СИМОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲАМЧУН СУХАНВАР

0
343

Санъати суханварӣ (воизӣ) дар ҳама давру замонҳо нақши муҳим дошта, одамоне, ки ин маҳорату малакаро доранд, соҳибэътибору машҳур ва дар фаъолияти ҷамъиятӣ ҳамеша комёбу муваффақанд. Қобилияти зебову дилпазир ва ба таври мантиқию муназзам баён кардани афкору андеша дар ҳаёти ҳаррӯза низ метавонад манфиатовар бошад. Дар давраҳои гуногун одамоне умр ба сар бурдаанд, ки дар ин ҷабҳа машҳур гардида, номи онҳо дар саҳифаҳои таърих ба таври абадӣ дарҷ гардидааст.

Санъати суханварӣ ҳанӯз якчанд садсола қабл аз мелод дар Хитой ва Ҳиндустон, дар Риму Юнони қадим рӯ ба тараққӣ ниҳода буд. Дар ҷамъият дарки судмандӣ ва зарурати нутқи хуб аз ҳамон давраҳо қувват гирифта, бо мурури замон нисбати онҳое, ки каломи модариро қадр мекарданд ва моҳирона истифода мебурданд, эҳтирому эътибори аҳли ҷамъият зиёд мегардид. Олами куҳан шоирону адибон, сиёсатмадорон, ҳуқуқшиносон, драматургҳои беназир – устодони каломи бадеъро парварида, ба таърих беҳтарин воизонро тақдим намудааст, ки ҳам дар амалия ва ҳам дар назария масъалаҳои муҳими маҳорати суханвариро ба риштаи таҳқиқ кашидаанд.[1]

Назариётчии барҷастаи Рими қадим Марк Тулий Ситсерон чунин мешуморад, ки суханварӣ дорои нерӯи фавқуллода буда, дар кори идораи давлатдорӣ зарур аст ва ҳар шахсе, ки ба арсаи фаъолияти ҷамъиятӣ ворид мегардад, онро бояд ба хубӣ аз бар намояд.[2]

Маҳорати суханварӣ бар замми риояи меъёри забони адабӣ аз ин забон моҳирона ва мавридшиносона интихоб ва истифода кардани беҳтарин муодилҳои воҳидҳои забонро мефаҳмонад, ки ҳам аз ҷиҳати мазмун, ҳам аз ҷиҳати услуб, ҳам аз ҷиҳати равшанӣ ва муассирӣ мувофиқ бошад.

Барои ҳар як сиёсатмадор суханронии оммавӣ яке аз ҷанбаҳои асосии фаъолияти ӯ маҳсуб меёбад. Суханронии оммавӣ суханронии расмии суханвар дар назди аудиторияи ниҳоят бузургу муташаккил мебошад, ки бевосита дар толор ҳузур дорад. Суханварони бузург дар таърихи башарият дар ҳама давру замон бо он машҳур буданд, ки аз такмили маҳорату малакаи худ як лаҳза даст накашида, тамоми умр ба фаъолияти сухандонию сухансанҷию суханварии худ содиқ будаанд.

Дар ин мавқеъ мақоми Президенти давлат ҳамчун сиёсатмадор махсус аст, зеро ӯ масъулияти давлат ва мардумро ба дӯш дорад.

Таърих сиёсатмадоронеро ба монанди Авраам Линколн, Уинстон Черчилл, Адолф Гитлер, Владимир Ленин дар хотир дорад, ки бо маҳорати нотакрори суханвариашон дар арсаи ҷаҳон машҳур шудаанд.

Арбоби барҷастаи сиёсӣ Уинстон Черчилл таъкид мекунад, ки истеъдоди аз ҳама муҳим суханварӣ аст. Ин сиёсатмадори бритониёӣ мисли бархе аз суханварони замони қадим аз нуқсони нутқ азият мекашидааст. Аммо нуқсони лафзиаш монеъ нашуд, ки ба яке аз суханварони маҳбуб табдил ёбад. Черчилл дар нутқи худ аз нишон додани эҳсосот наметарсид, калимаҳои кӯтоҳу оддиро ба кор мебурд, ки ин ӯро ба халқ наздик мекард. Вай қувваи муассири ҳазлро дарк карда, дар суханрониҳояш аз он моҳирона истифода бурда, табъи дигаронро болида мегардонид.

На ҳама сухангӯёни маъруф аз замони қадим то имрӯз дар таърих шахсиятҳои «мусбат» буданд. Адолф Гитлер, ки яке аз суханварони моҳир эътироф шудааст, ҳама лаҳҷаҳои немисиро хуб медонист ва ба назари тамоми халқи Олмон ҳамватани наздик менамуд. Иродаи мустаҳкам ва нигоҳи тезаш шунавандаро ба сӯяш ҷалб намуда, маҷбур мекард, ки ба андешаҳояш гӯш диҳанд, зеро Гитлер ҳамеша омилҳои эътимодбахши психологиро меомӯхт, тарзи ист ва имову ишораҳои дурустро, ки баромадашро боварибахш мегардонид, медонист. Вай суханашро оромона ва гӯё бепарвоёна оғоз карда, суръати гуфторро тадриҷан афзуда, дар охир эҳсосоташро равшан ифода карда, ҳунари актёриро ба кор меандохт.

Владимир Илич Ленин, ки яке аз суханварони бузурги асри XX маҳсуб меёбад, ҳаргиз идеяҳоеро пешниҳод намекард, ки худаш ба онҳо бовар надошта бошад. Харизма ва боварӣ ба дурустии андешаҳояш на танҳо дар саҳна, балки дар ҳаёти ҳаррӯзаааш ҳам вомехӯрдаанд. Вай бо ѓайрату боварӣ сухан меронд, бевосита бо омма муошират менамуд, калимаҳои оддиеро, ки мардум мефаҳмид, истифода мекард, худро бо онҳо баробар медонист. Аммо хоҳиши баён кардани тамоми фикрҳое, ки дар дилаш буд, суханрониҳои ӯро як андоза бесарунӯг ва аз ҳад зиёд эҳсосотӣ мегардонид. Аз ин рӯ, дар рафти баромадҳояш оҳанги гуфтору рӯҳияаш борҳо таѓйир меёфт.

Таърихшиноси америкоӣ Артур Шлезингер дар китоби худ «Президентии империявӣ» қайд мекунад, ки нутқи президентҳо нақши фавқулодда муҳимро иҷро мекунанд. Ба андешаи ӯ, барои муваффақ шудан президент вазифадор аст, ду чизро намоиш диҳад: аввал, нишон диҳад, ки дар бораи вазъият ва стратегия дидгоҳи муайяне дорад; дуюм, ба аҳли ҷамъият ваҷҳу сабабҳои амалҳои худро фаҳмонад.

Дар ин робита Шлезингер президентҳои собиқи Америка – Ҷимми Картер/Jimmy Carter ва Рональд Рейган/Ronald Reagan-ро муқоиса мекунад. Ба қавли Шлезингер, Картер ба чизҳо назари мустақилона дошт ва кӯшиш мекард, ки дар сиёсати дохилӣ ва берунӣ як қатор икдомҳои муҳим гузорад, аммо ӯ дар назди омма баромад карданро дӯст намедошт. Дар натиҷа маъруфияти ӯ дар Иёлоти Муттаҳида паст гардида, муваффақияти ӯ ҳамчун президент хеле ночиз буд. Дар навбати худ, савияи маърифати Рейган аз дараҷаи дониши Картер пасттар буд, аммо Рейган (ӯро «коммуникатори бузург» меномиданд) медонист, ки чӣ гуна оммаро ба худ ҷалб намояд ва илҳом бахшад. Дар натиҷа обрӯйи Рейган ҳатто баъд аз нобарориҳои ошкоро осеб надид ва муваффақияти ӯ дар вазифаи президент назар ба Картер бузургтар буд.[3]

Ҳама сиёсатмадорони суханвар гуногунанд, ҳар кадом як услуби инфиродии суханронӣ, тактикаи гуфтугӯ ва маҳорати актёрӣ доштанд ва доранд. Баъзеҳо бо душвориҳои нутқ мубориза мебурданд, дигарон онро дар мадди аввал мегузоштанд. Аммо як чизи умумӣ дар ҳамаи онҳо мушоҳида мегардад, ки ин суботкорӣ ва меҳнатдустӣ мебошад. Президент метавонад суханронии оммавиро дӯст дорад ё дӯст надорад, аммо бе ин вай мамлакатро бомуваффақият идора карда наметавонад.

Дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI, дар сарнавишти аксари давлатҳои дунё табаддулотҳои бузургу ҷиддӣ ба амал омаданд. Аз ҷумла, солҳои 90-уми асри гузашта дар таърихи Тоҷикистон, чун дар тамоми фазои пасошӯравӣ, як марҳилаи гардиши куллӣ гардиданд, зеро дар сиёсат, иқтисод, иҷтимоиёт тағйироти куллӣ ба вуқӯъ пайваст, дигаргуниҳо ба низоми бозори ҷаҳонӣ, азнавтақсимкунии моликият, муқобилияти андешаҳо ва дар натиҷаи ин ҳама дигаргуниҳо – ҷанги шаҳрвандӣ, иқтисоди заифшуда, ки ҳаёти тамоми ҷомеаи тоҷикро ба куллӣ тағйир дод – ҳамаи ин боиси дигаргуниҳои шадид дар забон, паст шудани фарҳанги нутқ ва одоби муошират оварда расонид.[4]

Ана дар ҳамин гуна марҳилаи ҳассосу мураккаб Иҷлосияи таърихии Шӯрои олии Тоҷикистон чеҳраи наверо дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсати Тоҷикистон ворид кард.

Агар сарварону сиёсатмадороне, ки намунаи фаъолияти бархе аз онҳоро дар боло мавриди баррасӣ қарор додем, маҳорати суханварии худро пайваста инкишоф дода бошанд, Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин баромади худ дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии суханвари асил будани худро собит намуданд. Суханронии Пешвои миллат дар Иҷлосияи мазкур ва баромадҳои минбаъда нишон доданд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон навъи императивии муошират хос аст. Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали роҳбариашон дар баромадҳои худ усулҳои водоркунӣ ва эътимод бахшиданро ба кор бурда, ба далелҳои мушаххас такя менамоянд. Эшон рӯирост ва баъзан бо овози баланд сухан меронанд. Ҳангоми муошират бо аудитория Пешвои миллат маҳз ҳамон суханҳоеро интихоб мекунанд, ки мардум шунидан мехоҳанду интизораш ҳастанд. Мисоли ин суханронии эшон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад:

Агар рӯирост иқрор шудан лозим бошад, мебахшанд вакилони мардумӣ (аҳли толорро аз назар мегузаронанд), ҷумҳуриро ҳамаи мо нишастагиҳо, мана ҳамин ҷо, гунаҳкорони асосӣ мо ҳастем, ба дараҷаи ҳамин ҳолат мо овардем. Халқи бечора гунаҳгор нест. Вақте, рафиқон, як миллат худ бо худ мезанад, ҳеҷ гоҳ лидер пайдо намешавад… Ба эҳсосот мо бояд роҳ надиҳем, ҳамдигарфаҳмӣ бояд бошад… (1992).

Аз рӯзи сессияи XVI то имрӯз изҳорот кардем, ки мо муноқишаҳои байни тоҷиконро бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл мекунем. Мо якдигар якдигармона бахшиш мекунем, мо миллатмона соҳибӣ мекунем, Ватанамонро обод мекунем. Бисёр мушкил аст, бахшидани гуноҳи якдигар, аз ин дида мушкили дигар нест. Фақат ҷавонмард, фақат мард метавонад гуноҳи якдигара бахшиш кунад (2019).

Барои офаридани симои психологии Эмомалӣ Раҳмон бояд хислату рафтор, хусусиятҳои тафаккури эшон мавриди омӯзиш қарор бигиранд. Омилҳои асосие, ки симои Пешвои миллатро ҳамчун суханвари асил муайян мекунанд, аз инҳо иборатанд: риторика, ифодаи чеҳра, имову ишора, тобишу оҳанги гуфтор, ифодаҳои зуд-зуд истифодашаванда, муоширати озод бо аудитория. Зикр кардан бамаврид аст, ҷонибдори роҳи дунявӣ ва демократии рушди Тоҷикистон будани Пешвои миллат ба риторикаи эшон таъсири бевосита дорад. Оѓози роҳ дар сиёсат, сохтмони давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ барои Эмомалӣ Раҳмон содаву осон набуд, вале подоши он муҳаббати халқ шуд, ки инро худи Пешвои миллат дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд:

Агар таърихро варақгардон кунем, дар ҳама лаҳзаҳои вазнин ва душвори ин ё он халқҳои дунё тамоми вазнинӣ ва душворӣ бар души мардум аст, бар дӯши халқ аст, ҳама вазниниро халқ мебардорад. Сиёсатмадор як аст. Агар сиёсати сиёсатмадорро кулли мардум дастгирӣ накунад, ҳеҷ аст. Пеш аз ман ҳам роҳбарон буданд (Нигоҳи пурмаъно ва пауза). Ҳеҷ гоҳ аз халқ дур шудан даркор нест, ҳеҷ гоҳ! Ва хиёнат ҳам кардан даркор нест. Шукронаи ана ҳамин халқи бузурги тоҷик, ки ана ҳамин хатару таҳдидҳоро дарк намуд, махсусан, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нобудӣ раҳоӣ бахшид. Хизмати бузурги халқи Тоҷикистон аст. Ин танҳо хизмати як роҳбари давлат нест. Дар ҳамон шабу руз ман акнун чилсола шудам. Акнун чилсола шудам, ҷавон ҳам будам, таҷрибаи кофии давлатдорӣ ҳам надоштам, гарчанде дар сиёсат аллакай қадамҳои аввалин гузошта будам. Барои ҳамин ҳам ман тамоми ҳастии худро барои миллату халқи азизам бахшидам.

Омили муассир дар риторикаи Пешвои миллат ифодаи тавозӯъ ва фурӯтанӣ аст, яъне хизматҳои бедареѓу ҷонфидоиҳои худро кам гирифта, эътибори халқашонро аз худ боло мегузоранд. Ин омил аз он ҷиҳат таъсиргузор аст, ки қадршиносии Сарвари давлат мардумро дилгарм карда, ба корнамоиҳои минбаъда водор менамояд.

Бо боварии қатъӣ метавон гуфт, ки агар рейтинги президентҳои суханвари асри XXI таҳия мегардид, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, дар панҷгонаи аввал ҷой мегирифтанд. Дар суханварӣ ду ҷанбаи муҳим, ду ҷузъи таркибӣ – шакл ва мундариҷа ба назар гирифта мешавад. Мундариҷа, яъне “чӣ” гуфта мешавад, шакл – “чӣ гуна” гуфта шудани фикрро ифода менамояд. Қобили зикр аст, ки яке аз махсусиятҳои барҷастаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ягонагӣ ва ба ҳам омадани шаклу мундариҷа мебошад. Дар нутқи эшон ягон ҷузъи муҳими шаклу мундариҷа фурӯгузор карда намешавад ва ё заиф нест. Бояд қайд кард, ки нутқи Пешвои миллат, аз як тараф, дорои вазну тамкин, аз тарафи дигар, ба қадри кофӣ пуриқтидор аст, ки ин хусусият аксар ба ходимони бузурги ҷамъиятӣ хос мебошад. Дар нутқ ба ин тарз омезиш ёфтани иқтидору тамкин ниҳоят таъсиргузор буда, эътимоду эътиқоди шунавандаро қавӣ мегардонад, яъне таносуби ҳам нерӯи ботинӣ, ҳам шаҳомату бузургӣ эҳсос карда мешавад. Чунончи,

Сидқан дӯст доред, ҳар ҷойе ки бошед, иттифоқ бошед, забони ширин дошта бошед, ба якдигар меҳрубон бошед, дасти ягдигарро дар танҳоӣ, дар рӯзҳои сахт дасти якдигарро гирем. Агар мардум, халқ ин сиёсатро дастгирӣ накунад, танҳо як роҳбари давлат ҳеҷ корро анҷом дода наметавонад. Ман шукр мекунам, ки таи ин қадар сол ин хизмати танҳо роҳбари давлат нест, ин хизмати кулли мардуми Тоҷикистон, аз хурд то бузурги мардуми Тоҷикистон аст, ки ин сиёсатро дастгирӣ карда, ба ин рӯзҳо расидем. Ман ба шумо аҳсан ва офарин, як ҷаҳон ташаккур мегӯям. Миннатдории самимии худро баён мекунам. Саломат бошед. Аҳсан! Офарин! (Дасти ростро болои сина гузоштану даст афшондан яке аз аломатҳои амали ба Пешвои миллат хос аст, ки маънои «Шумо ҳамеша дар дили ман ҳастед ва ман ҳамеша бо шумоям»-ро дорад.

Дар ҷараёни суханронӣ лаҳн ва оҳанги овоз якнавохт нест, вобаста ба мазмуни гуфтор оҳанг низ таѓйир ёфта метавонад. Президент, маъмулан, оромона ва ботамкин суҳбат менамоянд. Баландшавии овозро дар лаҳзаҳое мушоҳида кардан мумкин аст, ки сухан дар бораи қонуншиканӣ меравад, махсусан, дар гузоришҳои мансабдорон маълумоти дурӯғро таҳаммул карда наметавонанд (ҳамеша аз маълумоти воқеӣ огоҳанд). Вақте ки Пешвои миллат аз суханронии монологӣ бозистода бевосита ба аудитория муроҷиат менамоянд, халқияти суханони эшон бештар мегардад. Эмомалӣ Раҳмон беғаразона, фаҳмо ва қатъиян аз рӯйи далелҳо суҳбат менамоянд:

Ҳеҷ гоҳ хиёнат кардан даркор нест. Такя ба ҳамин миллат кунед, такя ба ҳамин сарзамини аҷдодӣ кунед. Ҷойнамоза ки партофтед, намоза хондед рӯ ба Қибла, фотеҳаро ҳам дар ҳақи ҳамин сарзамин кунед… Дар ягон давлати дигар мову шуморо интизор нестанд. Онҳое, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фирорӣ буданд, медонанд, шаҳди ғарибиро чашиданд.

Пушида нест, ки дар суханварӣ, махсусан, ҳангоми баромади оммавӣ суханварон аз воситаҳои ёрирасон, ба монанди имову ишора, ҳаракатҳои даст, ифодаи чеҳра ѓайриихтиёр истифода мебаранд. Албатта, имову ишорае, ки мо бо ёрии онҳо суханронии худро пурра мекунем, на танҳо кӯмак мекунанд, балки дар баъзе мавридҳо, баръакс, моро аз хубтар дарк кардани иттилоот бозмедоранд. Вале баъзан имову ишора дар бораи “муаллиф”-и он маълумоти бештар дода метавонанд. Агар шахс чизеро дар сухан пинҳон карда тавонад, пас барои ӯ ба таври визуалӣ пинҳон кардани фикрҳо ва ниятҳояш душвортар аст, зеро ифодаи чеҳра ва имову ишораҳо инро ошкор хоҳанд кард.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат ҳамеша бодиққат, ҷиддӣ, бомаром, бо эътимоди комил сухан меронанд. Эшон аз имову ишора фаъолона истифода намебаранд, вале бо вучуди ин ду ҳаракати махсуси танҳо ба худашон хос доранд:

1.Дасти ростро болои сина гузоштану даст афшондан яке аз ҳаракатҳои ба Пешвои миллат хос аст, ки маънои «Шумо ҳамеша дар дили ман ҳастед ва ман ҳамеша бо шумоям, ки дар сатҳи зершуур ҳамчун нияти нек қабул карда мешавад.

2.Дасти ҳамсуҳбатро гирифта (аксар вақт ҳангоми вохӯрии сарони ҳукуматҳо), мисли Пешво роҳбарӣ мекунанд, гуё самти ҳаракатро муайян менамоянд.

Ҳаракати муҳташаме, ки аз ҷониби Пешвои миллат нисбат ба аудитория ба ҷо оварда мешавад, қариб баъд аз ҳамаи баромадҳояшон дар назди мардум сари таъзим фуруд оварданашон аст, ки ифодаи қадршиносӣ ва нишони самимияту эҳтироми эшон ба халқ мебошад.

Дар ҷараёни суханварӣ яке аз ҷанбаҳои муҳим акси садои шунаванда аст. Ҳангоми суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ҳамеша бо диққати том гӯш карда, пас аз суханони махсусан муҳим (аксаран аз ҷой хеста) кафкӯбӣ мекунанд.

Пешвои миллат дар баромадҳои худ ҳамчун намуна баъзан аз ҳаёти худ нақл мекунанд, ба мавзӯъҳое дахл мекунанд, ки дар ҳаёти ҳар кас воқеъ шуда метавонад ва ба ин васила ҳам мутаассир карда метавонанд ё ба фикр кардан водор менамоянд. Барои ҳар як аудитория (хоҳ ҷавонон бошанд ва хоҳ калонсолон) суханҳоеро интихоб карда метавонад, ки маҳз ҳамин аудитория шунидан мехоҳад:

Ватани худамона сидқан дӯст дорем, содиқона хизмат кунем, бунёд кунем, созем. Бо умеди ҳеҷ кӣ шудан даркор нест, бо умеди ягон каси дигар шудан даркор нест, бо умеди ягон давлат нашавем, ки пагоҳ омада хонаи мою шумоя обод мекунад ё месозад. Миллати тоҷик миллати тамаддунофар аст, тамаддунсоз аст, шаҳрдор аст, шаҳрсоз аст, меъмор аст, донишманд аст…(2022)

Ғанимат доштани падару модар дар зиндагӣ… ҳар касе дорад, давлати бузург аст, лекин модар синаи раҳм аст… Ман инро доим мегӯям, чӣ қадаре хизматашона накунем, аз сарашон тилло резем, ҳама хизмати мо дар сад сол ба як шаби бедорхобиҳои ӯ сари гаҳвораамон баробар намешавад (2020).

Худои таоло, ҳар чӣ умеду орзуе, ки дар дилу ниятатон ҳаст, дар қалбатон ҳаст, ҳамонро насибатон гардонад. (Сангвор 2019).

Дар натиҷаи таҳлили гузаронидашуда симои ташаккулёфтаи инсони фавқулодда падид меояд. Эмомалӣ Раҳмон шахсияти ҷиддӣ, собитқадам, боинтизом мебошанд. Танҳо дар ҳолатҳои фавқуллода метавонанд, эҳсосоти худро зоҳир намоянд. Нисбат ба тобеон таҳаммулпазир буда, то кадом андоза поквичдон будани онҳоро муддати зиёд месанҷанд, дар масъалаи кадрӣ эҳтиёткор буда, танҳо одамони эътимоднокро ба вазифаҳои муҳим таъйин менамоянд. Бо мардум ошкоро сӯҳбат карда, проблемаҳои барои давлат муҳимро муҳокима менамоянд. Тамоми фаъолияти пурсамари Пешвои миллат барои нигоҳ доштани суботу рушди устувори Тоҷикистон равона карда шудааст. Аксар вақт мардум ва тобеони худро ба амал даъват мекунанд, ки то андозае қатъӣ садо дода, бештар ба амру фармон монанд аст. Барои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як навъ ҳомии давлат ва кафили озодии шаҳрвандон мебошанд. Ба шарофати хислатҳои шахсиашон Пешвои миллат бо дигар давлатҳо муносибатҳои дӯстона ва дипломатиро бомуваффақият ба роҳ монда метавонанд. Халқ ба Пешвои миллат эътимоди қавӣ дорад ва эшонро ҳамчун роҳбари тавоною нотакрор мешуморад. Таъкид кардан зарур аст, ки мавзӯи риторикаи Пешвои миллат хеле доманадор буда, мавриди пажуҳишҳои ҷиддитар ва мукаммалтари илмӣ шуда метавонад.

Профессор Ҷӯраева М.Р., мудири кафедраи

услубшиносӣ ва таҳрири адабии ДМТ