
Сангов Амирхуҷа Ҷӯраевич 31.03.1977 дар ш. Кӯлоби вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Солҳои 2001-2006 муҳассилини факултети журналистика ва тарҷумонии ДДМТ (ҳоло факултети журналистикаи ДМТ). Аз соли 2006 то 2014 дар вазифаи Раиси Созмони ҷавонони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Ҳамзамон хатмкардаи Донишгоҳи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар соли 2007. Солҳои 2021-2023 вазифаи мудири шуъбаи таҳлилӣ – иттилоотӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Аз моҳи октябри соли 2023 то имрӯз эдвайзери дараҷаи якуми факултети журналистикаи ДМТ.
Бо Ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2007, 2009, 2011) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013), Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2023) ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Донандаи забонҳои русӣ, арабӣ ва англисӣ (бо луғат).
Оиладор соҳиби 4 фарзанд