ТОҶИКИСТОН – БИҲИШТИ РӮИ ЗАМИН

0
218

Тоҷикистон макони таърихӣ буда, халқи тоҷик таъриху тамаддуни қадим дорад. Ҳамасола ба Тоҷикистон аз ҳама гӯшаю канори дунё барои сайру саёҳати ин  замини афсонавӣ, ки мавзеъҳои зебою дилфиребкунанда дорад, барои дидани он меоянд. Тоҷикистон, аз дигар давлатҳои дунё фарқ мекунад. Дар дунё давлатҳое ҳастанд, ки бо доштани иморатҳои баланд ва сохтани шаҳрҳои калону иморатҳои осмонбус мефахранд, аммо мардуми тоҷик аз он мефахранд, ки дар чунин ватани ободу дорои таъриху тамаддуни қадима ва сарзамини аҷдодие, ки табиаташ зебою дилфиребкунадааст, зиндагонӣ мекунанд. Имрӯзҳо давлатҳои калони дунё аз надоштани оби ошомидани азият мекашанд ва обҳоеро истифода мебаранд, ки тамоман ифлос ва аз ҷиҳати экологӣ тоза нестанд ва нӯшиданашон номумкин аст. Бисёри давлатҳои ҷаҳон аз норасоии об азият мекашанду афзоиши аҳолиашон то рафт кам гашта истодааст. Халқи тоҷик шукргузор аз он аст, ки Тоҷикистон давлати аз об бой мебошад. Обҳои Тоҷикистон ширин буда, як таъми ногуфтанӣ дорад. Аз ин  ру  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон соли 2003-ро соли “Оби тоза” эълон карданд.

            Монанди ин, Тоҷикистон   дорои чандин конҳои канданиҳои фоиданок мебошад. Яке аз ин конҳо кони намаки Хоҷа Муъмин аст, ки метавонад то 50 сол ҷаҳонро бо намак таъмин кунад. Кони ангишти Айнӣ яке аз беҳтарин ангишт ба ҳисоб мераванд. Тиллои Панҷакент яке аз хушсифаттарин тиллои ҷаҳон буда, талабгорони зиёди худро дорад. Куҳҳои сар ба фалак кашидаи Помир қимматтарин сангҳоро дорост. Тоҷикистон агар дурр бошад, Помир гавҳар аст. Хуллас, Тоҷикистон як давлати сарватмандет, ки дар рӯи сарвати он мардум хоксорона зиндагӣ мекунанд. Инчунин, Тоҷикистон дорои гавҳари қимматтаринест, ки доштани онро бисёри мамлакатҳои ҷаҳон орзу мекунад, ки он сулҳ ва озодӣ мебошад. Агар ба гирду атроф назар андозем, мебинем, ки  мамлакатҳои ҳамсояи мо ба хусус Афғонистон мамлакати ҷангзада ва сарнагуншуда аст ва халқи он орзуи онро мекунанд, ки дар мамлакаташон сулҳ ҳувайдо, дар чеҳраи кӯдакони гирёну нолонашон    лабханд дар бадани тирхӯрдаи ҷавонмардонашон солимӣ ва дар халқи парешону парокандаашон сарҷамъиву ягонагӣ, якдиливу якпорчагиро бубинанд. Мардуми ин сарзамин орзуи онро мекунанд, ки ба мисли Тоҷикистон ватане пур аз неъматҳои биҳиштӣ ва аз ҳама аввал- сулҳу тинҷӣ дошта бошанд. Аз ин рӯ Тоҷикистонро аз ҳама ҷиҳат нигоҳ карда, биҳишти рӯи замин номидан мумкин аст.          

Амрулло Давлатзода,

донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ