ИФТИТОҲИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ТАЪЛИМИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

0
259

Дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ дар фазои тантанавӣ Телевизони таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ТТ ДМТ) ифтитоҳ гардид.

Дар маросими кушодашавии он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода ва дигар меҳмонону шогирдону устодон ширкат варзиданд.

Дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон студияи таълимии телевизиони донишгоҳ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ва раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.

Бо ибтикори ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода бинои наву барҳавои васеъ сохта шуд, ки баробар ба студияҳои телевизонҳои шинохта мебошад. Бо тасмим ва иқдоми раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид ба ин студия ду камераи студиявӣ, дастгоҳи марказии пахш ва дигар таҷҳизоти зарурӣ оварда шуд.

Дар дизайн ва ороиши гуногун саҳми раёсати донишгоҳ хеле зиёд аст. Аз ҷумла 6 декаратсияҳои гугогунмазмун, ороиши комили тағйрёбанда, 8 дастгоҳи равшанипардози муосир, як телевизиор, компютер, баландгукякҳои бидуни ноқилӣ ва дигар асбобу техникаҳои зарурӣ таъмин карда шуд.

Телевизиони мазкур технологияи тайёр кардани барномаҳои телевизиониро омӯзонида, дар таълими амалии донишҷӯёни касби журналистӣ, тавсеаи амнияти иттилоотии равандҳои илмиву таълимӣ, ҳамкорӣ бо ВАО-и электронии ҷумҳуриявӣ, инъикоси ҳаёти донишгоҳ ва ҷавонони донишҷӯ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Таъсиси чунин телевизион ба сифати таҳсилот дар самти журналистикаи телевизионӣ таъсири мусбат мерасонад. Зеро, шаклҳову усулҳои нави таълимӣ яке аз талаботҳои асосии асри иттилоотӣ ба шумор меравад.

Ҳадафҳои меҳварии телевизиони донишгоҳӣ таълими амалии донишҷӯёни касби журналистӣ, ҳамкорӣ бо ВАО-и электронии шаҳриву вилоятиву ҷумҳуриявӣ, татбиқи лоиҳаҳои барои донишҷӯён ва омӯзгорон аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳаммиятдошта, инъикоси ҳаёти донишгоҳ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон, ҷалби донишҷӯён ба инъикоси набзи ҳаёти донишгоҳ ба шумор меравад.

Дар оянда ин ТТ ДМТ телевизиони ҷавонон хоҳад буд.

Аҳли устодону шогирдони факултети журналистика ва умуман, тамоми донишгоҳ аз ҳамаи онҳое, ки дар таъсиси ин телевизион саҳм доштанд миннатдор мебошанд.

Ташкилёбии ин минбари нави телевизиониро барои тамоми алоқамандони эҷод мубораку таҳният мегӯем!

Бахтиёри Қутбиддин,

декани факултети журналистика