Таърихи факултет

Соли 1966 бо ташаббуси ректори донишгоҳ Солеҳ Ашӯрхоҷаевич Раҷабов ва декани факултети филология, дотсент Мукаррама Набиевна Қосимова (ҳоло доктори илм, профессор, узви вобастаи АУ ҶТ) шуъбаи журналистика ташкил шуд. Имрӯз бояд аз заҳмати нахустустодони шуъба Хоҷабек Зулфиқоров, Миерҳаим Гавриелов, Иброҳим Отахонов, Файзиддин Абдураҳимов, Абдусаттор Нуралиев ёд дошта бошем. Роҳбарии профессор Воҳид Асрорӣ ва талошҳои устодони бомаҳорат А.Нуралиев, И.Усмонов, А.Саъдуллоев, П.Гулмуродзода буд, ки шуъбаи журналистика соли 1987 аз нав таъсис ёфт. Дар бунёд ва рушди факултети журналистика (соли 1992) заҳмати нахустдекани он профессор И. Усмонов хеле зиёд аст. Ҳамчунин, аҳли факултет хотираву заҳмати устодони ҷовидном Воҳид Асрорӣ, Хоҷабек Зулфиқоров, Пайванди Гулмуродзода, Асадулло Саъдуллоев, Давлатбек Давронов, Абдусаттор Нуралиев, Баҳриддин Камолиддинов ва Дӯстмурод Бобоев, Гулсара Эшниёзоваро, ки то рӯзҳои охири умр аз таълиму тарбияи шогирдон дур нашуданд, ёд доранд.

Факултети журналистика зодаи истиқлолияти Тоҷикистон аст. Соли 1992 дар асоси қарори Шӯрои олимони ДДТ дар заминаи шуъбаи журналистика ва гурӯҳи ихтисоси тарҷумонии факултети филологияи тоҷик факултети журналистика ва тарҷумонӣ ташкил шуд. Аммо заминаҳои он ҳанӯз солҳои 60-уми асри 20 бо ташкили шуъбаи журналистика гузошта шуда буд. Соли 1971 бинобар мутобиқат накардан ба феҳристи ихтисосҳои иҷозатдодаи Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси ИҶШС шуъба баста шуд. Сипас, соли 1987 бо таъсири насими бозсозӣ шуъбаи журналистика аз нав ташкил шуд, ки асоси факултет гардид.

Факултети журналистика манбаи асосии тайёр кардани кадрҳо барои ВАО-и Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Агар соли ташкилшавиаш (1992) факултет ҳамагӣ 130 нафар донишҷӯй дошта бошад, сол то сол миқдори донишҷӯён ҳам дар шуъбаи рӯзона ва ҳам ғоибона хеле афзуд. Имрӯз аксари роҳбарону кормандони эҷодии ВАО-и кишвар дастпарварони ин боргоҳанд. Факултет бо дастпарварони хеш, олимону муҳаққиқон, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, журналистони шинохта ифтихор мекунад.

Дар факултет аз соли 1993 шуъбаи ғоибона амал мекунад, ки то имрӯз донишҷӯёни зиёд онро хатм намудаанд.

Агар соли нахуст дар факултет ду кафедра фаъолият дошта бошанд, имрӯз факултет дорои панҷ кафедра аст: матбуот, телевизион ва радиошунавонӣ, журналистикаи байналхалқӣ, услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ, забонҳои хориҷӣ. Дар ибтидо факултет ҳамагӣ 12 нафар муаллим, (аз ҷумла 6 нафар устодони унвондор) дошт. Имрӯз дар факултет 52 нафар устодон (аз ҷумла 10 н. докторони илм, профессорон, 27 н. номзади илм, дотсентон, 7 н. муаллими калон, 10 н. ассистентон) фаъолият мекунанд. Ҳоло факултет аз рӯйи 6 ихтисос: ихтисосҳои 23010800-журналистика (рӯзонаву ғоибона), 23010900 — журналистикаи байналхалқӣ, 47010104 (21050107) — умури нашриёт (корманди адабӣ), иттилоот ва робита – 23010701, 23010903 — журналист-тарҷумон ва 23010802 — WEB-рӯзноманигорӣ мутахассисонро тайёр мекунад. Соли 2014 дар ихтисоси журналистика гурӯҳи русӣ аз нав (соли 2004 таъсис ёфтаву соли 2006 барҳам хӯрда буд) ташкил карда шуд, ки ихтисосмандонро бо забони русӣ омода мекунад.

Соли 2007 номи факултет тағйир дода шуда, факултети журналистика номгузорӣ гардид.

Соли 2017 номи ихтисоси кори адабӣ дар маҷалла ва рӯзномаҳо ба номи умури нашриёт иваз карда шуд.

Соли 2018 аввалин маротиба дар факултет ихтисоси WEB-рӯзноманигорӣ (23010802) кушода шуд, ки 25 нафар донишҷӯ тариқи ММТ дохил шуданд.

Соли 2016 сомонаи факултет https://journalism.tnu.tj кушода шуд, ки асару мақолаҳои шогирдон ва устодон, таърихи факултет, маълумотномаи устодон, дастовардҳои студияи таълимӣ ва ғ. ҷой карда шудааст.

Ҳамчунин дар рӯзномаи «Ба қуллаҳои дониш» саҳифаи «Пайки қалам» маҳз эҷоди устодон ва донишҷӯёни факултетро дар бар мегирад.

Соли 2000 аввалин маротиба дар факултет шуъбаи магистратура кушода шуд, ки дар ибтидо аз рӯи 1 ихтисос журналистика ва баъдан аз рӯи ихтисоси журналистикаи байналхалқӣ низ магистр қабул карда мешуд. Соли 2017 аввалин бор дар шуъбаи магистратура ихтисоси журналист-тарҷумон кушода шуд. Соли 2018 аввалин маротиба аз рӯи ихтисоси умури нашриёт магистр қабул карда шуд. Ҳамин тариқ, дар факултет аз рӯи 4 ихтисос магистр қабул карда мешавад.

Байни факултет ва Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати ҶТ, Академияи ВАО, воситаҳои ахбори омма бо мақсади иҷрои корҳои илмию таҳқиқӣ ва такмили системаи омодасозии мутахассисон шартномаҳо имзо шудаанд. Тибқи ин шартномаҳо дар Академияи ВАО машғулиятҳои амалӣ мегузаранд. Донишҷӯён бевосита дар ВАО таҷрибаомӯзӣ мекунанд. Дар факултет 2 синфхонаи компютерӣ, 3 кабинети лингофонӣ, синфхонаҳои забонӣ (англисиву арабӣ) амал мекунанд. Ҳамчунин ба ихтиёри донишҷӯён Ганҷинаи профессор Воҳид Асрорӣ, синфхонаи “Меҳри сухан” ба номи профессор Баҳриддин Камолиддинов, Студияҳои таълимии телевизион ва радио, Маркази илмию таҳқиқотии публитсистикаи тоҷик ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев во гузошта шудааст.

Нақшаи корҳои таҳқиқоти илмии факултет аз рӯйи 1 самт, 3 масъала ва 5 мавзӯъ ба роҳ монда мешавад. Дар солҳои фаъолияти факултет 12 нафар рисолаҳои докторӣ ва беш аз 40 нафар рисолаҳои номзадӣ ҳимоя карданд. Дар роҳбариву роҳнамоии аспирантону унвонҷӯён устодони ботаҷриба, профессорон Б. Камолиддинов (шодравон), А. Саъдуллоев (шодравон), И. Усмонов, М. Имомзода, М. Муродӣ, М. Муқимов, Ҷ. Саъдулоев, М. М. Мирзоева, А. Қутбиддинов, Қ. Мухторӣ, дотсентон П. Гулмуродзода (шодравон), С. Ҳайдаров, С. Гулов, И. Ҳамидиён ва дигарон саҳми босазо гузоштаанду мегузоранд.

Факултет ягона маркази таҳқиқи илмии таърих, назария ва амалияи ВАО дар кишвар аст. Аз ин рӯ, ҳар сол дар факултет бо иштироки доираи васеи муҳаққиқони журналистика конфронсҳои илмию амалӣ доир мегарданд. Факултет бо Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати ҶТ, Вазорати фарҳанг, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Академияи ВАО-и ҶТ ва дигар созмону муассисаҳо робитаи хуби илмию эҷодӣ дорад. Ҳамчунин, бо Донишгоҳи давлатии Маскав, Донишгоҳи давлатии Алмаато, Донишгоҳи давлатии Қазон ва ғайра робитаҳои хуби илмию таҳқиқӣ ба роҳ монда шудаанд.

САРВАРОНИ ФАКУЛТЕТ

Аввалин декани факултет доктори илмҳои таърих, профессор Иброҳим Кенҷаевич Усмонов (солҳои 1992-1993) буд. Маҳз дар замони кӯтоҳи роҳбарии мавсуф нақшаи дурнамои факултет қабул шуда, асоси илмиву таълимии он гузошта шуд. Баъди ба вазифаҳои масъули давлатӣ таъин шудани эшон дотсент Абдусаттор Нуралиев (баъдан профессор) декани факултет интихоб шуданд, ки ин масъулиятро то соли 1996 ба дӯш доштанд. Дар ин давра шуъбаи ғоибона, кафедраҳои услубшиносӣ ва асосҳои назарияи тарҷума, забонҳои хориҷӣ ташкил шуданд. Дар давраи сарварии дотсент Пайванди Гулмуродзода (солҳои 1996-2001, 2005-2006) нақшаҳои нави таълимии бакалавр ва магистр таҳия гардида, шуъбаи журналистикаи байналмилалӣ кушода шуд.

Соли 2001 аҳли факултет профессор Асадулло Саъдулоевро декани факултет интихоб карданд. Мавсуф ин вазифаро то соли 2005 иҷро намуданд. Дар ин давра теъдоди устодону донишҷӯёни факултет ду баробар зиёд шуд. Кафедраи забонҳои хориҷӣ аз нав ташкил шуда, кафедраи журналистикаи байналмилалӣ таъсис ёфт. Нақшаҳои нави таълимӣ ва стандартҳои ҳар се ихтисоси факултет омодаву қабул шуданд. Муддате чанд дотсент Қутбиддин Мухторӣ сарпарастии факултетро ба уҳда дошт. Аз марти соли 2007 то декабри 2008 дотсент Сангин Гулов, аз декабри соли 2008 то майи соли 2011 дотсент Муртазо Зайниддинов, аз моҳи майи соли 2011 то августи соли 2013 доктори илмҳои таърих, профессор Қаҳҳори Расулиён ва аз августи соли 2013 то феврали соли 2016 н.и.ф., дотсент Фахриддин Ҳайдаров , азфеврали соли 2016 то моҳи марти 2021 дотсент Саъдӣ Исматов декани факултет буданд. Ҳар кадоме талошш кардааст, ки барои пешрафти факултет ва боло бурдани сатҳу сифати таълим нақше гузорад. Аз 4 апрели соли 2021 то ба имрӯз роҳбарии факултет ба уҳдаи д.и.ф., профессор Қудбиддинов Абдулмумин Ҳошимович гузошта шудааст.

Дар ин давра муваффақиятҳои назаррасе ба даст омадаанд. Пойгоҳи илмиву таълимии факултет хеле пурқувват гардид. Студияи таълимии телевизион ва радио, синфхонаҳои компютерӣ бо таҷҳизоти нав таъмин гардида, бинои нави студия сохта шуд, Маркази илмию таҳқиқотии публитсистикаи тоҷик ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев таъсис ёфт. Сифати таълиму дарсазхудкунии донишҷӯён беҳтар гардида, факултет ҳамеша дар ҷойҳои намоён аст. Донишҷӯёни факултет дар чандин озмунҳои ҷумҳуриявӣ ғолиб омадаанд. Ҳоло дар факултет шуъбаҳои рӯзонаву ғоибона ва гурӯҳҳои русиву тоҷикӣ амал мекунанд.

 КАФЕДРАҲОИ ФАКУЛТЕТ

КАФЕДРАИ МАТБУОТ

Мудири кафедра – Усмонова Наргис Кучаровна, номзади илмҳои филология

Ташкили кафедраи матбуот ба таърихи ташкил ёфтани шуъба ва факултаи журналистика ва тарҷумонӣ сахт алоқаманд аст. Соли 1969 бо ибтикори устоди равоншод, профессор Воҳид Мирашурович Асрорӣ дар факултети филологияи тоҷик кафедраи «Фолклор ва адабиёти халқҳои СССР» ташкил ёфт, ки масъалаи таълиму тадриси журналистика низ ба уҳдаи  он гузошта шуд. Пас аз барҳам хўрдан ва соли 1987 дубора ташкил шудани шуъба кафедра Журналистика ва адабиёти халқҳои СССР ном гирифт. Соли 1992 бо ташкил шудани факултаи журналистика ва тарҷумонӣ номи кафедра тағйир ёфта Журналистика ва адабиёти хориҷӣ гардид.  Соли 1996 Матбуот  номгузорӣ шуд.

Аз соли 1969 то соли 1996 вазифаи мудири кафедраро шодравон профессор В. Асрорӣ ва аз соли 1996 то соли 1999 олими шинохта Абдусаттор Нуралиев ба уҳда доштанд. Аз соли  1999 то соли 2011 вазифаи мудири кафедра ба дўши дотсент М. Муродов (ҳоло доктори илмҳои филалогия, профессор)  буд, аз соли 2011 то соли 2015 мудирии кафедраро номзади илмҳои филалогия, дотсент Мухторӣ Қ. ба ӯҳда доштанд.   Ҳоло Мудири кафедра номзади илмҳои филология, Усмонова Наргис мебошад.

Дар солҳои гуногун олимону мутахассисони варзида Расул Ҳодизода, Иброҳим Усмонов, Муртазо Зайниддинов шодравонон Набиҷон Каримов, Хоҷабек Зулфиқор, Пайванди Гулмуродзода ва рўзноманигор Муҳаммадато Султонов ва чанде дигар чун аъзо ва ҳамкори кафедра ба шогирдон сабақ омўзонидаанд. ҳамчунин устодони ботаҷриба А. Саъдуллоев,  А. Азимов, С. Гулов, А. Қудбиддинов замоне аъзои кафедраи мазкур буданд.

Ҳоло ҳайати кафедраро профессорон М. Муродов, Қ. Мухторӣ, Н. Бозоров, дотсентон Б. Шукруллоев, Н. Кўчарова, М. Яқубова, муаллими калон Қ. Шарифзода, Г. Сайфиддинова ва ассистент Н.  Расулова  ташкил медиҳанд. Профессор Ҷ. Саъдуллоев ба сифати ҳамкор дар кафедра фаъолият мекунад. Эшон аз фанҳои ихтисосии кафедра: Асосҳои журналистика, Асосҳои фаъолияти эҷодии журналист, Таърихи журналистикаи ватанӣ, Иқтисодиёт ва менеҷменти ВАО, Сотсиологияи журналистика, Асосҳои ҳуқуқии журналист, курсу семинарҳои махсус ва ғайра ба толибилмон таълим медиҳанд.

Устодони кафедра баробари таълиму тарбия ба таҳқиқи таърих, назария ва амалияи публитсистикаи тоҷик машғуланд. Самти илмии кафедра: Таърихи таҳаввули ВАО, проблемаи Таърих, назария ва амалияи журналистика, мавзўи Масъалаи назария ва амалияи публисистикаи тоҷик ва монанди ин аст. Натиҷаҳои таҳқиқи илмии онҳо дар шакли даҳҳо асару гузоришот, дастуру васоити таълимӣ ва садҳо мақолаҳои илмӣ ба табъ расидааст. Аз ҷумла:

    1.Нуралиев А. Жанрҳои ахбории матбуот. – Душанбе, 2002.

    2.Нуралиев А. Асосҳои ҳуқуқии журналист. – Душанбе, 2005.

    3.Гулмуродзода П. Публицистика и времия. – Душанбе, 2002.

    4.Гулмуродзода П. Маорифпарварӣ ва низоми нави ҷаҳон. – Душанбе, 2006

    5.Муродов М. ҳаҷви публисистӣ. – Душанбе, 2003.

    6.Муродов М. Баъзе масъалаҳои журналистика ва ҳаҷви публисистӣ. – Душанбе, 2005.

    7.Муродов, М. Сотсиологияи журналистика.- Душанбе: Истеъдод, 2012.

    8.Шарифзода қ. Аввалин рўзномаи тоҷикӣ. – Душанбе, 2006.

         Кафедра дар ташкили корҳои илмӣ ва роҳбарӣ ба кори унвонҷўйҳо низ саҳми арзанда дорад. Таҳти роҳбарии устодони ботаҷрибаи кафедра танҳо дар солҳои 2003 – 2004 се нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд, аз соли 2004 то имрўз (2015) дар назди кафедра беш аз 10 нафар унвонҷўёну аспирантони ватаниву хориҷӣ рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд.

         Кафедра ба мақсади мусоидат намудан ба таҷрибаомўзӣ ва сайқал  додани маҳорати донишҷўён бо нашрияҳои даврӣ, чун «ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Тоҷикистон», «Минбари халқ»,. «Зиндагӣ», «Чархи гардун» ва ғайра шартномаи ҳамкорӣ дорад.

Дар кафедра маҳфили илмӣ – эҷодии «ҳамзамон» низ амал мекунад, ки он фаъолияти худро дар шакли вохўриҳо, ҷаласаҳои илмӣ ва баҳсҳои эҷодӣ ба роҳ мемонад.

КАФЕДРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ

Мудири кафедра – Гулов Сангин Нурович, номзади илмҳои филология, дотсент

Кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ яке аз кафедраҳои асосии тахассусии факултет мебошад. Кафедра баъд аз ду ҳафтаи соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон – 26-уми сентябри соли 1991 бо фармони ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аз кафедраи журналистика ва адабиёти халқҳои СССР-и факултаи филологияи тоҷик бо номи кафедраи «Назария ва таърихи журналистикаи тоҷик» ҷудо шуд. Аз кафедраи журналистика ва адабиёти халқҳои СССР профессор Иброҳим Усмонов (ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра), дотсент Асадулло Саъдуллоев (баъдан доктори илм, профессор), ассистент Аъзамҷон Азимов (ҳоло доктори илм) ба кафедра ба ҳайси устод гузаштанд. Аз воситаҳои ахбори омма Сангин Гулов (ҳоло номзади илм, дотсент) ва Холида Қодирова чун ассистент ба кор даъват шуданд.

Дар муддати кӯтоҳтарин корҳои ташкиливу ҳуҷҷатгузорӣ низоми муайян гирифта, самти илмии кафедра муайян карда шуд. Моҳи феврали соли 1992 Шўрои олимони ДДТ дотсент Асадулло Саъдуллоевро ба вазифаи мудири кафедраи назария ва таърихи журналистикаи тоҷик интихоб кард. Мавсуф то моҳи феврали соли 2002 ва аз соли 2007 то соли 2009 ба ҳайси сарвари кафедра заҳмати зиёд ба харҷ доданд. Дар ин муддат таҳти роҳбарии эшон мактаби илмии таҳқиқи публитсистика ва насри мустанади тоҷик ба вуҷуд омад. Самти таҳқиқии кафедра мушаххас карда шуда, омўзиши назария ва таърихи журналистикаи тоҷик мавриди пажўҳиши устодони кафедра қарор гирифт. Устодони кафедра А. Саъдуллоев дар мавзўи «Ташаккул ва инкишофи насри мустанади тоҷик» рисолаи докторӣ (соли 1996), А. Азимов дар мавзўи «Таърихи ташаккули матбуоти солҳои 20-и тоҷик (дар мисоли рўзномаи «Овози тоҷик» ва замимаҳои он)» (соли 1994), С. Гулов дар мавзўи «Поэтикаи очерки муосири тоҷик (солҳои 1980-1990)» (соли 1997), С. Ҳайдаров дар мавзўи «Бобоҷон Ғафуров — публитсист» (соли 1999) рисолаҳои номзадӣ дифоъ карданд, ки бо ин васила пояи илмии кафедра хеле устувор гардид.

Чун самти таҳқиқии кафедра ба омўзишу таҳқиқи ВЭА бештар майл кард, аз соли 1996 кафедра табдили ном карда, кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ ном гирифт. Аз феврали соли 2002 роҳбарии кафедра ба уҳдаи номзади илми таърих, дотсент Аъзамҷон Азимов гузошта шуд. Худи ҳамон сол барои ифодаи мўъҷазу мукаммал, ки фаъолияти таълимию таҳқиқиро бозгў намояд, кафедра бо унвони телевизион ва радиошунавонӣ табдили ном кард.

Роҳбарии кафедраро аз моҳи апрели соли 2006 то моҳи октябри соли 2007 ва аз ноябри соли 2009 то сентябри соли 2011 номзади илмҳои филология, дотсент С. Ҳайдаров, аз сентябри 2011 то апрели соли 2012 номзади илмҳои филология Ҷамила Раҳмонова, аз моҳи апрели соли 2012 то марти соли 2016 дотсент Саъдӣ Исматов ба уҳда доштанд. Аз моҳи марти соли 2016 то ҳол дотсент Сангин Гулов мудири кафедра мебошад.

Устодони кафедра аз рўйи 1 самт «Проблемаи таърих, назария ва амалияи омўзиши ВЭА ва Интернет» таҳқиқоти илмӣ мебаранд. Дар айни замон мавзуи таҳқиқии кафедра «Таърихи таҳаввули ВЭА ва интернет» муайян шуда, устодони кафедра зери роҳбарии дотсент Сангин Гулов  проблемаҳои таърих, назария ва амалияи журналистикаро мавриди таҳқиқи хеш қарор медиҳанд.

Устодони кафедра дар озмунҳо иштирок карда, бо ин васила дар курсу семинарҳое, ки дар берун аз мамлакат доир мегарданд, ширкат меварзанд ва бо раванди таълиму таҳқиқи ҳамтоҳои хориҷии худ ошно гашта, дараҷаву маҳорати касбии худро баланд мебардоранд. Аз ҷумла, дотсент С. Ҳайдаров дар семинари байналхалқӣ барои устодони факултаҳои журналистикаи минтақаи Осиёи Миёна дар донишгоҳи ФОҶО-и Шветсия (2-15-уми октябри соли 2005), дотсент С. Гулов дар Комиссияи миллии ЮНЕСКО (Бишкек) оид ба истифодаи технологияҳои нав дар таълим (бо гурӯҳи устодони факултет, 21 январ – 3 феврали соли 1999), дар Донишгоҳи рушди матбуоти Маскав барои тренерони соҳаи журналистика (18 октябр- 4 ноябри соли 2001), дар донишгоҳҳо ва воситаҳои ахбори оммаи ИМА дар доираи барномаи «Муаллимони журналистика»-и Шўрои амрикоии маорифи байналмилалӣ (19 январ то 11 феврали соли 2007), дар доираи Лоиҳаи Вазорати маориф ва илми ҶТ оид ба таҳияи нақшаву барномаҳои таҳсилотӣ дар донишгоҳҳои Литва (7 – 14 ноябри соли 2021) ва Олмон (10 – 16 декабри соли 2022), дотсент И. Ҳамидиён дар ИМА аз рўйи барномаи Китобхонаи Конгресси ИМА «Ҷаҳони боз» дар мавзўи «Таҳқиқоти журналистӣ» (моҳи майи соли 2012)

Дар назди кафедра студияҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, ки дар он шогирдон ба амалияи журналистикаи РТВ шинос мешаванд. Кафедра пайваста бо ВАО ҳамкорӣ дошта, дар рўзнома, маҷалла, радиову телевизион навиштаҳои шогирдон ва устодон чоп ва шунавонидаву намоиш дода мешавад, ки ин боиси ифтихори факултет мебошад.

Соли 2002 бо ташаббуси кафедра миёни Донишгоҳ ва Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои корҳои илмию таҳқиқӣ ва такмили системаи омодасозии мутахассисон шартнома ба имзо расид. Соли 2022 шартномаи нави ҳамкориҳо байни ДМТ ва Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Ин аснод дар асоси нуктаҳои суханронӣ ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришу нишондодҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани самаранокии таълим ва корҳои илмию тадқиқотӣ дар мактабҳои олӣ, нуктаю дастурҳои ҳукумат оид ба тайёр кардани мутахассисони соҳибмаълумот ва варзида барои воситаҳои ахбори омма омода гаштааст. Дар асоси ин шартнома дар назди Кумита (Студияи телевизион ва Хонаи радио) филиали кафедра таъсис дода шудааст.

Ба Студияи таълимии телевизион ва радиои кафедра дотсентон М. Шоҳиён, З. Эшматов, ассистент М.Манонова роҳбарӣ кардаанд. Алҳол роҳбари Студияи таълимии телевизион Нурулло Мирзоев ва радио Қурбонхоҷа Муҳиддин мебошанд.

Дар кафедра ба шогирдон аз «Муқаддимаи ихтисос», «Асосҳои журналистика», «Асосҳои фаъолияти эҷодии журналист», «Журналистикаи РТВ», «Технологияи мултимедиавӣ», «Этикаи касбии журналист», «Асосҳои реклама ва PR», курсу семинарҳои махсус таълим дода мешаванд. Аксар устодони кафедра собиқаи корӣ дар ВАО доранд.

Дар кафедра ҳоло 1 нафар профессор – Аъзамҷон Азимов, 8 нафар дотсент — Сангин Гулов, Саъдулло Ҳайдаров, Абдурашид Ализода, Илҳомҷон Ҳамидиён, Зафар Эшматов, Моҳира Сафарова, Дилафрӯз Рустамзода, Ҷамила Раҳмонова, ассистентон Нигина Сироҷова, Саидҷон Ҳалимзода, лаборанти калон Сабоҳат Гулбоева фаъолият мекунанд. Инчунин номзади илмҳои филология Хушдил Раҳимҷон ҳамчун докторант ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул аст.

4-уми феврали соли 2016 яке аз бунёдгузорони кафедра ва факултет, ходими намоёни илму адабиёт, Корманди шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедра Асадулло Саъдуллоев дар синни 76-солагӣ аз олам чашм пўшид, ки ин ҳодиса барои илми журналистикаи тоҷик талафоти бузург буд. Устодону кормандони кафедра ифтихор мекунанд, ки олимони соҳибмактаби журналистика, профессорон Иброҳим Усмонов ва Асадулло Саъдуллоев дар кафедра кор ва ба он роҳбарӣ кардаанд. Мо ҳамкорон хотираи неки публитсистони машҳури тоҷик Давлатбек Давронов ва Дӯстмурод Бобоевро, ки дар кафедра фаъолият доштанд, пос медорем.

Устодони кафедра аз рўйи 1 самт «Проблемаи таърих, назария ва амалияи омўзиши ВЭА ва Интернет» ва мавзўи «Қонуниятҳои инкишоф ва таҷрибаи таърихии журналистика» таҳқиқоти илмӣ мебаранд.

Дар назди кафедра маҳфили илмию эҷодии «Нилуфари нур» фаъолияти пурсамар дорад. Тамоми сол дар доираи нақша-чорабиниҳои муайяншуда ҳар моҳ маҳфил баргузор мегардад, ки дар баробари мавзўъҳо меҳмонон низ даъват мешаванд. Баргузории маҳфилҳои мазкур ҷиҳати пайвандии назария ба амалия нақши бориз дорад.

Заҳматҳои устодони кафедра ба ҳисоб гирифта, хидматҳои онҳо мунтазам қадр карда мешавад. Профессор Асадулло Саъдуллоев (шодравон) бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, медали “Хизмати шоиста”, дотсент А. Ализода бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, дотсент Сангин Гулов бо медали “Хизмати шоиста”, дотсент Илҳомҷон Ҳамидиён бо Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон, ҷавон ва Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи журналистика шарафёб гардидаанд. Профессорон А. Саъдуллоев (шодравон), А. Азимов, дотсентон Д. Давронов (шодравон), А. Ализода, С. Гулов барандаи Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мебошанд.

Аълочии маориф ва илми ҶТ, Аълочии телевизион ва радиои ҶТ – профессорон А. Саъдуллоев(шодравон), А. Азимов, дотсентон С. Гулов, С. Ҳайдаров, А. Ализода, З. Эшматов.

Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон – профессорон Саъдуллоев (шодравон), А. Азимов, дотсентон Д. Давронов, Д. Бобоев (шодравонҳо), А. Ализода, С. Гулов, С. Ҳайдаров, З. Эшматов, И. Ҳамидиён.

Медали ҷашнии “100-солагии матбуоти тоҷик” – А. Саъдуллоев (шодравон), А. Азимов, дотсентон Д. Давронов (шодравон), С. Гулов, И. Ҳамидиён.

Ҳамзамон, 7 нафар устоди кафедра аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошанд.

                КАФЕДРАИ ЖУРНАЛИСТИКАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Мудири кафедра – Шоҳиён Маҳмуд Эргашевич, номзади илмҳои филология

Кафедраи журналистикаи байналхалқӣ 20 июни соли 2004 ташкил ёфтааст. Ба кафедра профессор А.Саъдуллоев (солҳои 2004-2006), профессор И.К.Усмонов (солҳои 2007-2011), дотсент Сангин Гулов (солҳои 2011-2016), ва дотсент А.Сабуров (иҷрокунандаи вазифа, солҳои 2006-2007) роҳбарӣ кардаанд.

Дар ин муддат аъзои кафедра М.Муқимов рисолаи докторӣ, А. Қудбуддинов, С.Мирзоалӣ, Ҷ.Яқубов, ва 12 нафар унвонҷўёну аспирантон рисолаҳои номзадӣ ҳимоя карданд. Самти фаъолияти кафедра проблемаю масъалаҳои инъикоси сиёсат ва иқтисоди хориҷии Тоҷикистон дар ВАО, таърих, назария ва амалияи журналистикаи хориҷӣ мебошад.

Кафедра маҷмўаи мақолаҳои илмии устодонро таҳти унвони «Меваи истиқлол», «Журналистикаи байналхалқӣ» (дар 7 маҷмўа) ва «Замони муосир ва журналистика» нашр кард. Олимон ва муҳаққиқони кафедра бештар аз 40 китобҳои илмию таълимӣ интишор намудаанд.

Ҳайати имрўзаи кафедра:

    1. Дотсент Шоҳиён Маҳмуд Эргашевич- мудири кафедра;

2. Профессор Қудбиддинов Абдулмуъмин Ҳошимович

    2.Профессор Муқимов Муҳаммадӣ Аминович;

    3.Дотсент Яқубов Ҷамолиддин Нуриддинович;

    4.Дотсент Сўҳроби Мирзоалӣ;

    5.Ассистент Самадова Мавзуна;

    7.Ассистент Зоиров Бахтёр;

    8.Лаборант Комилова Зебунисо.

Самт: Журналистика ва иртиботи омма дар ҷомеаи иттилоотӣ

Проблема: қонуниятҳои инкишоф ва таҷрибаи таърихии журналистика

Мавзўъ: Омўзиш ва таҳқиқи назария, амалия ва таърихи воситаҳои ахбори байналмилалӣ  ҷанбаҳои мухталифи рушд ва махсусияти ВАО-и ҷаҳонӣ, таҳаввулоти жанрӣ дар онҳо, истифодаи техникаву технологияи нави табъу нашр, пахши барномаҳо, нақши тарғибот дар  барномасозӣ, сабки нигориш, мактабу равияҳои нави журналистикаи хориҷӣ таҳқиқ мегардад. Дар асоси маводи таҳқиқӣ рисолаҳо, монографияю мақолаҳо ва гузоришҳои илмӣ  омодаву чоп карда мешаванд. Ҳамчунин аз рўйи натоиҷи пажўҳиш дар конфронсҳои илмиву амалӣ маърўзаҳо хонда, дастурҳои илмиву методӣ барои мутахассисони соҳа тайёр карда мешаванд.

         Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷўён – «Паҳно» амал мекунад, ки ба он дотсент Яқубов Ҷамолиддин Нуриддинович роҳбарӣ мекунад. Профессор Муқимов М. маҳфили инфиродии «Анис» таъсис додаву роҳбарӣ мекунад. Ин маҳфил соли 2007 ташкил шуда, ҳар моҳ як маротиба баргузор мегардад.

КАФЕДРАИ УСЛУБШИНОСӢ ВА ТАҲРИРИ АДАБӢ

И.в. мудири кафедра- Сафаров Ҳукмиддин Орзуевич, номзади илмҳои филология

Кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ самараи даврони истиқлолияти мамлакат мебошад. Он соли 1994 бо номи асосҳои назарияи тарҷума ва услубшиносӣ таъсис ёфтааст. Зарурати таъсиси кафедра дар он буд, ки таълими фанҳои тахассусии ихтисоси навтаъсиси журналист-тарҷумон ба таври дуруст ба роҳ монда шаванд. Дар баробари фанҳои таълимии забони адабии муосири тоҷикӣ, услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ, хат ва имлои матни классикӣ, назария ва амалияи тарҷума, маҳорати суханварӣ тадриси забонҳои арабӣ, англисӣ, олмонӣ ва франсавӣ ҳам ба зиммаи кафедраи асосҳои назарияи тарҷума ва услубшиносӣ вогузор гардида буд, зеро он замон барои бунёди кафедраи забонҳои хориҷӣ заминаи зеҳнӣ вуҷуд надошт. Аз рўзи таъсиси кафедра сарварии онро олими варзида, забоншиноси нуктасанҷ, доктори илмҳои филалогия, профессор Б. Камолиддинов ба ўҳда доштанд ва то соли 2011 дар ин вазифа пурсамар фаълият намуданд. Аз соли 2011 то соли 2013 номзади илмҳои филология, дотсент Ш. Раҳимова сарвари кафедра буд. Аз соли 2013 то январи соли 2018 дотсент М. М. Мирзоева ва аз январи 2018 то ба имрӯз профессор Ҷӯраева М.Р. ба зимма дорад.

Дар ибтидо аз 13 нафар устоди кафедра танҳо ду нафар дараҷа ва унвони илмӣ доштанд: профессор Б. Камолиддинов ва дотсент У. Обидов. Пас аз як сол У. Обидов рисолаи  докторӣ дифоъ намуданд, вале самараи заҳматҳои илмиашонро дидан насиб накард. Бо мақсади дар сатҳу сифати хуб ба роҳ мондани таълим устодони варзида ба кор даъват шуданд. Мутахассисони хуби забонҳои англисию олмонӣ ва фаронсавию арабӣ Ҳ. Назирова, Н. Шозедов, Г. Яхшимуродова, М. Тоҳиров дар солҳои аввали таъсиси кафедра барои ба таври дуруст ба роҳ мондани забонҳои хориҷӣ дар кафедра ба кор ҷалб шуданд. Дар солҳои минбаъда сафи устодони кафедра бо як қатор ҷавонон, аз қабили М.М. Мирзоева, У. Сулаймонова, Б. Наврўзшоев, О. Маликов, Д. Раҳматов, Д. Маҳмудов, М.ҷ. Мирзоева, қ. Насимов, Ф. Турсунов, Қ. Мухторӣ, М. Ҷумъаев, Т. Талабов пурра гардид. Олимону мутахассисони варзида аз дигар кафедраҳои донишгоҳ, муассисаҳои дигари таҳсилоти олӣ ва илмии ҷумҳурӣ барои ҳамкорӣ даъват карда мешуданд. Аз ҷумла дар солҳои 1994 –  2000 профессорон Шокир Мухтор, Ҳ. Маҷидов, М. Файзов, дотсентон З.О. Муллоҷонова, Ф. А. Исаева, М. Ҷалилова, А. Неъматов, С. Собирҷонов, С. Ҳошимов, Ш. Бобомуродов бо кафедра ҳамкории самарабахш доштанд ва ба донишҷуён курсу семинарҳои махсус ва фанҳои интихобиро таълим медоданд. Соли 1996 дар факултети журналистика ва тарҷумонии ДДМТ (феълан факултети журналистикаи ДМТ) кафедраи филологияи романию олмонӣ таъсис дода шуд, ки таълими забонҳои хориҷӣ (ба ғайр аз забони арабӣ) ба зиммаи он вогузор гардид. Соли 1999 бо сабаби мавҷуд набудани заминаи зарурӣ ин кафедра барҳам дода шуд ва таълими забонҳои хориҷӣ ба зиммаи кафедраи асосҳои назарияи тарҷума ва услубшиносӣ гузошта шуд. Соли 2002 баъд аз таъсиси кафедраи забонҳои хориҷӣ кафедраи асосҳои назарияи тарҷума ва услубшиносӣ ба кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ табдили ном кард. Баъди табдили ном кардани кафедра барои тадқиқи масъалаҳои илмии мушаххас имконияти бештар фароҳам омад ва устодону унвонҷўёни кафедра ба масъалаи забони матбуот ва дигар васоити ахбори омма ҳамчун як ҷузъи муҳими забони адабии муосири тоҷикӣ таваҷҷуҳи бештар намуданд.

Ҳоло дар он даҳ нафар устодон фаъолият доранд. М.Р. Ҷӯраева, М. Ҷ. Мирзоева, М. М. Мирзоева, М. О. Ҷумъаев, С.М. Исматов, Ҳ.О. Сафаров, Б. Ғ.  Шодиев, Г. М. Эшниёзова,  Ш.Ҷ. Исмоилова ва М.Нуралиева ҳайати имрўзаи омўзгорони кафедраро ташкил медиҳанд.

Профессор Б. Камолиддинов барои хизматҳои шоистаашон дар тарбияи мутахассисони ҷавон бо унвонҳои «Корманди шоистаи Тоҷикистон», «Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамчунин бо нишони сарисинагии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» ва чандин ифтихорномаҳо сарфароз гардонда шудаанд.

Устодони дигари кафедра М.Ҷ. Мирзоева, М. М. Мирзоева, М. О. ҷумъаев, М. Р. Ҷўраева бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», ҳамчунин бо ифтихорномаҳои вазоратҳои маориф ва фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шудаанд.  

Таҳти роҳбарии профессор Б. Камолиддинов 20 нафар аспирантону унвонҷўёни кафедра рисолаи номзадӣ ва 3 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, ҳоло 6 нафари онҳо дар  кафедра фаъолият мекунанд.

Кафедра дар ташкили корҳои илмӣ ва роҳбарӣ ба рисолаҳои илмии унвонҷўёну аспирантон низ саҳми арзанда дорад. Дар давоми мавҷудияти кафедра панҷ нафар рисолаи докторӣ (Усмонҷон Обидов,  Матлуба Мирзоева, Моҳира Мирзоева, Мушаррафа Ҷӯраева, Меҳроб Ҷумъаев) ва 14 нафар олимони ҷавон рисолаи номзади дифоъ намуданд.

 Хушбахтона, кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ имрўз пурра бо устодони дараҷаи илмидошта таъмин мебошад ва барои таъмин намудани кафедраҳои дигари ДМТ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат саҳм мегузорад. Аз ҷумла Ф. Турсунов, Ф. Неъматзода, С. Қаландаров, З. Назарова, М. Ғозиев, Н. Саидов рисолаҳои номзадии худро дар кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ зери роҳбарии профессор Б. Камолиддинов омода ва дифоъ намудаанд, ки имрўз дар кафедраҳои дигари ДМТ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар бомуваффақият фаъолият карда истодаанд. Дигар аспирантҳо ва унвонҷўёни кафедра ба навиштани рисолаи номзадӣ дар риштаҳои мухталифи забони тоҷикӣ ва услубиёти он машғуланд. Ба фаъолияти илмии аспирантону унвонҷўёни кафедра профессорон М. Ҷ. Мирзоева, М. М. Мирзоева ва М. Ҷўраева роҳбарӣ мекунанд.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Б. Камолиддинов аз мактаби илмию таълимии забоншиноси маъруф, профессор Д.Т. Тоҷиев гузашта, омўзгор ва забоншиноси барҷаста буданд. Ҳамчун узви Шўрои дифои рисолаҳои номзадию доктории ДМТ доир ба илмҳои филологӣ (аз рўйи ихтисоси журналистика), узви комиссияи татбиқи қонуни забони назди ҳукумати Тоҷикистон дар тарбияи мутахассисони соҳаи забоншиносӣ ва тарғиби ҳусни сухани ноби тоҷикӣ саҳми арзанда гузоштаанд.Нахустин монографияи илмии профессор Б. Камолиддинов «Забон ва услуби ҳаким Карим» соли 1967 чоп шудааст. Асарҳои илмии эшон «Ҳаким Карим» (1966), «Муродифоти синтаксисӣ ва ҳусни баён» (1986), «Синтаксическая синонимия в современном таджикском литературном языке» (2012), «Чанд мушкили гузоштан ё нагузоштани вергул» (2015) ба масъалаҳои муҳими грамматикаи забони тоҷикӣ, услубшиносӣ ва ҳусни баён бахшида шудаанд. Профессор Б. Камолиддинов яке аз муаллифон ва муҳаррирони грамматикаи илмии забони адабии ҳозираи тоҷик (1985) буда, мавзўъҳои «Хелҳои сохтории ҷумлаҳои сода» ва «Нутқи айнан ва мазмунан нақлшуда» ба қалами эшон тааллуқ доранд. Эшон муаллифи даҳҳо мақолаи илмӣ мебошанд, ки ба масъалаҳои муҳими илми забон ва услубиёти он бахшида шудаанд.

Солҳои охир профессор Б. Камолиддинов ба таҳқиқи забони матбуот рў оварда, дар ин самт асарҳои “Сухан аз баҳри дигарон гўянд” (2001 ва бо таҳриру иловаҳои соли 2015) ва “Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот” (2007 ва бо таҳриру иловаҳо соли 2015)-ро эҷод карданд. Дар ин ду асар роҷеъ ба нуқсонҳои забони матбуот ва роҳҳои бартараф кардани онҳо сухан меравад. Ин асарҳои профессор Б. Камолиддинов китобҳои рўйимизии журналистон ба ҳисоб мераванд.

Дигар устодони кафедра бошанд, дар мактаби илмии профессор Б. Камолиддинов тарбияву камол ёфтаанд, ки идомадиҳандаи анъанаҳои неки ҳамон мактаби забоншиноси маъруф Д. Тоҷиев ба ҳисоб меравад. Имрўз устодони кафедра фаъолияти пурҷўшу хурўши илмӣ доранд. Дар зарфи чанд соли охир монографияҳои илмии М. Р. ҷўраева «Воситаҳои ифодаи эҳтиром ва фурўтанӣ дар забони тоҷикии асри XVI» (2004), қ. Мухторӣ «Хусусиятҳои луғавию услубии ашъори Рўдакӣ» (2006), М. М. Мирзоева «Воҳидҳои фразеологии асарҳои С.  Айнӣ ва усулҳои тарҷумаи онҳо ба забони русӣ» (2008), М. О. ҷумъаев «Хусусиятҳои лексикию семантикии «Нафаҳот-ул-унс»-и Абдураҳмони ҷомӣ» (2009), С.Ф. Низомова «Калимасозии сарфӣ дар «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ» (2010), М. Ҷ. Мирзоева «Муродифоти грамматикии муносибатҳои ҳолии замон, шарт ва хилоф дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ» (2012), «Муродифоти грамматикии муносибатҳои сабабу мақсад дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ» (2013) нашр гардиданд.

Бо ташаббуси кафедра ҳар сол конференсияи илмию назариявии умумиҷумҳуриявии «Устод Айнӣ ва асолати забони тоҷикӣ»доир мегардад. Дар он олимони ҷумҳурӣ, устодон, аспирантону унвонҷўён ва донишҷўёни факултет ширкат намуда, роҷеъ ба муҳимтарин паҳлуҳои фаъолияти илмию, адабӣ ва публитсистии асосгузори адабиёти муосири тоҷик маърўза менамоянд. Дар асоси маводе, ки дар конференсияи мазкур пешниҳод гардидааст, кафедра бо унвони «Садриддин Айнӣ ва асолати забони тоҷикӣ» ҳашт маҷмўаи мақолаҳои илмиро ба табъ расонидааст.

Устодони кафедра бо васоити ахбори омма ҳамкории зич доранд. Вобаста ба проблемаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа дар матбуот мақолаҳо менависанд, дар барномаҳои маърифатӣ ва тарбиявию ахлоқии шабакаҳои гуногуни радиою телевизиони ҷумҳурӣ муттасил ширкат намуда, дар мавзўъҳои ҳусни баён, татбиқи қонуни забон ва ғайра суханронӣ мекунанд. Аз ҷумла, профессор Б. Камолиддинов дар Муассисаи давлатии телевизиони кўдакону наврасон «Баҳористон»  бо номи «ҳусни баён»  барномаи махсус доранд, ки дар он муҳимтарин масъалаҳои ҳусни сухани забони тоҷикӣ мавриди ҳаллу фасл қарор мегиранд. Муаллимону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ва устодону донишҷўёни мактабҳои олӣ ин барномаро бо шавқу ҳаваси зиёд тамошо мекунанд.

Ҳамкории устодони кафедра бо Комитети забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар сатҳи хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Онҳо дар ҳамкорӣ бо ин ниҳоди ҳукуматӣ  дар татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва риоя намудани меъёрҳои забони адабӣ саҳм мегузоранд. Аз ҷумла, профессор Б. Камолиддинов узви чандин гурўҳи Комитети забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Дотсент М. О. Ҷумъаев дар гурўҳи кории назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассисаҳои таълимӣ фаъолият менамояд. Устодони кафедра ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо Пажўҳишгоҳи илмҳои педагогӣ ва Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навиштани китобҳои дарсӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат саҳм мегузоранд, дар таҳрири китобҳои дарсии мактабӣ иштирок намуда, барои беҳтар гардидани забони китобҳоидарсӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд.

Ҳамзамон дар тарҷума ва таҳрири ҳуҷҷатҳои расмӣ, китобҳои дарсӣ барои факултетҳои тиббию фарматсевтӣ, асарҳои илмию публитсистӣ, дар семинарҳои назарию амалии асотсиятсия доир ба тарҷума ва таҳрири адабӣ фаъолона иштирок мекунанд. Ҳамчунин устодони кафедра дар ҳамоишҳои илмию фарҳангии байналхалқӣ, дар конфронс ва чорабиниҳои фарҳангии Институти забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакӣ, Академияи таҳсилот ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат фаъолона ширкат меварзанд.

Дар назди кафедра маҳфили илмию адабии донишҷўён бо номи «Меҳри сухан» амал мекунад. Дар ҷамъомадҳои маҳфил бо устодони ботаҷриба, собиқадорони матбуоту нашриёт, радиову телевизион, тарҷумонҳо, адибону олимон вохўриҳо ташкил карда шуда, дар бобати паҳлўҳои мухталифи касбии журналистӣ, эҷод ва тарҷумаи асарҳои бадеиву  публисистӣ, забон ва услуби нигориши муаллифони ҷудогона, ҷараёни таҳрири асарҳои бадеӣ, публитсистӣва тарҷумавӣ суҳбат ва баҳсҳои илмӣ доир мегардад.

Профессор Б. Камолиддинов муаллифи чандин китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ мебошанд. Дастурҳои таълимии «Услубшиносӣ» (1973), «Услубшиносӣ» (1978, бо хати арабиасоси форсию тоҷикӣ дар Кобул ба табъ расидааст), «Маҷмўаи машқҳо аз синтаксиси забони тоҷикӣ» (қисми 1, 1976, қисми 2, 1978, бо ҳаммуаллифии профессор М.Н.Қосимова), «Ҳусни баён» (1986), «Хусусиятҳои услубии сарф ва наҳви забони тоҷикӣ» (1993), «Тарҷума ва балоғати сухан» (қ. 1. – 2004, қ. 2 –2005, воситаи ёрирасони таълимӣ барои  донишҷўён, бо ҳамкории профессор М.Б. Нағзибекова), «Меъёри забони адабӣ ва забони матбуот» (2007, дастури таълимӣ барои журналистони ҷавон), «Сухан гуфтию дурр суфти ё рў ба рў бо микрофон» (2007, дастури таълимӣ барои журналистони радио ва телевизион) аз ин қабил мебошанд. ҳамчунин профессор Б. Камолиддинов яке аз муаллифони  китоби дарсии «Услубшиносӣ» (1995, барои хонандагони синфҳои 10-11) мебошанд. Эшон соли 2006 бо супориши Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон дар тартиб додани барномаи нави таълими забони тоҷикӣ ва услубшиносӣ барои хонандагони таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ширкат намуда,  барои хонандагони синфи 11 китобҳои дарсии «Забони тоҷикӣ»-ро таълиф намуданд, ки он то имрўз чанд маротиба чоп шудааст. Ҳамчунин аз тарафи эшон китоби дарсии «Наҳви забони тоҷикӣ» барои устодону донишҷўёни факултетҳои филология ва журналистикаи мактабҳои олӣ навишта шудааст, ки он соли 2010 ба табъ расидааст. Дотсент Мирзоева М. М. бо ҳамкории профессор Нағзибекова М. Б. «Луғати мухтасари истилоҳоти тарҷумонӣ» (2003) ва «Луғати тафсирии истилоҳоти тарҷумонӣ»-ро (2006) барои журналистон ва тарҷумонҳои ҷавон чун воситаи ёрирасони таълим таҳия намуда ба табъ расонидааст.

Устодони кафедра дар баробари таълиму тарбия ба таҳқиқи паҳлуҳои мухталифи забон ва услуби асарҳои адибони ҷудогона, ҳамчунин ба таҳқиқи забон ва услуби матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма машғуланд. Натиҷаҳои тадқиқоти илмии эшон дар шакли даҳҳо мақолаву гузориш, дастуру воситаҳои таълимӣ ба табъ расидааст.

Аз тарафи муаллимони кафедра барномаҳои таълимии забони ҳозираи тоҷик, услубшиносии амалӣ ва таҳрири адабӣ, маҳорати суханварӣ, назария ва амалияи тарҷума, муқаддимаи ихтисос таҳия ва чоп шудааст. Устодони кафедра дар таҳияву омода намудани нақшаҳои таълимӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилоти олии ихтисосҳои журналистӣ иштирок менамоянд.

Айни замон кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ тибқи тахассуси нашриёт ва таҳрири адабӣ мутахассисонро ба воя мерасонад. Фанҳои асосии таълимии кафедра забони ҳозираи тоҷик, услубшиносии амалӣ, таҳрири адабӣ, назария ва амалияи тарҷума, маҳорати суханварӣ, дарсҳои назарию амалии ихтисос мебошанд. Коромўзии донишҷўён дар нашриётҳо ва расонаҳои хабарии давлатӣ сурат мегирад. Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик дар назди кафедра аз рўйи тахассуси нашриёт ва таҳрири адабӣ магистратура ташкил карда шавад. Бо ин мақсад нақшаи таълимии магистратура омода карда шудааст. Устодони кафедра ба талаботи нави таҳсилоти муосири касбӣ омода буда, мувофиқи он барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ омода менамоянд. Тамоми нерўи кафедра ба он равона карда шудааст, ки дар ҷумҳурӣ мувофиқи талаботи замон мутахассисони соҳаи журналистика омода карда шаванд.

КАФЕДРАИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

Мудири кафедра- Қаландаров Сарабек Давлатёрович, номзади илмҳои филология

Кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистика соли 1995 дар заминаи факултети журналистика ва тарҷумонӣ таъсис дода шуд, ки ҳайати кормандони онро М. Ҷалилова (мудири кафедра), Х. Назарова, Б. Наврўзшоев, Д. Маҳмудов, ташкил мекарданд.

Кафедраи мазкур соли 1996 тағйири ном карда, ба худ номи кафедраи забонҳои романию олмониро гирифт, ки дотсент Мавҷуда Бобоева (солҳои 1996-1999) мудири кафедраро ба уҳда дошт. Соли 1999 кафедра бо кафедраи назарияи тарҷума ва услубшиносӣ муттаҳид карда шуд.

Соли 2002 кафедраи зикршуда бо номи кафедраи забонҳои хориҷӣ дубора барқорор гардид, ки дар вазифаи мудири кафедра дотсент қ. Пиров (солҳои 2002-2008) таъин гардида буд. Солҳои 2008-2011 вазифаи мудири кафедраро дотсент С.Қаландаров давом дода, аз соли 2011 то 2014 масъулияти вазифаи мудири кафедраи мазкур ба зимаи н.и.ф. Б. Наврўзшоев вогузор гардида буд. Аз соли 2014 то имрўз вазифаи мудири кафедраро дотсент Қаландаров С. ба уҳда доранд. Дар солҳои гуногун олимону мутахассисони варзидаи соҳаи забонҳои хориҷӣ ба монанди М.Ҷалилова, П.Ҷамшед, Ш.Мухторов, М.Тоҳиров, М.Бобоева, А.Маҳмадназаров, Н.Шозедов,  С.Яхшимуродова, Ф.Исаева, О.Маликов, Д.Раҳматов, А.Расулов, Ш.Андарқулова, С.Амирхонов, С.Бекова, Т.ҳасанова, С. Ҳайдарова, М.Ғозиев, Ёсир Муҳаммад Мансур (аз Судон), А.Давлатов, М.Нозимова, Ҷ.Гурезов ва дигарон чун аъзо ва ҳамкори кафедра ба донишҷўён аз фанҳои забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва арабӣ дарс мегуфтанд.

Дар айни замон ҳайати устодони кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистикаи ДМТ-ро 9 нафар ташкил медиҳад, ки инҳо дотсентон С. Каландаров, С. Ҳайдарова, Ф. Ғоибова муаллимони калон  Л.Назарова, Г.Қулматова, И.Қурбонов ва Мухтори М. мебошанд.

Мақсад ва вазифаи асосии кормандони кафедра, ин омода ва тайёр намудани мутахассисони сатҳи баланди касбӣ дар соҳаи васоити ахбори омма, ҳамчун рўзноманигор ва донандаи забонҳои хориҷии мувофиқ ба сатҳи байналмилалӣ, инчунин ҷавобгўйи талаботҳои муносибатҳои бозорӣ мебошад.

Дар кафедраи забонҳои хориҷӣ корҳои илмию тадқиқотӣ дар самти «Омўзиши хусусиятҳои услубию маъноии воҳидҳои забони матбуот, таҳаввулоти маъноӣ ва луғавии калима ва ибораҳои серистеъмоли ВАО ва усулҳои тарҷумаи онҳо ба забонҳои хориҷӣ (англисӣ, арабӣ, франсавӣ)», масоили «Муайян намудани дараҷа ва меъёри инкишофу тағйирот ва хусусиятҳои услубию маъноии таркибу ибораҳои феълии забони матбуоти тоҷик дар давраи истиқлол ва усулҳои тарҷумаи онҳоро ба забони хориҷӣ (англисӣ, арабӣ, франсавӣ)»  мавзўи «Омўзиши муқоисавии хусусиятҳои забонии воситаҳои ахбори омма дар забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, франсавӣ ва арабӣ» (роҳбари илмӣ д. и. филол., профессор Б.Камолиддинов пеш бурда мешаванд. Ин таҳқиқотҳо имкон доданд, ки омўзиши сохтори забонӣ дар муқоиса, ифодакунандаи маъноҳои замонӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ (англисӣ, арабӣ, франсавӣ) муайян карда шаванд.

Дар солҳои охир устодони кафедра С.Қаландаров дар мавзўи «Калимаҳои иқтибосии арабӣ дар «Наводирулвақоеъ» – Аҳмади Дониш» (2009), Т.ҳасанова дар мавзўи «Воситаҳои ахбори чопӣ дар бораи ҷараёни истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон» (2010), М.Ғозиев дар мавзўи «Корбасти вожаҳои иқтибосии арабӣ дар матбуоти тоҷикӣ» (2011) ва Б.Наврўзшоев дар мавзўи «Ибораҳои фразеологии феълӣ дар забони расонаҳои хабарии тоҷикӣ ва роҳҳои тарҷумаи онҳо ба забони англисӣ» (2011) рисолаҳои номзадӣ ҳимоя карданд.

Дар назди кафедра маҳфили илмӣ-эҷодии «Debate» низ амал мекунад, ки фаъолияти худро дар шакли вохўриҳо, ҷаласаҳои илмӣ ва баҳсҳои эҷодӣ ба роҳ мемонад. Доир ба мақсади баланд бардоштани малака ва маҳорати суханварӣ бо забонҳои хориҷӣ (англисӣ, франсавӣ ва арабӣ), васеъ гардонидани доираи илмӣ ва ҷаҳонбинии донишҷўён дар кафедраи забонҳои хориҷӣ маҳфили донишҷўён бо номи «Debate» фаъолият мекунад. Роҳбарии ин маҳфилро муаллимаи калон Л.Назарова ба уҳда дорад. Шумораи аъзоёни маҳфил аз 18 нафариборат аст. Маводи матраҳшавандаи маҳфил масъалаҳои марбут ба аҳамияти забономўзӣ, пайвастагии забон бо ихтисос дар бар мегирад. Барномаи маҳфили мазкур дар ҷаласаи аввали кафедра моҳи сентябр тасдиқ шуда, ҷаласаҳои он аз рўйи барномаи мазкур гузаронида мешаванд.