бештар мусоидат менамояд. Интернет воситаи бузурги иртиботӣ аст, ки қатъи назар аз матолиби боэътимоду беэътимод тавонист, ки дар якборагӣ садо, симо, матн, тасвирҳо, ҷадвалҳо (инфогарфикаҳо), слайдшоуҳо ва амсоли инро дар доираи худ (платформа) фаро гирад, ки ин ҷиҳат афзалияти комили он дар ҳама рақобатҳо гардид. Зуҳури хадамоти интернетӣ агар дар Русия ба соли 1994 марбут дониста шавад, пас дар Тоҷикистон оғози ин раванд, ба соли 2000 хос дониста мешавад. Тоҷикистон дар ин раванд дар иртибот бо дигар кишварҳое чун Хитой, Қирғизистон ва ҳатто Афғонистон муваффақ дониста мешавад. Дар мавриди фаъолияти сомонаҳои расонаҳо ва умуман фаъолияти мултимедиявӣ дар кишвари мо муаллифон ба он назаранд, ки ҳанўз бисёр тасмимҳо дар остонаи инкишоф қарор доранд ва аз ҷумла фаъолияти блогерӣ дар кишвар баҳои мусбат намегирад. Андешаи ҷонноки муаллифони рисола он аст, ки дар интренет “дастрасӣ ба иттилоот хислати умумӣ дорад” [10, с. 60] ва танҳо коркарду ҷобаҷогузории он ба профессионализми журналистӣ рабт дорад.

Боби дуюм, ки “Вижагиҳои журналистикаи интернетӣ ва ҷойгоҳи дар низоми ВЭА” ном дорад, робитаи журналистикаи тоҷик бо интернет, радиову телевизион дар қолаби онлайнӣ ва хусусиятҳои нашри матолиби чандрасонаиро мавриди баррасӣ қарор додааст. Муаллифон ба он асос, ки ҷараёни интернетӣ ҳеҷ як расонаро бидуни таъсир қарор намедиҳад, таъкид аз он менамоянд, ки бояд расонаҳои мо ба ҳамагуна рақобат омодаву устувор бошанд. Дар ин ҷода оҷилият, сареҳият, воқеият ва дигар аҷзои созанда омилҳое дониста мешаванд, ки дар ин рақобат ҳар як расонаро нерў бахшида метавонанд. Табиист, ки Интернет дар ин самт нерўи бузурги ахборотдиҳиро соҳиб мебошад ва ин андешаро раванди иттилоотии ҷаҳонишавӣ низ собит намудааст. Ба гумони инҷониб ҷараёни хеле босуръат инкишофёбандаи технологияи замонавӣ дар ин самт омили таҳрикбахшандаву асоснокгардида низ ба шумор рафта метавонад. Вобаста ба ин дар китоби “Интернет-журналистика”, бо таърифи зайл вомехўрем: «Ҷамъияти ахборотӣ, ин нақшаи эҳтимолии иқтисодӣ-сиёсӣ (антропосотсиалӣ) ва техникию идоракунӣ буда, гузариш ба сохтори ҷамъиятии нави ҷаҳонӣ мебошад, ки дар он вазифаи асосиро дар ҳама қисматҳои ҳаёт СМК – сохти робитаи умумӣ, ташкил медиҳад, ки бо ёрии компютер ва технологияи робитавӣ, дар асл бо технологияи интернет муҷаҳҳаз шудааст» [4, с. 13]. Чунин нуқтаҳоро ба инобат гирифта, шиква ва як навъ интиқод дар бобати ин масъала он аст, ки технологияҳои ахборӣ журналистони мо, ё ин ки “расонаҳоро дар ду сангар қарор додаанд” [10, с. 82] ва ин иллат ба ҷиҳатҳои синну солӣ рабт дода мешавад. Дар асоси мисолҳои возеҳ таҳлили сарироҳӣ намудани баъзе аз сегментҳо масъалаи пешгузоштаро то ҳадде равшан низ гардонидааст. Дар мавриди фаъолияти радиову телевизионҳои кишвар дар ҳамбастагӣ ба пахши онлайнӣ низ назари андаке интиқодӣ зуҳур менамояд, ки ҳанўз “ба ормонҳои асри илму техника посухгў нест”. [10, с. 98] Маҳсулоти аудиовизуалӣ дар кишвари мо дар ин самт бо он ҷиҳат натиҷаовар нест, ки ин аз як ҷониб ба фарҳанги нисбатан заъфдоштаи аудитория вобаста аст. Ин ҷиҳат дуруст дарк карда мешавад ва аз паҳлўи дигар ҳавасманд набудани масъулон низ таъкид карда мешавад. Ҳаҷми умумии эфири пахши барномаҳои телевизионӣ дар соли 2014 ҳамагӣ 239 соатро ташкил медиҳад, [10, с. 100] ки ин имкон медиҳад, ки маҳсулоти онлайнии ғание рўи кор ояд. Таҳқиқ бо нишондоди ҷадвалҳо [10, с. 100-101] бозгўи он аст, ки муаллифон маводи сомонаҳоро хуб таҳқиқ намудаанд ва ба он фикр низ ҳастанд, ки потенсиали эҷодӣ барои фароҳам омадани матолиб кифояткунанда мебошанд. Бо назари қиёсӣ андешаҳои муаллифон суръат пайдо менамоянд ва қатъи назар аз форматҳои мавҷуда ба он хулоса мерасанд, ки ин раванди таҷзияёбӣ ҳанўз комилу қаноатбахш нестанд. Мафҳуми чанрасонаӣ низ дар шакли маълум ба таври нисбатан назариявӣ шарҳ ёфта, ин истилоҳи тоҷикӣ аз мафҳумҳои “конвергентсия” ва “мултимедиа” шалгирифта дониста мешавад. Дар ин самт ба баъзе қолабҳои маълум ва ҳам шаклнагирифтаи жанрии мултимедия низ ишора карда мешавад.

Дар боби сеюм таҳти унвони “Раванди ташаккули қолабҳои муосири интернет – журналистика дар Тоҷикистон” дар се фасл масъалаҳои интернет – нашрияҳо, интернетжурналистика дар музофот ва таҳсилоту касбият дар риштаи интернет-журналистика пайгирӣ карда мешавад. Дар такя ба забони илмии шаклгиранда дар самти интернет-журналистика ва ҳам забони гуфтугўӣ истилоҳҳое чун “Интернет ТВ”, “Интернет-радио”, “Интернет-газета”, “Онлайн-газета”, “Онлайн-радио” ва амсоли он ҳамчун истилоҳоти шартӣ зикр гардида, торафт оммавият пайдо кардани интернет омили ба вуҷуд омадани боз чунин мафҳумҳо дониста мешаванд. Андешаи муаллифон ба он асоснок мебошад, ки дар ҳақиқат дар шароити феълӣ нақши аслиро масъалаҳои молиявӣ ва дигар ҷузъиёти ба он алоқаманд иҷро карда метавонанд. Дар робита ба ин муҳаққиқи рус С. Машковпурра ва ё қисман бознашр шудани пайвандҳои интернетиро дар дигар пойгоҳҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, муайян кардани доира ва шумораи боздидкунандагон аз ҷониби гардонандагони расонаҳои онлайнӣ, “…нисбатан арзон будани интернет дар муқоиса бо дигар расонаҳо, тиражи муайян надоштани сомонаҳои хабарӣ, захира шудан дар як марказ, дастрасии озод ба архиви ВЕБ-расонаҳо ва аз як марказ идора нашудани интернетро дар қатори вижагиҳои интернет-журналистика медонад [5, с. 11-12].

Доир ба масъалаи мазкур наметавон гуфт, ки дар ҷумҳурии мо ин раванд ба тундӣ пеш меравад. Тоҷикистон ҳамчун ҷузъе аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин раванд торафт фаъол мегардад ва то расидан ба натоиҷи ниҳоӣ шояд тай кардани баъзе марҳилаҳо лозим бошанд. Дар ҳошияи ин андеша ақидаи коршиноси ТИК Асомиддин Атоев низ мувофиқ аст: “Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз оғози ворид шудан ба фазои рақамӣ, новобаста аз мушкилиҳои ҷуғрофии худ, инро яке аз ҳадафҳои стратегии рушд интихоб кард. Имконият ин паҳлуи ҳар як мушкилот аст. Тоҷикистони аз нигоҳи ҷуғрофӣ дар бунбаст, дар чунин мушкилии табиӣ имконияти воқеӣ барои бунёди инфрасохтори роҳҳои коммуникатсионии фаромиллиро дарёфт мекунад” [1, с.144-156].

Масъалаҳои буҳронии мавҷуда ва дар пешистода барои шаклҳои гуногуни васоити ахбор (махсусан рўзномаҳо) муассисону журналистонро водор месозанд, ки тарҳи амиқи онлайниро барои расонаи худ фикр кунанд. Бо ҳамин гуна тавзеҳ аз он ишора карда мешавад, ки бо чунин сурати аҳвол муассисон барои аз байн нарафтани расонаи худ ногузир аз пайи “сарпарастони пасипардагӣ” мешаванд. Ин масъала дар музофот низ таъкид карда мешавад, ки дар сурати иқдоми қаноатбахш (рушди ТИК) дар оянда метавон дар ин муҳиту фазо журналистикаи пурборро интизор гашт. Дар самти таҳсилоти касбӣ ба сифати дастуру пешниҳод фикрҳои мухталиф баён гардидаанд, ки навоқиси техникиву норасоии баъзе ҷузъиётро дарбар мегиранд. Тадриси дарсҳои ихтисосӣ, ки орзўи чандинсолаи амалинашванда мебошанд, такроран зикр ёфтаанд.

Боби чоруми асар “Андар шинохти паблик рилейшн (PR)” унвон гирифта, аз ҳафт фасл таркиб ёфтааст. Дар ин боб масъалаҳои ташакули робита бо ҷомеа, таърихи пайдоиш, назария ва амалияи PR, махсусиятҳои касбии пиарменҳо ва нишонаҳои он, хадамотҳои матбуотӣ дар ҷаҳон, ҷараёни инкишофи паблик рилейшнз, ташаккули паблисити ва намудҳои он, таъйинот ва вазифаи хадамоти матбуотӣ баррасӣ гардида, шинохти умумии паблик рилейшнро ба вуҷуд овардаанд. Муаллифон дар тафсили ин мавзўъ бо назардошти системанокии фикр зина ба зина масъаларо шарҳ дода, “Public Relations” (паблик рилейшн)-ро “вазифаҳои идоракунанда” [10, с. 184] номидаанд. Ҳарчанд мавқеи фардии муаллифон дар тавзеҳи пиар маҳдуд бошад ҳам, аммо омўзиши масъала нишон медиҳад, ки муҳаққиқон назарияҳои гуногуни илмиро (Т.Ҷеферсон, С.Блек, М.Бочарев, М.Шишкина, Л.Лонги, В.Ҳазелтон ва дигарон) дар шакли қиёсӣ хуб дида баромадаанд. Агар андешаи Т.Ҷеферсонро қатъи назар намоем, пас маълум мешавад, ки заминаи таърихии нисбатан мушаххастари паблик рилейшн ба солҳои 1902 ва 1903 (Дж. Рокфеллер ва Айви Ли) рост меояд. Махсусияти касбии пиарменҳо дар самти тиҷорат возеҳу кутоҳ шарҳ ёфта, фаъолияти онҳо ба манфиати ҷомеа низ истисно дониста намешавад. Таркиб ва таъйиноти хадамотҳои матбуотӣ низ хуб шарҳ ёфта, самтҳои ташкили кор бо ВАО, рекламасозӣ, имиҷсозӣ ва таҳияи матнҳо аз муҳимтарин самтҳои хадамоти матбуотӣ гуфта мешаванд. Ба истилоҳи “паблисити” назари муосир сурат гирифта,  гуфта мешавад, тафовут дар он дида мешавад, ки паблисити танҳо дар лаҳзаҳои зарурии ҷалби диққат ҷалб мегардад. Аз нигоҳи муаллифони рисола ҳайати кормандони хадамоти матбуотӣ аз як нафар оғоз шуда, то бист нафар ва ҳатто бештар аз ин иборат мегарданд. Дақиқияти ахбор, сифати хуби хабар, оҷилияту сареият ва суфтагии забони он омили пешравии кор дар хадамоти матбуотӣ арзёбӣ мегардад.

Дар боби “Мухобироти сиёсӣ ва ВЭА дар Тоҷикистон” масъалаҳои амнияти иттилоотӣ, таблиғоту мухобироту реклама, баъзе уфуқҳо ва хосияти шабакаҳои иҷтимоӣ ва махсусиятҳои сомонаҳои расмӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Фарзияву андешаҳо дар фаслҳои ин боб қабл аз ҳама ҷузъиёти гуногуни мафҳуми “ҷомеаи иттилоотӣ”-ро фарогир гардидаанд. Қаробати амиқ ба масъала ва дарки асли меҳварии ин мафҳум барои пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ дар чандин ҷабҳаҳо мусоидат намуда метавонад, ки шояд алҳол барои кишвари мо остонаи ҳадафҳои оянда ба шумор равад. Соли 1962 олими амрикоӣ Фритс Махлуп дар китоби арзишмандаш бо номи «The Production and Distribution of Knowledge in the United States» (“Маҳсулот ва инкишофи дониш дар ИМА”) ташаккули “ҷомеаи иттилоотӣ”-ро яке аз қаринаҳои пешрафти Амрико дар ояндаи начандон дур арзёбӣ мекунад. Ф.Махлуп “консепсияи рушд” -и [6, с. 462] онро низ пешниҳод кардааст.

Дар иртибот ба ин метавон дар бораи масоили печидаи амнияти иттилоотӣ ва дигар паҳлуҳои он ҳарф зад, ки ин масоил ба таври маҷмўӣ яке аз самтҳои қавии раванди ҷаҳонишавиро дарбар мегирад.

Масъалаи амнияти иттилоотӣ дар шароити “ҷанги иттилоотӣ” ва “муборизаҳои иттилоотӣ” аз дидгоҳи ҳуқуқӣ ва доираи қонунҳои матраҳ ба таври маҷмўӣ баррасӣ гардида, маъракаҳои огоҳонаву муғризона дар шабакаҳои иҷтимоӣ равандҳои хавфнок гуфта мешаванд, ки баъзан аз ҷониби “қаламкашони ватанӣ” [00, с. 208] низ сурат мегирад. Дар ин маврид бояд ба назар гирифт, ки масъалаи “ҷанги иттилоотӣ” домани маҳдуд надошта, оғозу сарчашмаи он ба оғози “ҷанги сард” аз солҳои 1947 сурат мегирад. Ҳамин нуқта мавриди таъкиди махсус мебошад, ки Интернет бо имконоти худ ба он суръат бахшидааст. Дар раванди ҷангҳои иттилоотӣ тамоми тасмиму чораҳо аз ҷониби кишварҳои фаъол (абарқудрат) дар доираи нақшаву лоиҳаҳо хеле дурбинона тарҳрезӣ ҳам мешаванд. Дар ин маврид муҳаққиқи журналистикаи тоҷик М. Муқимов хеле равшан андешаронӣ намудааст: “…ИМА аз ҷумлаи кишварҳоест, ки тавассути дастгоҳҳои тарғиботиаш ба мисли телевизион ва радиои «Садои Америка», Телевизиони «Ал-Ҳурра», Радиои «Сава» (барои кишварҳои Шарқи Наздик ва Африкаи Шимолӣ), Радио ва телевизиони “Мартӣ” (барои Куба), Радиои «Аврупои озод»/«Озодӣ», Радиои «Осиёи озод» ба 61 забони миллӣ ва ба 125 кишвари дунё ҷанги иттилоотии густурда мебарад. Ба ин мақсад масалан, соли 2014 аз буҷа 733 миллион доллар ва соли 2015 беш аз 750 миллион доллар ҷудо шуда буд. Аудиторияи расонаҳои мазкур ҳафтае ҳудуди 210 миллион нафарро ташкил медиҳанд. Ба ғайри ин Worldnet – шабакаи телевизионии Оҷонсии иттилоотии ИМА низ дар пахши иттилоъ ба хориҷа саҳм дорад” [7, с. 271]. Таҷзияву коркарди ахбори имрўзаи фаровон тариқи шабакаҳои иҷтимоиву сомонаҳои интернетӣ инкор намегардад ва ҳатто ногузир низ ҳаст. Танҳо он нуқта бояд ба инобат гирифта шавад, ки матлаб дар пояи кадом руҳия таҳия гардидааст ва дар партави кадом манфиату ҳадаф шакл пайдо намудааст. Дар ин маврид муҳаққиони публитсистикаи тоҷик бо назардошти табиати фазои итттилоотӣ чунин нуқтаи назар доранд: “Ҳарчанд расонаҳои хориҷӣ бо рақобат ба пешрафти фаъолияти расонаҳои тоҷик саҳмгузор мебошанд, ба таври амалӣ аз дастовардҳои журналистика бохабар месозанд, шаклу воситаҳои нави пешниҳоди маводро нишон медиҳанд, барои матбуоти мустақил як воситаи асосии дарёфти иттилоъ ва сарчашмаи иттилоъ шудаанд, вале фаромўш набояд кард, ки хабарнигорони ин расонаҳо бо назардошти манфиатҳои кишвар ва муассисони худ хабару гузоришҳоро омодаву пахш мекунанд”. [3, с. 6] Масъалаи дар боло зикршуда уфуқҳои васеъро дарбар мегирад ва, аз ҷумла, рекламаву ва дигар омилҳои вобаста ба он раванди баъзе таҳаввулоти ояндаро то ҳадде равшан низ мегардонад. Дар масъалаи мухобирот ва рекламаи сиёсӣ он андеша бештар матраҳ мешавад, ки имрўз доираи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамарўза доираҳои худро васеъ мегардонанд ва дар ин раванд дар муқобили фейк (дуруғ) беҳтарин мубориза пешниҳоди саривақтии маълумоти саҳеҳ ба шумор меравад. Таблиғоти сиёсӣ ва рекламаи сиёсӣ дар ин самт махсусиятҳои зиёдро дарбар гирифта, фарҳанг ва маърифати аудитория аз омилҳои устувор дар роҳи муколамаҳои самарабахш баҳогузорӣ мегардад.

Андешаи саҳеҳи муаллифон он аст, ки дар ҳақиқат шабакаҳои иҷтимоӣ платформаи васеи таблиғ мебошанд, ки ба имконоти васеи онҳо (журналистикаи онлайнӣ) вобастагии амиқ дорад. Қиёсҳо тариқи инфографикаҳо ва ҷадвалҳо хеле нишонрасу возеҳ баён гардидаанд. Ба андешаи муҳаққиқон сомонаҳои расмӣ таъйионти комили иттилоърасонӣ надошта бошанд ҳам, аммо раванди инкишофи ТИК бозгўи он аст, ки хонандагон маълумоти ахбориро аз саҳифаҳои сомонаҳо ҷўё мешаванд. Ин андеша гувоҳи он аст, ки журналистикаи интернетӣ дар рақобатҳо устуворона ташаккул меёбад ва таҳаввулоти зиёд доираи дигар шаклҳои васоити ахборро маҳдуд менамоянд. Гуфтан мумкин аст, ки асари мазкур дар доираҳои таҳқиқӣ дар соҳаи журналистика дастурамал ва роҳнамои муфид ба шумор меравад. Дастуру тавсияҳо гувоҳи он аст, ки дар кишвари мо низ журналистикаи интернетӣ дар ҳоли рушду инкишоф қарор дорад. Имрўз интернет ва умуман шабакаҳои иҷтимоӣ то ҳадде ҷои васоити абори оммавиро танг низ гардонидаанд. Васоити ахбор як андоза дар интихоби роҳ метавонад, ки ба иштибоҳоте низ роҳ диҳад. Дар такя ба андешаҳои муҳаққиқ И. Ҳамидиён боз ҳам он нуқта мавриди такрору таъкид мебошад: “…давлат бояд ба ВАО-и дохилӣ тавре муносибат кунад, ки онҳо дастнигари бегонаҳо нашаванд” [9, с. 247].

Ногузир аст, ки имрўз ҷомеаи мо ба ин масъала назар ва муносибати ҷиддӣ зоҳир намояд. Асари тозатаълифи И. Ҳамидиён ва Ф. Низом аксар масъалаҳоро дар ин самт равшанӣ андохтааст ва тавре дар боло таъкид гардид, барои чандин пажуҳишу таҳқиқҳо роҳҳоро кушода метавонад. Бояд боз ҳам он андешаро қабул дошт, ки журналистикаи интернетӣ таҳаввулоти фазои иттилоотӣ ҳаст ва дар оянда низ хоҳад буд.

АДАБИЁТ:

  1. ҷикистон ва ҷаҳони имрўз – № 2 (45) –Душанбе, 2015, С. 144- 156.
  2. Дис. канд. филол. наук: 10.01.10. / Зубков И. Г. – Москва, 2014 – С.39
  3. ҳои амнияти иттилоотӣ ва фазои иттилоотии Тоҷикистон. / М.Имомзода, С.Гулов. Дар моварои сухан (маҷмуаи мақолаҳои илмӣ).- Душанбе, 2018. –С. 6
  4. -журналистика / Калмыков А. А., Коханова Л. А. / – М., 2006. – С. 13.
  5. –Душанбе, 2006, С. 11- 12
  6. қимов М. А. Ҷанги иттилоотӣ ва таъмини амнияти фазои иттилоотӣ / М.А. Муқимов// Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – Душанбе: Сино, 2017.- 4/2. — С. 266.-271
  7. Т. Политико-коммуникативные технологии в интернет-пространстве / Т С. Тараканова//28.11.2015. Режим доступа: https://studentlib.com/statya-164556-politiko_kommunikativnye_tehnologii_v_internet_prostranstve.html
  8. амидов И. Амнияти иттилоотии Тоҷикистон / Илҳомҷон Ҳамидов // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (маҷаллаи илмӣ). – 4/2 (109). – Душанбе: «Сино», 2013. – С. 247
  9. амидиён И, Низом. Ф. Журналистикаи интернетӣ дар Тоҷикистон: ташаккул, мушкилот ва дурнамо. – Душанбе, 2022. – 268 с.
  10. Содержательное и жанровое многообразие на таджикском телевидении/ И. И. Хамидиён, Б. А. Абдурахим. – Душанбе, 2019. – 248 с.
  11. Т. Журналистика высоких технология / Т.Г. Хасанова // Вестник Таджикского национального университета (научный журнал). – №4/4 (91). – Душанбе, 2012. – С. 277-279.
  12. Интернет – новое направление в журналистике или современное средство коммуникации / Ш.Ш. Хидоятова // Вестник Таджикского национального университета (научный журнал). – №4/1 (159). – Душанбе, 2015. – С. 277-280.
  13. қди Телевизиони Тоҷикистон дар сомонаҳои хабарӣ / З.А. Эшматов // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (маҷаллаи илмӣ). – №4/1 (133). – Душанбе, 2014. – С. 269-273.

ОМИЛҲОИ МУОСИРИ ОМЎЗИШИ

ТАҲАВВУЛОТИ ФАЗОИ ИТТИЛООТИИ ТОҶИКИСТОН

Дар ин мақола дар такя ба назарияҳои гуногуни илмӣ дар бораи махсусият, моҳият, таъйинот ва баъзе паҳлуҳои муҳими журналистикаи интернетӣ сухан меравад. Муаллиф бар он аст, ки интернет – журналистика дар ҷомеаи имрўзаи мо дар доираву сатҳи муайян дар пайи рушд қарор дошта, таҳқиқу пажўҳиши хоси ин масъала заминаи аслии рушду тавсиаи он низ ба шумор меравад. Он ақида зиёд матраҳ мешавад, ки журналистикаи интернетӣ таҳаввулоти фазои иттилоотӣ дар замони муосир мебошад. Меҳвари андешаҳои муаллифи мақоларо монографияи илмии номзадҳои илми филология Илҳомҷон Ҳамидиён ва Фирдавси Низом бо номи “Журналистикаи интернетӣ дар Тоҷикистон: ташаккул, мушкилот ва дурнамо” ташкил дода, дар баробари баҳогузориҳои мусбат дар доираи қиёс дар такя ба назарияи муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ ҷузъиёти алоҳидаи фазои иттилоотӣ мавриди шарҳу таҳлил қарор гирифтаанд. Қатъи назар аз баҳсҳои зиёд муаллиф чунин меандешад, ки бояд ба минбари омма табдил ёфтани интернетро эътироф намоем. Зеро интернет тавонистааст дар марҳилаи нави таҳаввулоти ҳаёти иҷтимоӣ олами равонии одамонро дигар намояд ва бо ин ҷиҳат нақши таъсиргузори рўзмарраи он дар ҳаёти фарҳангиву маънавӣ ҷомеа истиснон нест. Дар ҳаёти сиёсии ҷомеа мавқеи фаррохтар доштани шабакаҳову сомонаҳои иҷтимоӣ ва робитаи амиқи онҳо ба доираи васеътари аудитория дар қиёс бо ҳамагуна шаклҳои васоити ахбори оммавӣ ба сифати як рукни ҷаҳонишавии феълӣ баҳогузорӣ мегардад. Муаллиф андешаҳояшро дар асоси асари тақризшаванда самт бахшида, масъалаҳои зиёди онро дар доираи кутоҳ тавзеҳ медиҳад ва ба он хулоса меояд, ки асари мазкур дар доираҳои таҳқиқӣ дар соҳаи журналистика дастурамал ва роҳнамои муфид барои таҳқиқҳои минбаъда ба шумор меравад.

Калидвожаҳо: минбари омма, таҳаввулот, интернет, ҷомеа, рақобат, таҳқиқ, сиёсат, матбуот, васоити ахбор, шабакаи иҷтимоӣ, сомона, хабар, маълумот, раванд, ҷаҳонишавӣ.

СОВРЕМЕННЫЕ ФАКТОРЫ ЭВОЛЮЦИОННОГО ИЗУЧЕНИЯ

ИНФОРМАЦИОННОГО ПРОСТРАНСТВА ТАДЖИКИСТАНА

На основе различных научных теорий в данной статье рассказывается о специальности, сущности, цели и некоторых важных аспектах интернет-журналистики. Автор придерживается мнения, что интернет-журналистика в нашем обществе сегодня находится в стремлении развития в определенном кругу и на определенном уровне, а конкретное исследование этого вопроса считается главной основой ее развития и расширения. Широко распространено мнение, что интернет-журналистика – это эволюция информационного пространства современности. Основа авторского мнения образуется на научной монография кандидатов филологических наук Илхомджона Хамидиёна и Фирдавси Низома «Интернет-журналистика в Таджикистане: становление, проблемы и перспективы». Несмотря на множество аргументов, автор считает, что мы должны признать тот факт, что Интернет стал площадкой для масс. Интернет сумел изменить ментальный мир людей на новом этапе эволюции общественной жизни, и в этом отношении его повседневная влиятельная роль в культурной и духовной жизни общества не является исключительной. В политической жизни общества более широкое положение социальных сетей и веб-сайтов и их глубокая связь с более широким кругом аудитории по сравнению со всеми формами СМИ оценивается как столп современной глобализации. Автор концентрирует свои мысли на основе рецензируемой работы, кратко разъясняет многие ее вопросы и приходит к выводу, что данная работа является ориентиром и полезным руководством для дальнейших исследований в исследовательских кругах в области журналистики.

Ключевые слова: общественная платформа, эволюция, интернет, общество, конкуренция, исследования, политика, пресса, СМИ, социальная сеть, веб-сайт, новости, информация, процесс, глобализация.

MODERN FACTORS OF EVOLUTIONARY

STUDY INFORMATION SPACE OF TAJIKISTAN

Based on various scientific theories, this article describes the specialty, essence, purpose and some important aspects of online journalism. The author is of the opinion that Internet journalism in our society today is striving for development in a certain circle and at a certain level, and a specific study of this issue is considered the main basis for its development and expansion. It is widely believed that Internet journalism is the evolution of the information space of our time. The basis of the author’s opinion is formed on the scientific monograph of Candidates of philological sciences Ilkhomjon Hamidien and Firdavsi Nizom “Internet journalism in Tajikistan: formation, problems and prospects”. Despite many arguments, the author believes that we must recognize the fact that the Internet has become a platform for the masses. The Internet has managed to change the mental world of people at a new stage in the evolution of social life, and in this respect its daily influential role in the cultural and spiritual life of society is not exceptional. In the political life of society, the broader position of social networks and websites and their deep connection with a wider audience compared to all forms of mass media is assessed as a pillar of modern globalization. The author concentrates his thoughts on the basis of the peer-reviewed work, briefly explains many of its issues and comes to the conclusion that this work is a guideline and a useful guide for further research in research circles in the field of journalism.

Keywords: public platform, evolution, Internet, society, competition, research, politics, press, mass media, social network, website, news, information, process, globalization.

Маълумот дар бораи муаллиф: Қутбиддинов Абдулмумин Ҳошимович – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илми филология, дотсент, декани факултаи журналистика. Суроға: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, х. Рўдакӣ, 17. E-mail: adab-75@mail.ru. Тамос: +992 935326022.

Сведения об авторе: Кутбиддинов Абдулмумин Хошимович– Таджикский национальный университет, доктор филологических наук, доцент, декан факультета журналистики. Адрес: 734025, Республика Таджикистан, г. Душанбе, пр. Рудаки, 17. E-mail: adab-75@mail.ru. Тел.: +992 935326022.

Information about the author: Qutbiddinov Abdulmumin Hoshimovich – Tajik national University, Doctor of Philology, Associate Professor, Dean of the Faculty of Journalism. Address: 734025, Republic of Tajikistan, Dushanbe, Rudaki Ave 17. E-mail: adab-75@mail.ru. Phone: +992 935326022.