ҶАВОНОН НЕРӮИ ОЯНДАСОЗАНД!

0
32

Имрӯз бо иқдоми чор факултети ДМТ дар мавзӯи роҳҳои коҳиш додани экстремизм, терроризм ва баланд гардидани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон чорабинӣ баргузор гардид.

7 апрели соли 2025 бо ташаббуси факултетҳои журналистика забонҳои Осиё ва Аврупо, филологияи тоҷик ва филологияи рус дар толори ба номи Ш. Ҳусейнзода ҷиҳати иҷрои бандҳои Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм бо иштироки садорат ва устодону донишҷӯёни факултетҳои болозикр чорабинӣ баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ декани факултети журналистика профессор Ҳошимзода Б. ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла тазаккур дод, ки дар замони муосир дар сиёсати ҷаҳонӣ печидагиҳои зиёд ба вуҷуд омадааст. Бахусус дар раванди ҷаҳонишавӣ зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризму экстремизм бо рангу тобиши нав ҷило дода, идеологияҳои хатарнок ба холигаҳи мафкураи ҷавонон таъсирҳои манфии худро мерасонанд. Ҷавононро лозим аст, ки бештар дар пайи омӯзишу созандагиҳо қарор гиранд ва барои пешрафти имрӯзу ояндаи ватан ҳиссагузор бошанд.

Сипас, меҳмони чорабинӣ мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих Ҷонибеки Асрориён зимни маърӯзаи худ дар бораи бетаваҷҷуҳии донишҷӯён ба фарҳанги миллӣ, забони миллӣ ва кам таваҷҷуҳ доштан ба китобхонии ҷавонон сухан ба амал овард. Мавсуф ёдовар шуд, ки эҳтиром ба забону фарҳанг ин рукни асосии худшиносӣ мебошад. Ҷавонон агар гузаштаи худ, забону фарҳанг ва таърихи халқи тоҷикро хуб донанд, ҳеҷ гоҳ ба гуруҳҳои тундрав ҳамроҳ намешаванд.

Пас аз шунидани маърӯзаҳо дар қисмати саволу ҷавоб маърӯзачиён ба саволҳо посух доданд. Гуфтан лозим аст, ки баргузории чунин чорабинӣ ҷанбаи маърифативу тарбиявӣ дошта, барои боло бурдани худшиносии ҷавонону донишҷӯён мусоидат менамояд.