ИЛМ, ИТЕРНЕТ ВА ҶАВОНОН

0
244

“Илм ин кори тафаккури монданашавандаи асрҳост”. (Алберт Эйнштейн )

Бо тамоюли ҷаҳонишавӣ илми муосир дорои имкониятҳои беназир мебошад ва пешрафти рӯзмарраи ҳаёти серҷабҳаи инсоният ба он вобастагӣ дорад. Воситаҳои иртиботӣ (коммуникатсионӣ)-ро дар ин раванд метавон дар саргаҳ қарор дод. Вобаста ба ин ҳанӯз дар соли 1904 Николай Тесла пешгӯӣ карда буд,  ки замоне мерасад инсон фикру ақидаҳои хешро ба масофаҳои дур фиристад. Ин пешгӯӣ асос дошт ва акнун бо гузашти 1 аср ин пешгӯӣ имконпазир гашт. Ба воситаи пешрафти илм ва технология имрӯз инсоният дар паҳн кардани ахбор ва дигар матлабҳо ҳеҷ мушкиле надорад. Ин дар ҳолест, ки 50 сол қабл барои ирсолу гирифтани ҷавоби як мактуб ба Русия, ё дигар кишварҳои имрӯзаи ИДМ 15-20 рӯз лозим буд.

Акнун он ҳама гузаштаҳо (дар масъалаи дастрасии матолиб) мисли афсона мебошанду хандаовар ба назар мерасанд. Пешрафти илм ва технология  дар замони муосир такони бузургро ба миён овард ва дар як лаҳза метавон натанҳо як мактуб балки ҷил-ҷилд китобҳоро ба як нуқтаи дури сайёра ирсол кард. Маҳз, ҳамин масъала (пешрафти васоити иртиботӣ) тараққиётии рӯзафзуни тамоми соҳаҳои ҳаётро ба таври назаррас дигар кардааст. Имрӯз васоити электронии алоқаву ахбор боис гардидааст, ки саривақт аз ҳамагуна таҳаввулот огаҳ шавем. Навигариҳои охирини илмӣ дар соҳаҳои гуногун, тиб, технология, шабакаҳои иҷтимоӣ  ва ғайра кору фаъолияти моро боз ҳам осонтар ва қуллайтар кардааст. 

Таъбири Тесла ҳақиқати худро собит кард ва инсон метавонад дар муддати хеле кутоҳ фикру ақидаҳои худро ба масофаи дур расонад. Ҷаҳони имрӯза воқеан ба як деҳаи бузург табдил ёфт ва дар чанд дақиқа метавон ҳама маълумотро дар бораи ин ҷаҳон аз Интернет пайдо кард. Вале ин масъала дар баробари манфиатҳо тарафҳои манфии худро низ дорад. Имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз шабакаҳои маъмултарини паҳнамоии иттилоот гардидааст. Дар натиҷа журналистикаи интернетӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ ба вуҷуд омад. Ҷавонон ки қисмати зиёди вақти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд, бояд эҳтиёткор бошанд. Зеро Интернет вақтдузд ва андармонкунанда буда, ба мафкура таъсири зиёди манфӣ мерасонад. Имрӯзҳо аксу наворҳоеро мебинем,  ки ба куллӣ ба истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ таъсир мерасонанд ва завқи ҷавононро мекоҳононанд. Яъне интернет маълумот диҳад ҳам, аммо хеле кам дониш мебахшад. Ҳеҷ вақт на он самареро дода метавонад, ки онро ҷавонон аз мутолиаву омӯзиши мустақилона дар китобхона ҳосил менамоянд.

Тавре маълум аст,  дар ҷомеаи имрӯза дар пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст. Чунки ҷавонон дорои афкори тозаю нав ва нерӯи муҳимми пешбарандаи иқтисодиёт буда, барои онҳо донишу касбу ҳунарҳои замонавӣ лозим аст. Танҳо дониш ва ҷаҳонибинии қавии ҷавонон истифодаи дурусту васеи технологияҳои муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Дуруст аст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбияи ин қишри аҳолӣ диққати калон медиҳад. Махсусан, Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини  онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияи муосиру бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус медиҳанд. Тавре ки  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамояд: “Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд”. Аз ин ҷиҳат мо ҷавононро лозим аст, ки бо истифода аз ҳама шароит сидқан дар пайи омӯзишу таҳсил қарор дошта бошем. Ҳеҷ гоҳ зидди истифодаи Интернет нестем, аммо “донишҳои интернетӣ” ҳеҷ гоҳ устувор намебошанд. Албатта, агар Интернетро бо мақсади такмили дониш (ба сифати сарчашмаи китобу махзан) истифода бурда тавонем, пас мо муваффақ хоҳем буд.

Рухшона Умарзода,

донишҷӯи соли аввали

факултети журналистика