ТОҶИКИСТОН – ДАВЛАТИ ПЕШСАФ ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ОБУ ИҚЛИМ

0
58

(дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»)

Тоҷикистон ҳамчуни давлати соҳибистиқлол дар ҳалли масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, махсусан масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми назаррас дорад. Як қатор иқдомҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул гардидаанд, ки обрӯю эътибори онро дар ҷаҳон боз ҳам баланд гардонида, мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам менамоянд.

Бояд таъкид намуд, ки ҳастии тамоми мавҷудоти рӯйи замин, аз ҷумла, инсоният ба об вобаста аст. Имрӯз дар саросари ҷаҳон мушкилоти норасоии об, яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб ёфта, дар радифи тағйирёбии ҷаҳониииқлим пайвастаомӯхта мешавад. Об қабл аз ҳама захираи барқароршаванда буда, аммо дар иртибот ба тақсимоти нобаробари захираҳои обӣ дар сайёраи замин ва афзоиши аҳолӣ норасоии об ба назар мерасад.

Афзоиши босуръати аҳолӣ дар сайёра боисиафзудани талабот ва истифодаи об дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, хизматрасонӣ, дар маҷмуъ,ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти инсоният мешавад. Айни ҳол дар ҷаҳон беш аз 1 миллиард одам аз норасоии об азият мекашад, зиёда аз 2 миллиард аҳолии сайёраоби нӯшокии ғайрисанитариро истеъмол менамоянд. Тағйирёбии ҷаҳонии иқлим ба равандҳое, ки дар муҳити зист ба амал меоянд, таъсир расонида, боиси тағйир ёфтани сохтори амалкунандаи фаъолияти тамоми системаи муҳити зист мегардад.

Имрӯз дар арсаи ҷаҳон ташаббуси чоруми Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 амалӣ мегардад. Ҳамзамон, 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Тоҷикистонро дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” қабул намуд. Дар робитаба ин шаҳри Душанбе аз 10-ум то 13-уми июни соли 2024 мизбони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар ҷаҳорчӯби Раванди оби Душанбе мегардад. Раванди оби Душанбе ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ намудани татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” мебошад, ки тавассути баргузор намудани конфронси байналмилалӣ дар ду сол як маротиба аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид (СММ) амалӣ мешавад. Дар ин конфронси бонуфуз роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои бархе аз давлатҳои ҷаҳон, инчунин созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ иштирок менамоянд.

Имрӯз омодагӣ ба Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар ҷаҳорчӯби Раванди оби Душанбе бо маром идома дорад.

Сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ зимни як мусоҳиба бо АМИТ “Ховар” қайд намудааст, ки имсол барномаи Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амали об ба сохтори Конфронси оби СММ 2023 мувофиқат менамояд, аз ҷумла ҷаласаҳои пленарӣ, панҷ муколамаи интерактивӣ, ки пешрафтҳои аз Конфронси оби СММ 2023 ба даст овардаро ҳамаҷониба баррасӣ мекунанд, форумҳо, чорабиниҳои канорӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳо, нишасти матбуотӣ ва тамошои мавзеъҳои сайёҳии мамлакат.

Барои таъкид кардани ҳамбастагии Конфронси оби СММ 2023 ва Раванди оби Душанбе ва таъмини идомаи муҳокимаҳои конфронси оби СММ 2023 дар Раванди оби Душанбе дар чаҳорчӯби Конфронси 3-юми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал оид ба об панҷ муколамаи интерактивӣ баргузор мешавад, ки хусусияти асосии фарқкунандаи ин конфронс ва идомаи Конфронси СММ мебошанд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар ҷараёни Конфронси оби СММ-2023 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ пешниҳод намуданд, ки Раванди оби Душанбе ҳамчун платформаи пайгирии натиҷаҳои Конфронси оби СММ 2023, бахусус барои татбиқи Рӯзномаи амали об истифода карда шавад.

Ба ҳамраисони муколамаҳои интерактивии дахлдори Конфронси оби СММ 2023 пешниҳод карда мешавад, ки дар якҷоягӣ бо дигар шарикони Раванди оби Душанбе муколамаҳои интерактивии Конфронси Душанберо ташкил кунанд, ки ба татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, шарҳи пешрафте, ки Конфронси оби СММ 2023 мусоидат кардааст, бахусус татбиқи Рӯзномаи амали об, муайян кардани мушкилот ва имконият дар татбиқи онҳо, табодули таҷрибаи пешқадам ва роҳҳои ҳалли инноватсионӣ ва таҳкими шарикӣ байни ҷонибҳои манфиатдор барои амалӣ намудани ҳадафҳои марбут ба об бахшида мешавад.

Ба иттилои намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи конфронс 9 форум дар мавзуъҳои мухталиф ташкил гардида, вазорату идораҳои масъули Тоҷикистон вазифадор шудаанд, ки ҳамчун ҳамташаббуси ин форумҳо дар шарикӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои СММ, агентиҳо ва созмонҳои минтақавию ташкилоти мамлакатҳои аъзо дар ин ҳамоишҳо баромад кунанд.

Форумҳо қабл аз ифтитоҳи конфронс баргузор шуда, иштироки мақсадноки бахши хусусӣ, аҳли илм, занон, ҷавонон ва дигар гурӯҳҳои асосиро тибқи ҳадафҳои Конфронс таъмин менамоянд.

Онҳо имкон медиҳанд, ки ҷонибҳои мухталифи манфиатдор, аз қабили занон, ҷавонон, мардуми таҳҷоӣ, гурӯҳҳои касбӣ, олимон, бахши хусусӣ ва дигарон дар татбиқи рӯзномаи об бо таваҷҷуҳ ба тақвияти фаъолият ва шарикӣ дар соҳаи об, сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷалб карда шаванд. Мубоҳисаҳои воқеӣ ва мубрам, хулосаҳо ва қарорҳо метавонанд ба кори Конфронс ва баррасии Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 бо дарбаргирии чаҳорчӯби суръатбахшии ноил шудан ба Ҳадафи шашум ёрии самарабахш расонанд.

Илова бар ин, вазорату идораҳо дар ташкили Намоишгоҳи байналмилалӣ таҳти шиори “Таҷдиди назар ба маънои об” дар якҷоягӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва дигар шарикон ҷалб карда мешаванд. Намоишгоҳ дар ҷараёни конфронс дар «Кохи Сомон» баргузор мешавад. Иштироки вазорату идораҳо барои муаррифии сиёсат ва таҷрибаи муваффақи мамлакати мо дар бахшҳои мухталифи марбут ба обу фарҳанг, анъана ва таъриху зиндагии мардуми тоҷик ба меҳмонон нигаронида шудааст.

Сомонаи конфронс таъсис дода шудааст, ки дар он омодагӣ ба конфронс ва дигар маълумоти заруриро метавон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас намуд. Кумитаи миллии тадорукоти конфронс ин дафъа низ маркази матбуотӣ ташкил менамояд, ки бо технологияҳои зарурӣ ва нав муҷаҳҳаз мегардад, инчунин ҷойҳои махсусе ташкил мешаванд, ки рӯзноманигорон метавонанд бо мутахассисони соҳа, мансабдорони давлатӣ ва ҳайатҳое, ки дар кори Конфронс иштирок мекунанд, мулоқот кунанд. Намояндагони аккредитатсияшудаи ВАО имконият доранд, ки чорабиниро аз ҷои баргузории маҷлисҳои пленарӣ, сессияҳо, нишастҳои матбуотӣ ва форумҳои махсус инъикос намоянд.

Барои аккредитатсия рӯзноманигорон бояд варақаи махсусро дар сомонаи расмии Конфронс пур кунанд.

Дар бораи конфронс мунтазам маълумот бо забонҳои гуногун паҳн карда мешавад, то ВАО ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз аҳаммияти конфронс огоҳ шаванд.

Шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Twitter, Instagram барои пешбурди Конфронс бо истифода аз хэштегҳои 3rddushanbewaterconference, WaterForAWateryWorld, Dushanbewaterprocess фаъолона истифода мешаванд.

Ҳамин тавр, Тоҷикистон дар даҳсолаи охир тавонист, ҳамчун давлати пешсаф таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро дар масоили мубрам ва ниҳоят ҳассоси ҷаҳони имрӯза дар мавзуъҳои обу энергетика, энергияи сабз, сарфаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, таъмини амнияти озуқаворӣ, тадбирҳои амалии пешгирии терроризму экстремизм, маводди мухаддир ва ғайра ҷалб намуда, ба ҳам оварад.

Абдурозиқ АБУНАСРЗОДА,докторанти Ph.D-и кафедраи матбуотифакултети журналистикаи ДМТ