ҲАР КИРО ҲИСОБ ПОК АСТ

0
16

Мулоҳизаҳо баъди мутолиаи ёддошти С. Ятимов «Марде шоиста ва зиёие истисноӣ, ё достони ғаму шодӣ» («Омӯзгор», 3 декабри соли 2025)

       Ёддоштнависӣ дар тамаддуни беш аз ҳазорсолаи мо суннати хос аст. Намунаҳои зиёдеро фарҳанги мо ёд дорад. Имрӯз гоҳе миёни адабиётшиносон ва публитсистикашиносон баҳси ба адабиёти бадеӣ ё ба публитсистика тааллуқ доштани ёддошт сурат мегирад, ки мо қазовати онро ба вақти дигар мегузорем. Ба андешаи инҷониб, ёддошт он чӣ нест, ки муаллиф пайдарҳам ҳама воқеаву рӯйдоди аз сар гузаронидаро навиштаю нашр намояд, зеро на ҳар воқеаву рӯйдод арзанда ба ёддошт аст. Балки дар ёддоштнависӣ мавқею паём ва шинохти адолат аз ҷониби муаллиф, чӣ сабақе ба хонанда додани он муҳим аст. Хотироти ходими давлатӣ ва донишманди шинохта Саймумин Ятимов бо номи «Марде шоиста ва зиёие истисноӣ, ё достони ғаму шодӣ» («Омӯзгор», 3 декабри соли 2025) эҳтирому эътимод ба аҳли илм, пос доштани ёди донишмандони ростин аст.

     Адолат дар ҳама ҷанбаҳои фаъолият, аз ҷумла, ҳам сиёсат, ҳам илм ва ҳам дар муносибат бо дигарон нишондиҳандаи ахлоқи инсон аст. Хосса, агар олим адолати илмию инсониро риоя накунад, натиҷаи таҳқиқаш «ба элак об гирифтан аст.» Мо дар ҳама осори илмии доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Саймумин Ятимов адолати илмиро мебинем. Аз як паҳлу, зикри номи донишмандони пештар дар ин бора навишта, овардани иқтибоси мувофиқ ва тақвиятдиҳандаи андеша моҳияти мақолаву осори илмии эшонро ба маротиб боло барад, аз паҳлуи дигар, огоҳии комил ва ковишҳои амиқи муаллифро гувоҳӣ медиҳад. Дар пораи зер як ҳақиқати бебаҳс нуҳуфтааст, ки ҳам баҳо додан ва ҳам эътироф кардан аст: «Муддати ҳазор соли бедавлатӣ, тоҷикон дар ҳолати ғуломигарии воқеӣ ва маънавӣ қарор доштанд.

     Дар ҳафтод соли Ҳокимияти Шуравӣ, номи тоҷик тавассути ҷумҳурии мустақил доштан бо аломатҳои сиёсӣ маъруфият пайдо карда бошад ҳам, ба хотири кӯтоҳии замонӣ имкони ташаккули мафкураи миллиро надошт. Қишри муайяни дорои эҳсоси худшиносии миллӣ дар ақаллият буд». Оре, номи тоҷик маҳз дар замони Ҳокимияти Шуравӣ дар харитаи сиёсӣ сабт гардид, аммо барои худшиносии миллӣ маҳдудият дошт. Ва бо бардошти сабақ аз таърих бояд эътироф кард, ки дар ҳеҷ давру замон тоҷик мисли замони имрӯз имкону шароит барои худшиносию худогоҳии миллӣ, ваҳдати миллию суботи сиёсӣ ва пешрафти иқтисодӣ надошт.

     «Марде шоиста ва зиёие истисноӣ, ё достони ғаму шодӣ», ҳамчунин, ҳақиқатеро барои мо таъкиду хотиррасон мекунад, ки дар ҳама давру замон манфиатбозон, хоинону ноҷавонмардон аз дилсофию ростӣ, донишу маърифати қисмате аз зиёиёни миллӣ ба хотири пиёдасозии ғаразҳои худ истифода мебаранд. «Як қисмати равшанигароён олимони ҳақиқӣ, аммо аз лиҳози сиёсӣ ниҳоят сода ва барои ҳамин ҳам осебпазир буданд.

       Онҳо дар андак муддат, чун дуди хона ба порисаи хона расид, хатои худро фаҳмиданд. Пушаймон шуданд. Аммо аз рӯйи нангу номусе, ки хосси ин зумра буд, натавонистанд ваҳшати раҳгумии худро эълом доранд. Ба зиндагии одӣ ва оини пешин баргарданд.» Профессор Раҳими Мусулмониён аз зумраи чунин донишмандон ва зиёиёне буданд, ки дили соф доштанд, ҳамаро мисли худ мепиндоштанд, андешаву рафторашон ҳамеша ба миллату Ватан тааллуқ мегирифт. Муаллиф қаҳрамону осорашро хуб мешиносад: «Ман ба тадқиқоти ин олими пухтакор аввали солҳои ҳафтодум, ҳангоми донишҷӯйӣ шинос будам… Мусулмониёни сарсупурдаи илм ва адабиёт, ҳама вақт дар банди хаёлот ва таҳқиқоти эҷоди илмӣ мегашт. Чунин хислати олимона, бекина ва беғарази ӯ меҳру муҳаббати маро нисбат ба ин шахсият ва устоди камназир меафзуд. Бо ӯ суҳбат кардан, маънии хондани як китобро дошт». Муаллифи ёддоштҳо шахсияти қаҳрамонро чунон воқеӣ, боҳунарона ба қалам додааст, ки симо, донишу маърифат, тарзи суханронии устод Раҳими Мусулмониён бо тамоми салобату шаҳомат пеши назар меояд. Шогирдоне, ки аз дарсу суҳбати устод баҳра гирифтаанд, ба воқиеяти тасвиру суханони муаллиф комилан мувофиқ ҳастанд: «Профессор намегуфт, аммо ман итминон доштам, ки мисли ҳама инсонҳои пок ӯ дигаронро низ бофта аз матои худ гумон мекард».

      Дар охири солҳои 80-уму аввали солҳои 90-ум бо дигаргуниҳои сиёсии Москва, хиёнаткорию бозиҳои сиёсии роҳбарияти олии Давлати Шуравӣ дар ҷумҳурии собиқ бародар низ таҳаввулот ба амал омаду камбудиҳои ошкор¬гардида силоҳе шуданд дар дас¬ти манфиатталошҳо. Хосса, дар Тоҷи¬кистони азиз низ қисмате аз аҳли ҷомеа бозичаи дасти ифротгароёну фурсатталабон гардиданд. Мо ба ҷойи аз баракати истиқлол пайи таҳкими давлати миллию ободии Ватан шудан, баръакс, сарнавишту давлату миллатро бо шиорҳои дурӯғин ба бозӣ, ба фалокат кашидем. Ва қисме аз зиёиёну донишмандон фирефтаи шиорҳои зебову авомфиребонаи ин тӯдаи хиёнатпешаву фурӯхташуда гардиданд. Муаллиф ҳақ аст, вақте менависад: «Ҳангоми табаддулоти давлатии ифротгароҳо (моҳи майи соли 1992), Мусулмониён зери таъсири бархе аз зиёиёни воқеан дурӯя ва ғаразкор, ки боз чандин навъ бозиҳои пасипардагӣ доштанд, бо як содадилӣ гирифтори фитнаи онҳо шуд.» Бале, даҳҳо устодону донишмандони содадил ба ин мусибат печиданд. Мақоли «Мо дар чӣ хаёлу фалак дар чӣ хаёл» рӯзгори онрӯзаи зиёиёни моро гувоҳи ҳол буд. Намедонистанд, ки ифротгароёни динӣ тамаддуну фарҳанги муштаракро ба хотири амалисозии ғаразҳои худ истифода бурдан доранд.

        «Зиёиёни тоҷик, аз рӯйи эҳсоси эроният – таърих ва фарҳанги муштарак, умумияти забонӣ ва тамаддунӣ, ки намунаи олии он барои мардуми форсизабон аҳаммияти умуминажодӣ доштани Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигар бузургон маҳсуб мегардид, умед баста буданд ва ин кишварро қиблаи худ мешумориданд».

     Дар ин хотирот мо як ишораи нозукеро мехонем, ки аз аввал нияти нек доштан, хостори дар амал ба сулҳ расидани Сарвари давлатро нишон медиҳад. Яъне, дар саргаҳи гуфтушунидҳо, раванди сулҳу ваҳдати миллӣ ҳукумати конститутсионӣ бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистод. Ҳукумат хост, ки ба ҷанг хотима бахшад, роҳи сулҳ пайдо шавад. Ин ормону хости мардуми тоҷик буд, на фишору зӯроварии мухолифину созмонҳои дигар. Ба ин хотир, ҳукумат аз ҳама имкониятҳо барои расидан ба ин ҳадаф истифода бурдан хост: «Роҳбарияти олии мамлакат дар назди дипломатҳо вазифагузорӣ карда, мехост ҷараёни сулҳро суръат бахшад. Эълон намояд, ки ҳокимияти конститутсионӣ ҳокимияти кулли мардуми тоҷик аст. Аз ҳамватаноне, ки новобаста аз кадом сабабе, аз ҷумла, дар алоқамандӣ бо ҷанги шаҳрвандӣ ба хориҷи мамлакат фирор кардаанд, пуштибонӣ мекунад. Омода аст бо онҳо муколама барқарор намояд, то мушкил миёни тоҷикон бо гуфтушунид ва якдигарфаҳмӣ ҳаллу фасл гардад».

      Муаллиф ҳамчун донишманди ҷомеашинос ҳамон рӯзгор дарк карда буда¬аст, ки хелеҳо аз нақшу рафтори худ дар он раванд изҳори пушаймонӣ кардаву пайи ислоҳи вазъият шудаанд. Аз ҷумла, устод Мусулмониён ва даҳҳо ҳаммаслаконашон дер бошад ҳам, ба дарки бозиҳои пасипардагии наҳзатиёну ифротгароён расиданд. Ин пора аз самимияту покниҳодии устод Раҳими Мусулмониён дарак медиҳад: «– «Ҳар киро ҳисоб пок аст, аз муҳосиба чӣ бок аст?» – гуфта, бо масал посух дод…

…ман ҳеҷ вақт хоини миллат набудам ва нестам. Лекин дар байни шумо ҳукуматиҳо, ки бовар мекунанд, мансаб медиҳанд, маоши калон таъйин ва ҳатто ба хориҷа равон мекунанд, то давлатро, манфиатҳои миллиро ҳимоя кунед, хоинон кам нестанд.» Воқеиятҳои он замону баъдӣ нишон доданд, ки хелеҳо тавони бардошти вазифаю масъулиятро надошта, даст ба хиёнату ватанфурӯшӣ заданд. Ин лаҳза мо андешаеро дарк менамоем, ки дар ҳама ҳолат аз рӯйи оини ҷавонмардӣ амал кардан, масъулиятро ба дӯш гирифтан, хаторо бахшидан, оқибати корро андешидан кори ҳар шахсу ҳар мансабдор нест: «Тамоми умр оини кори мо буд, дар ҷойе, ки фаъолият ба сар мебарем ва аз он нон мехӯрем, камбудро шиносем, бояд андеша ва таҳаммул кунем. Оқибати корро то ҳади имкон бо сабр саришта намоем. Тадбир пеша кунем. Гапи хонаро ба бозор, ба худиву бегона набарем. Чун надидам, ки баръакси ин амал қимати касе афзуда бошад.

Аз ин оин ман зарар надидам».

      Профессор Раҳими Мусулмониён аз шумори камтарин донишмандону зиёиён буданд, ки дар ғурбату муҳоҷират аз манфиатҳои миллӣ дифоъ кардаву бо нашри мақолаву осори илмӣ арзишҳои миллӣ, дастовардҳои донишмандони тоҷик, эҷодиёти адибони тоҷикро тарғибу ташвиқ кардаанд. Устод ҳеҷ гоҳ тавассути мақола, баҳсҳои беҳудаву беодобона нисбат ба Ватану миллат, Давлату Ҳукумат ва ҳеҷ нафаре аз ҳамватанон бадгӯиву ғайбат накардаанд. Ва шинохти муаллиф «Ӯ дигар аз дому дон, фитнаву шар, зеру забар, ҷангу ҷадал ва гулобу қанди мухолифин батамом канда буд.

      Дар Донишгоҳи улуми адабиёти форсӣ ба тадқиқот шуғл меварзид. Бо меҳнати ҳалол рӯзгор мебурд» комилан дурусту воқеист.

       Айни адолат аст, ки муаллиф дарси ибрат гирифтанро аз устод Раҳими Мусулмониён эътироф мекунаду ва онро ба таври шоиста зикр менамояд: «Ман аз ин шахсияти бузург дарси илму адаб ва назокати муошират меомӯхтам… Тамоми роҳ мо дар ягон мавзуъ суҳбат мекардем. Ман доим суолҳои зиёд доштам. Шунидани ҷавоби онҳо аз забони шахси донишманд, шеърхону шеърдон, нуктафаҳму соҳибмуҳокима ва дидаву дониста ниҳоят ҷолиб буд.» Бале, суҳбати Устод рӯҳнавозу ҷонпарвар, оромишдиҳандаи дилҳо буд. Ва ҳар касе боре дар суҳбати устод буд, ин нуктаро ба дурустӣ эҳсос мекард.

       Вақте нақли муаллифро аз сафари Қазвин мехондам, беихтиёр воқеоти даҳсолаҳои охири Шарқи Наздик дар зеҳнам пайдо гаштанд. Хеле аз ҷавонони тоҷик, ки пешпохӯриҳои солҳои аввали истиқлол сабақашон нашудааст, бо даъватҳои ифротгароёну артишҳои бегона фирефтаву пайваст шуда, бо номи «ҷиҳод» мусулмонкушиҳо карданд, падару модари худро зери бори ғаму андӯҳ гузоштанд. Ва … оқибат кушта шуданд. Аммо «бародарону шайхҳои араб» як бор аз миллатҳои мазлуми ҳамсояву ҳамзабон, ҳаммазҳабу ҳамдинашон нагуфтанд. Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастанд, ки хотираи гузаштагонро пос медоранд, осорашонро мехонанд. Иқдоми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тақдими асари безаволи «Шоҳнома» ба ҳар хонадон дар олам назир надорад. Дар бораи бузургдошту таҷлили ҷашнвораҳои фарзандони номдори миллат, гузаронидани озмунҳои зиёди илмию зеҳнӣ ва эҷодӣ хуб медонем. Ин ҳама ба хотири рафъи ифротгароӣ, боло бурдани ҳисси миллӣ, донистани таъриху фарҳанги миллат ва билохира, дар зиндагӣ такя кардан ба маърифату донишҳои илмӣ сурат мегирад.

      Мо шоҳид ҳастем, ки баъзе дониш¬мандону сиёсатмадорон дар аксар кишварҳои собиқ шуравӣ ба таърихи замони шуравии худ хатти батлон кашидаву онро танҳо бо айнаки сиёҳ мебинанд. Аз дастовардҳои он намегӯянд. Ҳол он ки он ҳам як давраи таърих буд. Мутаассифона, мо ҳам чунин зиёиёну донишмандон доштему дорем. «Аммо баъзе аз «зиёиён»-е, ки ба аслияти ватанпарастии худ хиёнат карда, дастобрези мутаассибони ифротгаро ва тарроҳони ҷанги бародаркуш шуда, ба Эрон фирор карда буданд, таърихи миллати хешро дар ҳафтод соли ахир ноҷавонмардона таҳриф мекарданд.»

      Профессор Раҳими Мусулмониён низ чун муаллиф адолату инсофро маҳаки фаъолият медонистанд. Ҳеч гоҳ дар гуфтани ҳақиқати илмӣ ва воқеи¬яти таърихӣ худдорӣ намекарданд. Устод «аз чунин муносибат, туҳмат ва дурӯғбофии маҳзи собиқ ҳамсафони худ сахт асабонӣ мешуд. Азоби руҳӣ мекашид. Онро таҳқири бешармона, беадолатона ва кӯрнамакӣ нисбат ба миллат ва давлати хеш медонист.» Муаллиф зикр мекунад, ки профессор Мусулмониён «бо сарсухани пурмуҳтаво ва арзишманд, мақолаи устод Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Дар Фаранг аз бехарӣ муҳтоҷи роҳи оҳананд»-ро дар яке аз маҷаллаҳои маъруфи Эрон чоп кард. Онро ҷавоб ба навиштаҳои зиёиёни чоп¬луси фурӯхташуда, ки намак хӯрда, дар намакдон туф карда, дастовардҳои миллати худро дар ҳафтод соли ахир, бошуурона, ғаразмандона, дидаву дониста ночиз мешумориданд, тафсир намуд.

       Бо чунин аксуламал, яъне, ошкор кардани дурӯғҳои муллоҳои ифротӣ ва зиёиёни думрави резахӯри саргардони онҳо, ки сабабгори нооромиҳои Ватани аҷдодии хеш гашта буданд, профессор Раҳими Мусулмониён чашми мардуми ноогоҳи Эронро нисбат ба воқеияти таърихӣ, муосир ва шахсиятҳои зери суоли он солу замон мекушод.»

      Муаллиф дар баробари воқеоти бевосита шоҳид будааш, нақлҳои аз ҳамкорону ҳамақидаҳо шунидаашро меорад, ки амалкарди холисонаро бозгӯйӣ менамоянд: «… собиқ журналисти номдори Иттиҳоди Шуравӣ ва соҳибқалами маъруф дар ғарибӣ, дар сари миз аз пеши яке аз саркардагони иттиҳоди мухолифин, ки сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ буд, тез-тез резаҳои нон ва пасмондаҳои хӯроки ӯро ҷамъ намуда, табақчаҳои эшонро пок ва дам ба дам иваз мекард».

      Вақте кас ин сатрҳоро мехонад, пеши назараш симои нафаре пайдо мешавад, ки замоне бо қалам, бо суханаш, бо донишу маърифати замонавиаш ҷаҳолату ифротгароии диниро маҳкум мекард, дастовардҳои сохти шуравӣ, сохтмонҳои азим, илму маърифатро тарғиб мекард. Ҳарчанд муаллиф бо дарназардошти меъёрҳои инсонию ахлоқӣ аз ин шахс ном намебарад, аммо хонандаи ҳушманд ин журналистро мешиносад. Мусибати ин журналист он буд, ки то охир ба ин қабил хоинон содиқ монд ва бо супориши онҳо кушта шуд.

      «Марде шоиста ва зиёие истисноӣ, ё достони ғаму шодӣ» дар баробари зикри хайри устод Раҳими Мусулмониён будан, ҳамчунин, барои шинохти шахсияти устод, ошкор намудани саҳифаҳое аз таърихи на чандон дури миллат арзиши баланд дорад. Ва он бояд мавриди таҳлилу баррасиҳо дар доираҳои илмию ҷамъиятӣ, хосса, маҳфилҳои донишгоҳӣ гардад.

Сангин ГУЛЗОД,

мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ, дотсент

(бознашр аз ҳафтаномаи “Омӯзгор”, 10 декабри соли 2025)