БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ ДУЮМИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ДУШАНБЕ

0
139

Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи панҷумин ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Форум аз қабули меҳмонон ва тамошои дастовардҳои илмию таълимии зумрае аз муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд. Баъд аз қабули меҳмонон ва боздиди намоишгоҳ дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон форум ба кори худ оғоз намуд.

Дар оғози форум ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Саидзода Раҳим Ҳамро, Вазири илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон Саясат Нурбек, Вазири маорифи Туркманистон Атаева Қурбонгул Какалиевна, муовини вазири маориф, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Бузрукхонов Сарвархон Мунавархонович, ректори Донишгоҳи давлатии Оши Ҷумҳурии Қирғизистон Кожобеков Худойберди Гапаралиевич ва чанде аз роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии аъзои Форум суханронӣ намуданд.Зимни суханрониҳо таъкид шуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ донишгоҳҳо ва марказҳои таълимиро робитаҳои зич ба ҳам мепайвандад. Ҳамкориҳои имрӯзаи донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ метавонад барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяни стратегӣ мусоидат намоянд. Робитаҳои иҷтимоию сиёсӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии кишварҳои Осиёи Марказӣ заминаи боэътимоди амиқтар кардани муносибатҳо дар дигар соҳаҳои муҳим: дар соҳаи илм, маориф, технологияҳои олӣ ва инноватсия мебошанд.

Низоми таҳсилоти олӣ ва ташаккули фазои ягонаи башардӯстона асосии рушди ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.«Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ рушди илму маориф дар тамоми давра ба самти муҳимтарин ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт.

Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои Осиёи Марказӣ бори аввал бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад» – таъкид шуд дар форум.

Дар идомаи форум миёни чанде аз донишгоҳҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар самти ҳамкориҳо созишнома ба имзо расид. Форум дар ду бахш идома дорад:Бахши I: «Тамоюлҳои таҳсилоти байналмилалӣ дар шароити ҷаҳони тағйирёбанда: анъана ва инноватсияҳо».Бахши II: «Рушди ҳамкориҳои илмию педагогӣ ҳамчун омили ҳамгироии байналмилалӣ дар фазои таълимии бисёрфарҳангӣ».

Бознашр аз tnu.tj