Муовини декан оид ба илм

Мухтори Меҳроҷ

Мухтори Меҳроҷ 

Унвон: ассистент

Вазифа: Муовини декан оид ба илм ва инноватсия

Маълумот барои тамос:

Тел.: +992 918-91-50-71

E-mail: muhtor.91@mail.ru

Мухтори Меҳроҷ  (соли таваллудаш 05.12.1991), зодаи деҳаи Фаркинги ноҳияи Дарвози ВМКБ. Соли таҳсил дар мактаби миёнаи № 36-и деҳаи Сафедорони ноҳияи Дарвози ВМКБ (1999-2010). Хатмкардаи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2010-2015). Пас аз хатми факултети журналистика ба ҳайси лаборанти кафедраи забонҳои хориҷии факултети мазкур ба кор шурӯъ намудааст. Соли 2018 ба вазифаи ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистика интихоб шудааст. Аз моҳи апрели соли 2022 то ҳол  ҳамчун муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети журналистика фаъолият карда истодааст.

Самти асосии таҳқиқоти илмиаш мавқеи калимаҳои иқтибосии арабӣ дар осори публистистикаи С.Айнӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт мақола ва гузоришҳои илмии зиёд ба нашр расонидааст.

Дар натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ зиёда аз якчанд мақолаи илмӣ ва дастури таълимиву методӣ (бо ҳаммуаллифӣ) ба табъ расонидааст.

Мақолаҳо

  1. Мухтори М. Калимаю ибораҳои иқтибосии арабӣ дар мақолаҳои публитсистии С. Айнӣ (дар мисоли мақолаҳои «Оташи инқилоб» ва «Танвири афкор»). //Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. –Душанбе, 2020. –№ 4. – С. 288–291.
  2. Мухтори М. Хусусият ва вазифаҳои грамматикии исмҳои фоили забони арабӣ дар асарҳои публитсистии С. Айнӣ. // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. –Душанбе, 2020. –№ 5. – С. 97–101.
  3. Мухтори М. Корбасти калимаҳои иқтибосии арабӣ дар публитсистикаи С. Айнӣ. //Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба «Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва «Бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ». – Душанбе, 2022, 21 апрел.
  4. Мухтори М. Мавқеи калимаҳои иқтибосии арабӣ дар маводи хабарии сомонаи «Озодӣ». //Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба «25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумуҳурии Тоҷикистон». – Душанбе, 2016, 23 апрел.
  5. Мухтори М. Корбасти сифатҳои феълии тарзи фоъилии феълҳои мазиди навъи дуюм ва панҷум дар асарҳои публитсистии С.Айнӣ. //Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба «5500-солагии Саразми бостонӣ”, “700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ” ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)  – Душанбе, 2020, 21 апрел.

Дастурҳои таълимию методӣ (дар ҳаммуаллифӣ)

  1. Қурбонов И., Қаландаров С., Мухтори М. Машқи хатти арабӣ (шомили калимаҳо ва расмҳо) – Душанбе, 2022. – 73 с.
  2. Қаландаров С, Мухтори М., Қурбонов И.  Оҷонсиҳои иттилоотии кишварҳои араб. – Душанбе: «Паёми ошно», 2019.-68 с.
  3. Қаландаров С, Мухтори М., Қурбонов И.  Матнҳо барои хониш – Душанбе: “Паёми ошно” , 2019. – 117 с.
  4. Қаландаров С, Мухтори М., Қурбонов И.  Усули тарҷумаи матнҳо (бо тағйироту иловаҳо). – Душанбе: Эҷод, 2017. – 72 с.
  5. Қаландаров С, Мухтори М., Қурбонов И.  Барномаи таълимии забони арабӣ. – Душанбе: Олами китоб, 2017. – 28 с.