АГАР ОДАМӢ ТАҚДИРИ ХУДРО МЕДОНИСТ…

0
162

марги журналистон25 декабри соли 2016 барои Русия рўзи сахт буд. Ҳавопаймои ТУ-154 дар баҳри Сиёҳ суқут намуд. Чун як журналист дар ин рўзи истироҳат шабакаҳои телевизионии ин кишварро бодиққат тамошо намудем. 92 нафар қурбон гаштааст. 63 нафар аъзоёни оркестри ҳарбӣ, 9 нафар журналист, намояндагони олирутбаи Артиши Русия, аъзоёни сарнишини ҳавопаймо ва доктор Лизаи маъруф, ки бо нияти хайр сафари кишвари Сурияро доштанд.Ҳамагӣ инсон буданд ва марги ҳамаи онҳо мутаассир аст. Махсусан аъзоёни он оркестри ҳарбиро бештар ҷавонон ташкил медоданд, ки акнун аз шириниҳои зиндагӣ шаҳд мечашиданд. Бароямон ва фикр дорам барои тамоми журналистон якбора қурбон гаштани 9 нафар журналисти се шабакаи бонуфузи телевизионии Русия (НТВ, ЗВЕЗДА, ОРТ) бештар таассуф дошт. Барои кор, барои мавқеи ватани худро дар арсаҳо инъикос кардан ба як кишвари хориҷӣ рафтан мехостанд. Ба муттаҳидиву ҳамдардии журналистони Русия таҳсин бояд гуфт. Шабакаҳои телевизионии миллӣ он рўз сеткаи барномаҳои худро таѓйир доданд. Масалан, шабакаи телевизионии «Москва-24» аз субҳ ба пахши бетаннафуси ахбор оѓоз кард. Ҳамкорон ашк мерехтанду маъруфтарин журналистони собиқадори ин шабакаҳо дар ибрози андеша дармонда буданд. Аҷаб душвору мураккаб аст, пешаи журналистӣ. Аз фаъолияти як нафар корманди қурбоншудаи НТВ наворҳо мисол оварда шуданд, ки аз майдони набардҳо гузориш медод. Ў зиреҳ дар тан бо тамѓаи ПРЕССА, аз майдони ҷанг иттилоъ медод. Аммо дар ҳавопаймое, дар он боэътимоду фароѓат нишаста буд, дар хоки кишвари худ аз зиндагӣ маҳрум гашт. Яке аз журналистон пеш аз парвоз, ҳавопаймои «аҷал»-ро акс бардошта дар саҳифаи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда буд. Ў инро намедонист, ки ин ҳавопаймо охирин соатҳои умрашро нуқта мегузорад. Аҷаб аст зиндагӣ. Ин сафари хидматии онҳо охирин видоъ буд. Журналистонро дар хона аҳли оила интизор буданд. Акнун ҷасади онҳо аз қаъри баҳр ҷустуҷў мегардад. Тақдир қудрати номаълуму бузург аст ва асрору қимати зиндагӣ низ ба он марбут аст. Офаридгор чунин қудратро ба касе надодааст, ки ў ояндаву дурнамои дақиқаҳову соатҳои ҳаёти худро донад. Як нафар аъзои оркестри ҳарбӣ бо сабаби он шабу рўз фарзанддор гаштану ду нафар кўдаки хурдсоли дигар доштан, аз роҳбарияти худ ҷавоб пурсидааст, ки ба ҷои ў ба ин сафари хориҷа ягон нафари дигарро равон намоянд. Шояд ба қавли шоир – «раҳми Парвардигор…» буд, ки ў аз ин марг канор монд. Ҳамин аст ҳикмати зиндагӣ. Агар одамӣ тақдири худро медонист… Марги журналистон ва умуман 92 нафар қурбоншудагони ин фоҷиа дарднок аст. Маълум аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин фоҷиа ҳамдардӣ баён менамояд, ки албатта мардуми тоҷик низ, алалхусус журналистон дар ин радиф истисно нестанд. Мо журналистон низ ба ин рўзи мотами Россия шарик буда, ба наздикону пайвандони эшон изҳори тасаллият менамоем!Саъдӣ МаҳдӣБахтиёри Қутбиддин