ҶИЛД-ҶИЛД КИТОБ ТАҚДИМ БА ФАКУЛТЕТИ ЖУРНАЛИСТИКА

0
379

Бо ташаббуси профессори кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистика, Азимов Аъзамҷон як қатор китобҳои тахассусӣ ва маҷаллаҳои илмӣ аз Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардида, ба факултети журналистика супорида шуд.

Китобу маҷаллаҳои дастрасшуда барои анҷом додани таҳқиқотҳои илмӣ дар самти журналистика ва ВАО муҳим буда, устодону унвонҷӯён ва магистрону донишҷӯёни факултет аз онҳо дар пажуҳишҳояшон истифода карда метавонанд.

Ногуфта намонад, ки дар байни ин китобҳо китобномаи “Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон” дар 8 ҷилд вуҷуд дорад. “Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ”, “Воқеияти замон ва публитсистикаи тоҷик”, “Публитсистикаи тоҷик”, Аз се шохаи як илм”, “Баъзе масъалаҳои забони матбуот”, “Матбуоти даврии маҳаллии Тољикистон: дирӯз ва имрӯз”, Баъзе масъалаҳои назариявию таърихӣ ва дурнамои матбуоти даврии маҳаллии Тоҷикистон” ва “Образи Пешвои миллат дар публитсистикаи китобӣ” аз он ҷумла мебошанд.

Ҳамчунин шумораҳои маҷаллаи илмӣ-назариявии “Паёмномаи фарҳанг”, ки яке аз қисматҳои он таҳқиқот дар соҳаи журналистика ва ВАО мебошад, дастрас карда шуд.