НУФУЗИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ (Дар заминаи сафари Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ИМА)

0
327

Имшабу рӯз Роҳбари давлати мо дар доираи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор доранд.

Дар заминаи он Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти Сарварони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бо роҳбарияти давлати ИМА иштироку суханронӣ намуданд. 19 сентябр Саммити “Ҳадафҳои рушди устувор” таҳти унвони “Сафарбар намудани молия ва сармоягузорӣ, инчунин воситаҳои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор” баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карданд.

Дар доираи ин сафар дар ИМА Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров мулоқоту сӯҳбат анҷом доданд.

Ҳамчунин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот доир намуданд.

Дар доираи ҳамаи суҳбату суханрониву мулоқотҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳову мавзуоте чун хатарҳои глобалӣ, тиҷорату иқтисод, энергетикаву нақлиёт, ҳамкории бисёрсамтаи минтақаҳо, ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир, терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, вазъи амниятии кишварҳо, муносибатҳои созандаи дипломатӣ ва амсоли ин нақши меҳварӣ доранд.

195 кишвари аъзои СММ чанде пештар якдилона панҷумин ташаббуси Тоҷикистонро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо қабул карда буданд, ки аз мавқеи хоси Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад.

Ҳамин аст, ки дар аввалин рӯзи сафар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш сурат гирифт. Ҷавҳари ин сӯҳбату мулоқоти Пешвои миллат мӯҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон бо Антонио Гутериш ба ду самт ихтисос дошта метавонад.

Якум ташаббусҳои беназири Тоҷикистон дар масъалаҳои обу пиряхҳо ва дигар ҷузъиёти экологӣ, ки ҳамагӣ барои наҷоти инсоният аз фалокату фоҷиаҳои азим равона мебошанд. Дуюм проблемаҳои Афғонистон, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ва нодориву мушкилоти озуқа, ки торафт ба як бӯҳрони амиқи ин кишвар табдил ёфта истодааст.

Дар масъалаи ташаббусҳои Тоҷикистон бо итминон метавон гуфт, ки чанд даҳсола боз пешниҳодҳои мубрами Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди ҳамовозии аҳли башар қарор мегиранд.

Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ниҳоди бузурги байналмиллалӣ ҳамеша ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосу мусбат дорад ва Ватани маҳбуби моро ҷаҳони имрӯза чун як кишвари сулҳдуст, созанда ва ташаббускор мешиносаду эътироф менамояд.

Мояи ифтихор аст, ки бо ҳамин ниятҳои хайру нек чанд вақте қабл Дабири кулли ин созмони бонуфуз аз диёри мо дидан карда буданд. Неъмати фаровони об, ки Тоҷикистон дар саргаҳи он қарор дорад, Антонио Гутеришро ба ваҷд оварда буд. Дидан аз кули Сарез ва пиряхҳои қаторкӯҳҳои диёри мо ба ин шахсияти бузурги ҷаҳонӣ чунин хулосаро бахшида буд, ки бояд ба қадри ин ҳама неъматҳои расид ва онҳоро ҳифз кард.

Воқеият он аст, ки Тоҷикистон бо панҷумин ташаббуси худ тавонистааст, таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳое ҷалб намояд, ки тақдирсози ҳаёти аҳли башар мебошанд.

Чун ба татбиқи нақшаву барномаҳои дар партави ин ташаббусҳои суратгирифта менигарем, собит мегардад, ки ҳама ҳушдорҳои Тоҷикистон дар ин самт асосноканд.

Ин ташаббусҳо гувоҳи онанд, ки агар инсоният нисбат ба масъалаҳои обу экология бетафовут бошад, ҷаҳони имрӯзаро мушкилоти глобалии ҷиддие интизор аст.

Тоҷикистон бо сиёсати дарҳои боз ва инсондӯстона роҳи шукуфоиву пешрафтро пайдо намуда, торафт мавқеи байналхалқии худро тақвият мебахшад.

Қатъи назар аз он ки Тоҷикистон дар нуқтаи ҳассоси геополитикӣ қарор гирифтааст, бо муттаҳидиву ваҳдати миллӣ дар оромиву сулҳи минтақаи Осиёи Марказӣ нақши боризе дорад. Бо он ки сарҳади тӯлонии бештар бо Афғонистон дорад, ҳамеша ҳамчун нуқтаи амну осоишта дар сулҳу оромии Афғонистон талош менамояд.

Ҳанӯз солҳо муқаддам Пешвои миллат мӯҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошта буданд, ки низои Афғонистон ҳеҷ гоҳ роҳи ҳалли низомӣ надорад.

Даъват ба сулҳи амонии ин кишвари ҷангзадаи ҳаммарз аз таъкидҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар доираи муколама бо Антонио Гутериш вобаста ба вазъи Афғонистони ҳамсоя сӯҳбат ороста шуд. Дар ин сӯҳбат гуфта шудааст, ки Тоҷикистон тамоми имконоти логистикии худ, аз ҷумла 6 пулро дар марз бо ин кишварбарои расонидани кумаки башарӣ ба ихтиёри ҳамсояи ҳамзабону ҳамфарҳанг гузоштааст.

Барои ҳамагон маълум аст, ки бозорҳои наздисарҳадӣ аз нав ба фаъолият шурӯъ кардаанд, ки боиси қаноатмандии ҷонибҳо мебошад. Дар чаҳорчӯбаи муносибати инсондӯстона Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқ, маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ содирот содирот намуда истодааст. Чунин муносибати ҳамгироёнаи кишвари мо аз ҷониби Муншии СММ тавсиф карда шудааст.

Маҳз ҳамин омилҳоянд, ки дар ҷараёни мулоқот ба Созмони Милали Муттаҳид барои дастгирии пайваста аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон изҳори сипос карда шуд.

Агар амиқан уфуқҳои масоили ба ин ташаббусҳо вобастаро таҳлил намоем, ҷои шубҳа нест, ки ҳамаи он ҷанбаҳои иқтисодиву сиёсии фаррохро дарбар мегиранд. Аллакай маълум гардидааст, ки тағйироти иқлими сайёра ба проблемаҳои озуқавории ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонидааст.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин рӯзномаи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба рушду тавсеаи муносибатҳо бо Созмони Милали Муттаҳид аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад ва онро яке аз шарикони калидии худ дар арсаи байналмилалӣ мешуморад. Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба мушкилоти зиёди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ташаннуҷи геополитикӣ, даргириҳои мусаллаҳона, хатарҳои терроризму экстремизм, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, тағйирёбии иқлим табодули андеша карданд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор бо эътимоду бовармандӣ қадам мегузорад.

Нисбат ба сафари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ИМА ва ҳузурашон дар иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳаминро гуфтан мумкин аст, ки Тоҷикистон бо сиёсати пешгирифтаи худ дар арсаи байналмилалӣ муваффақияту пешравиҳои зиёдеро соҳиб гардидааст. Ташаббусҳои муҳим, мавқеи сулҳдӯстона, сиёсати дарҳои боз, мавқеи инсонпарварона нисбат ба кишварҳои буҳрондошта ва амсоли ин ҷабҳаҳои муҳиме мебошанд, ки ҷомеаи башарӣ Тоҷикистонро чун мунодии сулҳу рафоқат эътироф кардааст.

Сафарҳои қарибулвуқуи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷумҳуриҳои Қазоқистону Туркманистон, ҳамоиши Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе ва дар доираи ин ҳама ба имзо расидани даҳҳо тавофуқномаҳо далели равшани сиёсати самарабахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.

Бахтиёри Қутбиддин,

декани факултети журналистика