• Шоҳиён Маҳмуд Эргаш

    Шоҳиён  Маҳмуд  Эргаш

    Вазифа: дотсент, мудири кафедра

    Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои филологӣ, дотсент

    Самти ихтисос: кафедраи журналистикаи байналхалқӣ

    Маълумот барои тамос:

    Нишонӣ: ш. Душанбе, кӯчаи Испечак-2, М-30, бинои 9, ҳуҷраи 5

    Телефон: 907 58 58 50

    mahmudkhon@mail.ru

    Маълумоти мухтасар:

    28 июли соли 1968 дар ҷамоати деҳоти Қалъаи сурхи ноҳияи Рашт ба дунё омадааст.

    Соли 1985 мактаби миёнаи №49-и шаҳри Душанберо бо муваффақият хатм намудааст.

    Шуъбаи журналистикаи факултети филологияи Университети давлатии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси «Журналист» (1992 с.) бо дипломи аъло хатм намудааст.

    Соли 2003 рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филология дифоъ намудааст.

    Муҳаққиқ-коромӯзи кафедраи назария ва таърихи журналистикаи тоҷик (ҳоло телевизион ва радиошунавонӣ) – 1992. Аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи назария ва таърихи журналистикаи тоҷик (ҳоло телевизион ва радиошунавонӣ)-и факултети журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1993-1996). Ассистенти кафедраи журналистикаи радио ва телевизион (ҳоло телевизион ва радиошунавонӣ)-и факултети журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (1996-2001). Муовини декан оид ба шуъбаи ғоибона (2001-2005) ва ҳамзамон, муаллими калони кафедраи журналистикаи телевизион ва радио (ҳоло телевизион ва радиошунавонӣ)-и факултети журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (2001-2003). Дотсенти кафедраи журналистикаи телевизион ва радио (ҳоло телевизион ва радиошунавонӣ)-и факултети журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. Солҳои 2006-2012 – сардори раёсат, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2012-2014 – сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби матбуотӣ. Солҳои 2014-2018 – муовини сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маоориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2018-2020 – муовини ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода оид ба таълим (ҳоло Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода). Аз моҳи январ то моҳи июни соли 2020 – ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт. Солҳои 2020-2022 – дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Аз моҳи майи 2022 инҷониб иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи ДМТ.

    Ҳаммуаллифи 3 китоби дарсӣ ва васоити таълимӣ, инчунин зиёда аз 30 мақолаи илмӣ.

    Мукофоту ҷоизаҳо:

    Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, 06.03.2009)

    Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, 07.03.2012) Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, 20.03.2018)

  • Ҷӯраева Мушаррафа Рустамовна

    Ҷӯраева Мушаррафа Рустамовна
    Вазифа: Профессор, мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ
    Дараҷа ва унвони илмӣ: доктори илмҳои филология, профессор
    Самти ихтисос: кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ
    Маълумот барои тамос:
    Нишонӣ: ш. Душанбе, к. Пушкин, 107
    Телефон: +992 93 880 93 01
    E-mail: light_angel-65@mail.ru

    Маълумоти мухтасар:
    29 августи соли 1965 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

    Соли 1982 мактаби миёнаи №15-и шаҳри Душанберо аъло хатм намудааст.
    Соли 1987 факултети филологияи УДТ ба номи В.И. Ленинро аз рӯйи ихтисоси «Филолог. Муаллими забон ва адабиёти тоҷик» хатм намудааст.

    Соли 1998 рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филология дифоъ намудааст.

    Соли 2017 рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филология дифоъ кардааст.

    1987-1993 – муаллимаи забон ва адабиёти тоҷики мактабҳои миёнаи №№ 15 ва 55 ш.Душанбе
    1993-1994 – ассистенти кафедраи умумидонишгоҳии забону адабиёт ва омӯзиши алифбои ниёгони ДМТ
    1994-1996 – аспиранти шӯъбаи рӯзонаи ДМТ
    1996-2000 – ассистент, дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ
    2000-2003 – ёвари калони сардори раёсати равобити байналмилалии Вазорати мудофиаи ҶТ
    2003-2007 – дотсенти кафедраи забонҳои Донишкадаи иќтисоди ҶТ
    2007- 2013 – дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ
    2013-2015 – докторанти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ
    Аз 2015 инҷониб дотсент, профессор, мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ

    Узви шурои диссертатсионии Д 737. 004. 03 ва 6D.КОА-021 оид ба дифои дараҷаҳои илмии номзад ва доктори илм дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси 10.01.10 – Журналистика ва 10.02.01 – Забони тоҷикӣ

    Фанҳои таълимӣ:
    • забони адабии муосири тоҷикӣ;
    • услубшиносии ВАО;
    • одоби муошират дар ВАО;
    • медиалингвистика;
    • медиариторика.

    Мавзуъҳои илмии мавриди таваҷҷуҳ:
    • забони ВАО;
    • одоби муошират дар ВАО;
    • риторика (маҳорати суханварӣ).

    Интишорот:
    Муаллифи 5 монография ва дастурҳои таълимӣ ва зиёда аз 50 маќолаи илмӣ.
    Мукофоту ҷоизаҳо:
    Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, 2015)
    Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, 2016)
    Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, 2018)

  • Мирзоева Моҳира Мадиброҳимовна

    Мирзоева Моҳира Мадиброҳимовна

    Вазифа: профессори кафедра

    Дараҷа ва унвони илмӣ: доктори илмҳои филология, профессор

    Самти ихтисос: кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ

    Маълумот барои тамос:

    Нишонӣ: ш. Душанбе, к. Алишери Навоӣ, 75, ҳ. 28

    Телефон: 937113028

    E-mail: mirzoeva.mohira.11@mail.ru

     Маълумоти мухтасар:

    11 июли соли 1973 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба дунё омадааст.

    Соли 1990 мактаби миёнаи №88-и шаҳри Душанберо бо муваффаќият хатм намудааст.

    Факултети  филологияи  УДТ ба номи В.И. Ленинро аз рўйи ихтисоси «Филолог. Муаллими забон ва адабиёти тоҷик» (1995 г.) бо дипломи аъло хатм намудааст.

    Соли 2002 рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филология дифоъ намудааст.

    Соли 2018 рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филология дифоъ кардааст.

    Ассистенти кафедраи назарияи тарҷума ва услубшиносӣ (ҳоло услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ) – 1995. Раиси Шурои занони факултети журналистика (2006-2008). Докторанти кафедраи  услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ (2010-2011). Муовини декан оид ба илм (2011). Солҳои 2013-2018 – мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ. Аз 2020 инҷониб профессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ.

    Муаллифи 7 монография ва васоити таълимӣ, инчунин зиёда аз 50 мақолаи илмӣ.

     Мукофоту ҷоизаҳо:

    Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, 06.03.2009)

    Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, 07.03.2012)

    Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, 20.03.2018)

  • Мирзоева Матлуба Ҷаҳонгировна

    Мирзоева Матлюба Ҷаҳонгировна

    Вазифа: профессори кафедра

    Дараҷа ва унвони илмӣ: доктори илмҳои филология, профессор

    Самти ихтисос: кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ

    Маълумот барои тамос:

    Нишонӣ: ш. Душанбе, к. Н.Қарабоев 150/2

    Телефон: 935406406

    E-mail: mirzoeva54@mail.ru

     Маълумоти мухтасар:

    12 уми сентябри соли 1954 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Аз соли 1961 то соли 1971 дар мактаби миёнаи №53 ва аз соли 1971 то соли 1976 дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) таҳсили илм намудааст. Солҳои 1977 – 1985 дар мактабҳои миёнаи №№ 64 ва 194 ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) ба ҳайси муаллими забон ва адабиёти тоҷик кор кардааст. Аз соли 1985 то 1992 дар Институти такмили ихтисоси муаллимон ҳамчун методист ва аз соли 1992 то 1996 дар Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ ба сифати ходими илмӣ ифои вазифа намудааст. Аз соли 1996 то ҳоло дар ДМТ дар кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистика кор мекунад. Аз соли 2015 дар кафедраи мазкур ба вазифаи профессори кафедра фаъолият менамояд. Муаллифи зиёда аз 60 мақолаи илмӣ, 3 монография, ҳаммуаллифи китоби дарсии «Забони давлатӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, туркманӣ мебошад. Аъзои Шурои диссертатсионии илмҳои педагогӣ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Бо нишони “Аълочии илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” мукофотонида шудааст.

  • Ҷумъаев Меҳроб Одинаевич

    Ҷумъаев Меҳроб Одинаевич
    Вазифа: дотсенти кафедра
    Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои филология, дотсент
    Самти ихтисос: кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ
    Маълумот барои тамос:
    Нишонӣ: ш. Душанбе, хиёбони Рўдакӣ, 17
    Телефон: 93 589 64 08
    E-mail: mehriob@mail.ru
    Ҷумъаев Меҳроб Одинаевич 25 декабри соли 1973 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнии вилояти Ленинобод (феълан Суғд)-и ҶШС Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 1981 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и ба номи Мирзо Абдулқодири Бедили ноҳияи Айнӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, соли 1991 онро хатм намудааст. Соли 1993 ба шуъбаи тарҷумонии факултети журналистика ва тарҷумонӣ (феълан факултети журналистика)-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (феълан Донишгоҳи милли Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1998 онро бо ихтисоси журналист-тарҷумон бо дипломи аъло хатм кардааст. Солҳои 1998-2007 ассистент, солҳои 2007-2010 муаллими калон ва аз соли 2010 то имрўз дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналиятикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Солҳои 1999-2004 дар шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намуда, соли 2007 дар мавзуи «Хусусиятҳои лексикию семантикии «Нафаҳот-ул-унс»-и Абдураҳмони Ҷомӣ» аз рўйи ихтисоси 10.02.22 – Забонҳои халқҳои кишварҳои хориҷии Аврупо, Осиё, Африқо, бумиёни Амрико ва Австралия (забони тоҷикӣ) диссертатсияи номзадӣ ҳимоя намудааст. Аз соли 2017 то соли 2020 докторанти кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, диссертатсияи докторӣ омода намудааст. Ҳамасола дар конференсияву семинарҳои илмӣ иштирок менамояд. Дар солҳои фаъолияти корӣ 5 монография, 160 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ, 2 дастури таълимию методӣ ба чоп расондааст. 26 январи соли 2023 дар мавзуи «Хусусиятҳои лексикию семантикӣ ва калимасозии иқтибосоти арабӣ дар асарҳои насрии Абдураҳмони Ҷомӣ» (дар заминаи «Нафаҳт-ул-унс» ва «Баҳористон») аз рўйи ихтисоси 10.02.01 − Забони тоҷикӣ рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст.

  • Сафаров Ҳукмиддин Орзуевич

    Сафаров Ҳукмиддин Орзуевич
    Вазифа: дотсенти кафедра
    Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои филология, дотсент
    Самти ихтисос: кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ
    Маълумот барои тамос:
    Нишонӣ: ш. Душанбе, к. Н. Қарабоев 89/4, х. 42
    Телефон: 907 51 21 21
    E-mail: hukmiddins@gmail.com

    Маълумоти мухтасар:
    17 январи соли 1978 дар ноҳияи А.Ҷомӣ вилояти Хатлон ба дунё омадааст.
    Соли 1995 мактаби миёнаи №57-и ноҳияи мазкурро бо муваффақият хатм намудааст.
    Факултети филологияи ДДМТ -ро аз рўйи ихтисоси «Филолог. Муаллими забон ва адабиёти тоҷик» (2000 с.) хатм намудааст.
    Соли 2002 магистратураи ДДМТ-ро хатм кардааст.
    Соли 2015 рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филология дифоъ кардааст.
    Методисти шуъбаи тарбияи Донишгощи миллии Тоҷикистон (2004-2008).
    Ассистенти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ (200-2009). Аспиранти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ (2009-2012).
    Аз 2017 инҷониб дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ.

    Аз октябри соли 2017 то ҳол муҳаррир ва масъули сомонаи факултет бо номи journalism.tnu.tj
    Муаллифи 2 монография ва зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ.

  • Яқубов Ҷамолиддин Нуриддинович

     

     

     

     

     

     

    Яқубов Ҷамолиддин Нуридинович

    Вазифа: дотсенти  кафедра

    Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои филология

    Самти ихтисос: кафедраи журналистикаи байналхалқӣ

    Маълумот барои тамос:

    Нишонӣ: ш. Душанбе, н. Ҳисор, ҷ.д. Деҳқонобод, д. Муъминобод

    Телефон: 93-467-33-77

    ajammerh@mail.ru

    Маълумоти мухтасар:

    23 cентябри соли 1967 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст.

    Солҳои 1974-1984 – таҳсил дар мактаби миёнаи № 70 ш.Ҳисор

    Солҳои 1984-1991  таҳсил дар факултети филологияи Университети давлатии Тоҷикистон.

    Солҳои 1985-1987 – Хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС.

    Факултети филологияи Университети давлатии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси «Филолог» (1991 с.) хатм намудааст.

    Соли 2009 рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филология бо унвонии «Журналистика ва экология, муаммо ва дурнамо (дар мисоли маводҳои ВАО»-и (Ҷумҳурии Тоҷикистон) дифоъ намудааст.

    Муҳарири хурди сарредаксияи мусиқии Радиои  Тоҷикистон (1991– 1992). Муҳарири  студияи «Фуруғи ориёно»-и Радиои Тоҷикистон (1992-1994). Сармаъмури СХК «Тоҷикистон»-и  телевизиони Сомониён (1994-1997). Аспиранти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (1998-2001).

    Директори рекламавии нашрияҳои «Восточный экспресс» ва «Ҳамроз» (2001-2002). Ассистенти кафедраи журналистикаи телевизион ва радио (ҳоло телевизион ва радиошунавонӣ)-и факултети журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (2003-2004).

    Солҳои 2004-2012 – муаллими калони кафедраи журналистикаи байналхалқии  факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. Солҳои 2007-2012 – Раиси иттифоқи касабаи устодон ва кормандони факултети журналистикаи ДМТ. Аз соли 2012 то имрӯз Дотсенти кафедраи журналистикаи байналхалқӣ ДМТ.

    Муаллифи 1 монография,1 дастури таълимӣ, ҳаммуаллифи 1 китоби дарсӣ ва 1 дастури таълимию методӣ, зиёда аз 30 мақолаи илмӣ, инчунин беш аз 100 мақолаҳои оммавӣ.

     Мукофоту ҷоизаҳо:

    Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, 11.03.2006)

    Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, 07.03.2012)

  • Қутбиддинов Абдулмуъмин Ҳошимович

    Қутбиддинов Абдулмумин Ҳошимович

    Унвон: доктори илмҳои филология, профессор

    Вазифа: декани факултети журналистика

    Маълумот барои тамос:

    Тел.: +992 93 532 60 22

    E-mail: adab-75@mail.ru

    Қутбиддинов Абдулмумин Ҳошимович (Бахтиёри Қутбиддин) 26 марти соли 1975 дар ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Солҳои 1982 — 1992 дар мактаби миёнаи №46 таҳсил намуда, соли 1992 донишҷӯи факултети журналистика ва тарҷумонии ДДМТ мегардад ва   соли 1997 онро хатм намуда, тибқи роҳхати донишгоҳ солҳои 1997-1999 ба ҳайси мухбири рӯзномаи “Набзи Файзобод” кор кардааст. Солҳои 1999-2004 ба сифати ассистенти кафедраи матбуоти ДДМТ ва соли 2005 фаъолияти худро ҳамчун ассистент дар кафедраи журналистикаи байналхалқӣ давом медиҳад. Соли 2009 ба вазифаи  дотсенти кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ интихоб мегардад. Солҳои 2015-2016 дар вазифаи ҷонишини декан оид ба таълим кор мекунад. Соли 2016 тариқи озмун мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ интихоб мешавад.  Соли 2019 соҳиби шаҳодатномаи дотсентии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Аз моҳи апрели соли 2021 дар вазифаи декани факултети журналистикаи ДМТ кор мекунад. Соли 2004 рисолаи номзадияшро дар мавзӯи “Публитсистикаи Мирсаид Миршакар” зери роҳбарии профессор Асадулло Саъдуллоев ҳимоя намудааст.

    Диссертатсияи докториашро таҳти унвони  “Хусусиятҳои мундариҷавию жанрии публитсистикаи бадеии матбуоти маҳаллии Тоҷикистон (дар мисоли нашрияҳои «Шаҳриёр» ва «Набзи Файзобод»)24 июни соли 2021 дифоъ кардааст.

    Муаллифи 11 асари илмӣ, зиёда аз 80 мақолаи илмӣ ва 700 мақолаҳои оммавӣ мебошад.

    Мукофоту ҷоизаҳо:

    1. Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон  6 марти соли 2009
    2. Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 марти соли 2012
    3. Барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2017 (дар бахши таҳқиқи илмӣ)
    4. Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон     20 марти соли 2018
    5. Медали “100-солагии матбуоти тоҷик” 20 апрели соли 2018

    Қутбиддинов Абдулмумин Ҳошимович (Бахтиёри Қутбиддин) 26 марти соли 1975 дар ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Солҳои 1982 — 1992 дар мактаби миёнаи №46 таҳсил намуда, соли 1992 донишҷӯи факултети журналистика ва тарҷумонии ДДМТ мегардад ва соли 1997 онро хатм намуда, тибқи роҳхати донишгоҳ солҳои 1997-1999 ба ҳайси мухбири рӯзномаи “Набзи Файзобод” кор кардааст. Солҳои 1999-2004 ба сифати ассистенти кафедраи матбуоти ДДМТ ва соли 2005 фаъолияти худро ҳамчун ассистент дар кафедраи журналистикаи байналхалқӣ давом медиҳад. Соли 2009 ба вазифаи дотсенти кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ интихоб мегардад. Солҳои 2015-2016 дар вазифаи ҷонишини декан оид ба таълим кор мекунад. Соли 2016 тариқи озмун мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ интихоб мешавад. Соли 2019 соҳиби шаҳодатномаи дотсентии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Аз моҳи апрели соли 2021 дар вазифаи декани факултети журналистикаи ДМТ кор мекунад. Соли 2004 рисолаи номзадияшро дар мавзӯи “Публитсистикаи Мирсаид Миршакар” зери роҳбарии профессор Асадулло Саъдуллоев ҳимоя намудааст.

    Диссертатсияи докториашро таҳти унвони “Хусусиятҳои мундариҷавию жанрии публитсистикаи бадеии матбуоти маҳаллии Тоҷикистон (дар мисоли нашрияҳои «Шаҳриёр» ва «Набзи Файзобод»)24 июни соли 2021 дифоъ кардааст.

    Муаллифи 11 асари илмӣ, зиёда аз 80 мақолаи илмӣ ва 700 мақолаҳои оммавӣ мебошад.

    Мукофоту ҷоизаҳо:

    1. Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 марти соли 2009
    2. Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 марти соли 2012
    3. Барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2017 (дар бахши таҳқиқи илмӣ)
    4. Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2018
    5. Медали “100-солагии матбуоти тоҷик” 20 апрели соли 2018

     

  • Каримова Таҳмина Хуҷаназаровна

    Каримова Таҳмина Хуҷаназаровна
    Вазъи оилавӣ: оиладор соҳиби 3 фарзанд.
    Вазифаи ишғолнамуда: мутасадии китобхона (лаборанти калон)
    Собиқаи корӣ: шуруъ аз соли 2006 то инҷониб
    Дараҷа, унвони илмӣ: нест
    Ихтисос: журналист
    Забонҳо: тоҷикӣ-форсӣ, русӣ, арабӣ ва англисӣ (бо луғат)
    Иттилоъ барои тамос:
    Суроға: ш. Душанбе, н. Сино, к. Буни Ҳисорак, х. 63
    Телефон: + 992 987775924
    E-mail: Tahminnazar@gmail.com
    Иттилои мухтасар:
    Соли таваллуд 2-юми январи 1990 ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Соли 2008 мактаби миёнаи №1-уми ш. Душанберо хатм кардааст.
    Соли 2013 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси журналисти умумӣ бо дипломи аъло хатм намудааст.
    Соли 2022 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гардидааст.
    Ҷустуҷӯҳои илмӣ:
    Унвонҷўйи кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ.
    Мавзуъ: Масъалаҳои худшиносии миллӣ дар публитсистикаи Муҳаммадҷон Шакурӣ
    Мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмӣ:
    1. «Назаре ба масъалаҳои худшиносии миллӣ дар публитсистикаи Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ» дар маҷаллаи «Илм ва фанноварӣ» (№ 3) соли 2014, саҳ294;
    2. «Худшиносии миллӣ дар шинохти Муҳаммадҷон Шакурӣ» маҷаллаи илмии Паёми донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахши илмҳои филологӣ (№4/1 (159) соли 2015, саҳ 260;
    3. «Ахлоқ дар «Мактаби одамият»-и М. Шакурӣ» маҷаллаи илмии Паёми донишгоҳи миллии Тоҷикистон (№2) соли 2020, саҳ 287.
    4. «Пайванди илму публитсистика дар таълифоти Муҳаммадҷон Шакурӣ» маҷаллаи илмии Паёми донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахши илмҳои филологӣ 2022, №8 саҳ.278.
    5. «Одоби суол ва суолгузорӣ дар мусоҳибаҳои матбуоти муосир» ДМТ – маркази тайёр кардани мутахассисони соҳибунвон 2013, саҳ. 235.
    Мақолаҳои оммавӣ дар матбуоти гуногуни даврӣ: зиёда аз 60 номгўйро дарбар мегирад.

  • Мирзоев Нурулло Сатторович

    Мирзоев Нурулло Сатторович

    Аз моҳи ноябри соли 2011-2020 дар вазифаи наворбардор кор кардааст.
    Аз соли 2021 дар вазифаи мудири студияи таълимии телевизион дар факултети журналистикаи ДМТ кор мекунад

    Соли таваллуд 10.01.1973 Ҷои таваллуд ҷамоати Роҳати деҳаи Охчакман
    Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ
    Соли 1993 омӯзишгоҳи касбии техникии №63 бо ихтисоси роҳбалади вагони мусофиркаш (Проводник пассажирского вагона) хатм кардааст.
    Соли 1994 -1997 колеҷи тиббии №1 шаҳри Душанбе бо ихтисоси бародари шавқат хатм кардааст.
    Соли 2004-2010 донишгоҳи техникии Тоҷикистон аз руи ихтисоси шабакаҳои алоқа хатм крдааст.
    Ихтисос интиқоли шабакаҳои алоқа
    Унвони илмӣ (дараҷаи илмӣ) надорад
    Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ (бо луғат)
    Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
    Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
    Бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
    Вазъи оилавӣ оиладор соҳиби 2 фарзанд
    Суроға н. Рудакӣ, ҷамоати Роҳати деҳаи Охчакман
    Телефон: +992 93 500 1998
    суроғаи электронӣ:nikolass-2009@mail.ru
    Кор ва фаъолияти собиқа:

    Солҳои 1994-1996
    Солҳои 1997-2001 Беморхонаи ёрии тъҷили
    Телевизиони ҷамъиятии пойтахт
    Солҳои 2001-2004 Донишгоҳи теникии Тоҷикистон
    Солҳои 2005-2008 Роҳи оҳани ТоҷикистонАз моҳи ноябри соли 2011 то ҳол Мудири студияи таълимии телевизиони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

  • Зуҳурова Омина Саидакбаровна

    Зуҳурова Омина Саидакбаровна

    аз моҳи ноябри соли 2021 дар вазифаи танзимгари студияи таълимии телевизион дар факултети журналистикаи ДМТ кор мекунад

    Соли таваллуд 09.07.2001 Ҷои таваллуд ш.Душанбе
    Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ нопурра
    Соли 2019-2023 донишҷӯи зинаи бакалаврии факлтети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси WEB-журналистика хатм кардааст.

    Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ араби (бо луғат)
    Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
    Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
    Бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
    Вазъи оилавӣ муҷаррад
    Суроға н. Фирдавсӣ Неъмат Қарабоев 108
    Телефон: 0000 878 38
    суроғаи электронӣ: zuhurovaamina390@gmail.com
    Кор ва фаъолияти собиқа:

    Солҳои 2019-2023 Донишҷўйи ДМТ
    Солҳои 2021-2023 танзимгари студияи таълимии телевизион дар факултети журналистикаи ДМТ
    Аз моҳи ноябри соли 2021 то ҳол танзимгари студияи таълимии телевизион дар факултети журналистикаи ДМТ

  • Ҳалимзода Парвина Раҷабалӣ

    Ҳалимзода Парвина Раҷабалӣ

    аз моҳи ноябри соли 2021 дар вазифаи наворбардор дар студияи таълимии телевизион дар факултети журналистикаи ДМТ кор мекунад

     Соли таваллуд 15.12.2000                   Ҷои таваллуд н.М.С.А. Ҳамадонӣ

    Миллат тоҷик                                         Таҳсилот олӣ нопурра

    Соли 2019-2023 донишҷӯи зинаи бакалаврии факлтети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси журналистикаро хатм кардааст.

    Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, олмони араби (бо луғат)

    Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не

    Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не

    Бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не

    Вазъи оилавӣ муҷаррад

    Суроға н. Сино хобгоҳи №6

    Телефон: 987 75 75 32

    суроғаи электронӣ: parvinahalimzoda@gmail.com

    Кор ва фаъолияти собиқа:

     

    Солҳои 2019-2023 Донишҷўйи ДМТ
    Солҳои 2021-2023     наворбардори студияи таълимии телевизион дар факултети журналистикаи ДМТ
    Аз моҳи ноябри соли 2021 то ҳол  наворбардори студияи таълимии телевизион дар факултети журналистикаи ДМТ

  • Муҳуддинзода Қурбонхоҷа Саиди

    Муҳуддинзода Қурбонхоҷа Саиди

    аз моҳи сентябри соли 2022 дар вазифаи дректори радиои “Садои Донишгоҳи миллии тоҷикистон”дар факултети журналистикаи ДМТ кор мекунад

    Соли таваллуд 19.04.1997                   Ҷои таваллуд н. Куҳистони мастчоҳ

    Миллат тоҷик                                         Таҳсилот олӣ

    Соли 2020 зинаи бакалаврии факлтети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси журналист торҷумон хатм кардааст

    Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ (бо луғат)

    Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не

    Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не

    Бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст ё не Ифтихорномаи Кумитаи Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Вазъи оилавӣ оиладор

    Суроға н. сино, маяковский, 70\2

    Телефон: 93 333 59 66  92 877 30 11

    суроғаи электронӣ: muhuddinzoda@mail.ru

    Кор ва фаъолияти собиқа:

     

    Солҳои 2016-2022 Донишҷўйи ДМТ
    Солҳои 2017-2022 Ходими адабии маҷаллаи “Хорпуштак”
    Аз моҳи сентябри соли 2022 то ҳол Директори радиои “Садои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон”

  • Усмонова Наргис Кучаровна

    Усмонова Наргис Кучаровна

    Вазифаи ишғол намуда: мудир, дотсенти кафедраи матбуот

    Дараҷа, унвони илмӣ: номзади илми филология, дотсент

    Ихтисос: Рӯзноманигорӣ

    Маълумоти робитавӣ:
    Нишонӣ: ш. Душанбе, маҳаллаи 112 , кӯчаи. Ҳуснобод, 50Б
    Телефон: +992-918-50-52-11
    E-mail: E-mail: narmin04@mail.ru

    Маълумоти мухтасар: 04 ноябри соли 1984 дар н. А. Ҷомии вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

    Соли 2002 мактаб-литсейи бачагони болаёқат (гурӯҳи англисӣ)-и ноҳияи А. Ҷомии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст.

    Соли 2007 факултети журналистикаи ДМТ-ро аз рӯйи ихтисоси журналист хатм намудуааст.

    Соли 2013 барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ диссертатсия ҳимоя намудааст.

    Аз 2008 -2010 лаборанти кафедраи журналистикаи байналхалқӣ, солҳои 2010-2016  ассистенти кафедраи журналистикаи байналхалқӣ, солҳои 2016 то ҳол  мудири кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ. Аз соли 2018 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

    Муаллифи чор дастури таълимию методӣ, як монография ва зиёда аз 40 адад мақолаҳои илмӣ.

  • Қутбиддин Мухторӣ

    Қутбиддин Мухторӣ

    Вазифаи ишғолнамуда: и.в. профессор

    Дараҷа, унвони илмӣ: доктори илмҳои филологӣ

    Тахассус: кафедраи матбуот

    Иттилоъ барои тамос:
    Суроға: ш. Душанбе, к. Неъмат Қаробоев, 36/2
    Телефон: +992-933-66-20-08
    E-mail: mkutb70@gmail.com

    Иттилои мухтасар:

    28-уми ноябри соли 1970 дар деҳаи Майкада, вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон.

    Соли 1988 мактаби миёнаи №19-уми вилояти Суғд, ноҳияи Панҷакентро хатм кардааст.
    Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ДМТ)-ро соли 1993 аз рӯйи ихтисоси филолог- муаллими забон ва адабиёти тоҷик бо дипломи аъло хатм намудааст, соли 2006 курси дусолаи Донишгоҳи Стокголмро аз рӯйи ихтисоси кори иҷтимоӣ хатм кардааст.

    Соли 2002 рисолаи номзадиро барои дарёфти номзади илми филология, соли 2020 рисолаи докториро барои дарфти дараҷаи илмии доктори илми филология дифоъ намудааст.
    Солҳои 1993-1998 ба ҳайси омӯзгори МТМУ №19 дар ноҳияи Панҷакент фаъолият кардааст. Аз соли 1998 аввал ассистенти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ, соли 2007 и.в. декани факултети журналистика, солҳои 2011-2015 мудири кафедраи матбуот, аз соли 2015 дотсенти кафедраи матбуот ва аз соли 2023 профессори кафедраи матбуоти ДМТ аст.

    Аз соли 2007 узви Конфедератсияи байналмилалии журналистони Тоҷикистон

    Фанҳои таълимӣ:

    • асосҳои интернетжурналистика;
      • технологияҳои мултимедияаии журналистика;
      • хадамоти матбуотӣ ва робита бо ҷомеа;
      • саводи расонаию иттилоотӣ;
    • услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ;
    • маҳорати суханварӣ.

    Ҷустуҷӯҳои илмӣ:

    • ВАО ва ташаккули афкори омма;
      • махсусияти манипулятивии забони ВАО;
      • таърихи забони тоҷикӣ.

    Таълифот:

    Монография ва дастурҳои таълимӣ:

    1. Хусусияти луғавию услубии ашъори Рӯдакӣ.-Душанбе, 2006.-134с.
    2. Социальная коммуникация и СМИ: формирование обҳественного мнения (на материалах таджикской периодической печати – 1991-2020). -Душанбе: Ирфон, 2021. – 150 с.
    3. Хадамоти матбуотӣ ва робита бо ҷомеа.-Душанбе, 2015.-121 с.
    4. Забони давлатӣ. Китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 2. (Государственный язык. Учебник для 2 класса). – Душанбе: Маориф, 2018.-300 с.
    5. Хадамоти матбуотӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳрвандӣ. – Душанбе, 2023.-139с.

    Мақолаҳо дар маҷаллаҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ:

    Позиция слово в медиатексте и ее коммуникативная задача.  // Norwegian Journal of development of the International Science.-2017.-№6.- С.84-89.

    1. Элементы таджикской культуры в СМИ меньшинств Таджикистана // Материалы международной научно-практической конференции «Учимся познать Россию: политическая и массмедийная коммуникация».-Екатеринбург, 2018.-С.195-199.
    2. Манипулирование обҳественным мнением в таджикской печати периода межтаджикского перемирия 1997 года // Язык. Право. Обҳество Сборник статей V Международной научно-практической конференции. Под обҳей редакцией О.В. Барабаш. 2018. С. 369-371. Язык. Право. Обҳество Сборник статей V Международной научно-практической конференции. Под обҳей редакцией О.В. Барабаш. 2018. С. 369-371.

    Мукофотҳо:

    Соли 2004 Аълочии матбуоти Тоҷикистон,

    Соли 2007 Аълочии фарҳанги Тоҷикистон.

  • Муродӣ Мурод Бердӣ

    Муродӣ Мурод Бердӣ

    Вазифаи ишғолнамуда: профессори кафедраи матбуот

    Дараҷа, унвони илмӣ: доктори илми филология, профессор

    Ихтисос: Рӯзномнигорӣ

    Маълумоти робитавӣ:
    Нишонӣ: ш. Душанбе, кӯчаи. Фирдавсӣ, 95, к. 6
    Телефон: +992 93 425 15 32
    E-mail: murodi-65@mail.ru

     

    Маълумотимухтасар:

    1 майи соли 1965 дар н. Айнии вилояти Суғд таваллуд шудааст.

    Соли 1982 мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Айнии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст.

    Соли 1992 факултети филологияи тоҷики ДМТ-ро бо баҳои аъло ва соли 1995 аспирантураи ҳамин донишгоҳро хатм кардааст.

    Соли 1996 барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ ва соли 2009 барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ диссертатсия ҳимоя намудааст.

    Аз 1996 (ассистенти кафедраи матбуот) солҳои 1996-1999 (муовини декани факултети журналистика ва тарҷумонӣ оид ба корҳои илм, тарбия ва таълим), солҳои 1999 -2011 (мудири кафедраи матбуоти ДМТ) аз соли 2011 (профессори кафедра).

    Соли 2013 дипломи профессориро аз ВАК-и Россия гирифтааст.

    Аз соли 1999 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

    Аъзои шуроҳои диссертатсионии 6D.КОА-022 ва Д 737. 004.03 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

    Муаллифи 11 монография, 17  китоб ва воситаҳои таълимӣ мебошад.

    Зери роҳбарии ӯ 17 нафар диссертатсияи номзадӣ ва як нафар диссертатсияи докторӣ ҳимоя кардаанд.

     

    Мукофоту ҷоизаҳо:

    Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002;

    Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009);

    Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014);

    Барандаи ҷоизаи Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2010);

    Медали «Хизмати шоиста» (2018):

    Омӯзгори соли ДМТ (2021)

  • Бозорзода Нуриддин Шодипур

    Бозорзода Нуриддин Шодипур

    Вазифаи ишғолнамуда: Дотсент

    Дараҷа, унвони илмӣ: Доктори илмҳои филологӣ, дотсент

    Тахассус: жу№рналистика

    Робита:
    Адрес: ш. Душанбе, ул. Ҷ. Расулов, 41/1, ҳ. 51
    Телефон: +992 909-15-15-16
    E-mail: bozorov62@mail.ru

     

    Маълумоти мухтасар:

    Таваллуд: 8 марти соли 1962, ноҳияи Деҳқонободи Ҷумҳурии Ўзбекистон.

    Соли 1979 мактаби миёнаи №16 н. Ҳисорро хатм кардааст. Аз соли 1981 то соли 1986 таҳсил дар ф-таи филол. ДДТ ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ). Аз соли 1986 то соли 1998 корманди ред. рўзн. «Газетаи муаллимон» (ҳоло «Омўзгор»). Аз соли 1989 то соли 1991 афсари шуъбаи тарҷумонӣ (ш. Тирмиз). Аз соли 1992 то соли 1996 таҳсил дар шуъбаи ғоибонаи аспирантураи ДДМТ (ҳоло ДМТ). Аз соли 1998 то соли 2007 ассистенти кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи ДМТ. Солҳои 2005-2007 ҷонишини декан оид ба шуъбаи ғоибона. Аз соли 2007 то соли 2023 дотсенти кафедраи матбуот ва аз соли 2021 доктори илмҳои филологӣ. Аз соли 2005 то соли 2012 муассис ва сардабири маҷалла барои ҷавонон ва донишҷўён «Ҳамрози ҷавонон» ва замимаҳои он ҳафтаномаҳои «Шакарханд» ва «Фардо» (2009).

    Соли 2004 рисолаи номзадӣ ва соли 2021 рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст, доктори илмҳои филологӣ, дотсент.

    Фанҳои таълимӣ:

    • иқтисод ва менеҷменти васоити ахбори омма;
      • кори илмӣ-таҳқиқотии донишҷўён;
      • сафарнома ҳамчун жанри публитсистика;

    Машғулиятҳои илмӣ:

    • таҳқиқи публитсистика;
    • жанрҳои журналистика;
    • матбуоти даврӣ.

     

    Муаллифи 5 монография ва дастурҳои таълимӣ, инчунин зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ.

    Мукофотҳо:

    Аълочии матбуоти тоҷик (2007).

  • Кучарова Насиба Аламхоновна

    Кучарова Насиба Аламхоновна

    Вазифаи ишғолнамуда: Дотсент

    Дараҷа, унвони илмӣ: Номзади илмҳои филологӣ, дотсент

    Ихтисос: Журналист тарҷумон

    Робита:
    Адрес: ш. Душанбе, кӯч. Шерализода, 14/1, х. 16
    Телефон: +992 900-64-01-02
    E-mail: kucharova_nasiba@mail.ru

    Маълумоти мухтасар:

    Таваллуд: 8 марти соли 1986, ш. Кӯлоб, вилояти Хатлон.

    Соли 2002 Литсей- интернати Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 2002 то соли 2007 таҳсил дар ф-таи журналистикаи ДДМТ (ҳоло ДМТ). Аз соли 2010 то соли 2012 таҳсил дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи ДМТ. Аз соли 2012 то соли 2013 ассистенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултаи журналистикаи ДМТ. Аз соли 2013 то ҳол ассистен, муаллими калон, дотсенти кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ. Аз январ то сентябри соли 2019 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ.

    Соли 2012 рисолаи номзадӣ  ҳимоя кардааст, номзади илмҳои филологӣ, дотсент.

    Фанҳои таълимӣ:

    • асосҳои журналистика;
      • маҳорати журналистика;
      • сафарнома ҳамчун жанри публитсистика;
      Машғулиятҳои илмӣ:
    • таҳқиқи публитсистика;
    • жанрҳои журналистика;
    • матбуоти даврӣ.

     

    Муаллифи ду монографияву дастурҳои таълимӣ, инчунин зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ.

    Мукофотҳо:

    Аълочии матбуоти тоҷик (2014).

  • Расулова Наргис Эгамовна

    Расулова Наргис Эгамовна

    Вазифаи ишғолнамуда: ассистенти кафедра

    Дараҷа, унвони илмӣ: ассистент

    Нишонӣ: ш. Душанбе, ноҳияи Сино, маҳаллаи Арбобхотӯн, 577.
    Телефон: +992 938 48 07 69
    E-mail: rasulova_1969@mail.ru

    Маълумоти мухтасар:

    15 сентябри соли 1969  дар деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ, вилояти Сӯғд, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1986 мактаби миёнаи № 9 – и ноҳияро ба итмом расондааст. Солҳои 1986 – 1990 дар ДДТ ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) таҳсил намудааст. Донишгоҳи мазкурро бо тахассуси «филолог, муаллими забон ва адабиёти тоҷик» хатм кардааст. Солҳои 1991 то 1996 ба ҳайси муҳаррир дар маҷаллаи «Фирӯза» фаъолият намудааст. Солҳои 1996 – 2002 дар мактаби миёнаи №76 ш. Душанбе муаллими забон ва адабиёти тоҷик шуда кор кардааст. Аз соли 2004 то ба имрӯз дар кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ ҳамчун ассистенти кафедра фаъолият мекунад.

    Фанҳои таълимӣ:

    • таърихи журналистикаи тоҷик;
      • технологияи навин дар ВАО;
      Машғулиятҳои илмӣ:
    • мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеа;

    Собиқаи кор:

    1991 – 1996 – муҳаррири маҷаллаи «Фирӯза».

    1996 – 2002 – муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи №76 ш. Дӯшанбе

    2004 – ассистенти кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ

  • Яқубова Маҳина Маҳмадраҷабовна

    Яқубова Маҳина Маҳмадраҷабовна

    Вазифаи ишғолнамуда: ассистент

    Дараҷа, унвони илмӣ: нест,

    Ихтисос: журналист

    Нишонӣ: ш. Душанбе, кӯч. Асадулло Ғуломов, 7, х. 107
    Телефон: +992-98-800-86-87
    E-mail: mаhinayakubova185@gmail.com

    Маълумоти мухтасар:

    Соли таваллуд:23.03.1986. ш. Душанбе.

    Соли 2004 мактаби миёнаи №89-и шаҳри Душанберо хатм кардааст.

    Соли 2012 Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ)-ро бо ихтисоси журналистика хатм кардааст.

    23 –юми сентябри соли 2022  рисолаи номзадиро дифоъ кардааст.

    Солҳои 2014-2016 дар вазифаи лаборанти кафедраи байналхақии факултети журналистикаи ДМТ кор кардааст.

    Аз соли 2017 ба ҳайси ассистенти кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ кор мекунам.

    Фанҳои таълимӣ:

    • асоси фаъолияти эчодии журналист;
    • махорати журналист;
    • таърихи журналистикаи тоҷик;
    • саводнокии иттилоотии ВАО;
    • хусусиятхои жанри мусохиба.

    Муаллифи зиёда аз 10 мақолаи илмӣ

  • Қаландаров Сарабек Давлатёрович

    Қаландаров Сарабек Давлатёрович

    Вазифа: мудири кафедра

    Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои филология, дотсент

    Самти ихтисос: кафедраи забонхои хориҷӣ

    Маълумот барои тамос:

    Суроға: ш. Душанбе, н.Сино, к. Яккачинор 150, ҳуҷраи 27

    e-mail: ihson@mail.ru

    Тел:93-505-44-60

     

    Маълумоти мухтасар:

    5-уми июли соли 1968 дар н. Панҷи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1985 мактаби миёнаи № 20 н. Панҷро хатм кардааст. Шарқшинос (1996, шуъбаи арабӣ), журналистика (2010), номзади илмҳои филологӣ (2006), дотсент (2019)

    Соли 2006 рисолаи номзадӣ бо номи «Калимаҳои иқтибосии арабӣ дар «Наводирулвақоеъ» – Аҳмади Дониш» таҳти роҳбарии забоншинос ва услубшиноси шинохта, шодравон профессор Б. Камолиддинов ҳимоя кардааст.

    1985 – 1986 – Китобдори мактаби миёнаи № 20. н. Панҷ

    1986 – 1988 – Хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ

    1988 – 1989 – Корреспонденти рўзномаи «Ҳаёти нав» – и ноҳияи Панҷ

    1989 – 1991 – Транспортировшики комбинати нассоҷии ш. Душанбе

    1991 – 1996 – Донишҷўйи факултети шарқшиносии ДДТ (ДМТ).

    1996 – 2003 – Ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии журналистикаи ДМТ.

    2003 – 2005 – Муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷӣ.

    2005 – 2009 – Ҷонишини декан оид ба таълими факултети журналистика.

    2009 – 2012 – Мудири кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистика.

    2012 – 2015 – Ҷонишини декан оид ба таълими факултети журналистика.

    Аз соли 2016 то ҳол мудири кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистикаи ДМТ.

    Номбурда муаллифи монография ва беш аз 25 мақолаҳои илмӣ, дастурҳои методӣ, мураттиби барномаҳои таълимӣ оид ба омўзиши забони арабӣ мебошад.

    Мукофоту ҷоизаҳо:

    Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013)

  • Назарова Латофат

    Назарова Латофат
    Вазифа: муаллими калон
    Дараҷа ва унвони илмӣ:
    Самти ихтисос: кафедраи забонхои хориҷӣ
    Маълумот барои тамос:
    Суроға: ш. Душанбе к. Лучоб № 77
    e-mail: nazaroval@mail.ru
    Тел: 987109782
    Маълумоти мухтасар:
    3 июни соли 1954 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Солҳои 1961-1968 дар мактаб-интернати №1-и онвақтаи ба номи В. И. Ленин таҳсил намудааст. Дар солҳои 1968 – 1971 дар мактаби миёнаи № 63 таҳсилро давом додааст. Баъди хатми мактаб, соли 1971 ба Донишгоҳи давлатии Педагогӣ дохил шуда, соли 1974 онро бо ихтисоси «муаллимаи забони англисӣ» хатм намудааст. Аз соли 1975 то 1996 дар мактаби миёнаи №64 ва ҳамзамон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ кор кардааст. Аз сентябри 1996 то ҳол ба ҳайси муаллимаи калон дар кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ дорад.
    Муллифи ду барномаи таълимӣ аз фанни забони англисӣ, чор дастури таълимӣ барои журналистон ва қариб 30 мақолаҳои илмӣ.
    Мукофотҳо:
    Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармони № 3-у аз 03. 03. 2014)
    Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳодатномаи №624 аз 02. 03. 2015

  • Баҳромзода Манижаи Зафаршодухт

    Баҳромзода Манижаи Зафаршодухт

    Вазифа: ассистенти кафедра

    Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои филология, ассистент

    Самти ихтисос: кафедраи забонҳои хориҷӣ

    Маълумот барои тамос:

    Буни Ҳисорак, ошёнаи 2, бинои таълимии №10

    bakhromzodam@mail.ru.

    Тел: 551-00-91-04

    Маълумоти мухтасар:

    3-юми июли соли 1991 дар ВМКБ дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 2009 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и шаҳри Душанберо хатм намудааст. Дастпарвари ДМТ буда, соли 2013 зинаи бакалавр ва соли 2015 зинаи магистратураи ихтисоси журналистикаи байналхалқиро хатм намудааст. Солҳои 2015 – 2018 дар шӯъбаи докторантура ба ҳайси унвонҷӯи доктори фалсафа (Ph.D.), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D051600 – Рӯзноманигории байналхалқӣ дар кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ таҳсил намудааст. Бо роҳбарии доктори илми филология, профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ рисолаи номзадиро дар мавзуи «Нақши матбуоти даврии тоҷик дар инъикоси ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон марбут ба об» дифоъ намудааст (2021).

    Аз cоли 2013 то соли 2016 дар Радиои “FM Ховар” –и Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ба ҳайси хабарнигор фаъолият дошт. Аз соли 2016 то соли 2018 ба ҳайси докторанти фалсафа (Ph D), доктор аз рӯйи ихтисос дар кафедраи журналистикаи байналхалқӣ ба пажӯҳиши илмӣ машғул буда, шурӯъ аз соли 2019 то имрӯз ба ҳайси ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистикаи ДМТ фаъолият дорад.

    Муаллифи ду монография, мақолаҳо ва фишурдаҳо мебошад.

     

  • Ғоибова Фирӯза Маҳмадовна

    Ғоибова Фирӯза Маҳмадовна

    Вазифа: муаллими калони кафедра

    Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои филология, ассистент

    Самти ихтисос: кафедраи забонҳои хориҷӣ

    Маълумот барои тамос:

    ш. Душанбе, н. И.Сомонӣ, кӯчаи Гулсанг 16/2

    mail: gaibova_firuza@list.ru

    Тел: 985-174-447

     

    Маълумоти мухтасар:

    18 июни соли 1987 дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Аз солҳои 1994 то 2005 дар мактаби миёнаи №53-и шаҳри Душанбе таҳсил кардааст. Соли 2005 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2010 онро бо баҳои аъло хатм кардааст. Солҳои 2011-2014 аспиранти кафедраи журналистикаи байналмилалӣ буд. Соли 2015 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Публитсистикаи Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ» дифоъ кардааст. Аз соли 2016 то ба имрӯз омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

    Муаллифи зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ, монография ва нашрияҳои методӣ мебошад.

  • Қурбонов Искандаршо Абдулфайзович

    Қурбонов Искандаршо Абдулфайзович

    Унвон: Муаллими калон

    Маълумот барои тамос:

    Суроға: ш. Душанбе

    e-mail: Kia.19.12.78@mail.ru  

     Тел: +992-98-746-54-55

    Қурбонов Искандаршо Абдулфайзович, соли 19.12.1978 таваллуд шудааст. Зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик мебошад. Мактаби таҳсилоти умумии №31-и ба номи Сафар Амиршоеви деҳаи Сафар Амиршоеви шаҳри  Кӯлоби  вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистонро соли 1996 ва солҳои 1997-1998 Маркази омӯзишии «Устои телевизион ва радио»-и Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ-ро хатм кардааст. Солҳои 1998-2000 хизмати ҳатмии ҳарбиро дар қисми ҳарбии №03570 Гвардияи Президентии ҶТ гузаронидааст. Солҳои 2000-2005 факултети  собиқ шарқшиносӣ, ҳозира забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси “Шарқшинос-филолог” хатм кардааст.  Аз моҳи сентябри соли 2006 дар кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистикаи ДМТ ҳамчун ассистент, омӯзгори забони хориҷӣ (арабӣ) фаъолият карда, аз 13.03.2019с. фармони №93-6 ба вазифаи муаллими калон интихоб шудааст. Аз соли 2016 котиби Шурои Олимони факултет мебошад. Мувофиқи Фармони Президенти ҶТ №67 аз 20.12.1999с. бо медали ҷашнии 5-солагии Гвардияи Президенти ҶТ  ва соли 2019 бо  сипосномаи факултети журналистикаи ДМТ сарфароз гардонида шудааст.

  • Қулматова Гулнора Тураевна

    Қулматова Гулнора Тураевна

    Вазифа: муаллими калони кафедра

    Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои филология, муаллими   калон

     Самти ихтисос: кафедраи забонњои хориљї

    Маълумот барои тамос:

    Суроға: ш. Душанбе к.  Н.Карабоева 150/2 х.343

    e-mail: gulnora.kulmatova@gmail.com

    Тел: 93 508 89 82

    Маълумоти мухтасар:

    30 июни соли 1969 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Маскав (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ), вилояти Кӯлоб (ҳоло Хатлон), ба дунё омадааст.

    Соли 1986 мактаби миёнаи №2–и  ноҳияи Маскавро хатм намуда, дар ҳамон сол ба Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) дохил шудааст. Соли 1991 ин донишгоҳро бо ихтисоси забони англисӣ ва омӯзгорӣ хатм кардааст. Пас аз хатми донишгоҳ дар мактаби №14-и ноҳияи Маскав (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) муаллими забони англисӣ кар ва фаъолият намудааст.

    Соли 1999 ба ҳайси ассистенти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон пазируфта шудааст.            Соли 2002 ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон шудааст.            Аз соли 2008 ба ҳайси муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дорад.            Соли 2022 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Шаклҳои замонии сиғаи хабарии феълҳои забони тоҷикӣ ва роҳҳои ифодаи онҳо ба забони англисӣ (дар асоси асарҳои тарҷумашудаи С. Айнӣ)», ихтисоси 10.02. 19 – назарияи забон. рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст.

    Муаллифи 15 мақолаи илмӣ.

  • Мухтори Меҳроҷ

    Мухтори Меҳроҷ 

    Унвон: ассистент

    Вазифа: Муовини декан оид ба илм ва инноватсия

    Маълумот барои тамос:

    Тел.: +992 918-91-50-71

    E-mail: muhtor.91@mail.ru

    Мухтори Меҳроҷ  (соли таваллудаш 05.12.1991), зодаи деҳаи Фаркинги ноҳияи Дарвози ВМКБ. Соли таҳсил дар мактаби миёнаи № 36-и деҳаи Сафедорони ноҳияи Дарвози ВМКБ (1999-2010). Хатмкардаи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2010-2015). Пас аз хатми факултети журналистика ба ҳайси лаборанти кафедраи забонҳои хориҷии факултети мазкур ба кор шурӯъ намудааст. Соли 2018 ба вазифаи ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистика интихоб шудааст. Аз моҳи апрели соли 2022 то ҳол  ҳамчун муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети журналистика фаъолият карда истодааст.

    Самти асосии таҳқиқоти илмиаш мавқеи калимаҳои иқтибосии арабӣ дар осори публистистикаи С.Айнӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт мақола ва гузоришҳои илмии зиёд ба нашр расонидааст.

    Дар натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ зиёда аз якчанд мақолаи илмӣ ва дастури таълимиву методӣ (бо ҳаммуаллифӣ) ба табъ расонидааст.

  • Ҳайдарова Севара

    Ҳайдарова Севара

  • Гулов Сангин Нурович

    Гулов Сангин Нурович

    Вазифа: дотсент, мудири кафедра

    Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои филология, дотсент

    Самти ихтисос: кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ

    Маълумот барои тамос:

    Нишонӣ: ш. Душанбе

    Телефон: 935070716

    E-mail: Gulov Sangin gulsang@mail.ru

    Гулов Сангин Нурович (12. 07. 1965), зодаи д. Виткони ноҳияи Мастчоҳ. Хатмкардаи факултети филологияи УДТ ба номи В. И. Ленин (1991). Журналист-омўзгор, номзади илми филология (1997), дотсент (1998).

    Фаъолияти меҳнатиаш ба ҳайси рўзноманигор дар идораи нашрияҳои ҷумҳурӣ оғоз шудааст.

    Аз ибтидои соли 1992 дар ДМТ ба омўзгорӣ машғул аст: 1992-1998 – ассистент, 1998-2011 -дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ, аз соли 2011 то марти соли 2016 мудири кафедраи журналистикаи байналхалқӣ.

    Дар ин миён солҳои 1992-1996 – раиси иттифоқи касаба, 1996-2005 – муовини декани факултаи журналистика ва тарҷумонӣ доир ба таълим, илм ва тарбия, 2007–2008 – декани факултети журналистика, 2009–2010 – сармуҳаррири нашрияи «Ба қуллаҳои дониш», ҳамзамон солҳои 1999-2002 дар Радиои Тоҷикистон муҳаррири варзида ва дар нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» мухбир буд.

    Мураттиби чандин барномаҳои таълимиву дастурҳои методӣ ва китобҳои дастаҷамъӣ барои донишҷўён. Маводи публисистии худро дар саҳифаҳои маҷаллаву рўзнома ба табъ расонидааст. Дар конфронсу семинарҳои донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқии барпошуда дар шаҳрҳои Душанбе, Бишкек, Москва, Қазон иштирок ва суханронӣ кардаву курсҳои бозомўзиро дар Русия, Украина, Қирғизистон, ИМА гузаштааст. Барои журналистон дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ чандин курсу семинарҳои омўзишӣ гузаронидааст. Узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (1994), Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон.

  • Азимов Аъзамҷон Холматович

    Азимов Аъзамҷон Холматович

    Вазифа: профессори кафедра

    Дараҷа ва унвони илмӣ: доктори илмҳои филология, профессор

    Самти ихтисос: кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ

    Маълумот барои тамос:

    Нишонӣ: ш. Душанбе, к. Маяковский, 71/1, ҳ. 38

    Телефон: 918670320

    E-mail:

    Маълумоти мухтасар:

    08.03.1959, деҳаи Ворухи ноҳия Исфара, вил. Суғд ба дунё омадааст.

    Соли 1976 мактаби миёнаи №23-и деҳаи Ворухи  шаҳри Исфара бо муваффақият хатм намудааст.

    Факултети  филологияи  УДТ ба номи В.И. Ленинро аз рӯйи ихтисоси «Филолог. Муаллими забон ва адабиёти тоҷик (гурӯҳи журналистика)» (1984 ) хатм намудааст.

    Соли 1994 рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих дифоъ намудааст.

    Соли 2009 рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филология дифоъ кардааст.

    Хатмкардаи УДТ ба номи В.И. Ленин (1984) ва аспирантураи он (1994). Аз соли 1984 (мудири кабинет),  1988-1989 (муҳаққиқ- коромӯзи кафедраи «Таърихи матбуот»-и УДМ ба номи М.В. Ломоносов), 1990-1994 (аспирант), 1994 (ассистенти кафедраи журналистика ва адабиёти халқҳои СССР), 1996 (дотсенти кафедраи назария ва таърихи журналистикаи тоҷик), 1997-2000 (докторант), 2002-2006 (мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ), 2006-2008 (декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ ва ҳуқуқ, проректори илми Донишгоҳи гуманитарии байналхалқии Тоҷикистон), 2008-2010 (дотсент, профессори ҳамин донишгоҳ), 2010 (дотсент, д.и.ф.), 2011 (профессори кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДДМТ).

    Дар давоми фаъолияти илмию омӯзгорӣ зиёда аз 120 мақолаҳои илмӣ, 250 маводҳои публитсистӣ дар ВАО ба табъ расонидааст.

    Мукофоту ҷоизаҳо:

    Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003)

    Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004)

    Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005)

    Ҷоизаи иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ (2008)

    Медали 100-солагии  матбуоти тоҷик. (2012)

  • Ҳайдаров Саъдулло Баҳриевич

    Ҳайдаров Саъдулло Баҳриевич

    Вазифа: дотсенти кафедра

    Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои филология, дотсент

    Самти ихтисос: кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ

    Маълумот барои тамос:

    Нишонӣ: ш. Душанбе, к. Неъмат Қарабоев, 150/2, ҳ. 47

    Телефон: 935070716

    E-mail:

    Маълумоти мухтасар:

    10.02.1960. ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст.

    Соли 1975 синфи 8 мактаби миёнаи №10-и  деҳаи Фароби шаҳри Панҷакентро бо муваффақият хатм намуда, баъди хатми Омӯзишгоҳи педагогии ш.Панҷакент (1975-1979) солҳои 1980-1985 дар мактаби зодгоҳаш муаллимӣ кардааст.

    Шуъбаи журналистикаи факултети  филологияи  УДТ ба номи В.И. Ленинро аз рӯйи ихтисоси журналистика (1992)   бо дипломи аъло хатм намудааст.

    Соли 1999 рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филология дифоъ намудааст.

    Узви Иттиҳоди журналистон (1991). Муаллифи  56 мақолаи илмӣ, зиёда аз 150 мақолаи илмии оммавӣ ва шариктаълифи 10 барномаи таълимист.

     

    Мукофоту ҷоизаҳо:

    Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004).

    Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009).

    Аълочии маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014).

    Аълочии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020).

  • Эшматов Зафарҷон Аскарович

    Эшматов Зафарҷон Аскарович
    Вазифа: дотсенти кафедра
    Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои филология, дотсент
    Самти ихтисос: телевизион ва радиошунавонӣ
    Маълумот барои тамос:
    Нишонӣ: ш. Душанбе, к. Нусратулло Махсум, 105, ҳ. 13
    Телефон: 934658422
    E-mail: zafariaskar@mail.ru

    Маълумоти мухтасар:
    17 июни соли 1981 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба дунё омадааст.
    Соли 1998 мактаби миёнаи №20-и деҳаи Сарои ҷамоати Понғозро бо муваффақият хатм намудааст.
    Факултети журналистика ва тарҷумониро аз рўйи ихтисоси «Журналист» (2005 с.) бо хатм намудааст.
    Соли 2016 рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филология дифоъ намудааст.

    Муҳаррири идораи “Ахбор”- и Радиои Тоҷикистон – 2004-2007. Муҳаррири идораи идораи барномаҳои мусиқии Радиои Тоҷикистон 2007-2008. Муҳандиси Студияи таълимии радиои факултети дурналистика (2008-2009). Асситенти кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ (2009-2011). Мудири Студияи телевизион ва радиои факултети журналистика (2011-2014). Муаллими калони кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ (2016-2019). Муовини декан оид ба тарбия (2017- 2019). Аз 2019 инҷониб дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ.
    Муаллифи 1 монография ва васоити таълимӣ, инчунин зиёда аз 30 мақолаи илмӣ.

    Мукофоту ҷоизаҳо:
    Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, 09.01.2014)
    Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (Душанбе, 10.03.2022)

  • Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода

    Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода

    Вазифа: дотсенти кафедра

    Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои филология, дотсент

    Самти ихтисос: кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ

    Маълумот барои тамос:

    Нишонӣ: ш. Душанбе, к. Беҳзод, 32 х. 44

    Телефон: 987100620

    Email: i.hamidiyon@gmail.com

    Маълумоти мухтасар:

    Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода (тав. 23.10.1986, шаҳри Душанбе) рӯзноманигор, номзади илмҳои филологӣ (2010), дотсент (2013). Хатмкардаи ДМТ (2008 бо дипломи аъло) ва аспирантураи он (пеш аз муҳлат дар соли 2010). Аз соли 2012 то 2014 – муовини декан оид ба илм ва равобити байналхалқии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Аз соли 2013 то 2015 – раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони ДМТ.  Солҳои 2010-2012 – ассистенти кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ, аз январи соли 2012 муаллими калон ва аз январи соли 2013 то ҳол дотсенти ҳамин кафедра.

    Солҳои 2017-2020 – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ. Аз соли 2020 то 2021 – мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ. Солҳои 2021-2022 – Роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ.

    Аз январи соли 2023 то ҳол – корманди масъули Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

    Иштирокчии симпозиуму конференсияҳои байналмилалии илмию амалӣ дар шаҳрҳои Вашингтон D.C., Атланта (ИМА), Оттава (Канада), Пекин, Чженжоу, Урумчи (Хитой), Одесса (Украина), Истамбул (Туркия), Москва, Қазон, Иркутск (Федератсияи Русия) Бишкек ва Чолпон-Ата (Ҷумҳурии Қирғизистон), Ашхобод (Туркманистон) ва Самарканд (Ӯзбекистон).

    Барандаи ҷоизаи ба номи Отахон Латифӣ (2004), барандаи ҷоизаи ба номи профессор Воҳид Асрорӣ дар байни донишҷӯёни факултаҳои журналистӣ (2008), барандаи ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рӯзноманигорӣ (2011), барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ (2013).

    Аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2008), Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012), Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2021). Дорандаи медали «100-солагии матбуоти тоҷик» ва Ифтихорномаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

    Муаллифи 14 китоб (ба шумули 4 китоби таҳиякарда), 70 мақолаи илмӣ, беш аз 300 мақолаи публитсистӣ ва 25 барномаи телевизионӣ.

  • Ализода Абдурашид Хӯҷамқул

    Ализода Абдурашид Хӯҷамқул, 7 ноябри соли 1950 дар деҳаи Хулесонии ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Аз овони хурдсолӣ хонаводаашон ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон кӯчидаанд, аз ин рӯ, айёми наврасӣ ва мактабхониаш дар ин ҷо гузаштааст.

    Соли 1972 факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро  (ҳоло ДМТ) хатм кардааст.

    Фаъолияти меҳнатияш ҳангоми донишҷӯӣ, аз моҳи майи соли 1970 дар Кумитаи давлатии Совети Вазирони РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ ба ҳайси гӯяндаи таҷрибаомӯзи Радиои Тоҷикистон оғоз гардидааст. Зина ба зина то гӯяндаи дараҷаи Олӣ (1984) расидааст.

    Солҳои 1993-1995 вазифаи мудири шуъбаи дикторҳои Радиои Тоҷикистон, солҳои 1995-2000 муовинии аввали директори Радиои Тоҷикистон, солҳои 2000-2006 вазифаи директори Радиои Тоҷикистон ва солҳои 2006-2008 директори Маркази миллии санъатҳои аудиовизуалии телевизион, радио ва кинои Кумитаи телевизион ва радиои назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда доштааст.

    Солҳои 2008-2012 муовинии аввали директори ин муассиса, солҳои 2012-2015 бори дуюм ба вазифаи директори Радиои Тоҷикистон таъин гардидааст.

    Аз моҳи сентябри соли 2015 то имрӯз ба ҳайси дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  фаъолият дорад. Муаллифи се китоб, 1 ҷузва, 36 мақолаи илмӣ мебошад.

    Мукофоту ҷоизаҳо:

    “Аълочии телевизион ва радиои ИЉШС. Маскав, (1990)

    “Корманди шоистаи Љумњурии Тоҷикистон” (1994)

    Ҷоизаи Иттиҳодияи журналистон ба номи А. Лоҳутӣ (1994)

    “Аълочии матбуоти Љумњурии Тоҷикистон” (2003)

    Ордени “Дӯстӣ” (2006)

    “Аълочии фарҳанги Љумњурии Тоҷикистон” (2007)

    “Аълочии телевизион ва радиои Љумњурии Тоҷикистон” (2009)

    “Аълочии ифтихории маорифи Љумњурии  Тоҷикистон” (2010)

    “Аълочии матбуот ва илми Тоҷикистон” (2019)

    Медали “100- солагии матбуоти тољик”. (2012)

  • Муқимов Муҳаммадӣ Аминович

    Муқимов Муҳаммадӣ Аминович

    Вазифа: профессори кафедра

    Дараҷа ва унвони илмӣ: доктори илмҳои филология, профессор,

    Самти ихтисос: кафедраи журналистикаи байналхалқӣ

    Маълумот барои тамос:

    Нишонӣ: ш.Душанбе н.Сино куч. Б.Ғафуров  хонаи 46 ҳуҷраи 12

    Телефон: 900-92-71-77

    jovidm@mail.ru

    Маълумоти мухтасар:

    07 феврали  соли 1961 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст.

    Соли 1967 мактаби миёнаи №16-и  ноҳияи Ҳисорро бо муваффақият хатм намудааст.

    Шуъбаи журналистикаи факултети филологияи Университети давлатии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси «Журналист» (1992 с.) бо дипломи аъло хатм намудааст. Соли 1977 ба факултети иқтисодӣ дохил шудааст ва соли 1987 онро хатм намудааст. Соли 2003 рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филология дифоъ намудааст.

    Аз соли 1984 Ревизори Раёсати назорату меъёрии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, соли 1989 Мухбири рӯзномаи «Паёми Душанбе», соли 1992 Мухбири ҳафтаномаи «Тоҷикистон», аз соли 1992-2000 Муҳаррир, муовини сармуҳаррири сарредакцияи иқтисоди «Радиои Тоҷикистон», аз соли 2000 то 2003 Муҳаррири нашриёти «Нодир», соли 2000 Муаллими калони кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ, соли 2004 Дотсенти кафедраи журналистикаи байналхалқӣ ДМТ, аз соли 2005 то 2006 Докторанти кафедраи журналистикаи байналхалқӣ ДМТ, солҳои 2006-2010 Дотсенти кафедраи журналистикаи байналхалқӣ ДМТ, аз соли 2010 то имрӯз Профессори кафедраи журналистикаи байналхалқӣ ДМТ.

    Ҳаммуаллифи 2 китоби дарсӣ 2 ва дастури та таълимӣ 11 аз ҷумла 2 ҳаммуаллифӣ , 6-то монография, инчунин зиёда аз 110 мақолаи илмӣ, 6-то китоби бадеӣ.

     

    Мукофоту ҷоизаҳо:

    Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, 09.03.2010)

    Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, 05.11.2020)

  • Зоириён Бахтиёр Шодибег

    Зоириён Бахтиёр Шодибег

    Вазифа: ассистенти кафедра

    Дараҷа ва унвони илмӣ:

    Самти ихтисос: кафедраи журналистикаи байналхалқӣ

    Маълумот барои тамос:

    Нишонӣ: н.Рӯдакӣ, ҷ.д. Қиблаӣ, м. Шоҳмансур

    Телефон: 907-30-70-35

    zbsh@list.ru

    Маълумоти мухтасар:

    07 июли  соли 1986 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст.

    Соли 2004 мактаби миёнаи №7-и ноҳияи Файзободро хатм намудааст.

    Факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси журналистикаи байналхалқӣ (2009) хатм кардааст.

    Солҳои 2009-2013 дар радиои «Тоҷикистон» ба ҳайси муҳаррири хурд, муҳаррир, муҳаррири варзида, кор кардааст. Соли 2013 ба вазифаи мудири шӯъбаи мухбирон ва соли 2015 сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотии ҳамин радио таин гардида, то соли 2020 дар ҳамин вазифа кор кардааст. Солҳои 2020-2021 ба ҳайси муовини сармуҳаррири радиои «Садои Душанбе» ифои вазифа кардааст. Солҳои 2018-2021 ҳамзамон дар шуъбаи аспиранти ДМТ (ғоибона), дар кафедраи журналистикаи байналхалқӣ таҳсил намудааст. Аз моҳи марти соли 2021 то ҳол дар вазифаи ассистенти кафедраи журналистикаи байналхалқӣ кор карда истодааст.

    Муаллифи 15 мақолаи илмӣ.

  • Самадова Мавзуна Тағойевна

    Самадова Мавзуна Тағойевна

    Вазифа: ассистенти  кафедра

    Дараҷа ва унвони илмӣ: надорад

    Самти ихтисос: кафедраи журналистикаи байналхалқӣ

    Маълумот барои тамос:

    Нишонӣ: ш. Душанбе, н. Сино куч. Маяковский 70/2 хонаи 418 хобгоҳи №4

    Телефон: 88-208-08-30

    Маълумоти мухтасар:

    09 декабри соли 1985 дар ноҳияи Данғара деҳаи Пушинг ба дунё омадааст.

    Соли 1992 таҳсил дар мактаби миёнаи рақами №5 н.Данғараи   деҳаи Пушингро бо муваффақият хатм намудааст.

    Шуъбаи журналистикаи факултети журналистика Донишгоҳи миллии  Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси «Журналист» (2009 с.) хатм намудааст.

    15 декабри соли 2022 рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филология дифоъ намудааст.

    Аз соли 2012 дар колеҷи тиббии ноҳияи Данғара, муассисаи таҳсилоти умумии мактаби миёнаи №1 н.Данғара ба номи В.И.Ленин ҳамин ноҳия ба ҳайси муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик ва як муддат ба ҳайси мухбири ғайриштатии нашрияи  маҳалии «Симои Данғара», аз соли 2015 то ҳол ассистенти кафедари журналистикаи байналхалқии факултети журналистика фаъолият дорад.

    Муаллифи зиёда аз 5 мақолаи илмӣ.

  • Муҳаммадамини Ҳасан

    Муҳаммадамини Ҳасан

    Унвон: ассистент

    Вазифа: Муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ

    Маълумот барои тамос:

    Тел.: +992 984-40-40-21

    E-mail: maminzod03@mail.ru

    Муҳаммадамини Ҳасан 09 декабри соли 1997 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 2015 ба факултети журналистикаи Донишгоҳи милии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2020 бо ихтисоси журналистикаи байналхалқӣ хатм намудааст.

    Муҳаммадамини Ҳасан аз соли 2020 корро ба сифати котиби садорати факултети журналистикаи ДМТ сар карда, баъдан ба сифати лаборанти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ фаъолият намудааст. Соли 2022 ба вазифаи муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ факултети журналистика таъйин гардида, ба сифати ассистенти кафедраи журналистикаи байналхалқӣ пазируфта шудааст.

    Муҳаммадамини Ҳасан ба тарғиби сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ машғул буда, чандин мақолаҳои идеологияш дар шабакаи иҷтимоии фейсбук аз ҷумла саҳифаҳои “Пайки Остон” ва “Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” нашр гардидаанд. Инчунин номбурда дар чорабиниҳои муҳимми сиёсию фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар сафарбар намудани устодону донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.