Дар партави нутқи пурмуҳтавои
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
дар Маҷмааи СММ дар шаҳри Ню Йорк
Тағйиёрбии глобалии иқлим ва афзоиши босуръати аҳолӣ солҳои охир тамоми кишварҳои ҷаҳонро ба ташвиш оварда, ҳамасола ба иқтисодиёти давлатҳо хисороти зиёде ворид менамояд, ки ин боиси об шудани пиряхҳо, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо, омадани сел ва норасоии оби тозаи ошомиданӣ мегардад. Бо мақсади пешгирӣ аз ин падидаи номатлуб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ аз минбари баланди Созмонҳои Милали Муттаҳид бахшида ба захираҳои обӣ, ки дар Ню Йорк се рӯ з идома ёфт, фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуда, ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳамкории муштарак ва ҳалли мушкилоти об даъват намуданд. Ҳамраисии конфренсия ба дӯ ши Тоҷикистон ва Нидерландия буд.
Бахшида ба ин рӯйдоди бузурги таърихӣ бо Мудири шуъбаи иттилоот, робитаҳои байналмилалӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионии Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳо”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Земфира Лаблабунова мусоҳибае анҷом додем, ки фишурдааш пешкаши хонанда мегардад.
– Бигӯ ед, ки аз ҳамоиши байналмилалии фарахбахш бахшида ба захираҳои обӣ таассуроти шумо чӣ гуна аст?
– Ман баромади Ҷаноби Олиро бодиққат гӯш кардам ва боз як бори дигар дарк намудам, ки дар ин масъала бояд ҷомиаи ҷаҳонӣ бетараф набошад ва дастаҷамъона фаъолият кардан ба манфиати ҳамаи давлатҳост. Қайд кардан лозим аст, ки аз соли 2000 то имрӯ з бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид якчанд лоиҳаро оид ба об қабул кардааст. Аз ҷумла, “Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003” , “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013” ва “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”. “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигоҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, таконе ҷиддие барои омӯзиш ва нигоҳдории пиряхҳои ҷумҳурӣ мебошад. Яке аз вазифаҳои асосии ин Барнома ташкили Марказҳои яхшиносӣ мебошад.
– Дар ин росто чӣ корҳо анҷом дода шудаанд?
– Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани омӯзиши пиярхҳои мамлакат дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази илмӣ оид ба таҳқиқи ҳолати захираҳои обии кишвар ва пиряхҳо таъсис дода шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкили ин Марказро асоси таҳқиқотҳои бунёдӣ ва бо истифода аз технологияҳои муосири инноватсионӣ, дақиқ муайян кардани шумора, масоҳат, ҳаҷм ва раванди коҳишёбии пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар раванди эълон гардидани Даҳсолаи навбатии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028” ва ҳидоятҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2017, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми марти соли 2018, №162 ва қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми апрели соли 2018 дар назди Академия таъсис ёфтааст, дар ҳаёти стратегии кишвар воқеан рӯйдоди фараҳбахш ва ниҳоят муфид ба ҳисоб меравад.
– Самтҳои асосии фаъолияти Марказ аз чӣ иборат аст?
– Самтҳои асосии фаъолияти Марказ чунин арзёбӣ гардидааст:
– таҳияи таҳқиқоти илмӣ-бунёдӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо, криосфера ва гидрометеорология дар шароити тағйирёбии иқлим;
– таҳияи системаи барӯйихатгирии пиряхҳои Тоҷикистон мутобиқи Феҳристи пиряхҳо дар асоси технологияи муосири геоинформатсионӣ;
– омӯзиш ва ташкили таҳқиқоти бунёдии илмӣ дар бахши тағйирёбии иқлим ва омилҳои он;
– мониторинги экспедитсионии пиряхҳои репрезентативӣ ва ҳаракаткунанда;
– мониторинг оид ба кам кардани хисорот аз кандашавии пиряхҳо ва ҳавзҳои яхин;
– такмили низоми мониторинги моҳворавӣ ва арзёбии қабати барфу пиряхҳо ва ҳавзҳои яхини хавфнок;
– ташкили шабакаи назорати яхшиносӣ;
– пурра ба роҳ мондани назорати криосфера ва қабати барф;
– ташкили қабул ва таҳлили иттилооти моҳворавӣ ҷиҳати баланд бардоштани саҳеҳӣ ва ба роҳ мондани таҳқиқоти бунёдии ҳолати криосфера, захираҳои барф ва назорати ҷараёни шаклгирии захираҳои обӣ, пиряхҳо ва гидрометеорология;
– татбиқи усулҳои муосири инноватсионӣ дар бахши мониторинги пиряхҳо, криосфера ва гидрометеорология;
– баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандон ва тайёр намудани кадрҳо;
– иҷрои лоиҳаҳо, корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва истеҳсолӣ, аз ҷумла бо ташкилотҳои хориҷӣ дар асоси шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба.
– Хеле хуб. Ҳаҷми кор хеле бузург аст. Оё Марказ аз уҳдаи анҷом додани ҳамаи ин корҳо мебарояд?
– Барои иҷрои вазифаҳои бар уҳдаи Марказ гузошта зиёда аз 70 нафар корманди илмию техникӣ дар сохторҳои гуногун пурсамар фаъолият менамоянд. Фикр мекунам, ки кормандони ботаҷрибаи Марказ аз иҷрои вазифаи масъулиятноки бар дӯ шашон гузошташуда хуб мебароянд.
– Оё дар ин кори пурмасъулият ташкилоту муассисаҳои дигар ҳам ҳамкорӣ мекунанд?
– Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар ҳамоҳангӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошт ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи тоҷик, Агентии обуҳавошиносӣ, Маркази патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, филиали Оғохон оид ба макони зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар самти вусъат додани муносибатҳои илмию истеҳсолӣ хуб ба роҳ мондааст.
– Дар ин самт ҳамкориҳо бо созмонҳои хориҷӣ ҳам сурат мегиранд?
– Муассиса бо Академияи илмҳои Федератсияи Россия ва марказҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ дар соҳаи об (Global Water Partnership) шартномаи ҳамкорӣ бастааст. Ҳамчунин, мутахассисони Марказ бо мақсади роҳандозии омӯзиши илмӣ ва байналмилалӣ бо Институти тадқиқотии илмии Шветсария, Донишгоҳи Фребурги Шветсария оид ба гузаронидани экспедитсияҳои илмии таҳқиқотӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст.
– Омӯзиши пиряхҳо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад?
– Омӯзиши мувозинати пиряхҳо, ки яке аз самтҳои пешсафи омӯзиш ба ҳисоб меравад, дуруст ба роҳ монда шудааст. Бояд зикр намуд, ки чунин усулҳои таҳқиқот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба ба тариқи маҷмуавӣ гузаронида мешаванд. Барои сабти раванди боришот ва коҳишёбии пиряхҳо дар давоми сол дар пиряхи Зулмарт стансияи автоматӣ насб карда шудааст. Бо дастгирии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боз як стансияи автоматӣ дар болооби дарёи Варзоб насб гардидааст. Ин имконият медиҳад, ки марказ мониторинги доимии боришот ва ҳолати гидрометеорологиро ба роҳ монад.
Кормандони Марказ бо истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, омӯ зиши фосилавӣ ва маълумотҳои моҳворавӣ дар муддати кӯ тоҳ 12 ҷилди Феҳристи пиряхҳои Тоҷикистонро аз ҷиҳати техникӣ омода намуда, ҳамзамон, ба верификатсия, таҳлил ва аниқ намудани маълумотҳо машғуланд. Дар ҷараёни гузаронидани таҳлилҳои феҳристе, ки қаблан таҳия шуда буд, бисёр номуаяниҳо маълум гардиданд. Махсусан, дар шумораи пиряхҳое, ки масоҳаташон аз 1 км2 хурд аст, номуаяниҳо дида мешуданд.
– Корҳои таҳқиқотӣ аз кай ҷараёни тоза гирифтанд?
– Иқдоми навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми марти соли 2021 сурат гирифт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд. Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошад.
идома дорад…
Мусоҳиб:
Нуриддин Бозорзода