«Тасвири бунёдкориҳои азим дар публитсистикаи тоҷик»

0
172

Китоби нави номзади илми филология, дотсенти кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ Меҳроб Ҷумъаев бо номи «Тасвири бунёдкориҳои азим дар публитсистикаи тоҷик» (Душанбе: Истеъдод, 2023. – 240 с.) аз чоп баромад. Асар силсилаи пажуҳишҳои дар ду соли охир анҷомдодаи муаллифро дар бар гирифта, вобаста ба мазмуну мундариҷаи мавод аз се қисм иборат аст. Қисми аввал «Тасвири бунёди нақбу роҳҳо» унвон дошта, дар он таҳқиқоти нисбатан муфассал дар бораи романи мустанади «Нақби Истиқлол»-и нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо ҷой дода шудааст.Дар қисми дуюми асар, ки «Дар талоши роғуншиносӣ » номгузорӣ шудааст, як қатор асарҳои ба нерӯгоҳи Роғун бахшидаи нависандаи публитсист Раҷабалӣ Аҳмад ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд. Қисми сеюми асар – «Арзишдоварӣ» аз тақризу китобиёти муаллиф баяк қатор таҳқиқоти публитсистӣ иборат мебошад. Маводи ин асар барои олимону муҳаққиқон, махсусан ба пажуҳишгарони ҷавони соҳаҳои журналистика ва публитсистика ҳамчун сарчашмаи илмӣ хизмат намуда, барои дар оянда анҷом додани таҳқиқоти густурдаи илмӣ дар ин самт замина фароҳам хоҳад овард.