ҲАМА УМР ЭЪТИРОФИ ХИЗМАТАШ МАРДОНА БОЯД КАРД…

0
6

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи эҳтиром, қадрдонӣ ва арҷ гузоштан ба заҳмату талошҳои шабонарӯзии фарзонатарин фарзанди миллати тоҷик, сиёсатмадори эътирофшудаи сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар ҷаҳон ҳар як қавму миллатро бо зуҳури шахсиятҳои таърихии он ва вобаста ба амалу рафтори он шахсиятҳо мешиносанду эътироф менамоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомии сулҳу суботи сартосарии Тоҷикистон, пуштибони халқи азияткашидаи тоҷик ва дар баробари ин, ташаббускори бартарафсозии проблемаҳои глобалӣ, дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳи хосаро соҳиб ҳастанд. Имрӯз Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ тадриҷан ба марҳилаи дурахшони рушду шукуфоӣ ворид гардидааст, ки инро халқи шарифи он низ эътироф доранд.

Вақте сафҳаҳои таърихро варақгардон мекунем, шоҳиди азобу машаққат ва бадбахтиҳои зиёди ин халқи азиз дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ мегардем. Ин ҷангро ҷанги бародаркуш ва хонумонсӯз унвон медиҳанд. Аҳолии мамлакат ҳар яке ба гунае дар ғаму кулфат ва сахтию тангдастӣ, ҳатто гуруснагӣ гирифтор буд. Тоҷикистон дар он замон на захирае барои таъминоти мардум дошт ва на артишу дигар мақомоти қудратӣ, ки аз кишвар дар баробари таҳдиду хатарҳо муҳофизат намояд.

Дар чунин вазъияти ҳассос масъулияти бузурги идораи давлатро танҳо касе метавонад ба уҳда бигирад, ки эҳсоси ниҳоят баланди ватандӯстӣ, эҳтироми воло ба халқу миллат ва иродаи устувору хиради нотакрор дошта бошад. Ба бахти ин миллати тамаддунофар зимоми раҳбарии давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон дар сессияи таърихии XVI Шурои Олӣ ба Пешвои муаззами миллат вогузор гардид. Оромиву осоиштагӣ, суботу амният ва сулҳу ваҳдати имрӯзаи Тоҷикистон самараи талошу хизматҳои пайваста ва натиҷаи меҳнати шабонарӯзии Пешвои миллат аст.

Дар он айёми қисматсоз ҳамчун офтоби субҳ,

Сухан аз сулҳу аз ваҳдат бигуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Шиори “Бар Шумо ман сулҳ меорам” ливояш шуд,

Қавию устувор истод андар сангари паймон.

Воқеан, ҷумлаи “Ман ба Шумо сулҳ меорам” таърихӣ аст. Чунки дар он замон нахустин ва ягона нафаре, ки ин ҷумларо ба забон овард ва ба ин ваъда устувор монду онро амалӣ кард, Пешвои миллат буданд. Маҳз ба шарофати ҳамин шахсият имрӯз ваҳдату ягонагӣ дар кишвари мо ҳукмфармо аст.

Пешвои миллат тавонистанд, миллати ҷангзада ва кишвари ноободу валангори тоҷиконро ба яке аз гӯшаҳои амнтарин, зеботарин ва ободтарини олам табдил диҳанд. Тоҷикистон аз лиҳози амнияту бехатарӣ дар миқёси ҷаҳон мақоми намоёнро дорост.

Пешвои миллат тавонистанд, ба халқи азиятдидаву гурезаи тоҷик, ки дар замони ҷанг муҳоҷир шуда буданд, рӯҳия бахшида онҳоро ба зиндагӣ умедвор намоянду ба ватан баргардонанд. Аз ин таҷрибаи нек дар сатҳи байналмилалӣ хеле хуш истиқбол гардидааст ва камсобиқа мебошад.

Пешвои миллат тавонистанд, ки дар муддати хеле кӯтоҳ низому аркони давлатдории миллии тоҷиконро эҳё намоянд, аниқтараш бунёд созанд. Тоҷикистон имрӯз дорои Конститутсия, Муқаддасоти миллӣ, мақомоти салоҳиятдори вобаста ба ҳама соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат, Артиши миллӣ ва дигар рукнҳои давлатдории миллӣ мебошад.

Пешвои миллат тавонистанд, кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшида, равобити ҳамаи манотиқи кишварро ба ҳам барқарор намоянд. Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон мебошад ва амалӣ кунонидани он дар қатори се ҳадафи дигари стратегӣ заминаи мусоиди пешрафту тараққиётро фароҳам овардааст.

Бунёди неругоҳҳои барқии обӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти азими аср –“Кохи нур” маҳз бо ибтикори ояндабинона ва дурандешонаи Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди бонизоми мамлакат рӯи кор омадааст.

Осон набувад ба дай баҳор овардан,

Ё рушание бар шаби тор овардан.

Бояд, ки чу Пешво худодод шавӣ,

То битвонӣ бахту барор овардан.

Баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…”, “Тоҷикистон–ватани азизи ман” ва “Илм–фурӯғи маърифат” аз ташаббусҳои беназире буданд, ки аҳолии кишвар, махсусан ҷавононро ба сӯйи китобхониву эҷодкорӣ ва ихтирооту навоварӣ раҳнамун сохтанд. Тақдими китобҳои “Тоҷикон”-у “Шоҳнома” бошад, ҳамчун тӯҳфаи Пешвои миллат дар баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, огаҳӣ ёфтани халқи тоҷик аз таърихи пурғановати хеш ва ба насли нав талқин намудани ватандӯстиву ватанпарастӣ ҳиссаи арзанда хоҳад дошт.

Ҳамаи корнамоиҳои Сарвари муҳтарами кишвар намунаи олии ибрат барои халқи иззатманди мамлакат аст. Хиради азалӣ, инсондӯстӣ, маорифпарварӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба қишрҳои осебпазир ва ятимону бепарасторон аз нишонаҳои инсонияти волои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барало ба ҳамагон намудор аст.

Ҷашн гирифтани 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи маҳбубияти беандозаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон миёни ин халқу миллат ба ҳисоб меравад. Халқи шарифи Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз фазои суботу оромии кишвар баҳри амалӣ сохтани ҳадафҳои созандаи раҳбари давлати худ камари ҳиммат бастаанд. Дар пеш Тоҷикистонро ҷашни бузурги умумимиллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатӣ интизор аст, ки бешак таҳти роҳбарии Сарвари давлат мо онро сарбаландонаву бо дастовардҳои назаррас таҷлил хоҳем намуд.

Масрур ФАЙЗИЕВ,донишҷӯйи факултети журналистикаи ДМТ