БАРРАСИИ ЛИБОС ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР СУҲБАТИ МУКАРРАМА ҚАЮМОВА

0
198

асосиРўзи 9-уми декабри соли 2016 бо тасмими садорати факултет ва кафедраи журналистикаи байналхалқӣ вохӯрӣ ва суҳбати самимии донишҷўён бо тарроҳи шинохта Мукаррама Қаюмова баргузор гашт.Мавзўи суҳбат «Нақши либос дар муаррифии фарҳанги миллӣ» ном дошт, ки аксари саволу пурсишҳои донишҷўён ва суҳбати Мукаррама Қаюмова дар ҳамин бобат сурат гирифтанд. Муаллима аз ҷумла қайд намуданд, ки «…имрўз либос сиёсат аст, инқилоб аст, таҳаввулот аст. Маънии либоси сиёҳу ҳиҷоби сиёҳ, ки дар ҷомеаи мо низ гоҳо ба назар мерасад, маънии «мо ҳастем»-ро дорад. Аз ин рў, дар муқобили ин ҷараёнҳо танҳо бо либоси милливу шинами худ истодагарӣ карда метавонем». Ҳамзамон муаллима аз донишҷўдухтарон даъват намуданд, ки дўстдори либоси атласу чакани худ бошанд, зеро либоси миллӣ  тоҷи миллат аст ва дар минбарҳо моро тавассути он мешиносанду эътироф менамоянд.Як бахши фаъолияту маҳорати Мукаррама Қаюмова эҷоди таронаҳо ва робита ба шеъру адабиёт мебошад. Дар ин хусус низ пурсишу ҷавобҳои судманди аҳли нишаст сурат гирифт. толоркаюмова