(роҳбарони давлатҳову созмонҳо ва сиёсатмадорону ходимони илму адаб)
🔹 Владимир Путин – Президенти Федератсияи Русия
🔹Си Ҷин Пин – Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин
🔹Шавкат Мирзиёев – Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон
🔹Александр Лукашенко – Президенти Ҷумҳурии Белорус
🔹 Илҳом Алиев – Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон
🔹Ҷорҷ Буш – собиқ Президенти ИМА
🔹Кочерил Роман Наранян – собиқ Президенти Ҳиндустон
🔹Аскар Акаев – собиқ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон
🔹Аҳмадшоҳи Масъуд – Қаҳрамони миллии Афғонистон
🔹Кофи Аннан – собиқ Дабири кулли СММ
🔹Антониу Гутерриш – Дабири кулли СММ
🔹Чингиз Айтматов – Нависандаи халқии Қирғизистон
🔹 Расул Ҳамзатов – Нависандаи халқии Доғистон
🔹Қаҳҳор Маҳкамов – собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
🔹Раҳмон Набиев – собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
🔹Шукурҷон Зуҳуров – собиқ Раиси Маҷлиси намояндагон…
🔹Ҳошим Гадоев – Ҳунарпешаи халқии ИҶШС
🔹Гулназар Келдӣ- Шоири халқии Тоҷикистон
🔹Саттор Турсун – Нависандаи халқии Тоҷикистон
🔹Муҳаммадҷон Шакурӣ – Донишманди номвари тоҷик
_________
1. ВЛАДИМИР ПУТИН – Президенти Федератсияи Русия:
«Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тасмими ҷидду ҷаҳди ў аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешавад. Ҳар он чӣ оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар».
_________________
2. СИ ҶИН ПИН – Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин:
«Шумо пешвое ҳастед, ки соҳиби муҳаббату эҳтироми мардуми Тоҷикистон гаштаед. Таҳти роҳбарии Шумо дар кишвар суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва боло рафтани сатҳи некӯаҳволии мардум таъмин гардида, Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳу субот ва ҳавасмандгардонӣ ба он дар Осиёи Марказӣ саҳми муҳим мегузорад».
_________________
3. ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ – Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон:
«Мо шуморо ҳамчун ходими намоёни давлатӣ ва сиёсии замонамон, фарзанди соҳибэҳтиром, ватандӯст ва пешвои асили мардуми бародари тоҷик мешиносем ва беандоза эҳтиром мекунем. Шумо ба сифати Президенти Тоҷикистон бо меҳнати бисёрсолаи пурсамар ва таҷрибаи ғании идораи корҳои вобаста ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди босуръати кишвар дар ҳамаи соҳаҳо ва таҳкими пайвастаи обруву нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ ба уҳда доред».
_________________
4. АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО – Президенти Ҷумҳурии Белорус:
«Тоҷикони сарбаланду меҳнатдӯст, боистеъдод ва меҳмоннавоз воқеан ҳам бо ҳамватани худ Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунанд.
Он сиёсати оқилона, ки ин мард пеш мебарад, бори дигар такрор мекунам, ки мамлакаташро ҳифз намуд, ба ин замин сулҳу осоиш овард. Ва инро на танҳо Шумо қадр мекунед. Мо ҳама аъзои ИДМ ин хидмати наҷибро қадр мекунем, зеро сулҳу осоиш дар замини Шумо сулҳу осоиш ҳам дар Белоруси мо, ҳам Русия, ҳам дигар давлатҳо мебошад».
_________________
5. ИЛҲОМ АЛИЕВ – Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон:
«Имрӯзҳо Тоҷикистони дӯст таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, пешрафти иҷтимоиву иқтисоди ва бунёдкории фарҳангӣ дилпурона қадам гузошта, ба диёри шукуфон табдил ёфтааст ва дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалат гардидааст».
_________________
6. ҶОРҶ БУШ – собиқ Президенти ИМА:
«Эмомалӣ Раҳмон дар замони бисёр муташанниҷ ба кишвару халқаш сарвар гардид. Вале тавонист, халқу давлаташро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳад. Вай дар муддати на чандон тулонӣ дар мамлакат сулҳ барқарор кард ва ба арсаи байналхалқӣ баромад. Чунин сиёсатмадорон каманд…».
_________________
7. КОЧЕРИЛ РОМАН НАРАНЯН – собиқ Президенти Ҳиндустон:
«Моро кӯшишҳои хастагинопазири Ҷаноби Олӣ, Президент Раҳмонов ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи муосири озод месозад, ба ҳайрат гузошт. Бовар дорам, ки ин кӯшишҳои халқи боистеъдод ва меҳнатдӯсти Тоҷикистон самари нек хоҳанд овард».
_________________
8. АСКАР АКАЕВ – собиқ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон:
«Халқи тоҷик аз қадим намунаи халқҳои Осиёи Марказӣ бо фарҳанги воло ва илму адаби оламгир буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собит кард, ки фарзанди ҳақиқии ин халқи бузург аст, зеро бо овардани сулҳ вай номи мардуми тамаддунофарро дар арсаи ҷаҳон бори дигар машҳур кард».
_________________
9. АҲМАДШОҲИ МАСЪУД – Қаҳрамони миллии Афғонистон:
«Ман имрӯз роҳбари кишвари шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст, зери тиру туп, барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ў муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии афғонистониҳо дар он аст, ки мо то ҳанӯз миллати мо чунин роҳбари ғамхор надоштаем».
_________________
10. КОФИ АННАН – собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид:
«Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои олам нодиртарин намунаи бо роҳи осоишта ҳал кардани низоъҳои дохилиро нишон дод, ки онро саҳми Тоҷикистон дар таърихи сулҳоварӣ гуфтан иштибоҳ намешавад».
_________________
11. АНТОНИУ ГУТЕРРИШ – Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид:
«Чумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили об дар арсаи байналмилалӣ пешниҳодҳои муфид намуда, пешсафии худро дар ин ҷода собит кард ва ин иқдомро ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу дастгирӣ қарор дод, ки шоистаи таҳсину қадрдонист».
_________________
12. ЧИНГИЗ АЙТМАТОВ – Нависандаи халқии Қирғизистон:
«Дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид менамоям, ки ин бузургвор бо зинда кардани номи алломаҳои миллат номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад. Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ ва суботу фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон ўро ба мақому манзалати олӣ баровардааст. Аз тоҷики бузургвор дигар чизро умедвор шудан ҳам нашояд».
_________________
13. РАСУЛ ҲАМЗАТОВ – Нависандаи халқии Доғистон:
«Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони ҷасуру хирадманд Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад».
_________________
14. ҚАҲҲОР МАҲКАМОВ – собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
«Бовар кунед, ман барои ба сиёсат баргаштан розиги намедодам, агар итминон намедоштам, ки тақдир ба мо Президенти оқил, бовиҷдон ва боистеъдодеро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ато кардааст».
_________________
15. РАҲМОН НАБИЕВ – собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
«Баъд аз он ки ман ба истеъфо рафтам, дар бораи имрӯзу фардои Ватан ва халқи ҷафокашидаи хеш бисёр андеша мекардам. Вале, вақте ки дар симои Эмомалӣ Раҳмон як инсони наҷиб ва сиёсатмадори хирадмандро кашф намудам, боварам ба фардои неки Тоҷикистон комил шуд. Зеро халқи Тоҷикистон тақдири худро ба дастони эътимодбахш супурдааст».
_______________
16. ШУКУРҶОН ЗУҲУРОВ – собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Эмомалӣ Раҳмон халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод. Ҷон дар кафи даст душманонро ба оғӯш кашид, ҷинояткоронро афв кард, зиёда аз як миллион нафар гурезаю муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонда, ба миллати мотамзада сулҳу ваҳдат ва суботу амният овард. Неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои байналмилалӣ расонда, мардуми парешонро атрофи дастархони сиёсии миллат муттаҳид кард».
_________________
17. ҲОШИМ ГАДОЕВ – Ҳунарпешаи халқии ИҶШС:
«Ба ман хушбахтии беназире насиб гашт, ки нақши Исмоили Сомониро дар чорабиниҳои ҷашнӣ ва намоишномаи «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» иҷро намоям. Дар ҳар ду ҳолат сарчашмаи илҳомам фаъолияти садоқатмандонаи фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд».
_________________
18. ГУЛНАЗАР КЕЛДӢ- Шоири халқии Тоҷикистон:
«Дар офариниши рамзҳои муқаддаси Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд бардоштани ору номуси миллӣ заҳматҳои Президент беандоза аст. Эмомалӣ Раҳмон тимсоли дурахшони ватанхоҳиву миллатдӯстист, ки мо инро бояд аз ӯ омӯзем».
_________________
19. САТТОР ТУРСУН – Нависандаи халқии Тоҷикистон:
«Ками дар кам воқеъ мешавад, ки ҷанги шаҳрванди бидуни ғолибону мағлубон ба сулҳ анҷом пазирад. Таҷрибаи давлати мо исбот мекунад, суботи дасти дӯстӣ қодир аст, санги адоват бишканад. Президенти мо сиёсати худро на ба хотири сиёсат, балки аз барои халқи худ амалӣ месозад».
_________________
20. МУҲАММАДҶОН ШАКУРӢ – Донишманди номвари тоҷик:
«Фаъолияти Президенти Тоҷикистон ба устувор кардани истиқлоли фарҳангии тоҷикон равона гардидааст. Суханҳои олие, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забони модарӣ ва бузургдошти он гуфт, ман дар ин умри дарозам кам мувоҷеҳ шудаам».
_________________
_________________
Аз китоби “Масири сарнавишт” (Душанбе: Ирфон, 2025. 247 саҳ. Зери назари Асадулло Раҳмон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо)
Ҳошимзода Бахтиёр Ҳошим
доктори илми филология, дотсент, декани факултаи журналистика.






