Донишҷӯ шудам. Бо сари баланд ба факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бузургтарин боргоҳи илми кишвар, ки ҳам ягона орзуи падари ормониам буду ҳам мақсади кӯдакии худам, дохил шудам.
Тобистон. Моҳи августи соли 2017. Нав аз деҳа омада будам. На касеро мешинохтаму на ҷоеро дидаам, ба ҷуз дар экрани синамову пардаи телевизион. Ҳамин буд, ки ҳар замон роҳгум зада меистодам ва хушбахтона бо мадади сокинон, ки меҳмондӯстанду инсонпарвар, пурсуков карда, ба макони лозимаам меомадам. Соатҳо дар кӯчаҳои ин шаҳри афсонавӣ овора шуда, сарсону саргардон мегаштам ва бо баҳонае шаҳрро ҳам тамошо мекардаму ҷойҳои лозимаамро дар хотир ҳиф менамудам.
Ба дидори орзу
Муҳассили соли аввал будам. Шурӯъ аз рӯзҳои нахустини оғози дарс шавқам ба сайр меафзуд ва мехостам ҳарчӣ зудтар ба гардиш бароям. Бинобар ин, дар яке аз рӯзҳои офтобии фасли хазон аз донишгоҳ баромадаму ягон – ягон қадам партофта, ҷониби боргоҳи хираду зиё – Китобхонаи миллии Тоҷикистон раҳсипор гардидам, то бо як тир ду ҳадаф ба нишон расонам: ҳам супориши садри факулта устод Саъдӣ Маҳдиро, ки мехостанд мо ҳарчӣ зудтар узви ин макони хирад шавем, сари вақт сомон ва медодам ва ҳам тамошои дили Тоҷикитон насибам мегашт.
Пиёда гаштан дар фазои осудаи кишвар ва он ҳам дар қалби кишвари паҳновари Тоҷикистон, ки тимсолаш дар олам нест, орзуи бачагии ман буд, ки кунун ҳамроҳам пиёда мешуд. Аз ҷазираи машҳур ҷониби бинои бошукӯҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки як замон маъруфтарин қаламфарсоёни даври мо он ҷо мегаштанд, чун Турсунзодаву Айниву Лоҳутиву Лоиқу Гулназару дигарон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Марказҳои савдои “Баракат” – у “Тоҷикистон” пушти сар мемонанд якмаром.
Аз чароғаки ба тозагӣ сабзшуда гузаштаму аз ҷониби рост боғи боҳашамат ва сабзу дилорое пеши чашмонм ҷилвагар шуд. Чун наздиктар шудам, фаввораҳоеро вохӯрдам, ки ба само хеста таҳти мусиқии фораме зи ҷониби паррандаҳои макон мерақсиданду садбаргу лолаҳои рӯ ба рӯяшон онҳоро ҳаводорӣ намуда, чашмаку қарсак мезаданд. Баргҳои дарахтон низ ба ин раққосаҳои моҳир пайравӣ намуда, худро меларзонданд. Оре, як кам шамол мевазид.
Бо дарвозаи зебову мунаққаше рӯ ба рӯ шудам, ки ба ростӣ ин гунаашро дар умри ҷавонам боре надида будаму ёд ҳам надоштам. Навиштаҷоти болои дарвоза маро бештар ба шигифт меовард: “Боғи Устод Рӯдакӣ”. Ба дидаам бовар намекардам. Дубора хондам. Не! Боз ҳамон навишта. Себора хондам. Ҳар замон гаштаю баргашта мехондаму меболидаму механдидам, вале бовар намекардам. Тимсоли кӯдаке будам, ки гӯё босира фиребам медоду бовар кунонданам ҳадалимкон буд. Пиразани руснамое набераашро ҳаво хӯронда аз наздам мегузашт. Наздашон рафта салом дода, пурсон гаштам:
- Ассалом! Бибиҷон, мебахшед, бигӯед, ки ин ҷо куҷост? Ман дар куҷоям?
- Здравствуйте! Здесь парк по имени Рудаки.
Пурра ба хотир надорам боз чӣ гуфт. Не, дурӯғ гуфтам. Аниқтараш русиро, ки хуб намедонистам, дигар суханҳояшро нафаҳмидам, вале дарёфтам, ки воқеан ман дар назди боғи устод Рӯдакиам. Диламро тири хурсандие сӯрох мекард. Эй кош, бол мебаровардаму ҳарчӣ зудтар мепаридам ҷониби ҳайкали устод, зеро бо шарофати пардаи ҷаҳоннамо, яъне оинаи нилгун, медонистам, ки ҳайкали устод дар маккази боғ қомат афрохтааст.
Идома дорад…