Муовини декан оид ба таълим

Шукруллоев Беҳрӯз Кароматуллоевич

Шукруллоев Беҳрӯз Кароматуллоевич 15 апрели соли 1981 дар деҳаи Вашани ноҳияи Айнии вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 2005 факултети журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардаву 30 майи соли 2013 дар мавзӯи «Мактуб ҳамчун жанри публитсистика» рисолаи номзадияшро ҳимоя намудааст.

Шукруллоев Беҳруз Кароматуллоевич дар давоми фаъолияти омӯзгориаш бо ВАО ҳамкории доимӣ дошта, дар мавзӯҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гузоришу мақолаҳояш ба нашр расидаанд. Мавсуф аз соли 2003 то 2005 корманди Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» ва солҳои 2012- 2013 ба ҳайси шореҳи сиёсӣ дар ҳафтаномаи «Чархи гардун» фаъолияти рӯзноманигориашро пеш бурдааст.

Аз 25 августи соли 2013 то 1 апрели соли 2016 ҳамчун муҳаррири ҳафтаномаи «Бозори эълон» кор кардааст. Аз 06 апрели соли 2016 муовини декан оид ба таълим таъин мегардад.

Шукруллоев Б. К дорандаи нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, муаллифи монографияи «Жанри мактуб: рисолат ва имконот» аст.