ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ПЕШВОИ ВАҲДАТ

0
16

Ҷомеаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат бо руҳияи баланду шодмонӣ омодагӣ ба ҷашни тобонтарин дастовард – Истиқлоламон дорем. Дар баробари ин, воқеоти мудҳиши ҷаҳони муосир бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки Истиқлолу Ваҳдатамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, ба қадри ин неъмат бирасем. Ва аз пештара ҳам бештар дар атрофи Пешвои миллат ба хотири наслҳои оянда муттаҳид бошем, ба хотири сарнавишти давлатамон аз баҳри ҳамагуна манфиатталошиҳо гузарем. Вазифаи ягонаи мо дар ин шароит танҳо муттаҳидист. Ҳеч касе ба ҷуз худи мо дар фикри мову Тоҷикистони мо нест.

Дар таърихи ҳар як миллат дар давраи муайяни сарнавиштсоз шахсиятҳое ба арса меоянд, ки масъулияти пойдориву ояндаи миллату давлати худро ба дӯш мегиранд ва муваффақ ҳам мешаванд. Ва дар таърихи навини миллати куҳанбунёди тоҷик дар рӯзгори соҳибистиқлолӣ ҳамин рисолат бар уҳдаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афтод. Ва ин шахсияти фавқуллода бо як нерую ҷасорати фавқуллода, ҷаҳонбинию маърифати ояндабинона масъулияти таърихии хешро дурусту воқеӣ дарк карда, барои аз парокандашавӣ наҷот додани миллат ва давлат, аз даст надодани истиқлол ва таъмини якпорчагии ватану миллат тавассути азхудгузаштанҳо корнамоиҳо кард, ки дар таърихи миллату давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардиданд. Шояд мо ҳанӯз қадри ин корнамоиҳоро надонем, аммо гузашти замону наслҳои оянда ҳатман ба қадри ин қаҳрамониҳо мерасанд. Мерасанд, вақте аҳли ҷомеа дарк мекунад, ки бо кадом мушкилот ин шахсият тавонистааст аз ин ҳама фоҷиаву гирдобҳо миллату давлатро наҷот додааст. Аслан ман ба он андеша чандон мувофиқ нестам, ки ваҳдати мо аз соли 1997 сарчашма мегирад. Ваҳдати миллии мо амалан аз нахустин суханронии Сарвари давлат дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сарчашма мегирад. Ҳамин суханронии ғайримуқаррарӣ, самимӣ, бидуни риё ба мардуми Тоҷикистон умед бахшид, аҳли ҷомеаро ба ояндаи нек дилгарму роҳнамо гардид. Аз ин хотир вақте муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро наҷотбахши миллату давлат мегӯем, ҳамчунин дар зеҳнамон ҳамин рисолати ваҳдатофару ваҳдатовари Пешвои миллат пеши назар меояд. Фикр мекунам, ки он замон дар дар зеҳни Роҳбари навинтихоби Давлат ин байти Мавлонои бузург чарх мезад:

Давлат њама з-иттифоќ хезад,

Бедавлатї аз нифоќ хезад.

Шахсиятҳое ваҳдатофару ваҳдатовар мегарданд, ки эҳтироми халқи хеш ва халқҳои дигарро дар заминаи арзишҳои эътирофкардаи башарият ба ҷо меоранд. Муҳтарам Пешвои муаззами миллат ҳамин нуктаро дуруст дарк кардаву ба ҷо оварда тавонистанд. Агар ба роҳи ваҳдатофарии Пешвои миллат нигарем, мебинем, ки он шебу фарози зиёде доштааст. Аммо дурбинии сиёсӣ, матонату ҷасорати шахсӣ ва масъулиятшиносии муҳтарам Эмомали Раҳмон ин роҳро тахту ҳамвор кардаву ҷомеаву давлатро дар убаҳри пурталотуми ҷаҳони муосир идора кард.

Яке аз омилҳои муҳими давлатдорї ва асоси таъмини сулњу субот вањдати миллї ба њисоб меравад. Таърихи давлатдории аксари кишварњои олам шањодат медињад, ки дар раванди ташаккули давлат, дарёфти истиќлолияти сиёсию давлатї ва пойдории њуввияти миллї наќш ва љойгоњи вањдати миллї хеле муҳим аст. Набудани ваҳдат боиси аз байн рафтани қариб 100 тамаддун гардидааст. Вањдати миллӣ як ибораи одї ё як истилоҳи хушки нугизабонї нест. Балки фаротар аз он аст. Вањдат вожаест басо хушнавою хушсадо, ки шуниданаш ба дили мо фараҳ мебахшад. Ҳеҷ вожае дар рӯзгори мо ба ҳадди ваҳдати миллӣ серистеъмол нест. Ҳарчанд чанд соле пеш аз истиқлол истифодаи ин истилоҳ дар матбуоти даврӣ боиси баҳсу мубоҳисаҳои зиёд гардида буд.

Ваҳдати миллии мо як падидаю ҳодиса нест, балки равандест ҳамеша дар рушду такомул. Ба ваҳдати миллӣ қариб аз зовияи ҳама илмҳои ҷомеашиносӣ: таърих, фалсафа, сиёсатшиносї, фарњангшиносї, таърих, ҳуқуқшиносӣ, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ баҳо додан мумкин аст. Аз ҳамин боис аст, ки аз ҷониби муҳаққиқон самту паҳлуҳои гуногуни ин мавзуъ таҳқиқу баррасӣ гардидаву мегардад.

Ваҳдати миллии мо комилан натиҷаи талошу ҷонбозиҳо ва сиёсати Пешвои миллат аст. Ваҳдати миллии мо ваҳдати тарафҳое нест, ваҳдати миллии мо ин ваҳдати ҷомеа, ваҳдати мардум бо ҳукумат, ваҳдати ҳама қишрҳову халқҳои Тоҷикистон дар зери сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат аст. Ваҳдати миллӣ ин худшиносию худогоҳии миллӣ, дарки манфиатҳои умумимиллӣ барои истиқлоли давлатист. Академик Кароматулло Олимов дар ин замина қайд кардааст: «Дар њаќиќат њам, истиќлолияти давлатї ва худшиносии миллї, ба дарки амиќи манфиатњои умумимиллї ва шинохти масъулияти таърихии афроди љомеа пойдор нахоњад монд. Дар айни замон худогоњї ва худшиносии миллї ба вањдати миллї мусоидат менамояд».

Бидуни вањдати миллӣ ва робитаи он ба страгегияи миллї ягон давлат наметавонад, ки мақсадҳои рушди устувор ва дорои аҳамияти бузургро барои миллат татбиқ намояд. Аз ин хотир, вақте Пешвои миллат мегӯем, Ваҳдату Давлату Истиқлол пеши назар меояд, вақте Пешвои миллат мегӯем, Сулҳу суботу ободкориҳо пеши назар меояд. Аввалин сухани Роҳбари Давлат аз сулҳу ваҳдат буд. Сулҳу ваҳдат моро бо ҳам овард. Ин ҳама бунёдкориҳо: нақбу роҳҳо, неругоҳҳо, иншоотҳои азими саноатию истеҳсолӣ меваи сулҳу ваҳдат аст. Дуои модару модарон дар ҳаққи Пешвои миллат мустаҷоб гардид, Тоҷикистон гулистону бӯстон гашту ваҳдати миллӣ таъмин гашт. Бо ҳама хубиҳояш Давлати Шуравӣ натавонист моро аз бунбасти коммуникатсионӣ барорад, мо наметавонистем ба минтақаҳои кишвар сафари бехатар дошта бошем. Роҳу нақбҳои бунёдшуда як омили ваҳдати миллӣ гаштанд. Дар ҷаҳои кам роҳбароне ҳастанд, ки мисли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби эҳтирому эътимоди мардуми кишварашон шуда бошанд.

Тоҷикистон ба амнтарин кишварҳо дар ҷаҳони муосир гардидаву роҳбараш дар сатҳи байналмилалӣ бо ташаббусҳои башардӯстона эътирофу эътимод ёфт. Магар бе ваҳдати миллӣ ба ин рӯз мерасидем. Магар метавонистем бе таъмини ваҳдати миллӣ ҷашнҳои бузурги умумимиллиро таҷлил намоем. Дар бораи ҷаҳонӣ шудани ҷашни миллии мо – Наврӯз, мизбон будани Душанбе барои чорабиниҳои бузурги сатҳи байналмилалӣ, ба рӯйхати сарвату арзишҳои маънавию ғайримоддии ЮНЕСКО ворид кардани мусиқии “Фалак”-у “Шашмақом”, атласу адрас ҳама хуб медонем. Ин чорабиниҳо ваҳдати миллии моро таҳким бахшида нишон доданд, ки Пешвои миллат дар такя ба хиради азалии мардуми фарҳангпарварамон то кадом андоза барои обрӯву нуфузи Тоҷикистон талош доранд. Ба ҳамин хотир корнамоии Пешвои миллат чун пешвои ваҳдат дар осори сиёсӣ, илмӣ, ҳунарӣ, бадеӣ, публитсистӣ ва филмҳои ҳуҷҷатӣ таҷассум ёфтааст. Хоса дар адабиёти бадеӣ васфу тасвири корнамоии ваҳдатофарии Пешвои миллат дар осори аксар шоирони муосир дучор меояд, ки нишони эҳтирому эътимоди эҷодкорон мебошад. Устод Бозор Собир мегӯяд:

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,

Бо оби тилло дар тоқи Қасри миллат

Шоири халқии Тоҷикистон Низои Қосим мефармояд:

Пурнур шаҳчароғӣ, эй раҳнамои миллат,

Раҳҷӯи бахти халқи, эй раҳкушои миллат,

Достони Сулҳу Ваҳдат бо хуни дил навиштӣ,

Аз хишти ҷисму ҷонат, кардӣ бинои миллат.

Оре, мо соҳиби Қасри пуршукӯҳи ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ҳастем ва барҳақ, меъмори он Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Сангин ГУЛЗОД,

мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ, дотсент