Муҳаммадамини Ҳасан
Унвон: ассистент
Вазифа: Муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ
Маълумот барои тамос:
Тел.: +992 984-40-40-21
E-mail: maminzod03@mail.ru
Муҳаммадамини Ҳасан 09 декабри соли 1997 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 2015 ба факултети журналистикаи Донишгоҳи милии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2020 бо ихтисоси журналистикаи байналхалқӣ хатм намудааст.
Муҳаммадамини Ҳасан аз соли 2020 корро ба сифати котиби садорати факултети журналистикаи ДМТ сар карда, баъдан ба сифати лаборанти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ фаъолият намудааст. Соли 2022 ба вазифаи муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ факултети журналистика таъйин гардида, ба сифати ассистенти кафедраи журналистикаи байналхалқӣ пазируфта шудааст.
Муҳаммадамини Ҳасан ба тарғиби сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ машғул буда, чандин мақолаҳои идеологияш дар шабакаи иҷтимоии фейсбук аз ҷумла саҳифаҳои “Пайки Остон” ва “Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” нашр гардидаанд. Инчунин номбурда дар чорабиниҳои муҳимми сиёсию фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар сафарбар намудани устодону донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.