КОНСТИТУТСИЯ – АСНОДИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

0
66

Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум воқеан санади тақдирсозест, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон

Қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои халқи тоҷик судманду арзишманд буда, дар бунёд ва ташаккули давлати воқеан демократӣ асос гузошт. Ҷомеаи демократӣ будани Тоҷикистон маҳз ба тавассути ҳамин Конститутсия ба амал бароварда шуд. Албатта, мувофиқи Конститутсия давлати мо соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, дар тақдири халқи тоҷик ва миллатҳои дигаре, ки маскуни Тоҷикистон аст, дар пешбурди ҳаёти онҳо замина гузошт. Таъкид бояд кард, ки баъд аз қабули асноди тақдирсоз имконият ба вуҷуд омад, ки кишварҳои дунё, ташкилотҳои байналхалқӣ, созмонҳои бузурги умумиҷаҳонӣ давлати моро ҳамчун як воҳиди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари демократӣ пазиранд ва дар ин замина мамлакати моро чун давлати комилҳуқуқ эътироф намоянд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаҳои мушкили вақтро паси сар намудааст. 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон соҳибистиқлолии худро эълон кард.

Баъди ба Истиқлоли давлатӣ расидани Тоҷикистон қувваҳои мансабхоҳи дохилӣ ва манфиатҷӯйҳои қувваҳои беруна тавонистанд, ки Тоҷикистонро дар як муддати на чандон тулонӣ ба кашмакашҳо ва ҷанги бародаркуши дохилӣ кашанд. Дар ин муддат тамоми шохаҳои ҳокимият фалаҷу корношоям ва дар идоракунии рукнҳои давлатдорӣ бесарусомонӣ ба вуҷуд омад. Тоҷикистон ҳамчун як давлат дар вартаи ҳалокат ва пошхӯрӣ қарор дошт. Дар ин муддат ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ва ба зиндагии тамоми қишрҳои ҷомеа таъсири манфӣ расонид. Беҳокимиятӣ дар ҳар сари қадам эҳсос мешуд. Дар ҳамин давраи хеле ҳассоси таърихӣ маҳз ба Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ягона мақомоти ҳуқуқии фаъол имкон дод, ки қувваҳои солим ва шахсиятҳои баруманди миллатро гирди худ ҷамъ оварад. Дар даргириҳое, ки дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ҷануби Тоҷикистон сурат мегирифт, имконияти даъвати Иҷлосия ғайримкон буд. Аз ин рӯ, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори роҳбарони вақти Шурои Олӣ Иҷлосияи ғайринавбатӣ дар Қасри арбоби ноҳияи Хуҷанди (ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) гузаронида шавад. Дар ҳамин иҷлосияи тақдирсоз Эмомалӣ Раҳмон раиси Шурои Олӣ интихоб шуданд. Ин як фоли нек буда, минбаъд дар тақдири халқи тоҷик нақши муҳиме бозид. Зеро замони хеле мудҳиш, нооромии кишвар, кашмакашҳои дохилӣ, ҳизбсозию ҳизбтозиҳо, ҳаракату созмонҳои маҳаллӣ оқибат ба ҷанги шаҳвандӣ расонид. Бартараф кардани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, барқарорсозии рукнҳои давлатӣ, баргардонидани гурезаҳо, таъмин намудани оромиву осудагии халқ, барқарор намудани сулҳу субот дар кишвар, таъмини озуқоврӣ, ташкил ва пурқувват кардани сохторҳои давлатӣ, барқарор намудани хоҷагии халқ қабули Конститутсияи навро тақозо менамуд. Зикр бояд кард, ки то ин муддат Конститутсияи давраи Шуравии Тоҷикистон амал мекард. Замони нав тақозои Конститутсияи нави даврони Истиқлолро талаб менамуд. Ҳамин вазиятро ба инобат гирифта, 20-уми июни соли 1994 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тавсиб расид. Ин ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ имконият медод, ки бевосита ва мустақиман ба тариқи райпурсии умумихалқӣ қабули Конститутсияро таъмин мекард. Баъди баррасӣ, таҳлил ва омӯзиш матни пурраи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шуд.

6-ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Конститутсия аз 10 боб ва 100 модда иборат буд. Конститутсия замоне қабул гардид, ки халқи тоҷик душвориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва нобасомониҳои вақтро аз сар мегузаронид. Солҳои аввали Истиқлол барои мардуми тоҷик хеле вазнин ва дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Бо вуҷуди ин, шаҳрвандони Тоҷикистон қарзи ватандорӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги гузаштаи худ, барои ояндаи миллати тоҷик, барои минбаъд ба эътидол овардани вазъи сиёсиву иқтисодӣ, барқарорсозии сохторҳои давлатӣ, таъмини волоияти қонун, оромиву осоиш, зиндагии босаодати худ ба тариқи раъйпурсӣ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлолро бо иқдоми нек қабул намуд. Ин дар таърихи давлатдории тоҷикон воқеаи фараҳбахш гардида, бори аввал дар Конститутсия зикр карда шуд, ки “Халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳакимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё бавоситаи вакилони худ амалӣ менамояд”. Аз тарафи дигар, дар Конститутсия сохтори сиёсии кишвар муайян карда шуда, дар моддаи аввал таъкид ёфтааст, “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”. Роҳи интихоб кардаи халқи тоҷик ҷомеаи демокративу дунявӣ будани он буд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади сарнавиштсози миллати тоҷик, миллате, ки соҳибтамаддун, таърихи чандҳазорсола дошта, фарзандони фарзонааш тули таърих барои озодиву давлатдории миллӣ ҷонбозиҳо кардааст, ғояҳои башардӯстонаро мароми хеш хондааст, суннат ва анъанаҳои миллиро эҳтиром ва давом додааст, зикри хайри давлатдории замони Сосониёну Сомониҳоро кардааст, Конститутсияи замони Истиқлол аз ҳамин андешаҳо пурбор шудааст. Бо баробари қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини он саҳифаи тоза оғоз ёфта, барои халқи тоҷик ва давлатдории миллии мо нақши муҳим бозид. Бо ифтихор таъкид бояд кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир ба мисли Россия, Америка, Англия, Франсия, Олмон ва инчунин, созмонҳои байналхалқӣ баҳои сазовор гирифта, яке аз беҳтарин Конститутсия эътироф шудааст. Ба андешаи Сарвари давлат “Беҳуда нест, ки он ҷониби созмонҳои бонуфуз ва коршиносони маъруфи ҷаҳон аз ҷумлаи конститутсияҳои беҳтарин ва демократӣ эътироф шудааст”. Дар замони худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин Конститутсия аст, ки дар миқёси ҷумҳуриҳои пасошуравӣ ба тариқи раъйпурсӣ қабул шудааст. Ин асноди тақдирсозро ҳар сол мо 6 ноябр бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем. Адбатта, ин ҷашни хоса ва хотирмони давлативу сиёсии даврони Истиқлол аст, ки ҳар як сокини Тоҷикистон ифтихор мекунад. Аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ шуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии кишвари озоди мо буда, аз нигоҳи назария ва амалия меъёри ҳуқуқӣ ва сиёсӣ маҳсуб меёбад. Ҳамчунин Конститутсия қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои халқ буда, манбаи асосии ҳуқуқҳои ҳокимияти давлатӣ аст. Ба ин маром, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти таърихӣ, асноди тақдирсоз, ифодагари ормону орзуи мардуми тоҷик гардид. Мусаллам аст, ки қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти қонунгузор мутобиқи Конститутсия қабул мегардад. Ба андешаи Пешвои миллат “Арзиши волои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки он ҳамчун неруи тавонои ҳуқуқӣ консепсияи муосири ҳуқуқҳои фитрии инсонро, ки табиатан ба ӯ хос мебошанд, мустаҳкам намуда, уҳдадории давлатро оид ба эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқарар менамояд”. Дар ҳақиқат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар ифодакунандаи ва равшангари роҳ ба сӯйи ояндаи нек, таъминкунандаи истиқлоли миллӣ, ҳуҷҷати муҳимми таърихи давлатдорӣ пойдории ҳакимияти конститутсионӣ ва арзишмандтарин санади олии сиёсӣ аст. Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асноди таърихӣ ва тақдирсози миллати тоҷик буда, волоияти қонунро таъмин намуда, ҷомеаро ба сӯйи ояндаи нек ҳидоят мекунад. Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи демократиро интихоб намудааст. Мо дар ин ростои таърих 30 сол боз қадам мезанем. Конститутсия раҳнамои ҷовидонаи ҳаёти мардум, бахтномаи ҳалқи тоҷик ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар роҳи расидан ба мақсадҳои олии инсонӣ аст. Дар ҳамин ҷо, рӯ меорем ба як андешаи хеле волои Сарвари давлат доир ба рисолат ва манзалати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки гуфтааст: “Конститутсия барои шаклгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ низ асосҳои устувор гузошта, кафолати инкишофи озодонаи ҳар шахсро муҳайё сохт ва муҳимтарин ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, ба монанди озодии сухан, гуногунандешӣ, ошкорбаёнӣ, матбуоти озод, дастрасӣ ба ҳама гуна иттилооти барои шахс зарур, озодии ҳаракат ва иродаро ҳамчун заминаи бунёдии ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ муқаррар намуд”.

Ҳамин тавр Конститутсия ҳаёти осоишта, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, кафолати устувории ҳаёти сиёсӣ, бисёрҳизбӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун ва ҷомеаи демокративу дунявиро таъмин намуда, дар масири вақт бо талаби айём ду маротиба 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Аъзамҷон Азимов,профессори факултети журналистикаи ДМТ

Дилафрӯз Азимзода,унвонҷӯйи кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ваҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиифакултети ҳуқуқшиносии ДМТ