ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ИҚБОЛИ ЛОҲУРӢ

0
63

Имрӯз (09.11.2024) бо ташаббуси факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Рӯзи Иқболи Лоҳурӣ таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғаффорзода Илёс, сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Саид Сарвар, котиби ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Покистон Сайфиддин Суннатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабиниро декани факулети забонҳои Осиё ва Аврупо оғоз бахшида, баъдан муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғаффорзода Илёс перомуни шахсияти Иқболи Лоҳурӣ андешаронӣ кард. Иброз намуд, ки Иқболи Лоҳурӣ дар шоирӣ истеъдоди бемислу беназир аз худ нишон дод ва осори ҷовидонае аз худ ба забони форсӣ – тоҷикӣ ба ёдгор гузошт. Мероси пурмояи ӯ мутааллиқ ба тамоми мардуми дунё ва махсусан мардуми машриқзамин аст. Мазмуни асосии эҷодиёти Иқболи Лоҳуриро худшиносӣ, ваҳдат ва сулҳ ташкил медиҳад.

Баъдан сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Саид Сарвар низ дар бораи бузургии Иқболи Лоҳурӣ суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Иқболи Лоҳурӣ шоир, мутафаккир ва орифи бузурги Шарқ ба шумор меравад. Паёми ӯ натанҳо барои мардуми машриқзамин, балки барои ҷаҳониён метавонад роҳкушову роҳнамо бошад.

Инчунин, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Раҷабов Ҳабибулло ва котиби ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Покистон Сайфиддин Сунатӣ суханронӣ намуданд. Дар охир донишҷӯёни ихтисоси ҳиндӣ ва урду аз ашъори Иқболи Лоҳурӣ бо як маҳорати хуб бо забонҳои тоҷикӣ ва урду шеърҳо қироат намуданд.