Дирӯз дар ДМТ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – амалисози ормонҳои миллӣ” бахшида ба 30-юмин солгарди ҲХДТ баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ оғоз бахшида, кулли ҳозиринро ба таҷлили солгарди ин ҳизби созанда табрик намуд.
Чорабинии мазкур бо ҳама уфуқҳои худ дар роҳи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва донистани қадру заҳматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шогирдон ва устодони таҳрикбахш ба ҳисоб меравад.
Дар ҳошияи ҳамоиши мазкур ба як гурӯҳ кормандону омӯзгорони Донишгоҳ Ифтихорнома ва Сипосномаи КИ ҲХДТ супурда шуд.
Чанд сатрҳо барчида аз ҳамоиш:
НАСРИДДИНЗОДА ЭМОМАЛӢ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон:
Таърихи навини соҳибистиқлолии кишвар бо фаъолияти ин ҳизби созанда сахт тавъам аст.
Сарварии ҳизбро фарзанди содиқи ватан – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш доранд ва ин ҳизб кафили зиндагии осудаву босуботи мост.
Дар ҳама марҳилаҳои инкишофу таҳаввул ҲХДТ тавонистааст, ки ормонҳои миллиро бароварда гардонад.
Пояҳои давлати ҳуқуқбунёду демократии моро сиёсати ин ҳизб таҳким бахшидааст ва мебахшад.
Принсипҳои демократиро дар пешрафти давлати мо маҳз, ҲХДТ се даҳсола боз ба вуҷуд овардааст.
Сиёсати дурусти ин ҳизб бо роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки давлати мо қонунмеҳвар гардид.
САДРИДДИН ШИРИНБЕКЗОДА, мудири шӯъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ:
ҲХДТ дар амалӣ гардонидани сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат нақши беназир дорад.
Ин ҳизб дар замоне рӯи кор омадааст, ки кишвар дар домани бӯҳронҳо қарор дошт ва тавонист, ки роҳи саодату некбахтии ҳаёти ҷомеаро равшан гардонид.
Ин ҳизб бо рӯҳияи демократӣ дар татбиқи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат нақши сазовор дорад.
Сулҳ, ваҳдат ва ягонагӣ аз он арзишҳову дастовардҳои бузургест, ки дар меҳвари сиёсати ин ҳизб қарор дорад.
МИРЗОЗОДА ИБРОҲИМ ХОЛМУРОД,
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе:
Таъсис ёфтани ин ҳизб дар аввалин рӯзҳо қадамҳои кишвари ҷавони моро дар роҳи демократӣ маълуму мушаххас намудааст.
ҲХДТ давлатмеҳвар аст ва дар фаъолияти он ормонҳои амалигардидаи халқи ҷафодидаи тоҷик таҷассум меёбад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳама аз худ гузаштанҳо ин ҳизбро ба омили ваҳдатсоз табдил доданд.
ҲХДТ бо рӯҳияи озоду демократӣ дар пешрафту тараққиёти ватани азизамон нақши босазои худро собит карда тавонист.
ХУҶАМУРОД САФАРАЛИЗОДА, декани факултети фалсафа:
Дар олами сиёсат ҳизбу созмонҳое ҳастанд, ки таҳмилӣ вориди кишвару давлатҳо мешаванд ва ҳадафҳои муғризона доранд. Хушбахтона ҲХДТ ҳизби халқист, ки бо иродаи халқ дар Ватани маҳбубамон таъсис ёфтааст ва мавҷудияти он барои пешрафту такомули давлатдории навини мо мусоидат кардааст.
Вақте дар доираи қиёсҳо менигарем, дар фазои сиёсии давлатдории мо баробари ҲХДТ ҳизби созандаи дигареро ном бурда наметавонем.
Аз саҳифаҳои васоити ахбор ва шабакаҳои маълум аст, ки ин ҳизб чӣ қадар созандагӣ ва иттифоқи ваҳдати миллиро шакл бахшидааст.
Барои ҳамагон ҲХДТ он ҳизбе эътироф гардидааст, ки бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кафили сулҳу субботи ватан аст.
РУСТАМ НАБОТӢ, н.и.ф., устоди факултаи филология:
Куруши Кабир, Анӯшервони одил ва Исмоили Сомонӣ шахсиятҳое буданд, ки ормонҳои миллиро пуштибонӣ мекарданд. Хушбахтона баъд аз 1000 сол Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори онҳо гардида тавонистанд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳадяи таърих аст, ки халқи тоҷик бо шарофати сиёсати инсондӯстонаи ӯ ба рӯзҳои неку пурсаодат расидааст.
Эмомалӣ Раҳмон ҳастии худро барои халқ бахшидааст ва ин аст, ки ҳамеша муваффақияту комёбиҳоро соҳибанд.
Иродаи Эмомалӣ Раҳмон иродаи халқ аст. Тавъам гардидани иродаҳо давлати моро наҷот бахшида тавонист.
_________________
Дар қисмати дуюми ҳамоиш аз ҷониби санъаткорон – Саидқул Билолов, Моҳрухсор Сафиева, Шӯҳрат Сайнаков ва дигар барномаи консертии ҷолиб пешкаши ҳозирин гардид, ки рӯҳияи баланди ватандӯстона доштанд.
Фишурда сурудаҳои онҳо ин байт аст:
Ватан моро чу модар дуст медорад.
Ба ҷону дил баробар дӯст медорад…
Декани факултети журналистика, профессор Қутбиддинов А.Ҳ.