Мудири каферда

Ҷӯраева Мушаррафа Рустамовнав

Ҷўраева Мушаррафа Рустамовна, 29 августи соли 1965 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1982 мактаби миёнаи рақами 15-и шаҳри Душанбе ва соли 1987 факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 

Ҷӯраева Мушаррафа Рустамовна

Вазифа:  Профессор, мудири кафедраи услубшиносӣ   ва таҳрири адабӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: доктори илмҳои  филология, профессор

Самти ихтисос: кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ

Маълумот барои тамос:
Нишонӣ: ш. Душанбе, к. Пушкин, 107
Телефон: +992 93 880 93 01
E-mail: light_angel-65@mail.ru

Маълумоти мухтасар:

29 августи соли 1965 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

Соли 1982 мактаби миёнаи  №15-и шаҳри Душанберо аъло хатм намудааст.
Соли 1987 факултети  филологияи  УДТ ба номи В.И. Ленинро аз рӯйи ихтисоси «Филолог. Муаллими забон ва адабиёти тоҷик» хатм намудааст.

Соли 1998 рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филология дифоъ намудааст.

Соли 2017 рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филология дифоъ кардааст.

1987-1993 – муаллимаи забон ва адабиёти тоҷики мактабҳои миёнаи №№ 15 ва 55 ш.Душанбе

1993-1994 – ассистенти кафедраи умумидонишгоҳии забону адабиёт ва омӯзиши алифбои ниёгони ДМТ

1994-1996 – аспиранти шӯъбаи рӯзонаи ДМТ

1996-2000 – ассистент, дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ

2000-2003 – ёвари калони сардори раёсати равобити байналмилалии Вазорати мудофиаи ҶТ

2003-2007 – дотсенти кафедраи забонҳои Донишкадаи иқтисоди ҶТ

2007- 2013 – дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ

2013-2015 – докторанти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ

Аз 2015 инҷониб дотсент, профессор, мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ

Узви шурои диссертатсионии Д 737. 004. 03 ва 6D.КОА-021 оид ба дифои дараҷаҳои илмии номзад ва доктори илм дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси 10.01.10 – Журналистика ва 10.02.01 – Забони тоҷикӣ

 Фанҳои таълимӣ:

• забони адабии муосири тоҷикӣ;
• услубшиносии ВАО;
• одоби муошират дар ВАО;
• медиалингвистика;

• медиариторика.

 Мавзуъҳои илмии мавриди таваҷҷуҳ:

• забони ВАО;
• одоби муошират дар ВАО;
• риторика (маҳорати суханварӣ).

  Интишорот:

Муаллифи 5 монография ва дастурҳои таълимӣ ва зиёда аз 50 маќолаи илмӣ. 

Мукофоту ҷоизаҳо:

Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, 2015)

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, 2016)

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, 2018)