БАРДОШТҲОИ САФАРИ ПРОФЕССОРИ ДМТ МУРОД МУРОДӢ АЗ НБО-И РОҒУН ВА ВОДИИ РАШТ

0
143

Аз 21 то 24 август як гурӯҳ рӯзноманигорон аз шаҳру навоҳии мамлакат бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷараёни корҳои созандагӣ ба водии Рашт сафар намудем. Хати сафар аз Душанбе маншаъ гирифта, расмияти он аз боздиди шаҳраки Роғун ва НБО-и «Роғун» оғоз гардида, бо тамошои дастовардҳои замони истиқлол ва корҳои созандагии ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Лахш ва Тоҷикобод идома ёфт.Дар ҷараёни сафар рӯзноманигорон имкон пайдо намуданд, ки бо корномаи бунёдкорони Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шаванд, аз суҳбати Директори техникии сохтмони ин неругоҳ Маҳмадсаид Шамсуллозода баҳра бардоранд, бо ободкориҳои Боғи фароғатии маркази ноҳияи Нуробод, бартариҳои боғи интенсивии ноҳияи Рашт, заминҳои картоштаи ноҳияи Лахш, пешравиҳои деҳоти ҷамоати Лаби оби ноҳияи Тоҷикобод ва амсоли ин шинос шаванд.Аз мушоҳидаи корзори НБО-и «Роғун» ва табиату сафои боғу роғҳои ин водӣ рӯзноманигорон ба фараҳ меомаданд, ангушти ҳайрат мегазиданд ва ба корномаи коргарону деҳқонон аҳсант мехонданд. Барои ман низ дидану шуниданҳо басе ҷолиб буд. Зеро бори аввал ба НБО-и «Роғун» сафар намудам ва таассуроти қаблиам дар бораи ин сохтмон, ки аз маводи ВАО ва асарҳои ҷудогона ҳосил шуда буд, комилтар гардид ва бори дигар мутмаъин шудам, ки бо чашми худ дидан аз хондану шуниданҳо волотар будааст.НБО-и «Роғун» воқеан иншооти азим ва беназир аст. Бахусус нақбҳои он, ки вазифаҳои гуногунро иҷро менамоянд, касро ба ҳайрат меоваранд. Нақбҳо, ки дар маҷмуъ беш аз 70 километрро ташкил медиҳанд, дили кӯҳро шикоф намуда, барои обпартоӣ, боркашонӣ ва иртиботи мавзеъҳои гуногуни корзор хизмат менамоянд. Мошинҳои боркаш беист равуо доранд, тракторҳо танаи кӯҳро ҳамвор ва мустаҳкам мегардонанд, дар қитъаҳои ҷудогона мутахассисон машғули кор мебошанд. Ба иборае, кор дар ҷӯш аст. Мутахассисон аз кори худ қаноатманд буда, ифтихор менамоянд, ки дар бунёди чунин сохтмони азим саҳм мегузоранд.Корзори ин сохтмон бемуҳобот пурҳашамат аст. Аз ҷумла, дарвозаҳои оббанди шаш агрегат, ки дар бағали қуллаи кӯҳ (дарғот) бунёд мегарданд, 140 метр дар умқи замин ҷойгир шудаанд. Коргарон бо қуттитасмаҳо ба он ворид шуда, ба васлу насб машғул мешаванд, чархаҳои агрегатҳо зиёда аз 200 тонна вазн доранд, чуқурии бетони таҳкурсии мавзеи асосӣ (мозг) се метр ва паҳноияш як гектарро ташкил медиҳад. НБО-и «Роғун» танҳо сохтмони азими истеҳсолӣ нест, балки он майдони тарбияи касбии мутахассисони ватанӣ низ ҳаст. Дар айни ҳол дар бунёди он зиёда аз 14 ҳазор нафар коргарон саҳм мегузоранд, ки аксарияташон мутахассисони тоҷик мебошанд. Чунончи, директори техникии сохтмони ин неругоҳ Маҳмадсаид Шамсуллозода нақл намуд, ки дар замони пеш аз истиқлол барои мутахассисони тоҷик дар чунин сохтмонҳо ҷой набуд, гӯё онҳо аз уҳдаи кори муҳандисӣ ва ё васлгару сарварӣ намебаромада бошанд. Имрӯз мутахассисони тоҷик дар соҳаи нақбу неругоҳҳо хеле зиёд ҳастанд, ки на танҳо дар бунёди чунин сохтмонҳои азими мамлакат саҳм мегузоранд, балки қодир ҳастанд дар тендерҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок намуда, ғолибият ба даст оранд. Онҳо қодир ҳастанд, ки қобилият ва маҳорати касбии худро дар чунин бунёдкориҳо нишон дода, ҷаҳониёнро ба тасхир оранд. Аз тарафи дигар, ин сохтмон манбаи такомул ва таъсири мутақобилаи таҷрибаи ҳамдигарӣ аст, ки дар таҳкими дӯстии халқҳо нақши бориз мегузорад. Тамоми коргарон як мақсад доранд: бо сифати баланд ва сарбаландона иҷро намудани вазифаҳои худ ва саҳми арзанда гирифтан дар бунёди НБО-и «Роғун».Бо тағйир додани маҷрои об ва ҷамъ шудани оби дарё- аз мавзеи Роғун то саргаҳи ноҳияи Нуробод баҳр бунёд хоҳад гашт, ки дарозии он то 70 километр тӯл мекашад. Албатта, баъзе деҳаҳо кӯч мебанданд, баъзе мавзеъҳо зери об мемонанд, аммо табиати водӣ, муҳиту шароит ва манфиатоварии он дигаргун мешавад. Теппаҳо сабзазор мегарданд, шаҳракҳои лаби об пайдо мешаванд. Яке аз чунин шаҳракҳо Нуробод аст, ки ободонии он аз рӯйи нақшаи муайян босуръат идома дорад. Боғи истироҳатие, ки дар ин шаҳрак бунёд гардида, дар таҷдиду тармим қарор дорад, 11 га заминро фаро гирифта, дар он тамоми шароити истироҳат пешбинӣ шудааст. Ин боғ аз ҷиҳати масоҳат, тарзи ороиш, таъминоти лавозимоти истироҳат ва мавзеи ҷойгиршавӣ камназир аст. Бо пур шудани оби наҳр он ба яке аз боғҳои фароғатии лаби баҳр табдил хоҳад ёфт. Дар болооби шаҳраки Нуробод дарозтарин пули мошингард бунёд мегардад, ки роҳи навсохтро ба ин шаҳрак ва ноҳияҳои болооби ин минтақа пайваст мегардонад. Ҳамаи ин минтақаро ба яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил дода, сатҳу сифати зиндагии мардумро тағйир хоҳад дод.Дар ноҳияҳои водии Рашт боғҳои замонавии интенсивӣ бунёд гардида, дарахтони себу нок, шафтолуву олу ва хуч парвариш мешаванд. Агар баъзе аз боғҳоро ниҳолони аз хориҷа оварда ташкил диҳанд, дар бархеи дигар ниҳолони меваҳои худӣ (маҳаллӣ) парвариш мешаванд. Аз ҷумла, дар боғи ботаникӣ-фарҳангии «Кӯҳсори Аҷам», ки дар ноҳияи Рашт бунёд гардидааст, аслан ниҳолони маҳаллӣ парвариш мешаванд. Дар ин боғ ниҳолони камчини дар ҳолати маҳвшавӣ қарордошта ҷамъ оварда шуда, дар ин ҷо пайванд ва парвариш шудаанд. Боғи ӯ ҳам манбаи паҳн кардани ниҳоли меваҳои маҳаллӣ ва ҳам бардошти ҳосили фаровон аст. Осорхонае, ки дар паҳлуи ин боғ бунёд шудааст, аз як тараф, аз муҳаббат ва шавқи инсон ба арзишҳои фарҳангиву миллӣ дарак диҳад, аз ҷониби дигар, баёнгари таърих, зиндагӣ, урфу одат ва анъанаву расми сокинони ин гӯшаи мамлакат мебошад.Боғи Давлатбек Аҳмедов, ки дар ноҳияи Лахш бо номи «Ҳавлобек» бунёд гардидааст, 17 навъ себи маҳаллӣ ва дарахтони нок, олу ва хучро фаро мегирад. Боғпарварон заминро сарфакорона истифода мебаранд, ба қадри замини кишт мерасанд, аз ин рӯ дар байни қатори ниҳолҳо сабзавот парвариш намудаанд.Дар водии Рашт, бахусус дар ноҳияи Тоҷикобод ба масъалаи рушди деҳот таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, дар деҳаи Сафедмун ҳамроҳ бо шарикони рушд сохтмони манзил барои 60 оилаи ниёзманди ятим, мактаби дуошёна, маркази фароғатӣ, бунгоҳи тиббӣ ва коргоҳи истеҳсолӣ идома дорад.Дастовардҳои водии Рашт дар замони истиқлол хеле зиёд ва чашмрас мебошанд.Меҳмонхонае, ки соли 2016, дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар маркази ноҳияи Тоҷикобод бунёд гардидааст, аз се ошёна, 43 ҳуҷра ва 85 кати хоб иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти замонавии зарурӣ таъмин гардидааст. Он дар ин минтақа назир надорад.Мизи мудавваре, ки давоми сафар дар Донишкадаи омӯзгории Рашт дар мавзуи «Нақши ВАО дар таҳкими истиқлолият» баргузор гардид, барои баррасии илмии мавзуъ, музокираву табодули таҷрибаи кори муҳаррирон басе судманд буд. Зимни баррасии масъалаи асосӣ вазъ ва ҳолати нашрияҳои маҳаллӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Аз ҷумла, муҳаррирони нашрияҳои маҳаллии «Оинаи Рашт», «Садои Конибодом», «Файзи Пешво» (Шаҳринав), «Истиқлол» (Темурмалик) аз таҷриба ва дастовардҳои худ нақл намуданд, ки шуниданӣ ва баҳрабардоранда буд. Зимнан дар шароити рушди ВЭАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти нашрияҳои даврии маҳаллӣ таҷдиди назар мехоҳад. Ин ҳолатро масъулини нашрияҳои даврӣ дарк намуда, кӯшиш менамоянд, ки дар баробари фаъолияти мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҳаёти мардумро низ инъикос ва дастовардҳои мамлакатро тарғиб намоянд, сокинонро ба мутолиаи он ҷалб созанд, теъдоди обунаро афзоянд. Дар минтақа нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт – «Оинаи Рашт» пешсаф аст. Ин нашрия бо теъдоди 7076 нусха чоп мешавад, ки дар муқоиса ба се соли пешин ду баробар зиёд аст.Чизи дигаре, ки дар сафар хотирмон шуд, истиқболи гарми меҳмонон аз ҷониби намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва сокинону кишоварзон буд.Дар истиқболи «Корвони иттилоотӣ» бояд ҳатман сармуҳаррирони нашрияҳои даврии маҳаллӣ ҳамроҳ бошанд. Мутаассифона, дар сафари анҷомшуда на дар ҳама ноҳияҳо сармуҳаррирони нашрияҳои даврии маҳаллӣ дар ҳайати пешвозгирандагон ва роҳбаладон қарор доштанд. Сармуҳаррирони баъзе ноҳияҳо ҳатто аз худ дарак надоданд. Нашрияи ноҳия на танҳо инъикосгар, балки манбаи хуби набзи маҳал аст. Бинобар ин дар чунин сафарҳо ҳамроҳӣ намудани намояндаи нашрия мадади касбие мешавад барои ҳайати сафар дар дарку маърифати моҳияти воқеаву рӯйдодҳо.Дар маҷмуъ сафари «Корвони иттилоотӣ», ки бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуд, иқдоми нек, созанда ва ваҳдатофар буд. Ин сафар на танҳо рӯзноманигоронро бо водии Рашт ва дастовардҳои навоҳии он шинос гардонд, балки робитаи касбии онҳоро боз ҳам қавӣ намуда, ба ҳалли мушкилоти нашрияҳои даврии маҳаллӣ, андаке ҳам бошад, мусоидат намуд. Дарвоқеъ созандагӣ ва бунёдкориҳои мардуми ин минтақаи мамлакат, ки воқеан зиёд буда, арзандаи тараннум аст, ба мардум бояд бештар муаррифӣ шавад.

Мурод МУРОДӢ

(Манбаъ: АМИТ “Ховар”)

Мурод МУРОДӢ,
профессор