Имрӯз таҳти унвони “Дирӯз, имрӯз ва фардои матбуоти тоҷик”дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон / Tajik National University бвхшида ба Рӯзи матбуот ва солгарди нашрияи “Ҷумҳурият”, бо ибтикори ректори донишгоҳ профессор Насриддинзода Эмомалӣ ҳамоиши илмиву амалӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур сармуҳаррири нашрияи “Ҷумҳурият” – Қурбоналӣ Раҳмонзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон – Зиннатулло Исмоилзода, декани факултети журналистика – Бахтиёр Ҳошимзода, профессори кафедраи матбуот – Мурод Муродӣ, собиқадори нашрияи “Ҷумҳурият” Абдуқодири Раҳим бо маърузаҳои илмӣ ва каломи табрикӣ дар бораи ин иди рухдоди таърихӣ суханронӣ карданд.
Ректори донишгоҳ профессор Насриддинзода Эмомалӣ дар бораи рисолати созандаи матбуот, марҳилаҳои инкишофи матбуоти тоҷик, нақши нашрияи “Ҷумҳурият” дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва робитаи донишгоҳ бо расонаҳо нуқтаҳои муҳимро таъкид намуданд.
Дигар иштирокчиён низ дар бораи таърихи матбуот, вазифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо, роҳу усулҳои ҷалби хонандагон, нақши матбуот дар замони ҷаҳонишавӣ, имрӯзу дурнамои матбуот ва бисёр паҳлуҳои дигар ишораҳо намуданд..
Дар бораи нақш ва ҷойгоҳи нашрияи “Ҷумҳурият” дар фазои иттилоотӣ дар ҳамоиши мазкур фикру андешаҳои зиёде ироа гардид. Профессор Э. Насриддинзода онро инъикоскунандаи фаъоли сиёсати давлату ҳукумати кишвар дониста, рӯзномаи рӯимизии аксар аҳли зиё номид. Аз ҷониби дигарон низ таъкид шуд, ки ин нашрия дар тарғиби сулҳу ваҳдати миллӣ, эҳёи худшиносии миллӣ, инъикоси воқеияти рӯз нақши густурдаву амиқ дорад.
Дар анҷоми ҳамоиш ба як зумра ҳамкасбону масъулон, кормандони нашрияи “Ҷумҳурият” ва чанде аз устодону шогирдони фаъол сипосномаҳову ифтихорномаҳо супурда шуд.
.Дар доираи ин ҳама гуфтаҳо як хулоса бармеояд, ки матбуот чун як ҷузъеву қисмате муҳим ба ҳаёти аҳли башар ворид гардида, қатъи назар аз ҳама таҳаввулот мавҷудияти худро нигоҳ доштааст. Ҳамоиш бо низоми хос муҳити фазои гармеро фаро мегирифт.Аҳли устодону шогирдони факултети журналистика ба ректори донишгоҳ профессор Насриддинзода Эмомалӣ, муовини аввали ректор Фаридуни Кишвари Рачабзода ва муовини ректор оид ба илм Сафармамадзода Сафармуҳаммад, сардори раёсати илм Ҳамрохон Дӯстзода сипосу ташаккур мегӯянд, ки дар ташкилу баргузории ҳамоиш саҳм гузошта, аз оғоз то анҷоми ҳамоиш дар он ширкат намуданд. Ин гувохи сатҳи баланди маърифат ва эҳтироми онҳо ба қаламу сухан мебошад.