ПОЙТАХТИ КИШВАРИ ҲАМЕШАБАҲОР

0
166

Эй Душанбе шаҳри зебои замон,

Манзили хушбахтии бахти ҷавон.

Пойтахти кишвари ҳамешабаҳорамон шаҳри Душанбе имрӯзҳо аз файзи баҳори оламорову гулрез сабзу хуррам гашта, фазои идонаеро ба худ гирифтааст.   Гулу буттаҳои ороишие, ки дар кӯчаву хиёбонҳо, канори роҳҳои мошингард, боғҳо ва умуман ҳамаи гӯшаю канори шаҳри Душанбе бо меҳнати гулпарварон шинонида шудаанд, нақшҳои рангоранги матои чаканро мемонанд.  Гули лола ҳамчн рамзи баҳори хуҷастапай бо рангҳои гуногун шукуфта, диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад. 

Дар кӯчаҳои шаҳри Душанбеи азиз қадам мезанаму шукронаи фазои орому осудаи кишварро мекунам.  Имрӯз ҳамаи хурду бузурги ин шаҳри ҳамешабаҳор озодона ҳам рӯзона ва ҳам шабона бе ҳеҷ мамониату хатар метавонанд дар боғҳову гулгаштҳои шаҳр сайру тамошо кунанд. 

Бо заҳмату талошҳои пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти кишварамон боз ҳам ободтару зеботар шуда истодааст.  Қад афрохтани маҷмааи Истиқлол чун рамзи ободиву истиқлолият ба ҳусни Душанбешаҳр ҳусни тозае зам кардааст.   Меҳмонону сайёҳоне, ки ба шаҳри Дшанбе ташриф меоранд, албатта аз ин маҷмаа дидан мекунанд.   

Бояд ёдовар шавем, ки ҳанӯз соли 2004 ба шаҳри Дшанбе ҷоизаи «Шаҳри сулҳ» дода шуда буд ва ин худ бозгӯи он аст, ки пойтахти кишвари мо шаҳри орому осуда аст.  Ҳамчунин шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри амнтарини ҷаҳон дохил карда шудааст. 

  Эй шаҳри Душанбеи ҳавою ҳавасам,

  Эй шаҳри висоли ёри фарёдрасам. 

  Ман лаззати умри ҷовидон ёфтаам,

  Андар бари ту дар задани ҳар нафасам. 

                                                 Ҷумаева Гулрахшон,

                      донишҷӯи курси якум