ҲАМОИШИ ИЛМИЮ МАЪРИФАТӢ ДАР МАВЗӮИ “ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-АСОСГУЗОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН”

0
25

Имрӯз (7.11.2024) дар факултети журналистика ба ифтихори Рӯзи Президент ҳамоиши илмию маърифатӣ дар мавзӯи “Президент Эмомалӣ Раҳмон-асосгузори давлатдории навини тоҷикон” баргузор гардид. Ҳамоишро декани факултет профессор Абдулмуъмин Қутбиддинов бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, зикр намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон-рамзи сулҳу субот ва поягузори пешрафту тараққиёти Тоҷикистон мебошад.

Сипас, риштаи сухан ба академик Муҳаммадюсуф Имомзода дода шуд. Академик Имомзода дар баробари устоди соҳибмактаби адабиётшиносӣ ва публитсистика будан, ҳамчун сиёсатмадор ва роҳбари чандин муассисаҳои бонуфузи самти маориф солиёни зиёд дар паҳлӯи Сарвари давлат фаъолият доштанд. Мавсуф дар бораи хизматҳои шоён ва мондагори Пешвои муаззами миллат сухан ронда, аз корномаҳо ва қаҳрамониҳои Сарвари кишвар ёдоварӣ намуданд.

Баъдан, мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ дотсент Сангин Гулзод дар бораи хизматҳои Роҳбари давлат суханронӣ намуда, зикр намуд, ки таҷлили Рӯзи Президент ин эҳтиром ба ҷонбозиҳои шахсиятест, ки дар роҳи расидан ба истиқлоли давлатӣ қаҳрамониҳо намудааст. Ҷашни “Рӯзи Президент” ин тантанаи амнияту осоиш, сулҳу субот, пешрафти кишвар буда, рамзи ваҳдату якдилии мардуми Тоҷикистон дар атрофи сиёсати Президенти маҳбуби кишвар мебошад.

Мудири кафедраи матбуот дотсент Наргис Усмонова дар бораи бузургдошти занону бонувон дар сиёсати муваффақонаи Роҳбари давлат сухан ронда, ёдоварӣ намуд, ки боло бурдани маърифати занону бонувон ва соҳибкасб шудани духтарон дар он авлавият доранд.

Ҳамоиш бо қироати порчаҳои шеърӣ дар мавзӯҳои Ватану ватандӯстӣ ва Президент аз ҷониби дотсент Абдурашид Ализода ҷамъбаст гардид.