Ё ХУД СИТОИШУ ҚАДРШИНОСИИ ОМӮЗГОР АЗ ҶОНИБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Муаллим ҳаққи хато кардан надорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҷаҳон маънӣ нуҳуфтааст. Агар аз як сӯ нақши муҳими муаллим – омӯзгор дар ҷомеа таъкид гардад, аз тарафи дигар масъулияти бузурги омӯзгор дар шароити муосири равандҳои пуршиддати ҷаҳони муосир зикр мешавад. Агар иштибоҳи намояндаи касбу кори дигар ба зудӣ маълум шавад, хатои омӯзгор ба появу ояндаи ҷомеа зарба мезанад ва онро хароб месозад. Пас омӯзгорӣ танҳо касб ё вазифа нест, балки масъулият аст.
Дар тафаккури ҷомеаи пешрафтаву мутамаддин устод, муаллим, омӯзгор шахси соҳибэҳтирому донишманд ва равшангари дилу дидаҳо эътироф шудааст. Дар афкори таълимию тарбиявии донишмандону мутафаккирони мо ҳамеша муҳим будани шахсияти устоду омӯзгор шарҳу тавзеҳ ёфтааст. На танҳо илму дониш, балки арзишҳое мисли ахлоқ, фаросат, маърифат, гуфтор ва кирдорро барои устоду омӯзгор шарти муҳимму зарур донистаанд. Саъдии Шерозӣ, Унсурулмаолии Кайковус, Насириддини Тӯсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар осори мондагори хеш доштани хислатҳоеро барои шахсияти муаллим зарур донистаанд, ки сабақро омӯзандаву самарабахш мегардонанд.
Васфи муаллим – омӯзгор дар ашъору осори аксари бузургони адабиётамон дучор мешавад.
Ба гунаи мисол метавон аз байти зерин зерин ёд овард:
Агар дар ҷаҳон набувад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Ё худ
То тифл хонаду соҳибҳунар шавад,
Устоди меҳрубони вай хуни ҷигар шавад.
Сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати маорифпарварона ном гирифтааст, ки бесабаб нест. Зеро дар татбиқи сиёсати хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба аҳли мактабу маориф такя мекунанд. Пешвои миллат аз нахустин рӯзҳои роҳбарӣ ба мактабу маориф чун ниҳоди бунёдиву ояндасози ҷомеа муносибати хоса дошта, андешаашон “бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад” реша дар фитрати дурандешиву ояндабиниашон дорад. Ба ҳамин хотир, дар ҳама сафарҳои хеш ба минтақаҳои гуногуни кишвар дар баробари шиносоӣ ба вазъи корхонаву муассисаҳои саноативу кишоварзӣ ва истеҳсолӣ, ҳатман аз таълимгоҳе боздид ба амал меоранд, муассисаи таълимии наверо ба истифода медиҳанд, бо аҳли мактабу маориф суҳбату мулоқотҳои самимиву дилгармкунанда менамоянд. Хоса муроҷиату суҳбатҳояшон бо омӯзгорон намунаи олии эҳтирому эътимод ба касбу шахси омӯзгор аст. Ҳамеша Пешвои муаззами миллат ба заҳмату талошҳои аҳли мактабу маориф баҳои баланд медиҳанд, омӯзгоронро ситоишу қадршиносӣ менамоянд.
Дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ (1 сентябри соли 2024) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “омӯзгор касест, ки Инсон месозад, ояндаи давлату миллат ва Ватан ба масъулият, маърифату маҳорати омӯзгор вобастааст.” Оре, омӯзгор дар баробари савод омӯзонидан, рисолати волотару муҳимтаре дорад: Сохтану тарбияи Инсон. Ва ақлу илм, донишу маърифат Инсонро аз офаридаҳои дигари биологӣ мутафовут месозад. Ва “танҳо саводу маърифат ва илму дониш инсонро аз ҳама бадбахтиву нокомиҳо наҷот мебахшад.”
Бале, сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳои одаму олам дар бесаводиву бемаърифатӣ ва ҷаҳолат аст. Калиди хушбахтиро дар омӯзиши илму маърифат бояд ҷуст. Ва ба ҳамин мазмун Пешвои миллат илова мекунанд, ки “фарзандонро аз илму маориф дур насозед.”
Президентамон мутмаин ҳастанд, ки ояндаи миллат ба касбият ва масъулиятшиносии омӯзгорон пайванди ногусастанӣ дорад. “Агар мо хоҳем, ки дар оянда миллати босаводу пешрафта бошем, давлати аз лиҳози илмӣ ва техникиву технологӣ тараққикарда дошта бошем ва сатҳи зиндагии ҷомеаро бамаротиб баланд бардошта тавонем, бояд масъулият ва сатҳи касбияти омӯзгоронро баланд бардорем.”
Таърихи башарият ёд дорад, ки барои дарёфти моли ҷаҳону курсии мансаб ва сазовор шудан ба обрӯву эътибор одамон ба кадом роҳҳо рафтанд, аз кадом усулҳо истифода бурданд. Бо бардошти сабақ аз таърих Пешвои миллат таъкид мекунанд: “Ягона шахсияте, ки бе доштани мансаби баланд соҳиби эҳтироми самимист, ин омӯзгор аст.” Дар аксари кишварҳои аз лиҳози илмӣ ва технологӣ пешрафта, аз ҷумла Ҷопон, Сингапур ва Кореяи Ҷанубӣ омӯзгорон аз ҷониби мардум сазовори эҳтирому имтиёзҳои бештаре ҳастанд. Зеро мардум медонанд, ки ояндаи фарзандон ва умуман давлату миллаташон ба меҳнати омӯзгорон вобаста аст. Дар ҳамин замина Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, ки “ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст.”
Дар шароити ҷаҳони муосир сипари боэътимод аз ҷаҳолату ифротгароӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ танҳо илму дониш ва маърифати баланди шаҳрвандон аст. Миллате, ки саводу дониш дорад, худшиносу худогоҳ аст, ҳеч гоҳ фирефта намешавад, баръакс, барои ободиву субот ва пешрафт талош менамояд. Рисолати роҳнамоии мардум дар ин самт ба дӯши мактабу муаллим вогузор гардидааст. Ба ҳамин мазмун таъкиди Сарвари Давлат басо ба маврид аст: “Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад.”
Агар мо дар умуму ба тамоми фаъолияти мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дидаи таҳқиқ бингарем, ба натиҷае мерасем, ки ондар такя ба маърифати азалии миллати тоҷик, ки бунёдаш илму дониш ва худшиносиву худогоҳист, роҳандозиву амалӣ гардидааст.
Сангин ГУЛЗОД,мудири кафедраи телевизион варадиошунавонии ДМТ, дотсент
(Бознашр аз ҳафтаномаи «Омӯзгор», 14 ноябри соли 2024, № 46 (12479))