КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ МАТБУОТӢ ДАР МЕҲМОНӢ

0
39

Ба ифтихори РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ дар заминаи маҳфили “Нилуфари нур”имрӯз кормандони Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини сардори ин марказ полковник Маҳмадулло Юсупов, сардори гурӯҳи телевизионӣ майор Боқӣ Шарифов ва сармутахассиси рӯзномаи “Ҳомии Ватан”- Шоҳин Шарипов бо шогирдони факултет вохӯрии судманди идона анҷом доданд.

Дар оғози маҳфил мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ дотсент Сангин Гулов роҳи паймудаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъсису тавоно гардидани Артиши миллӣ зикр намуданд.

Дар ин сӯҳбат ба шогирдони навқалам дар бораи рисолати бузурги Артиши миллӣ беҳтарин суханҳо гуфта шуд. Артиш дар ҳақиқат як рукни муҳими давлатдорӣ мебошад ва кафолати суботу оромии ҷомеа ба он вобаста аст.

Дар ҷараёни сӯҳбат дар мавриди фаъолияти ин марказ ва нақши он дар самти тарбияи ватандустӣ аз паҳлӯҳои зиёд баҳогузорӣ гардид. Донишҷӯён бо шавқу рағбат дар бораи як навъи журналистикаи соҳавӣ бисёр нозукиҳоро дарк намуданд.

Масъалаи хизмати ҳарбии ҷавонон низ матраҳ гардида, ҳифзи марзу буми ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як соҳибватан гуфта шуд. Қобили таҳсин аст, ки ҷавонони мо имрӯз торафт ҳисси баланди ватандӯстӣ нишон дода, ихтиёран ба хизмати ватан мераванд.

Мавриди зикри хос мебошад, ки Маркази матбуотии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби хоси тарбияи журналистон ба шумор меравад. Ин марказ вобаста ба вазифаҳои худ дар чандин самт фаъолияти густурда дорад

То имрӯз даҳҳо нафар шогирдони факултети журналистика бо тарбияву самари ин мактаб ба қуллаҳои баланди касбият расидаанд.

Аз ҷумла, сардори ин марказ Фариддун Маҳмадализода хатмкардаи факултаи журналистика мебошад, ки бо донишу маҳорати баланди эҷодӣ дар тарғибу ташвиқи ватандӯстӣ барои ҳар як хонадони тоҷик ошно мебошад.

Дар баробари ин Фариддун Маҳмадализода дар мактаби амалия барои даҳҳо нафар журналистони касбӣ ҳаққи устодӣ пайдо кардааст.

Маводи босифати ин марказ тариқи шаклҳои гуногуни васоити ахбори омма ба мардум расонида мешавад. Шогирдону тарбиятдидагони ин Марказ имрӯз дар бузургтарин расонаҳову вазифаҳои пурмасъул фаъолият доранд.

Ҷузъиёти ҷолиби дигар дар ин дидор он буд, ки шогирдони факултет Боқӣ ва Шоҳин боҳаяҷону боҳарорат дар бораи айёми донишҷӯйӣ ҳарф заданд. Аз дарси устодони зиндаёд ёдовар шуданд.

Имрӯз факултети журналистика ифтихор дорад, ки чунин шогирдони қобилаш аз минбарҳои баланд ба омма сухан гуфта метавонанд ва онҳоро мешиносанд.

Муовини сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиа полковник Маҳмадулло Юсупов низ шогирдону иштирокдорони маҳфилоро барои солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, чавононро ба ватандӯстиву садоқатмандт даъват намуд.

Дар охир чун анъана маҳфил ба саволу ҷавобҳои зиёд анҷом ёфт.